Ғуслҳои воҷиб ҳафт қисм аст: аввал ғусли ҷанобат, дуввум ғусли ҳайз, суюм ғусли нифос, чаҳорум ғусли истиҳоза, панҷум ғусли масси майит, шашум ғусли майит, ҳафтум ғусле, ки ба воситаи назр ё қасам ё монанди инҳо воҷиб шудааст.
Аҳкоми ҷанобат
Масъалаи 347: Ба ду чиз инсон ҷунуб мешавад: Аввал: ҷимоъ.
Дуввум: Берун омадани манӣ чӣ дар хоб бошад ё бедорӣ, кам бошад ё зиёд, бо шаҳват бошад ё бешаҳват, боихтиёр бошад ё беихтиёр.
Масъалаи 348: Агар рутубате аз инсон хориҷ шавад ва надонад манӣ аст ё бавл ё ғайри инҳо, чунончи бо шаҳват ва ҷастан берун омада бошад ва абаъд аз берун омадани оон, бадан суст шуда бошад, он рутубат ҳукми маниро дорад ва агар ҳеҷ як аз ин се нишона ё баъзе аз инҳоро надошта бошад, укми маниро надорад. Вале дар зан ва бемор лозим нест он об бо ҷастан берун омада бошад, балки агар бо шаҳват берун омада бошад дар ҳукми манӣ аст ва лозим нест бадани ў суст шавад.
Масъалаи 439: Мустаҳаб аст инсон баъд аз берун омадани манӣ бавл кунад ва агар бавл накунад ва баъд аз ғусл рутубате аз ў берун ояд, ки надонад манӣ аст ё рутубати дигар, ҳукми маниро дорад.
Масъалаи 350: Агар инсон ҷимоъ кунад ва ба андозаи хатнагоҳ ё бештар дохил шавад, дар зан бошад ё дар мард, дар қубул бошад ё дар дубур, болиғ бошанд ё ноболиғ агарчи манӣ ҳам берун наояд ҳарду ҷунуб мешаванд.
Масъалаи 351: Агар шак кунад, ба миқдори хатнагоҳ ворид шуда ё на, ғусл бар ў воҷиб нест.
Масъалаи 352: Агар наузубиллоҳ ҳайвонеро ватй кунад яъне бо ў наздикӣ кунад ва манӣ аз ў берун ояд ғусли танҳо кофӣ нест ва агар манӣ берун наояд чунончи пеш аз ватй вузў дошта бошад боз ҳам ғусли танҳо кофӣ нест ва агар вузў надошта бошад эҳтиёти воҷиб он аст, ки ғусл кунад ва вузў ҳам бигирад.
Масъалаи 353: Агар манӣ аз ҷои худ ҳаракат кунад ва берун наояд, ё инсон шак кунад, ки манӣ аз ў берун омада ё на ғусл бар ў воҷиб нест.
Масъалаи 354: Касе, ки наметавонад ғусл кунад вале таяммум барояш мумин аст, баъд аз дохил шудани вақти намоз бидуни ҷиҳат бо аёли худ наздикӣ кунад ишкол дорад вале агар барои лаззат бурдан ё хавф бар нафс бошад ишкол надорад.
Масъалаи 355: Агар дар либоси худ манӣ бинад ва бидонад, ки аз худи ў аст ва барои он ғусл накардааст, бояд ғусл кунад ва намозҳоеро, ки яқин дорад баъд аз берун омадани манӣ хондааст, қазо намояд, вале намозҳоеро, ки эҳтимол медиҳад баъд аз берун омадани манӣ хондааст лозим нест қазо намояд.
Чизҳое, ки бар ҷунуб ҳаром аст
Масъалаи 356: Панҷ чиз бар ҷунуб ҳаром аст:
Аввал: Расондани ҷое аз бадан ба хати Қуръон ё ба исми Худо ва исмҳои мубораки паёмбарон ва имомон (а), ки бинобар эҳтиёти воҷиб ҳукми исми Худоро дорад.
Дуввум: Рафтан дар Масҷидулҳаром ва Масҷиди Паёғамбар(с), агарчи аз як дар дохил шавад ва аз як дари дигар берун равад.
Сеюм: Таваққуф дар масҷидҳои дигар, вале агар аз як дар дохил шавад ва аз як дар берун шавад, ё барои бардоштани чизе равад монее надорад. Ва эҳтиёти воҷиб он аст, ки дар ҳарами имомон ҳам таваққуф накунад, агарчи авло он аст, ки ҳукми Масҷидулҳаром ва Масҷиди Паёмбарро дар ҳарами имомон риоят намояд.
Чаҳорум: Гузоштани чизе дар масҷид.
Панҷум: Хондани сурае, ки саҷдаи воҷиб дорад ва он чаҳор сура аст: 1-сураи Сию дуввуми Қуръон (Алиф лом мим танзил), 2-сураи чиҳилу якум (Ҳо мим), 3-сураи панҷоҳу севвум (Наҷм), 4-сураи наваду шашум (Иқраъ). Ва агар як ҳарф аз ин чаҳор сураро ҳам бихонад ҳаром аст.
Чизҳое, ки бар ҷунуб макруҳ аст
Масъалаи 357: Нўҳ чиз бар ҷунуб макруҳ аст: Аввал ва дувум: хўрдан ва ошомидан, вале агар вузў бигард макруҳ нест.
Севвум: хондани бештар аз ҳафт оят аз сураҳое, ки саҷдаи воҷиб надорад.
Чаҳорум: расондани ҷое аз бадан ба ҷилд ва ҳошия ва байни хатҳои Қуръон.
Панҷум: ҳамроҳ доштани Қуръон.
Шашум: хобидан, вале агар вузў гирад ё ба воситаи надоштани об таяммуми бадал аз ғусл кунад, макруҳ нест.
Ҳафтум: хизоб кардан ба ҳино ва монанди он.
Ҳаштум: молидани равған ба бадан.
Нўҳум: ҷимоъ кардан, баъд аз он ки мўҳталим шуд, яъне дар хоб манӣ аз ў берун омадааст.
Ғусли ҷанобат
Масъалаи 358: Ғусли ҷанобат худ мустаҳаб аст ва барои хондани намоз воҷиб ва монанди он лозим мешавад. Вале барои намози майит ва саҷдаи шукр ва саҷдаҳои воҷиби Қуръон, ғусли ҷанобат лозим нест.
Масъалаи 359: Лозим нест дар вақти ғусл ният кунад, ки: ғусли воҷиб ё мустаҳаб мекунам ва агр фақат ба қасди қурбат яъне барои анҷоми фармони Худованди олам ғусл кунад кофӣ аст.
Масъалаи 360: Ғуслро хоҳ воҷиб бошад ва хоҳ мустаҳаб ба ду қисм мешавад анҷом дод: тартибӣ ва иртимосӣ.
Ғусли иртимосӣ.
Масъалаи 361: Дар ғусли тартибӣ бояд аввал ба нияти ғусл, аввал сару гардан, баъд тарафи рост баъд тарафи чапи баданро бишўяд. Ва агар амдан ё аз рўи фаромўшӣ ё ба сабаби надонистани масъала ба ин ттартиб амал накунад, ғусли ў ботил аст.
Масъалаи 362: Нисфи ноф ва нисфи авратро бояд бо тарафи рости бадан ва нисфи дигарро бояд бо тарафи чап бишўяд. Балки беҳтар аст тамоми ноф ва авратро бо ҳар ду тараф шуста шавад.
Масъалаи 363: Барои он ки яқин кунад ҳар се қисмат, яъне сару гардан ва тарафи рост ва тарафи чапро комилан ғусл додааст, бояд ҳар қисматеро, ки мешўяд миқдоре аз қисматҳои дигарро ҳам бо он қисмат бишўяд. Балки эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки тамоми тарафи рости гарданро бо тарафи рости бадан ва тамоми тарафи чапи гарданро бо тарафи чапи бадан бишўяд.
Масъалаи 364: Агар баъд аз ғусл бифаҳмад ҷое аз баданро нашустааст ва надонад куҷои бадан аст бояд дубора ғусл кунад.
Масъалаи 365: Агар баъд аз ғусл бифаҳмад миқдоре аз баданро нашуста чунончи аз тарафи чапбошад, дубора тарафи чапро бишўяд. Ва агар аз сару гардан бошад бояд баъд аз шустани он миқдор дубора тарафи рост ва баъд тарафи чапро бишўяд.
Масъалаи 366: агар пеш аз тамом шудани ғусл, дар шустан миқдори аз тарафи чап шак кунад, шустани ҳамон миқдор кофи аст, вале агар баъд аз иштиғол ба шустани тарафи чап дар шустани тарафи рост ё миқдори аз он шак кунад ё баъд аз иштиғол ба шустани тарафи рост дар шустани сар ва гардан ёмифдори аз он шак намояд лозим нест ба шаккаш этимод кунад.
Ғусли иртимосӣ
Масъалаи 367: Дар ғусли иртимосӣ бояд об дар як он, тамоми баданро бигирад, пас агар ба нияти ғусли иртимосӣ як бора ё ба тадриҷ дар об фурў равад то тамоми бадан зери об равад ғусли ў саҳеҳ аст.
Масъалаи 368: Дар ғусли иртимосӣ агар ҳамаи бадан зери об бошад ва баъд аз нияти ғусл баданро ҳаракат диҳад ғусли ў саҳеҳе аст. Вале эҳтиёти мустаҳаб ин аст, ки бештари бадан хориҷ аз об бошад ва пас аз ният зери об равад.
Масъалаи 369: Агар баъд аз ғусли иртимосӣ бифаҳмад ба миқдоре аз бадан об нарасид чӣ ҷои онро бидонад ё надонад дубора ғусл кунад.
Масъалаи 370: Агар барои ғусли тартибӣ вақт надорад ва барои ғусли иртимосӣ вақт дорад бояд ғусли иртимосӣ кунад.
Масъалаи 371: Касе, ки рўзаи воҷиб гирифтааст ё барои ҳаҷ ё умра эҳром бастааст, наметавонад ғусли иртимосӣ кунад, вале агар аз рўи фаромўшӣ ғусли иртимосӣ кунад саҳеҳ аст.
Аҳкоми ғусл кардан
Масъалаи 372: Дар ғусли иртимосӣ бояд тамоми бадан пок бошад, вале дар ғусли тартибӣ пок будани тамоми бадан лозим нест. Ва агар тамоми бадан наҷас бошад ва ҳар қисматро пеш аз ғусл додани он қисмат об бикашад кофӣ аст.
Масъалаи 373: Арақи ҷунуб аз ҳаром наҷас нест ва касе, ки аз ҳаром ҷунуб шудааст агар бо оби гарм ҳам ғусл кунад саҳеҳ аст.
Масъалаи 374: Агар дар ғусл ба андозаи сари мўе аз бадан нашуста бимонад, ғусл ботил аст. Вале шустани ҷоҳое аз бадан, ки дида намешавад мисли даруни гўш ва бинӣ воҷиб нест.
Масъалаи 375: Ҷоеро, ки шак дорад аз зоҳири бадан аст ё аз ботини он бинобар эҳтиёти воҷиб лозим аст бишўяд, магар он ки собиқан ботин буда ва хориҷан шак шавад, ки оё зоҳир шуда ё на, ки дар ин срат шустани он лозим нест.
Масъалаи 376: Агар сўрохи ҷои гўшвора ва монанди он ба қадре кушод бошад, ки дохили он дида шавад ва ҷузъи зоҳири бадан ба ҳисоб ояд, бояд онро шуст ва агар дида нашавад ва ҷузъи зоҳири бадан ҳисоб нашавад, шустани дохили он лозим нест.
Масъалаи 377: Чизеро, ки монеи расидани об ба бадан аст бояд бартараф кунад ва агар пеш аз он ки яқин кунад бартараф шуда ғусл намояд, ғусли ў муҷзӣ (кофӣ) нест.
Масъалаи 378: Агар мавқеи ғусл шак кунад чизе, ки монеи аз расидани об бошад дар бадани ў ҳаст ё на. Чунончи шаккаш маншаи уқалоӣ дошта бошад бояд ворасӣ кунад то мутмаин шавад, ки монее нест.
Масъалаи 379: Дар ғусл бояд мўйҳои кўтоҳеро, ки ҷузъи бадан ҳисоб мешавад, бишўяд ва бинобар эҳтиёт шустани мўйҳои дароз ҳам лозим мебошад.
Масъалаи 380: Тамоми шартҳое, ки барои саҳеҳ будани вузў гуфта шуд, мисли пок будани об ва ғасбӣ набудани об, дар саҳеҳ будани ғусл ҳам шарт аст, вале дар ғусл лозим нест баданро аз боло ба поён бишўяд. Ва низ дар ғусли тартибӣ лозим нест баъд аз шустани ҳар қисмат фавран қисмати дигарро бишўяд, балки агар баъд аз шустани сару гардан миқдоре сабр кунад ва баъд тарафи ростро бишўяд ва баъд аз муддате тарафи чапро бишўяд ишкол надорад. Магар зани мустаҳоза, ки ҳукми он баъдан гуфта мешавад.
Масъалаи 381: Касе, ки қасд дорад пули соҳиби ҳамомро надиҳад ё бидуни инки бидонад соҳиби ҳамом розӣ аст бихоҳад нася гузорад, агарчи баъд соҳиби ҳамомро розӣ кунад, ғусли ў ботил аст.
Масъалаи 382: Агар бихоҳад пули ҳаром ё пуле, ки хумси онро надодааст ба соҳиби ҳамом диҳад, ғусли ў ботил аст.
Масъалаи 383: Агар соҳиби ҳамом розӣ бошад, ки пули ҳамом нася бимонад, вале касе, ки ғусл мекунад қасдаш ин бошад, ки пули ўро надиҳад ё аз моли ҳаром бидиҳад, ғусли ў ботил аст.
Масъалаи 384: Агар махраҷи ғоитро дар оби хазина татҳир кунад ва пеш аз ғусл шак кунад, ки чун дар хазина татҳир кард соҳиби ҳаммом ба ғусли ў розӣ аст ё не, ғусли ў ботил аст, магар ин ки пеш аз ғусл ҳамомиро розӣ кунад.
Масълаи 385: Агар шак кунад, ки ғусл кард ё не, бояд ғусл кунад, вале агар баъд аз ғусл шак кунад, ки ғусли ў дуруст буд ё не, лозим нест дубора ғусл намояд.
Масъалаи 386: Агар дар байни ғусл ҳадаси асғар аз ў сар бизанад, масалан бавл кунад, метавонад ғуслро тамом кунад ва баъд вузў бигирад валекин вузўӣ баъд аз ғусл дар ин сурат ҳам воҷиб аст.
Масъалаи 387: Ҳаргоҳ ба хиёли ин ки ба андозаи ғусл ва намоз вақт дорад барои намоз ғусл кунад, агар чӣ баъд аз ғусл бифаҳмад, ки ба андозаи ғусл вақт надошт ғусли ў саҳеҳ аст.
Масъалаи 388: Касе, ки ҷунуб шуд агар шак кунад ғусл кард ё на намозҳоеро, ки хонд саҳеҳ аст, вале барои намозҳои баъд бояд ғусл кунад.
Масъалаи 389: Касе, ки чанд ғусл бар ў воҷиб аст метавонад ба нияти ҳамаи онҳо як ғусл ба ҷой оварад, ё онҳоро ҷудо анҷом диҳад.
Масъалаи 390: Агар рўи бадани шахс ояи Қуръон ё исми Худованд навишта шуда бошад ё холкўбӣ шуда бошад қабл аз ҷунуб шудан бояд онро бояд онро пок кунад ва илло баъд аз ҷунуб шудан воҷиб аст фавран ғусл кунад ва бояд муроқиб бошад, ки ҳангоми ғусл кардан даст рўи он накашад ва фақат об рўи он ҷорӣ кунад.
Масъалаи 391: Касе, ки ғусли ҷанобат кард, набояд барои намоз вузў бигирад. Балки бо ғуслҳои воҷиби дигар ғайр аз ғусли истиҳозаи мутавассит, низ метавонад бидуни вузў намоз бихонад агарчи беҳтар аст вузў ҳам бигирад.