Масъалаи 241: Дар вузў воҷиб аст рўй ва дастҳоро бишўянд ва пеши сар ва рўи поҳоро масҳ кунанд.
Масъалаи 242: Дарозии рўйро бояд аз болои пешонь (ҷое, ки мўи сар мебарояд) то охири чона шуст. Ва паҳноии он ба миқдоре, ки байни ангушти васат ва шаст қарор мегирад бояд шуста шавад ва агар каме аз ин миқдорро нашуста бимонад вазўъ ботил аст.
Масъалаи 243: Агар рўй ё дасти касе калонтар ё хурдтар аз ҳадди маъмул бошад бояд нигоҳ кунад, ки афроди маъмуль то куҷои рўи худро мешўянд ва ў ҳам то ҳамонҷо бишўяд. Ва агар даст ва рўяш ҳарду бар хилофи маъмул бошад ва аммо бо ҳам мутаносиб бошанд лозим нест мулоҳизаи маъмулро бикунад, балки ба дастуре, ки дар масъалаи пеш гуфта шуд вузў бигирад ва низ агар дар пешонии ў мўй рўида ё баръакс пеши сари ў мўй надорад бояд ба андозаи маъмул пешониро бишўяд.
Масъалаи 244: Агар эҳтимол диҳад чирк ё чизи дигаре дар абруҳо ва гўшаи чашм ва лаби ўҳаст, ки намегузорад об ба онҳо расад чунончи эҳтимоли ў бар назари мардум дуруст бошад, бояд пеш аз вузў баррась кунад, ки агар ҳаст бартараф намояд.
Масъалаи 245: Агар пўсти рўи инсон аз пушти мўй (риш) намоён бошад бояд обро ба пўст расонад ва агар намоён набошад шустани мўй (риш) кофь аст.
Масъалаи 246: Агар шак кунад, ки пўсти рўй аз пушти мўи риш намоён аст ё на воҷиб аст эҳтиётан ҳам мўйро бишўяд ва ҳам обро ба пўст бирасонад.
Масъалаи 247: Шустани дохили бинь ва миқдоре аз лаб ва чашм, ки дар вақти бастан дида намешавад воҷиб нест, вале барои он ки яқин кунад ҳама ҷоҳое, ки бояд шуста шавад шуста шуда миқдоре аз онҳоро ҳам бишўяд.
Масъалаи 248: Бояд рўйро бинобар эҳтиёти воҷиб аз боло ба поён шуст ва агар аз поён ба боло бишўяд вузў мушкил дорад ва дастҳоро бояд аз оринҷ ба тарафи сарангуш он бишўяд.
Масъалаи 249: Агар дастро тар кунад ва рўй ва ба дастҳо бикашад, чунон ки тарии даст ба қадре юошад, ки ба воситаи кашидани даст, оби каме бар онҳо ҷорь шавад кофь аст.
Масъалаи 250: Баъд аз шустани рўй бояд дасти рост ва баъд аз он дасти чапро аз оринҷ то сарангуштҳо бишўяд.
Масъалаи 251: Барои он ки яқин кунад оринҷро комилан шуста бояд миқдоре болотар аз оринҷро ҳам бишўяд.
Масъалаи 252: Касе, ки пеш аз шустани рўй, дастҳои худро то банд шустааст дар мавқеи вузў бояд то сарангуштонро бишўяд ва агар фақат то банди дасташро бишўяд вузў ботил аст.
Масъалаи 253: Дар вузў шустани рўй ва дастҳо, маротибаи авввал воҷиб ва маротибаи дуввум ҷоиз ва маротибаи севвум ва бештар аз он ҳаром мебошад ва агар бо як мушт об тамоми узв шуста шавад ва ба қасди вузў бирезад як маротиба ҳисоб мешавад хоҳ қасд кунад як маротибаро ва хоҳ қасд накунад.
Масъалаи 254: Баъд аз шустани ҳар ду даст бояд пеши сарро бо тарии оби вузў, ки дар даст мондааст масҳ кунад ва лозим нест бо дасти рост бошад ё аз боло ба поён масҳ намояд.
Масъалаи 255: Як қисмат аз чаҳор қисмати сар, ки муқобили пешонь аст, ҷои масҳ аст ва ҳар ҷои ин қисматро ба ҳар андоза масҳ кунад, кофь аст. Агарчи эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки аз дарозь ба андозаи дарозии як ангушт ва аз паҳноь ба андозаи се ангушти баста масҳ кунад.
Масъалаи 256: Лозим нест масҳи сар бар пўсти он бошад, балки бар м ўи пеши сар ҳам саҳеҳ аст. Вале касе, ки мўи пеши сари ў ба ҳадде дароз аст, ки агар масалан шона кунад рўи қисмате аз пешонь мерезад, ё ба ҷоҳои дигари сар мерасад, бояд бехи мўҳоро масҳ кунад, ё фарқи сарро боз карда пўсти сарро масҳ намояд ва агар мўҳоеро, ки ба рўй мерезад ё ба ҷгйҳои дигари сар мерасад пеши сар ҷамъ кунад ва бар онҳо масҳ намояд, ё бар мўи ҷойҳои дигари сар пеши сар ҷамъ кунад ва бар онҳо масҳ намояд, ё бар мўи ҷоҳои дигари сар, ки пеши он омада масҳ кунад, ботил аст.
Масъалаи 257: Баъд аз масҳи сар бояд бо тарии оби вузў, ки дар даст монда рўи пойҳоро аз сари яке аз ангуштҳо то баромадагии рўи пой масҳ кунад.
Масъалаи 258: Паҳноии масҳи пой ба ҳар андоза бошад кофь аст, вале эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки бо тамоми кафи даст, рўи пойҳоро масҳ кунад.
Масъалаи 259: Бинобар эҳтиёти воҷиб бояд дар масҳи пой дастро бар сари ангуштҳо бигузорад ва рўи порйро ба тадриҷ масҳ куна два агар ҳамаи дастро рўи пой бигузорад ва каме бикашад, саҳеҳ намебошад.
Масъалаи 260: Дар масҳи сар ва рўи пой бояд дастро рўи онҳо бикашад ва агар дастро нигаҳ дорад ва сари пойро бикашад вузў ботил аст, вале агар мавқее, ки дастро мекашад Сар ё пой камтар ҳаракат кунад, эрод надорад.
Масъалаи 261: Ҷои масҳи пой бояд хушк бошад. Ва агар ба қадре тар бошад, ки тарии кафи даст ба он асар накунад, масҳ ботил аст. Вале агар тарии он ба қадре кам бошад, ки рутубате, ки баъд аз масҳ дар он дида мешавад, бигўянд фақат аз тарии даст аст, эроде надорад.
Масъалаи 262: Агар барои масҳ рутубате дар кафи даст намонда бошад наметавонад дастро бо оби хориҷ тар кунад, балки бояд аз аҳзои дигари вузў рутубатро (намиро) бигирад.
Масъалаи 263: Агар рутубати кафи даст фақат ба андозаи масҳи сар бошад, метавонад сарро бо ҳамон рутубат масҳ кунад ва барои масҳи пойҳо аз аъзои дигари узвҳо рутубат бигирад.
Масъалаи 264: Масҳ кардан аз рўи ҷўроб ва кафш ботил аст, вале агар ба воситаи сармои шадид ё тарс аз дузду даранда ва монанди инҳо натавонад кафш ё ҷўробро берун оварад, масҳ кардан бар онҳо мумкин аст ва агар рўи кафш наҷас бошад бояд чизи поке бар он биандозад ва бар он масҳ кунад.
Масъалаи 265: Агар рўи пой наҷас бошад ва натавонад барои масҳ онро об бикашад бояд таяммум кунад.