Ба номи Худованди Бахшандаи Ме ҳрубон

Аҳкоми тақлид

Масъалаи 1: Дар усули дин инсон бояд яқин ва эътиқоди ҷазмь дошта бошад ва ин яқин аз ҳар далелу тариқе ҳосил шавад кифоят мекунад хоҳ ба воситаи истидлол ва бурҳон бошад ё аз гуфтаи волидайн ва мубаллиғон. Ҳарчанд натавонад истидлол кунад.

Масъалаи 2: Инсон дар аҳкоми ғайризарурии дин бояд муҷтаҳид бошад ва бар тибқи иҷтиҳодаш амал намояд ва ё аз муҷтаҳид тақлид кунад, яъне ба дастури ў амал кунад. Ва ё дар сурате, ки ба чигунагии эҳтиёт ошноь дошта бошад , ба тавре ки яқин кунад таклифи худро анҷом додааст, масалан; агар иддае аз муҷтаҳидон амалеро ҳаром медонанд ва иддаи дигаре мегўянд ҳаром нест он амалро анҷом надиҳад ва агар амалеро баъзеҳо воҷиб ва баъзеи дигар мустаҳаб медонанд анҷом диҳад ва ҳамчунин воҷиб аст дар кайфияти эҳтиёт низ эҳтиёт кунад.яъне агар эҳтиёт аз чанд тариқ мумкин бошад бояд тариқеро интихоб намояд, ки мутобиқ бо эҳтиёт бошад.

Масъалаи 3: Мукаллафе, ки муҷтаҳид набошад ва аъмоли худро бидуни тақлид анҷом диҳад ва тақлид ҳам накунад аъмоли ў ботил аст, яъне наметавонад ба он иктифо кунад ва бояд тибқи масъалаи 13 амал кунад.

Масъалаи 4: Тақлид дар аҳком, амал намудан ба дастури муҷтаҳид аст ва аз муҷтаҳиде бояд тақлид кард, ки: марди болиғ, оқил, шиаи дувоздаҳимомь, ҳалолзода, зинда ва одил бошад ва мақсуд аз адолат он аст, ки қудрати нафсонияе бар анҷоми воҷибот ва тарки гуноҳони кабира дошта бошад. Ва эҳтиёти воҷиб он аст, ки марҷаи тақлид ҳарис ба дунё набошад ва лозим аст аз муҷтаҳидони дигар аълам бошад яъне дар фаҳмидани ҳукми Худо аз ҳамаи муҷтаҳидониасри худаш олимтар бошад.

Масъалаи 5: Яке аз роҳҳои шинохти адолат ҳусни зоҳир аст. Яъне бо ў рафтуомад дошта бошад ва дар шароити мухталиф ўро дида бошад, ки масоили шаръиро риоят  мекунад ва ё ҳамсоягон ва аҳли маҳал хубии ўро тасдиқ кунанд.

Масъалаи 6: Дар сурате, ки ду муҷтаҳид аз ҷиҳати илмь муавь бошанд, эҳтиёти воҷиб он аст, ки аз касе, ки ботақвоттар ва бовараътар бошад, тақлид кунанад.

Масъалаи 7: Муҷтаҳиди аъламро аз се роҳ метавон шинохт:

Аввал: Худи инсон яқин ва ё итминон пайдо кунад, монанди ин ки инсон худ аз аҳли хибра бошад ва битавонад муҷтаҳиди аъламро бишносад.

Дуввум: Ду нафар олими одил, ки метавонанд муҷтаҳиди аъламро ташхис диҳанд, аълам будани касеро тасдиқ кунанд ба шарти онки ду нафар олими одили дигар бо гуфтаи онҳо мухолифат накунанд.

Севвум: Иҷтиҳод ва аълам будани касе ба ҳадде шоеъ бошад, ки аз он шуюъ ва шўҳрат барои инсон илм ё итминон ҳосил шавад.

Масъалаи 8: Агар шинохтани аълам мушкил бошад бояд аз касе тақлид намояд, ки гумон ба аълам будани ў дорад. Балки агар эҳтимоли заифе  диҳад, ки касе аълам аст ва эҳтимоли аълам будани дигариро надиҳад бояд аз ҳамон кас тақлид намояд ва ҳамин тавр агар илм дошта бошад, ки масалан ду нафар ё баробар дар илм ҳастанд ва ё яке аз онҳо ба таври муайян эҳтимолан аълам аст ва эҳтимоли аъламияти дигариро надиҳад, бояд аз он шахис муайян тақлид намояд  ва агар чанд нафар дар назари ў аълам аз дигарон  ва бо якдигар мусовь бошанд бояд аз яке аз онҳо тақлид кунад.

Масъалаи 9: Ба даст овардани фатвои муҷтаҳид се роҳ дорад:

Аввал: Шунидан аз худи муҷтаҳид.

Дуввум: Шунидан аз ду нафари одли, ки фатвои му
ҷтаҳидро нақл мекунанд ва иктифо ба хабар додани як нафари одил ишкол дорад магар онки аз қавли ў илм ё итминон ҳосил шавад.

Севвум: Дидани фатво  дар рисолаи муҷтаҳид дар сурате, ки инсон ба дурустии он рисола итминон дошта бошад, яъне бидонад, ки тамоми рисоларо худи муҷтаҳид ва ё афроди мавриди вусуқи вай мулоҳиза намудаанд.

Масъалаи 10: Тақлид фақат дар воҷибот ва муҳаррамот лозим аст, аммо тақлид дар мустаҳаббот воҷиб нест, магар ин ки мустаҳаббе бошад, ки дар он эҳтимоли вуҷуб бошад.

Масъалаи 11: То инсон яқин накунад, ки фатвои муҷтаҳид иваз шудааст метавонад ба ончи дар рисола навишта шудааст амал намояд ва агар эҳтимол диҳад, ки фатвои вай иваз шудааст ҷустуҷў лозим нест.

Масъалаи 12: Боқь мондан бар тақлиди маййит ҷоиз аст дар сурате, ки муҷтаҳиди маййит ва муҷтаҳиди зинда дар илм баробар бошанд. Ва агар яке аз он ду аълам бошад тақлид аз аълам лозим аст. Ва боқь мондан дар тақлиди маййит фарқе байни масоиле, ки амал намуда ва ва масоиле, ки амал нанамуда, вуҷуд надорад.

Масъалаи 13: Руҷўъ кардан аз муҷтаҳиди зинда ба муҷтаҳиди зиндаи дигар дар сурати мусовь бадани онҳо ҷоиз аст ва агар дигарь аълам бошад, руҷўъ ба ў воҷиб аст.

Масъалаи 14: Вақте фатвои марҷаи тақлид тағйир кард амал кардани муқаллид ба фатвои қабль ҷоиз нест, вале агар фатвои қабль мутобиқи эҳтиёт буд  амал ба он бинобар эҳтиёт монеъ надорад.

Масъалаи 15: Агар мукаллафе муддате ибодати хешро бидуни тақлид анҷом дода ва миқдори он ибодотро надонад дар ин сурат агар бидонад он ибодотро мутобиқ бо фатвои муҷтаҳиде, ки бояд аз ў тақлид мекард, анҷом додааст он ибодот саҳеҳ аст ва дар ғайри ин сурат воҷиб аст ба миқдоре, ки яқин ба фавти он дорад қазо кунад, албатта дар сурате, ки марҷаи тақлиди феълии ў қазоро воҷиб донад ва эҳтиёти мустаҳаб ин аст, ки ба миқдоре қазо кунад, ки илм ба бароати зимма пайдо кунад.

Масъалаи 16: Воҷиб аст бар мукаллаф, ки дар масъалаи лузуми “тақлид аз аълам” ё “адами лузум” он аз як муҷтаҳиди аълам тақлид намояд.

Масъалаи 17: Воҷиб аст мукаллаф дар замоне, ки дар ҷутуҷўи аълам аст, ба эҳтиёт амал кунад.

Масъалаи 19: Агар муҷтаҳиди аълам дар масъалае фатво диҳад муқаллид наметавонад дар он масъала ба фатвои дигарь амал намояд, вале агар фатво надиҳад ва эҳтиёти воҷиб намояд муқаллид метавонад ё ба ин эҳтиёт амал намояд ва ё муҷтаҳиде, ки илми ў аз муҷтаҳиди авваль камтар ё мусовь аст руҷўъ намояд.