H
Home

Ба номи Худованди Меҳрубон

Хулосае аз ақоиди шиа

Чаро ба дин ниёз дорем?

Худованди мутаол дар Қуръони Карим дар сураи Рум ояти 30 мефармояд:

Пас рўи худро ба тарафи оини холиси Парвардигор гардон. Ин фитрате аст, ки Худованд инсонҳоро бар он офаридааст; дигаргунӣ дар офариниши илоҳӣ нест; ин аст, оини устувор, вале аксари мардум намедонанд.

Дин дар истилоҳ ин гуна таъриф мешавад: Маҷмўаи маориф, қонунҳо ва дастурҳое, ки Худованд ба воситаи П айғамбар(с) барои роҳнамоӣ ва саодати ҷомеа ташреъ фармудааст (муқаррар намудааст). Ин қонунҳо се бахш аст:

1 - Эътиқодот;

2 – Ахлоқ;

3 – Вазифа ва таклифҳои амалӣ (аҳком).

Мавзўи сухан дар ин бахш эътиқодот аст ва пеш аз ин ки ба баёни иҷмолии бахш шурўъ кунем ишорае ба зарурати дин ва фоидаҳои он мекунем.

Зарурати дин

Инсон дар ин олам беҳадаф офарида нашудааст ва Худованди Ҳаким аз кори беҳуда муназзаҳ аст ва аз оёту ривоёт ин натиҷа ба даст меояд, ки  ҳадаф аз офариниши инсон ҳамон таҳсили камолот ва фазилатҳои нафсонӣ ва ба даст овардани дараҷаҳо ва расидан ба мақомҳои олӣ аст ва расидан ба ин ҳадафҳои олӣ бе барномарезии дақиқ ва аҳкому қонунҳои комилу ҷомеъ муяссар намебошад, балки барои расидан ва дастёбӣ ба ин мақомоти боарзиш ба аҳком ва муқаррароте ниёзманд аст, ки ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоии ўро ҳифз кунад, озодӣ ва оромиши ўро барқарор ва таъмин кунад, роҳи такомул ва барномаи касби камолот ва саодатро ба ў нишон диҳад ва маълум аст, ки чунин барномае бо ақли маҳдуд ва фикри ноқиси башар анҷомпазир нест, зеро ки инсон ниёзҳои гуногун ва фаровони худро монанди офаринандаи худ намешиносад ва аз роҳҳои расидан ба мақсади хеш огоҳӣ надорад, аз он чӣ боиси саодати дунё ва охирати ў шавад хабар надорад, балки аксаран хушбахтӣ ва саодати худро дар ба даст овардани ниёзҳои соддт ва манофци дугявӣ медонанд   ва аз ниёзҳои маънавӣ ва ухравӣ ғофил мешаванд, балки ғолибан салоҳ ва манфиати худ ва вобастагонашонро бар салоҳи дигарон тарҷеҳ дода, даст ба ҳар кор мезананд.

Хулоса аз онҷо ки саодати башар дар дунё ва охират дар гарави эътиқоди солим ва татбиқи барномаҳои рўзмарраи зиндагӣ (ҳам шахсӣ ва ҳам иҷтимоӣ) бар қонуни саодатбахши Ислом мебошад, лизо зарурати дин дар ҷомеа қобили инкор нест.

Фоидаҳои дин

Фоидаҳои дин бар ду навъ аст: 1 – фоидаҳое, ки барои инсон аз лиҳози фардӣ дорад, 2 – фоидаҳое, ки барои инсон аз лиҳози иҷтимоӣ дорад.

Фоидаҳои дин барои инсон аз лиҳози фардӣ бисёр аст ва умдаи онҳо, ки равшан ва ошкор аст дар се ҷумла хулоса мешавад: 1 – оромиши дил

2 – қуввати руҳ

3 – ҳифзу нигаҳдории шахс.

 

1 – Оромиши дил

Худованд дар Қуръони Карим фармудааст: «Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳои онҳо бо ёди Худо ором мегирад: огоҳ бошед, ки бо ёди Худо дилҳо ором мегирад». (Сураи Раъд 28).

Бале яке аз фоидаҳои муҳимми дин барои ҳар як инсон ин аст, ки ўро худошинос ва мўътақид ба Худо мегардонад, он Худое, ки ҳақиқати собит ва тағйирнопазир ва мабдаи ҳамаи мавҷудот ва атокунандаи ҳамаи неъматҳо аст. Худое, ки тамоми хайрот ва иззат ва умр ва зиндагӣ дар дасти ўст ва ба ин васила даруни инсон ором ва хушу хурсанд ва розию қонеъ ва собир мешавад, оре он, ки Худоро дорад ҳама чизро дорад, он ки Худоро ёбад на тарс аз нобудӣ ва на бим аз ҳаводис дорад ва на аз пешомадҳо нигарон мешавад.

Хушо онон ки Аллоҳ ёрашон бод,
Ки Ҳамду Қулҳуваллоҳ ёрашон бод.
Хушо онон ки доим дар намозанд,
Биҳишти ҷ овидон бозорашон бод.

2 – Қуввати руҳ

Дин инсонро боирода, богузашт, богузашт ва мусаллат бар тамоюлоти нафсонӣ мегардонад. Худованд дар бораи хонадони Амиралмўъминин Алӣ (а) фармудааст:

“Ба назри худ вафо мекунанд ва аз рўзе, ки сахтиҳои пароканда аст метарсанд ва хўроки худро бо ин ки дўст медоранд, ба фақир ва ятим ва асир медиҳанд, мо шуморо барои Худо ғизо медиҳем на аз шумо подош мехоҳем ва на интизори сипосгузорӣ дорем».

Оре ин гуна сифатҳо дар руҳе пайдо мешавад, ки қавӣ ва неруманд ва мўътақид ба қудрати лоязоли илоҳӣ бошад, руҳи заиф ҳаргиз дорои ин гуна сифатҳои олӣ намешавад, руҳи қавӣ ва вобаста ба Худо аст, ки агар фарзан офтобро дар кафи ростам ва моҳро дар кафи чапам гузоред даст аз мақсад ва ҳадафи олиам намебардорам.

3 – Ҳифз ва нигаҳдории шахс

Сеюмин фоидаи дин нигаҳдорӣ ва ҳифзу назорати инсон аз ҳолатҳо ва сифатҳо ва ғаризаҳои харобкунанда ва нобудкунанда аст. Дин инсони мўъминро аз ҳар гуна фасод, табоҳӣ, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон ва зулму ситам бозмедорад.

Аз Алӣ (а) дар Наҳҷ-ул-балоға, дар хутбаи 224 нақл шудааст:

“Савганд ба Худо агар шабро ба рўи хорҳои саъдон бедор ба сар баремва ё дар ғулу занҷирҳо баста ва кашида шавем, барои ман хубтар аз ин ки Худо ва расулашро рўзи қиёмат дар ҳоле мулоқот кунам, ки ба баъзе аз бандагон ситам карда ва чизе аз моли дунёро ғасб намуда бошам... Ба Худо савганд, агар иқлимҳои ҳафтгонаро бо ончӣ дар зери осмон аст ба ман диҳанд, ки Худовандро бо гирифтани пўсти ҷаве аз даҳони мўрчае нофармонӣ кунам, ҳаргиз нахоҳам кард”.

Бинобар ин дин инсонро ба сўи Худо бармегардонад ва дар натиҷа дилашро ором ва руҳашро қавӣ мегардонад ва ўро аз ношоистаҳо ҳифз ва нигаҳдорӣ мекунад.

Оре агар инсон ба дин саҳеҳ пай барад, ва он гуна ки шоиста аст аз дин истифода кунад саодатеро, ки орзу мекунад бабаракати дин ба даст меоварад. Зеро дин барояш ҳам фоидаи маънавӣ дорад ва ҳам фоидаи моддӣ, дин ба инсон эътимодба нафс ва қуввати руҳ ва оромиш у хуррамии дил медиҳад ва ўро аз зиштиҳо бозмедорад ва дар натиҷа танаш соли м, молаш маҳфуз, зиндагиаш хуш, номаш нек ва оқибаташ бахайр мешавад, Худо фармудааст:

“Ҳар кас мард ё зан, кори нек кунад ва бо имон бошад ба ў зиндагонии покиза медиҳем ва чунин касонеро некўтар а з ончӣ ки анҷ ом додаанд, подош медиҳем”, (Сураи Наҳл – 97).

Фоидаҳои иҷтимоии дин

Мардуме, ки бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва дар суду зиёну иззату зиллат ва зиндагию марг бо ҳам шариканд ва дар тарзи фикру эҳсосот ба ҳам шабеҳанд ҷомеаро ташкил медиҳанд.

Ҷомеа дуруст монанди як инсон аст ва ҳукми як шахсро дорад ва бояд се асли асосӣ дар ҷомеа бошад то ҷомеа солим, қавӣ, бонишот ва қобили бақо гашта ва зиндагии ҳадди аксар баҳра гирад:

1 – Улфат ва ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамдилӣ байни афрлод ва табақаҳо.

2 – Худдорӣ афрод аз шарорат ва озор нисбат ба ҳамдигар.

3 – Дастгирӣ ва кумак кардан ва ҳамсадо шудан бар хайр ва ҳақ.

Дин ва эътиқод ба мабдаъ ва маод ба наҳви аҳсан се асли номбурдаро дар ҷомеа амалӣ месозад.

Аввалин фоидаи муҳимми дин барои ҷомеа эҷоди ваҳдати маънавӣ ва бародарию ягонагии миёни афроди ҷомеа аст ва низ муассиртарин васила барои улфат додани дилҳо бав якдигар аст.

Дар сураи Оли Имрон ояти 103 омадааст:

“Ҳама ба ресмони илоҳӣ чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро ба ёд оред, ки шумо бо ҳам душман будед Худо дилҳои шуморо ба ҳам наздик кард ба неъмати Худо бо ҳам бародар шудед”.

Мўъминон маъдуд лек имон яке,
Ҷисмашон маъдуду лекин ҷ он яке.
Ҷони гургону сагон аз ҳам ҷ удост,
Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост.

Фоидаи дуввуми дин барои ҷомеа ин аст, ки дин азияту озор ва шарорати мардумро аз якдигар мегирад ё лоақал кам мекунад. Нияти шарру фасодро, ки боиси бадбахтии фард ва ҷомеа аст аз байн мебарад. Дин бар дасту пои Аҳримане, ки дар ботини инсон дар камин аст ва ҳамеша дар талош аст, ки барошўбад ва фитнае барпо кунад, занҷир мезанад ва ўро маҳор мекунад. Дин аз саркашӣ ва зўргўию иртикоби фаҳшо нисбат ба якдигар мамониат мекунад. Дин пайвастагии миёни хешовандонро маҳкам мекунад ва ба он амр мекунад.

Худованди мутаол дар Қуръони Карим дар сураи Наҳл ояти 90 мефармояд:

“ Худо ба адолату некўкорӣ ва муҳаббат ба хешовандон амр мекунад ва аз кори зишт ва нописанд ва ситам наҳй мекунад, Худо шуморо панд медиҳад, бошад, ки шумо бипазиред» .

Фоидаи сеюми дин барои ҷомеа он аст, ки умуми ҷомеаро ба дастгирӣ ва ҳамкорӣ бар анҷоми корҳои хайр вомедорад ва онҳоро аз ҳамдаст шудан бар анҷоми бадӣ ва гуноҳ бозмедорад. Онҳоро аз адовату душманӣ бо ҳамдигар наҳй мекунад, онҳоро аз дўзах намудани муҳит барои ҳамнавъони худ наҳй мекунад ва онҳоро аз азоби сахт барҳазар медорад.

Худо дар Қуръон (Сураи Моида – 2) мефармояд:

“Ҳамдигарро бар некӣ ва парҳезгорӣ кўмак кунед ва бар гуноҳу душманӣ кўмак накунед ва аз Худо битарсед, ки азоби Худо сахт аст”.

Хулоса ин ки дин бо қонунҳо ва барномаҳои инсонсози худ як ҷомеаеро ташкил медиҳад, ки руҳи он ҷомеа хайри мутлақ аст ва бо чунин барномаи қавӣ ва бонишот ва сарбаланд, афроди он ҷомеа дорои саодати дунё ва охират хоҳанд буд. Иншоаллоҳ.

Акнун ки маънои дин, зарурат ва фоидаи он ба таври хулоса равшан шуд, бармегардем ба асли сухан. Гуфта шуд, ки дин дорои се бахш аст ва мавзўи баҳси мо бахши эътиқодот аст ва қабл аз вуруд ба ин ба ин баҳс бояд ба ин мавзўъ диққат кунем:

Бояд ба усули дин (принсипҳои аслии дин) яқин дошта бошем

Ҳамон гуна ки дар масъалаи аввали рисолаи Тавзеҳ-ул-масоил омадааст, мусулмон бояд ба усули дин яқин дошта бошад, яъне таҳсили маърифат ва эътиқоди ҷозим лозим аст ва наметавонад ба сирфи ин ки дигарӣ гуфтааст иктифо кунад ва хулоса ба ҳукми ақл ва ба ҳукми оёти шарифа ва ривоёти мўътабара, бар ҳар мусулмоне таҳсили имон ва яқин ва эътиқод ба усули дин воҷиб аст ва кўтоҳию бепарвоӣ дар ин кор боиси азоби абадӣ хоҳад шуд. Вале ногуфта намонад ончӣ, ки лозим аст асли ба даст овардани яқин ва эътиқоди ҷазмӣ аст ва ин маъно аз ҳар далел ва аз ҳар роҳе ба даст аяд кифоят мекунад. Бинобар ин аксари мардум, ки усули дини худро аз таълимот ва гуфтаи мубаллиғон ва муаллимон ва ҳатто аз гуфтаи волидайни худ   фаро гирифтаанд ва ба хотири камоли боварӣ ва эътимод ба қавли онҳо ва низ ин ки онҳо ба ў таълими нодуруст намедиҳанд, яқин пайдо кардаанд, кифоят мекунад. Гарчӣ натавонад барои эътиқодоти худ далле биёварад.

Чаро усули дин тақлидӣ нест?

Иллати ин ки уламои бузурги дин фатмудаанд: маҳалли тақлид ва мавриди он аҳкоми фаръӣ ва амалӣ аст ва дар усули дин тақлид ҷорӣ намешавад ва иддаои иҷмоъ низ ҳамон аст, ин аст, ки тақлид: амал кардан ба ба дастури муҷтаҳид аст (ва ба назари баъзеҳо пазируфтани гуфтаи ғайр аст тааббудан ва бидуни далел) ҳарчанд яқин ба воқеъ ҳосил нашавад ва ҳоло ин ки оёту ривоёт далолат дорандбар ин ки дар усули дин имон ва маърифату яқин мўътабар ва лозим аст ва имон ба маънои итминон ва сукуни қалб аст ва боварии ботинӣ аст. Ва ин маъно бо тақлид ҳосил намешавад.

Ба иборати дигар, ончи инсонро ба саодати дунё ва охират мерасонад ва ўро аз азобу ҳалокат наҷот медиҳад эътиқоди қалбӣ ва имони ҷазмӣ аст, ончи инсонро аз фоидаи дин баҳраманд мекунад танҳо бовари ботинӣ ва яқину итминон аст ва ин ҳолат ва ин маъно аз амал ва тақлид ҷудо аст ва фақат ба гуфтаи шахси дигар ҳосил намешавад. Бинобар ин тақлид, ки амал кардан ба дастури муҷтаҳид, ё қабули қавли шахси дигар бе далел аст, дар ин ҷо ҷо надорад.

Балки бояд гуфт: имон ва таҳсили илму яқин ба усули дин аз аз фазоили нафсонӣ аст, маърифат ва эътиқод ба Худо ва сифоти камолии ў, шинохти ҳуҷҷатҳои илоҳӣ ва воситаҳои файз ва валиёни амр, ба даст оавардани илму яқин ба маод ва бозгашти ба сўи Худо, аз камолоти инсонӣ ва боси берун шудани нафси ў аз разилаи ҷаҳлу нодонӣ аст ва ба ҳукми ақл таҳсили ин корҳо писандида ва зарурӣ ва лозим аст.

Эътиқод ба вуҷуди Худованди ягона

“Оё дар Худованд шакке ҳаст, ки офаринандаи замину осмонҳо аст?”, - Қуръони Карим сураи Иброҳим – 10.

Илму иқрор ба вуҷуди Худованди мутаол бадеҳӣ ва равшан аст ва кофирон ҳам ба он иқрор доштаанд, чунон ки Худо фармудааст:

“Ва ҳар гоҳ агар аз онҳо суол кунӣ кист, ки осмону заминро офарида ва хуршеду моҳро мусаххар кардааст? Мегўянд албатта Худо, пас бигў ба куҷо ба дурўғ ронда мешавед?”

барои ҳамин ҳам вақте ки Расули Акрам (с) мабъус гардид мардумро даъват ба тавҳид ва ягонапарастӣ кард, на иқрор ба вуҷуди Худо.

Маншаи ин иқрор ва эътироф, сарчашмаи ин дарёфт ва ғариза аст, ҳамон фитрат ва қувваи дарку фаҳме аст, ки Худованд дар ниҳод ва табиати ҳар инсоне қарор додааст. (Сураи Рум 30).

Оре Худованд ин ҳақиқатро дар вуҷуди ҳар кас ниҳодааст ва бинобар ин дар асли хилқат ва зоти худ ҳис мекунад, ки ба худ вогузор нест, балки ба як мабдае марбут аст, ҳамон мабдае, ки бар саросари ҷаҳон ҳукмфармо аст ва ҳамаи мавҷудот ба ў барпо аст.

Ҳар мутафаккире дарк ва бовар дорад, ки ҳамаи ҷаҳон мутеи назар ва қонун аст ва ў дар партави ҳамин назар ва қонун аз зарроти олам баҳраманд аст аз ҳаво нафас мекашад, аз об меошомад, аз растаниҳо мехўрад, аз шуои офтоб истифода мекунад ва мефаҳмад, ки ҳамаи олам ба як қувва ва аз як мабдаъ сарчашма гирифта ва таҳти як ирода идора мешавад ва ба муқтазои ҳамин фитрат ва ваҳму дарк аст, ки дар ҳангоми ҳоҷат ба ў истиғоса мекунад, ҳангоми сахтӣ ба ў паноҳ мебарад, ҳангоми неъмат ба ў умедвор мешавад ва маълум аст, ки ин эҳсос ва дарк марбут ба заъф ё ҷаҳлу нодонӣ нест, зеро инсон аз ҳар табақа ва гурўҳе бошад, ҳаргоҳ худро аз тамоми афкори илмӣ ва ақоиду одоту русум холӣ намояд ва худро мавҷуде фарз кунад, ки ҳамин соат ба вуҷуд омадааст ва ҳеҷ касро надидааст ва ҳеҷ сухане нашунида, онноҳ назаре ба худ ва назаре ба ҷаҳон афканад чӣ хоҳад дид?

Худро мавҷуде хоҳад дид, ки дорои чашм, гўш, фаҳму ҳуш, ки дар гўшае аз ҷаҳони бепоён пайдо шуда ва ба ҳар сў назар меафканад, нигоҳаш ба ба охири ҷаҳон намерасад, ҷаҳонро бисёр бузург ва худро бисёр кўчак мебинад, зери пои худ замини пур аз аҷоиб ва болои сари худ фазои пур аз ғароиб мебинад, дар ҷаҳон омаду рафт ва гардишу ҳаракатро мушоҳида мекунад, мебинад, ки офтобу моҳ тулўу ғуруб мекунад, шабу рўз ба таври муназзам аз паси якдигар меоянду мераванд, моҳҳову фаслҳо бо навбат ва бо ҳисоб дар гардишанд, ҳангоми шаб фазои боло пур аз ситорагон ва дурахшону зебо мешавад, дар рўи замин гиёҳону дарахтоне мебинад, ки донаи баъзе аз онҳо дар ибтидо ба ҳадде хурд аст, ки дар байни ангуштон гум мешавад ва пас аз чанде дарахти тануманде бо шохаҳои дароз ва баргҳову шукуфаҳои рангоранг ва меваҳои гуногун, дорои таъмҳо ва бўҳои ҷонпарвар мушоҳида мекунад, ҷонваронеро мебинад, ки дорои ҳаҷм, шакл, ғариза ва табиати гуногунанд. Мавҷудоте мебинад, пайдо мешаванд ва боз аз мийн мераванд, зинда мешаванду мемиранд, ҷарайни ҳайтро аз гиёҳ то инсон мушоҳида мекунад.

Азамат ва резакории хилқати худро мебинад, андоми худ, устухонҳо ва рагҳои бадан, аҷоиби устухони сар, чашму гўш ва ва сурат ва дастгоҳи гуворишӣ ва гардиши хун ва зарабони қалб ва хилқати дастҳо ва ангуштон   ва чигунагии таркиби аъзои бадан ва чигунагии тағзия ва таъмини моддаҳои лозими бадан, дастгоҳи таваллуди фарзанд ва нақши қувваи ақлу шаҳват ва хаёлу ваҳм ва дигавр қувваҳои номарии мавҷуд дар ҷисми худро мадди назар меоварад ва беихтиёр эътироф мекунад:

Эй ҳама ҳастӣ зи ту пайдо шуда,
Хоки заиф аз ту тавоно
Зернишини аламат коинот,
Мо ба ту қоим чу ту қоим ба зот.
Ва бо забони безабонӣ мегўяд:
Эй зи вуҷуди ту вуҷуди ҳама,
Партаве аз буди ту буди ҳама.
Несткуну ҳасткуну ҳасту нест,
Ғайри туву сунӣи ту мавҷуд нест.

Оре дар чунин ҳоле инсон бо ҷони худ як ирода, як машият, як ҳаёт, як қудрат, як илм, як ҳасии ҳақиқиро, ки дорои ҳамаи ин сифот аст ва ба манзалаи руҳи ҷаҳон аст, б аравшанӣ мебинад ва ўро муҳит ба ҳамаи мавҷудот ва огоҳ аз ҳамаи онҳо ва тавоно бар ҳамаи онҳо ва гардонандаи тамоми онҳо мебинад ва хештанро низ бо тамоми вуҷуд ба ў вобаста ва мебинад агарчи ҳақиқати ўро наметавонад дарёбад ва бар офариниши ҷаҳон ва сирри хилқат и хеш ҳам наметавонад пай барад, аммо ин андоза мефаҳмад, ки ҷаҳонро созандае бошад Худо ном ва мефаҳмад, ки дар фитрати ҳамаи мавҷудот ҳамин идрок ва бардошт вуҷуд дорад ва ҳама бо ҳама бо ҳастии худ ба он мабдаи ягона марбут ва вобастаанд ва ҳама бо тамоми вуҷуди ў иқрор ва эътироф доранд. Ва табъан дар баробари азаматаш сари таслим фуруд овардаўро саҷда мекунанд.

Магар мекард дарвеше нигоҳе,
Бар ин дарёи пурдурри илоҳӣ.
Кавокиб дид чун шамъи шабафрўз,
Ки шаб аз рўи эшон гашта чун рўз.
Ту гўӣ ахтарон истодаандӣ,
Даҳон бо хокиён бикшодаандӣ.
Ки ҳон эй ғофилон бедор бошед,
Дар ин даргаҳ даме ҳушёр бошед.
Ту хуш хуфтию мо андар раҳи ту,
Ҳамепўем хоки даргаҳи ту.

Сураи Оли Имрон 188: “Дар офариниши замину осмон ва омаду рафти шабу рўз нишонаҳое барои соҳибхирадон аст”.

Бале дар табъи ҳар донандае ҳаст,
Ки бо гарданда гардонандае ҳаст.
* * * *
Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр,
Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдугор.

Оре соҳиби фаҳму хирад бо андак диққате эҳсос мекунад, ки саросари ҷаҳони ҳастӣ пур аз ҳаёту шууру зебоӣ ва шунавоӣ аст ва ҳар як аз мавҷудот бо забони ботин бо падидоварандаи худ дар розу ниёзанд ва ба вуҷуди ў иқрор дорад ва ўро тасбеҳ мегўяд:

“Ҳамаи мавҷудот, ки дар осмону заминанд, Худоро ба покӣ меситоянд, Худое, ки молики ҳама ва муназзаҳ а з ҳама ва доно ба ҳама тавоно бар ҳама аст”.

Инҷост, ки инсон табъан матаваҷҷеҳи офаридгори худ ва ҷўёи ў мешавад ва наметавонад чунин набошад, инҷост, ки дар мақоми бандагӣ ва итоат аз ў бармеояд, инҷост, ки ҳар чанд шақӣ ва ситамкор бошад боз рўй ба Худо ва даргоҳи ў менолад ва тазаррўъ мекунад, инҷост, ки бояд юотини нисонҳооро дид ва набояд ба зоҳирашон ҳукм кард, ки ҳарчӣ ҳам бад ва тоғӣ бошем, аммо:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист ,
Ки ман хамушаму ў дар хурўшу дар ғавғост.
* * * *
Рўзи Мўсо пеши ҳақ нолон шуда,
Нимашаб Фиръавн ҳам гирён шуда.

Инҷост, ки дунболи расул ва паёмовари ў мегардад ва мехоҳад тариқаи бандагӣ ва убудияти ўро аз забони пайғамбар ёд гирад ва ба ў наздик шавад, ба ў тақарруб ҷўяд ва дар муқобили ў анҷоми вазифа кунад ва аз мухолифаташ парҳез намояд.

Имом Содиқ мефармояд:

“Дониши ҳамаи мардлум дар чаҳор ҷумла аст:

1 – Худошиносӣ;

2 – Худшиносӣ;

3 – Вазифашиносӣ;

4   - Инҳирофшиносӣ (шинохтани роҳи каҷ).

Ва Амиралмўъминин Алӣ(а) мефармояд: «Худованд паёмбаронро фиристод то мардумро ба муқтазои фитраташон водоранд ва неъмати илоҳиро, ки дар ҷони онҳо пинҳон аст ба ёд оваранд ва ҳуҷҷати Худоро бар онҳо бирасонанд ва асрори илоҳиро, ки дар ҷони онҳо пинҳон аст, барангезонанд ва оёти Худоро дар замину осмон ба онҳо нишон диҳанд». (Наҳҷ-ул-балоға).

Тавҳид

Тавҳид асли аввал аз усули дин ба шумор меравад.

Тавҳид иборат аст аз эътиқод ба ин ки Худованди олам ягонае аст, ки таркиб аз аҷзо ва сифатҳо дар ў роҳ надорад, ки ба баъзе далелҳои он ишора мекунем:

Агар инсон бо диққат дар мавҷудоти олам назар кунад мебинад, ки назми хоссе дар миёни онҳо барқарор аст ва бо камоли табоюн ва тазоде, ки байни анвои мавҷудот вуҷуд дорад ва бо ин ки дар каму зиёдӣ ва чигунагии хилқати онҳо ихтилоф вуҷуд дорад, аммо ҳамаи онҳо монанди аъзои як бадан ба ҳам марбут ва бо яку қонуни собит ва бо як низоми воҳиде идора мешаванд.

Ва маълуми аст, ки ин низоми воҳид ва тартиби хос ҷуз ба ваҳдати созандааш сурат намепазирад. Чунон ки Худованд дар Қуръон дар сураи Мўъминун – 91, мефармояд:

“Худои дигаре бо Худо нест, ки агар чунин мебуд ҳар оина ҳар худое бо махлуқи худ ба тарафе рафта (ҳар як махлуқи худро идора мекард) ва ҳар як бар дигарӣ бартарӣ меҷуст (ва ба ин хотир низоми олам аз байн мерафт)”.

Ба иборати дигар, падидаҳои олами ҳастӣ агарчи дорои шаклҳои мухталиф   ва ҳақиқатҳои мутафовит ҳастанд, аммо дар айни ҳол ҳамаи онҳо тобеи назми воҳиде ва ҳар як дар зарфи вуҷудии худ масири хосси худро тай карда ва ба ин ҷиҳат аз фасод ва нобудӣ маҳфузанд ва ин матлаб ҷуз бо ягона будани падидоваранда ва нозими онҳо мумкин нест.

Худованд дар Қуръон фармудааст:

“Агар дар осмону замин худоёни дигаре ҷуз Аллоҳ вуҷуд дошт ҳамонон вайрон ва фосид мешуд”. (Сураи Анбиё 22).

Оре бо андак диққат ба худ ва дигарон ва ҷондорон ва саҳро, ба ҷангалу дарё, замину осмон, хуршеду ситорагон, шабу рўз ва фаслҳои сол ва ғайра ва назми ҳоким бар инҳо, яқин пайдо мекунем, ки ҷаҳони ҳастӣ бо низоми ҳамоҳанг ва тааҷҷубовараш махлуқи офаринандаи якто ва беҳамто аст, чунон ки худ ба ягона будани худ гувоҳӣ додааст.

Ва худ хешро ба ваҳдоният ва бемонанд будан тавсиф намудааст:

“Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Бигў Худованд якто ва ягона аст, Худое, ки аз ҳамаи олам бениёз аст ва ҳамаи олам ба ў ниёзманд аст, на касе фарзанди ўст ва ў фарзанди касе аст. Ва барои ў ҳеҷ гоҳ шабеҳ ва монанду ҳамто нест”.

Алӣ (а) ба фарзандаш Имом Ҳасан мефармояд:

“ Эй писарам бидон агар парвардигорат шарике дошт расулони ў низ ба сўи ту меомаданд , осори мулку қудраташро медидӣ ва афъолу сифоташро мешинохтӣ, аммо ў Худованде аст якто, ҳамон гуна ки худро тавсиф кардааст”.

Бале ин ҷаҳонро офаридгоре аст якто, ҳакиму тавоно, ки ҳастию бақо ва гардиши олам ҳама аз ўст, ҳеҷ мавҷуде аз қудрати ў хориҷ нест, раҳмону раҳиму ҳалим аст. Чизеро беҳуда наофаридааст ва аз ҷисму модда нест, беҳамтову номаҳдуд аст, ба ҳама касу ҳама чиз огоҳ аст, ба ҳамаи олам иҳота дорад, ҳамеша будааст ва хоҳад буд.

Ба андак илтифоте зинда дорад офаринишро,

Агар нозе кунад аз ҳам фурў резад қолибҳо.

Адл

Яке аз усули мазҳаби шиа эътиқод ба адолати Худованд аст, зеро адл як сифати камол мебошад ва Худованд тамоми сифатҳои камолро доро ва аз ҳар нуқсон муназзаҳ ва мубарро аст. Пас зулму бадӣ дар кори Худованд роҳ надорад, чун зулму бадӣ вва сифату кирдорҳои ношоиста аз нодонӣ ва нотавонӣ ва ниёз сарчашма мегирад ва Худованд ба ҳама чиз доно ва ба ҳар коре тавоно аст ва ба ҳеҷ чиз ниёз надорад, бинобар ин мусулмон бояд мўътақид бошад, ки Худо одил аст ва дар ҳамаи корҳо риояти адолатро фармудааст.

Дар Қуръони Карим омадааст:

“Худо худ гувоҳӣ медиҳад, ки ҷуз зоти муқаддаси ў Худое нест ва фариштагон ва донишмандон низ инчунин гувоҳӣ медиҳанд дар ҳоле ки Худо ба адолат истодааст (яъне дар олам ба адолат ҳукм мекунад)”.

Хулоса ба ҳукми ақл ва аз оёту ривоёт ба таври равшан истифода мешавад, ки Худо одил аст. Ва ончиро офаридааст бо назму андоза ва ҳисоби муфйян офаридааст ва дар саросари ҷаҳони ҳастӣ таовун ва твозун барқарор аст, Расули Худо фармуд:

“Осмону замин ба адолат барпост”.

Ҷаҳон чун хатту холу чашму абруст,

Ки ҳар чизе ба ҷ ои хеш некўст.

Албатта мо аз ҳамаи ҷаҳон огоҳӣ надорем ва ҳамаи мавҷудотро баррасӣ накардаем ва ҳаргиз тавони баррасӣ надорем, вале бар ҳар қисмат аз ҷаҳон, ки мутталеъ шудем дар он қисмат назму ҳисоб ва эътидолро мебинем ва аз инҷо ба одил будани ҷаҳонофарин яқин пайдо мекунем.

Бинобар ин Худованд ҳам дар хилқат ва ҳам ҳисобрасии рўзи қиёмат одил аст ва ҳар падида ва ҳар савобу иқобро дар ҷои худ бар асоси маслиҳат ва истеҳқоқ офарида ва анҷом медиҳад ва дар ҳаққи ҳеҷ мавҷуде зулм нашуда ва намешавад ва ончи гуфта мешавад аз костию зиштӣ ва зарар ва монанди инҳо, ба лиҳози муқоисаи ин умур аст бо тарафи муқобилаш аз фузунӣ ва зебоӣ ва нафъу хубӣ, вагарна ҳар чизе ба ҷои худ ва ҳар ҳолате ба мавқеъ ва дар зарфи худ ва дар маҷмўаи олам, ба8о ва хайри маҳз аст.

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

Худованд ҳар касеро мухтор офарида ва ба ў ақлу хирад додааст то хубу бадро шиносад ва паёмбаронро фиристодааст то ўро дар шинохтани хубу бад ёрӣ намоянд. Ва ўро ба саодат ва роҳи хайр даъват кунанд ва аз корҳои бад ва корҳое, ки бадбахтӣ меоварад, наҳй кунанд ва ҳамаи инҳо баҷо ва ба салоҳ ва хайри маҳз аст ва ба ин ҳисоб агар инсон роҳи хайрро пеш гирифт мустаҳиқи савоб аст ва агар бадӣ ва шароратро ихтиёр кард мустаҳиқи уқубат аст. Худованд бар асоси адолат дар рўзи қиёмат некўкорро подошт нек ва бадкорро мутаносиб бо бадӣ ва гуноҳаш кайфар медиҳад ва ин айни адолат аст ва заррае зулм ба ҳисоб намеояд. Дар Қуръони Маҷид дар сураи Анбиё 47, фармудааст:

“Дар рўзи қиёмат барои подпши маордум тарозуҳоеро барпо мекунем   ва ба ҳеҷ касе ҳеҷ гуна ситам намешавад.

Ва дар калимоти бузургон омадааст, ки Худованд мефармояд:

“Ман золим ҳастам дар замоне, ки аз золим интиқом бикашам”.

Роҳати мардум талаб озор чист,
Ҷуз хиҷ илӣ мояи ин кор чист.
Моли заифон ба каф оварда гир,
Нуқли ятимон ба ситам хўрда гир.
Рўзи қиёмат, ки бувад доварӣ,
Узр биёвар, ки чӣ узр оварӣ.
Моли касон чанд ситонӣ ба зўр,
Ғофилӣ аз мурдану фардои гўр.

Нубувват

Аз ончӣ гузашт маълум шуд, ки инсон дар фитрат ва ботини худ, худоҷў ва худохоҳ аст ва дар паи наздик шудан ба вай мебошад ва бинобар ин эҳсос мекунад, ки ба роҳнамо ва ҳодӣ ниёзманд аст. Аз тарафе Худованд дар табиати одамҳо ғаризаҳо ва тамоюлоти гуногун ва баъзан муқобили ҳам қарор додааст, ки агар ба кўмаки роҳнамо таъдил нашаванд ва агар инсонҳо ба худ вогузор шаванд, табъан худ ва ҷомеаро ба фасоду нобудӣ мекашанд, бинобар ин лутфи илоҳӣ ҳам эҷоб мекунад, ки барои ҳидояти онҳо роҳнамое таин кунад вараво нест Худованди ҳакиму меҳрубон, ки ниёзҳои моддӣ ва маънавии башарро медонад ва роҳи саодату саломати вайро мешиносад, ўро ба ҳоли худ раҳо созад,   ба ин ҷиҳат роҳнамое аз ҷинси худи инсон ва аз ҳар ҷиҳат дорои салоҳият барои расондани паёми илоҳӣ мабъус фармуда то воситаи миёни Худо ва мардум бошанд ва ҳақоиқ ва паёмҳоро аз ноҳияи Худо дарёфт ва ба мардум иблоғ фармоянд.

Ба ҳамин манзур, мутобиқи ривоёти воридшуда, як саду бисту чаҳор ҳазор пайғамбар фиристодааст, ки панҷ нафари онҳо ба унвони паёмбарони улулазм ва дорои шариати нав шинохта шудаанд:

1 – Ҳазрати Нуҳ (а)

2 – Ҳазрати Иброҳим ( а )

3 – Ҳазрати Мўсо ( а )

4 – Ҳазрати Исо ( а )

5 – Ҳазрати Муҳаммад (а)

Ва мо ҳамаи онҳоро пзируфта ва ба ҳамаи онҳо эҳтиром мегузоремва онҳоро аз ҳар гуна гуноҳ ва лағзиш ва хато мубарро ва ҳамаро маъсум (бегуноҳ ва бехато) медонем.

Вале назар бар ин ки ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) хотами паёмбарон ва комилкунандаи динҳои пешин аст ва ончи аз динҳои паёмбароин пешин буд мавриди қабули он ҳазрат аст ва аз тарафе қонун ва роҳнамоиҳои ў беҳтарин ва комилтарини қонунҳо аст, дастурҳо ва вазифаҳои худро аз он бузургвор гирифта ва ба онҳо мўътақид ва тибқи он амал мекунем. Иншоаллоҳ.

Хулосае аз зиндагонии Паёмбар (с)

 Ҳазрати Муҳаммад (с) аз қабилаи Қурайш ва аз хонадони Ҳошим аст. Падари он ҳазрат, Абдуллоҳ пи сари Абдулмутталиб ва набераи Ҳошим аст. Модраши Оминахотун духтари Ваҳб аз хонадони Банӣ Зуҳра, аз қабилаи Қурайш аст.

Абдуллоҳ пас аз издивоҷ ба Шом сафар кард   ва дар бозгашт аз сафари Шом дар Мадина вафот намуд ва ҳамон ҷо дафн шуд.

Хотамуланбиё (с) пас аз чанд моҳ аз вафоти падараш Абдуллоҳ дар моҳи рабиулаввали соли 571 мелодӣ дар Маккаи муаззама мутаваллид шад ва оламро равшан сохт. Пас аз валодат модараш он ҳазратро ба расми бузургони Макка ба Ҳалимаи Саъдия, аз қабилаи Банӣ Саъд супурд то вайро шир диҳад. Чаҳор сол назди Ҳалима буд, пас аз он модараш ўро гирифт ва ҳамроҳи худ барои дидор бо бастагони падараш ба Мадина бурд, дар бозгашт модараш фавт кард ва дар Абвоъ, яке аз деҳаҳое миёни Мадина ва Макка дафн шуд. Пас аз он бобояш Абдулмутталиб   ва баъд аз ў амакаш Абўтолиб падари ҳазрати Алӣ кафолати ўро ба ўҳда гирифтанд, дар синни бисту панҷсолагӣ бо Хадича, ки чиҳил сола буд издивоҷ намуд ва муддати бисту панҷ сол бо ў зиндагӣ намуд то онки Хадича дар синни шасту панҷсолагӣ вафот кард.

Дар синни чиҳилсолагӣ аз тарафи Худо ба нубувват мабъус шад ва Қуръони Карим, ки инчу ҷин аз овардани мисли он оҷизу нотавонанд, бар ў ваҳй шуд ва Худо ўро хотами паёмбарон хонд ва ба макорими ахлоқ сутуд.

Муддати зиндагонии он ҳазрат дар дунё шасту се сол буд, ки метавон умри мубораки он ҳазратро ба се қисмат тақсим кард: чиҳил сол аз аввали умраш то беъсато, сенздаҳ солаз замони беъсат то замони ҳиҷрат ба Мадина ва даҳ сол пас аз ҳиҷрат то вафот, ки бинобар машҳур дар моҳи сафари соли ёздаҳуми ҳиҷрат дар рўзи душанбе дар шаҳри Мадинаи мунаввара ба ҷавори раҳмати ҳақ шитофт, салавотуллоҳ ва саломуҳу алайҳ.

Роҳҳои шинохти паёмбар

Ба таври куллӣ нубуввати ҳар пайғамбаре вобаста ба се кор аст ва аз се роҳи собит пазируфта мешавад: 1 – иддаои нубувват, 2 – салоҳият доштан барои нубувват, 3 – мўъҷиза доштан.

Аввал: Иддаои нубуват

Барои касе пўшида нест, ки Паёмбари Акрам дар соли 611 мелодӣ дар замоне, ки ширку бутпарастӣ ва оташпарастӣ ва ғайра саросари ҷаҳонро фаро гирифта буд, дар Макка иддаои нубувват намуд ва то охири умр мардумро ба дини Ислом даъват намуд ва ҷамъи зиёде даъвати ўро пазируфта ва ба дини Ислом мушарраф шуданд.

Дувум: Салоҳият доштан барои нубувват

Муддаии нубувват бояд тамоми ахлоқ ва сифатҳои писандидаро доро ва дар тамоми камолоти нафсонӣ аз ҳамаи уммат афзал ва акмал ва аъло ва аз ҷамеи сифатҳои зишту ахлоқу аъмали нописанд мубарро бошад ва ин амр нисбат ба Пайғамбари Ислом (с) ба тавотур собит ва мусаллам аст ва дўсту душман он ҳазратро ба хислатҳои нек ситоиш карда ва аз сифатҳои камолу аъмоли писандидаи он бузургвор хабар дода ва ўро аз ахлоқу кирдори зишт ва дигар монеаҳои нубувват мубарро донистаанд.

Хулоса макорими ахлоқ ва маҳомиди авсоф ва маҳосини одоб ва ҳамчунин таҳаввулот ва инқилобе, ки дар олам ва хусусан дар Ҳиҷоз ва Ҷазиратулараб ба вуҷуд оварда, ҳамчунин калимоти шарифи он ҳазрат дар тавҳид ва сифоти Худо ва аҳкоми ҳалолу ҳаром ва мавъизаю насиҳатҳо ва ахлоқиёту ғайри инҳо, ки аз он ҳазрат нақл шудааст ҳар як салоҳияти он ҳазратро барои мансаби нубувват қатъӣ намуда вва барои ҳар инсони мунсифе ҷои ҳеҷ гуна шакку тардид нагузоштааст.

Севвум: Мўъҷиза доштан

Метавон мўъҷизаро дар панҷ чиз хулоса кард: 1–мўъҷизаи ахлоқӣ, 2-мўъҷизаи илмӣ, 3-амалӣ, 4-асари маънавӣ, 5-асари вуҷудӣ. Р асули Акрам(с) ҳар панҷ қасмро ба наҳви комил доро буд:

Аввал: Мўъҷизаи ахлоқӣ

Расули Акрам (с) аз замони ҷавонӣ ба сидқу амонат маъруф буд ва ба сабру истиқомат ва караму бахшиш мавсуф буд. Дар ҳилму тавозўъ назир надошт, дар хушхулқӣ бемонанд буд, дар афву гузашт ягона буд, дар муқобили озору азият мегуфт: “Худоё қавмро мағфират кун, зеро онҳо намедонанд». Ҳамеша хайрхоҳ ва дилсўзи мардум ва нисбат ба мўъминин рауфу меҳрубон буд.

Муомилаи хуш ва хушхўиро аз саҳоба ҳаргиз дареғ намедошт ва аз онҳо ҷустуҷў менамуд, некони халқро назди худ ҷой медод, афзали халқ назди ў касе буд, ки  хайрхоҳи мардум бошад ва азизтарин афрод назди ў кўмаку баробари ва эҳсон ба мардум дошт, дар маҷлисе наменишаст ва барнамехост магар бо ёди Худо ва аксаран рў ба қибла менишаст ва ҷои махсусе барои худ қарор намедод, бо мардум чунон муошират менамуд, ки ҳар касро гумони он буд, ки гиромитарин халқ аст назди ў. Сухан бисёр намегуфт ва сухани касеро намебарид магар он ки ботил гўяд. Касеро мазаммат намекард ва касеро сарзаниш наменамуд, лағзишҳои мардумро намеҷуст, бар беадабии ғарибон ва аъробиён сабр менамуд, бар рўи замин менишаст, бо фақирон вав мискинон менишаст ва бо эшон хўрок мехўрд, дар хўриш ва пўшиш бар мардуми оддӣ зиёдатӣ намекард, ба ҳар кӣ мерасид салом мекард ва аввалин шуда даст дароз менамуд ва ҳаргиз намегузошт касе дар баробари ў биистад, соҳибони илму салоҳ ва ахлоқи ҳасанаро гиромӣ медошт аз ҳама кас ҳакимтар ва донотар ва баурдбортар ва одилтар ва шуҷоътар ва меҳрубонтар буд, ба пирон эҳтиром ва ба кўдакаон меҳрубонӣ мекард, то имкон дошт танҳо чтизе намехўрд, ҳангоме ки реҳлат намуд дирҳаму диноре аз худ нагузошт.

Шуҷоати он ҳазрат ба ҳадде буд, ки ҳазрати Алӣ мефармояд, ҳар гоҳ ҷанг шиддат меёфт мо ба он ҳазрат паноҳ мебурдем.

Авфу гузашт ба мартабае буд, ки чун Маккаро фатҳ намуд, дари Каъбаро гирифт ва ба аҳли Макка гуфт:

Дар ҳаққи хеш чӣ мегўед ва чӣ гумон доре?

Гуфтанд: Сухани бахайр гўем ва гумони бахайр дорем. Бародари карим ва бародарзодаи каримӣ, бар мо қудрат ёфтаӣ, ҳар чӣ хоҳӣ метавонӣ.

Расули Худоро аз ин калимот риққат омад ва дар чашмонаш об чархид, аҳли Макка чун ин диданд, садои гиряашон баланд шуд ва зор-зор гиристанд, онгоҳ ҳазрат фармуд:

Ман он мегўям, ки бародарам Юсуф гуфт.

Пас ҷинояти эшонро авф кард ва гуфт:

Ба роҳи худ равед, ки шумо озодшудагонед.

Дуввум: Мўъҷизаи илмӣ

Бо муроҷиат ба китобҳои марбут, ки ба таври муфассал калимоту хитобаҳо ва мавъизаҳову насиҳатҳои он ҳазратро нақл мекунанд, возеҳ ва равшан мешавад.

Севвум: Мўъҷизаи амалӣ

Бояд гуфт, ки аъмол ва рафтори он бузургвор аз замони таваллуд то ҳангоми вафот ҳама мўъҷиза аст. Бо андак тааммул ва тадаббур дар муҳити зиндагонӣ ва мардуми Ҳиҷоз ва руҳияи онҳо хусусан мардуми он замон, мўъҷиза будани амалҳои он ҳазрат собит мешавад. Оре, гуле дар хористон рўид ва на танҳо бўи онҳоро нагирифт, балки онҳоро тағйир дод, на танҳо тобеи муҳит ва зиндагии онҳо нашуд, балки муҳит ва зиндагии дигаронро тобеи худ сохт.

Дар муддати бисту се сол бо он ҳама монеаҳо ва мушкилот, чаҳор кори бузург ва асосӣ анҷом дод, ки ҳар як ба таври оддӣ солҳои дароз вақт ниёз дорад то устувор шавад. Он чаҳор кор иборатанд аз:

1-Бар хилофи динҳои роиҷи замони худ, дини нав ва илоҳӣ таъсис кард ва мардумро ба дини худ мўъмин сохт ба тавре ки то кунун нуфузи руҳонии ў бар дили садҳо миллион пайравонаш мусаллат аст, мутеъ кардани зоҳири мардум осон аст, аммо мусаххар кардани бидуни қайду шарти дилҳои мардум ва онҳоро аз дилу ҷон фармонбардор сохтан кори осоне нест, он ҳам мардуми мутаассиб ва ҷоҳил.

2-Аз қабилаҳои мухталиф, ки душман ва хунхоҳи якдигар буданд ва доимо шўълаи оташи ҷанг дар миёни онҳо барафрўхта буд, як миллати воҳид ба вуҷуд овард ва байни онҳо ақди бародарӣ ва баробарӣ  ва ваҳдати калима ба маънои ҳақиқӣ ба вуҷуд овард ва пас аз чанд сол аз нажодҳои мухталиф як уммат ба номи Уммати Муҳаммад (с) ташкил дод ва то имрўз ҳамчунон боқӣ ва рў ба фузунӣ аст.

3-Дар миёни ҳамон қабилаҳои пароканд, ки ҳар як барои худ раисе доштанд ва ба худсарӣ одат карда буданд ва собиқаи қудрат ва ҳукумати марказӣ надоштанд давлате таъсис кард, ки ҳукумати он бар асоси ҳуррияту озодӣ ва истиқлоли комил буд ва аз ҷиҳати қудрату нуфуз ва тавонмандӣ ба ҷое расид, ки баъд аз як қарн ягона давлати олам ва танҳо ҳуукумати мутлақи ҷаҳон шуд.

Худи ҳазрат дар як рўз шаш нома барои подшоҳони замони худ навишт ва ҳамаро ба Ислом даъват кард, подшоҳоне, ки худро дар авҷи қудрат медиданд ва арабро ҳеҷ мегирифтанд.

Вақте номаи ҳазрат ба дасти шоҳи Эрон расид ва хонд, ки номи ҳазрат пеш аз номи шоҳ навишта шуда буд барошуфт вва ва ба маъмурини худ дастур дод дираванд Мадина ва ҳазратро назди ў биёранд.

Фирдавсӣ азз забони шоҳи мағрур чунин сурудааст:

Зи шири шутур хўрдаву сусмор,
Арабро ба ҷ ое расидаст кор,
Ки тоҷи каёнӣ кунад орзу,
Т уфу бар ту эй чархи гардун туфу.>

Оре онҳо фикр мекарданд арабҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки дар баробари лашкари кўчаки Ҳабаша камтарин муқобилиятро нишон надода шаҳри Макка ва хонаву зиндагиашонро гузоштанд ва ба кўҳҳо паноҳ бурданд, аммо наметавонистанд бифаҳманд, ки онҳо доро и раҳбари илоҳӣ ва китоби осмонӣ шуда ва дигар он арабҳои пештара нестанд.

4-Дар муддати бист у се сол қонун ва дастурҳоеро муқаррар намуд, ки тамоми мушкилот ва ҳоҷатҳои инсонҳоро дар бар дорад ва то ба имрўз ва то қиёмат барқарор ва амал ба онҳо боиси саодати дунё ва охирати башар аст ва ҳаргиз кўҳна ва беравнақ нахоҳад шуд, «Ҳалолу Муҳаммадин ҳалолун ило явмил-қиёма ва ҳаромуҳу ҳаромун ило явмил-қиёма”. Ва ин қонунҳо ҳамчунон зиндаву ҷовид, дар ҳавзаҳои илмия ва тавассути фақеҳони бузург ба унвони фиқҳу фақоҳат ва таҳти унвони вазифаҳои илмӣ ва фурўи дин, мавриди баҳсу таҷзияву таҳлил аст.

Чаҳорум: Мўъҷизаи ҷовиди он ҳазрат Қуръони Карим аст, ки санади қатъӣ ва мўъҷизаи ҷовиди он бузургвор аст. Қуръоне, ки дар муддати бисту се сол бар он ҳазрат нозил шуд ва аз он замон то кунун дар ҷомеаи гуногуни башарӣ аз ҷиҳатҳои мухталиф мавриди мутолиа қарор дошта ва шигифтии донишманднро барангехтааст ва ҳамчунон дар тўли асрҳо устувории худро ҳифз карда ва аз ҳар гуна таҳрифу тағйир ва каму зиёд шудан маҳфуз мандааст ва садҳо тафсиру китоб дар бораи маънои алфоз ва ҳақиқати он навишта шуда ва Худованди мутаол ҳифзи онро замонат намудааст. (Сураи Ҳуҷр 9)

Мустафоро ваъда алтофи ҳақ,

Гар бимирӣ ту намирад ин сабақ.

Ман китобу мўъҷизотро рофеам,

Бешу камкунро зи Қуръон монеам.

То қиёмат боқияш дорем мо,

Ту м атарс аз насхи дин эй Мустафо.

Ҳаст Қуръон мар туро ҳамчун асо,

Куфрҳоро даркашад чун аждаҳо.

Ту агар дар зери хоке хуфтаӣ,

Чун асояш дон ҳар ончи гуфтаӣ.

 

Панҷум: яки дигар аз мўъҷизоти Паёмбар (с) зуррияи п о к ва а ҳли б айти он ҳазрат аст. Ба ин лиҳоз, ки танҳо мақоми волои нубувват мебошад, ки метавонад он гуна духтар ва имомони маъсумро ба ҷомеа таҳвил диҳад ва инсони боинсоф ҳамин ки ба илм, зиндагӣ, гуфтор ва аъмоли Аҳли Байт нигоҳ кунад иқрор мекунад, ки ҳар як аз онҳо монанди Қуръони Карим, мўъҷизаи мустақил ва далели ҷудогонае бар нубуввати Расули Худо (с) мебошанд, ба тавре ки агар фарзан ҳеҷ далеле бар бар нубуввати Расули Худо дар даст набуд ҷуз вуҷуди муқаддаси чунин аҳли байте, ҳамин кифоят мекард ва ҳуҷҷат тамом буд албатта басту тавзеҳи ин мўъҷиза аз ҳавсалаи ин мақола хориҷ аст, хусусан, ки ҳақир ҳам кўчактар аз онам, ки битавонам ҳатто гўшае аз онро муҷасссам намоям.

Имомат

Яки дигар аз усули эътиқодӣ, ки вижаи пайравони мактаби Аҳли Байт (а) аст, масъалаи имомат аст.

Аз ончи дар баҳси нубувват гузашт маълум гардид, ки вуҷуди имом барои дин ва иҷтимоъ мананди вуҷуди пайғамбар аст ва ҳамон гуна ки таини пайғамбар бояд аз тарафи Худо бошадтаини имом ва халифаи пайғамбар, ки ҳофиз ва баёнкунандаи дин аст бояд аз тарафи Худо бошад ва мардум наметавонанд ва ҳақ надоранд барои пайғамбар халифа, яъне ҷонишин таин кунанд, аз шууни мардум нест, ки барои баёни аҳкоми илоҳӣ ва шариати набавӣ касеро таин кунанд ва далел бари нин сухан бисёр аст, ки ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

Аввал:

Чунонки ишора шуд мартабаи имомат монанди мартабаи нубувват аст. Бинобар ин ҳар далеле бар лузуми ирсоли расул иқома намудем, бар лузуми таини имомат низ далолат мекунад ва хулоса имомат бо ҳамон далелҳо со бит мешавад.

Дуввум:

Бар ҳама возеҳ ва ошкор аст, ки вуҷуди имом барои дину Қуръон ва уммат мутазаммини масолеҳи бисёр ва холӣ аз ҳар гуна мафсада аст. Пас ба муқтазои адл и Худо ва лутфи Худо бар Худованди ҳаким таини он ҳатмӣ ва лозим аст. Зеро дар таин накардани он илова бар фавти масолеҳи дин ва мардум, мафсадаи ҳосил ва заҳматҳои Расули Худо ва дину шариат ва Қуръон муҳмаҳил ва ҳама ба фаромўшӣ супурда мешавад ва ин нақси ғараз аст ва нақси ғараз бар Худованд раво нест ва маҳол аст.

Севвум:

Ҳамон гуна ки дар далелҳои имомат зикр шуд, имом бояд маъсум ва муттасиф ба ҷамеи фазоили инсонӣ бошад вқва муназзаҳ аз ҳамаи разоили нафсонӣ ва олим ба ҳамаи ончи уммат мўҳтоҷанд ва қодир бар дафъи ҳамаи шубҳаҳо бошад ва билахира аз ҳар ҷиҳат бояд комил бошад   ва чун бештар ин умур , умури ботинӣ аст ва касе ғайр аз Алломулғуюб ба онҳо иҳота надорад, лизо таини чунин шахсе   аз ўҳдаи башар хориҷ аст ва мардум ҳаргиз қудрати таини ўро надоранд ва ҳаққи дахолат ҳам надоранд.

Чунон ки Худованд фармудааст:

“Парвардигори ту меофарад ҳар он чиро мехоҳад ва бармегузинад ҳар киро мехоҳад ва барои эшон ихтиёре дар ин амр нест». (Сураи Қасас 68)

Бинобар ин таини имом ва халифаи паёмбар шаъни Худо аст ва аз ўҳдаи мардум берун аст.

Бар ин асос мо шиаён мўътақидем, ки ба таин ва дастури Худои таоло ва аз ҷониби Расули Худо (с) дувоздаҳ маъсум барои раҳбарӣ ва имомат муайян шудаанд ва Паёмбар онҳоро бо ном ва мушаххасот ба мардум шинос намудааст.

Имоми аввалин

Расули акрам дар аваалин ҷаласае, ки даъват ба дини худро ошкор кард ва мардумро ба Ислом фаро хонд имом ва ҷонишини хешрпо ба мардум шиносонд.

Паёмбари Акрам (с) то соли сеюми беъсат махфиёна мардумро ба Ислом даъват ме кард то ин ки ояти шарифаи (Сураи шуаро 214) нозил гардид. Пайғамбар (с) бастагони наздикашро, ки ҳудуди чиҳил нафар буданд даъват кард, пас аз майл намудани таом фармуд:

Эй фарзандони Абдулмутталиб ба Худо савганд ҳеҷ ҷавонеро дар араб намешиносам, ки барои қавмаш чизе беҳтар аз ончи ман овардаам оварда бошад. Ман хайри дунё ва охиратро барои шумо овардам ва Худованд ба ман дастур додааст, ки шуморо даъват ба ин оин кунам. Кадом як аз шумо маро дар ин кор ёрӣ хоҳед кард то бародар ва васӣ ва ҷонишини ман бошад?Ҳозирин ҳамагӣ сар боз заданд ҷуз Алӣ (а), ки аз ҳама кўчактар буд бархост ва арз кард:

Эй Паёмбари Худо, ман дар ин роҳёру ёвари туам» .

Паёмбар (с) даст бар гардани Алӣ ниҳод ва фармуд:

“ Ин бародар ва васӣ ва ҷ онишини ман дар байни шумо аст. Сухани ўро бишнавед ва фармонашро итоат кунед”.

Ҷамъият аз ҷо бархостанд дар ҳоле ки хандаи тамасхуромезе бар лаб доштанд ва ба Абутолиб мегуфтанд:

Ба ту дастур медиҳад, ки ба фармони писарат гўш кунӣ ва аз вай итоат намоӣ.

Ин ҳадисро ҷамъи зиёде аз донишмандони аҳли суннат, ҳамчун Ибни Ҷурайр, Ибни Абиҳотам, Ибни Мардуя, Абунаим, Байҳақӣ, Саълабӣ, Табарӣ, Ибни Асир, Абулфидо ва гурўҳи дигаре нақл кардаанд.

Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки даъват ба нубувват ва имомат ҳамроҳи ҳам ва дар канори ҳам сурат гирифтааст, маълум мешавад ҳамон инояте, ки Расули Худо ба даъвати нубувват ва пазириши он дошт ба имомат низ доштааст. Маълум мешавад қабули нубувват бидуни қабули имоммат ҳадаф ва хостаи ислом нест ва назари паёмбарро таъмин намекунад.

Пас аз ин қазия Паёмбар дар фурсатҳо ва муносибатҳои мухталиф ва баёнҳои гуногун имомати ҳазрати Алиро ба иттилои мардум мерасонад ва оёти зиёде нихз дар ин бора нозил гардид то ин ки Паёмбар дар соли даҳуми ҳиҷрат ба Макка   сафар кард ва маросими ҳаҷро анҷом дод ва ва ин бо охирин соли умри Паёмбар мусодиф шуд ва аз ин ҷиҳат онро Ҳаҷҷатулвадоъ номиданд. Афроде, ки дар   он сафар бо ҳазрат буданд то саду бист ҳазор нафар тахмин зада шудааст.

Хулосаи ҷараёни Ғадири Хум

Пас аз поёни маросими ҳаҷ Паёмбар роҳи Мадинаро пеш гирифт, вақте ба сарзамини Ғадири Хум расид, Ҷабраил нозил шуд ва ба Расули Худо (с) фармони истодан дод. Паёмбар ба ҳамроҳон дастури таваққуф дод. Корвониён аз таваққуфи ногаҳонӣ дар минтақаи гарму беобу алаф ҳайрон шуданд ва бо худ гуфтанд:

Ҳатман аз ҷониби Худо фармони муҳимме расидааст, дар ин ҳангом ин ояти 67 сураи Моида  нозил гардид:

“Эй Паёмбар ончи аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст комилан ба мардум бирасон ва агар накунӣ рисолати ўро анҷом надодаӣ ва Худованд туро аз (хатарҳои эҳтимолии) мардум нигоҳ медорад ва Худованд ҷамъияти кофиронро ҳидоят намекунад”.

Муаззин мардумро ба намози зуҳр (пешин) даъват кард. Пас аз намози зуҳр паёмбар ҳамаи мардумро барои шунидани паёми илоҳӣ фаро хонд ва ба минбер аз ҷиҳози шутурон тартиб дода шуд ва Расули Худо (с) бар фарози он қарор гирифт ва баъд аз ҳамду сипоси Худованд ба мардум фармуд:

Ман ба ҳамин зудӣ аз байни шумо меравам , ман масъулам ва шумо масъл ҳастед... Акнун бингаред бо ин ду чизи гаронбаҳо, ки дар байни шумо мегузорам чӣ хоҳед кард?

Аз миёни ҷамъият як нафар садо зад кадом ду чизи гаронбаҳо ё Расулаллоҳ?

Ҳазрат фармуд:

Сиқли Акбар китоби Худо, ки як сўи он ба дасти Парвардигор ва сўи дигараш дар дасти шумо аст, даст аз он набардоред то гумроҳ нашавед, аммо дуввумин ёдгори гаронбаҳои ман хонадонам мебошанд. Худованди латифи хабир ба ман хабар додааст, ки ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд тоин ки дар биҳишт ба ман бипайванданд. Аз ин ду пешӣ нагиред, ки ҳалок мешавед ва ақиб намонед, ки боз ҳалок хоҳед шуд.

Ногаҳон мардум диданд, ки Паёмбар ба атрофи худ нигоҳ кард ва ҳамин ки чашмаш ба Алӣ (а) афтод хам шуд ва дасти ўро гирифт ва баланд кард , ончунон ки сафедии зери бағали ҳар ду намоён шуд ва ҳамаи мардум ўро диданд ва шинохтанд, дар инҷо Расули Худо бо садои баланд ва расо гуфт:

Кадом шахс аз ҳамаи мардум нисбат ба мусулмонон аз худи онҳо сазовортар аст?

Гуфтанд: Худо ва Паёмбар медонанд.

Фармуд: Худо мавло ва раҳбари ман аст ва ман мавло ва раҳбари мўъминон; барои ҳар кас, ки ман мавло ва раҳбари ў ҳастам, Алӣ мавло ва раҳбари ўст. – Ва ин суханро се ё чаҳор маротиба такрор кард, сипас фармуд:

Худовандо, дўстони ўро дўст бидор ва душмнони ўро душман бидор, дўст бидор ҳар кас ўро дўст дорад ва душмн бидор он касеро, ки бо ў душманӣ кунад. Ёронашро ёрӣ кун ва касонеро, ки ба ў ёрӣ накарданд ёриашон накун ва ҳақро ҳамроҳи ў бтдор ва ўро аз ҳақ ҷудо макун!

Хутбаи ҳазрат, ки хулосаи он баён шуд ба поён расид ва ҳамин ҳангом ин оят нозил шуд:

“Имрўз дини шуморо комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ба унвони дин бароятон пазируфтам”. (Сураи Моида 3)

дар ин ҳангом шўру ғавғое мардумро фаро гирифт ва ба ҳазрати Амиралмўъминин - Алӣ(а) табрик гуфтанд ва ва Абўбакру Умар низ дар ҳазари мардум Амиралмўъмининро мухотаб қарор дода гуфтанд:

“Офарин, офарин бар ту бод, эй фарзанди Абутолиб, ту мавло ва раҳбари ман ва ҳамаи мардону занони боимон шудӣ». Ин буд хулосае аз ҳадиси Ғадири Хум, ки илова бар олимони шиа ҷамъи бисёре аз олимони аҳли суннат онро дар китобҳио худ нақл намудаанд, ки ба унвони намуна ҷамъе аз онҳоро ном мебарем.

Ҳофиз Абусаиди Сиҷистонӣ, Абунаими Исфаҳонӣ, Абулҳасани Воҳидии Нишопурӣ, Ибни Асокири Шофеӣ, Фахри Розӣ, Бадриддини Ҳанафӣ, Шайх Муҳаммад Абдаҳи Мисрӣ ва бисёре дигарон.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин донишмандони суннӣ бо ин ки худ ҳадиси Ғадирро нақл кардаанд, аммо ё аз ҷиҳат тарс ва муҳит ва ё мавқеияти хеш ё аз ҷиҳати таассуб ҳадисро тавҷеҳ карда ва ё камаҳамият ҷилва додаанд ва аз он гузаштаанд.

Дар айни ҳол агар ҳадиси Ғадирро ҳам нодида бигиранд, аммо ҳадиси аввалин рўзи даъвати ошкорои Расули Худо (с) ва ҳадиси Сақалайн ва ҳадисҳои дигаре, ки дар бораи имомати Амиралмўъминин Алӣ (а) ва дигар имомони маъсум, к4и худашон нақл кардаанд, ҳама бар онҳо ҳуҷҷат аст ва бо таваҷҷўҳ ба касрати ин аҳодис ва тавотури онҳо қобили тавҷеҳу таъвил ва чашмпўшӣ нест.

Исмҳои мубораки ҳамаи имомони маъсум ба тартиб иборатанд аз:

2-Ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (фарзанди Ҳазрати Алӣ ва Фотима (с)), 3-Ҳазрати Имом Ҳусейн (фарзанди Ҳазрати Алӣ ва Фотима (с)), 4-Ҳазрати Имом Саҷҷод, (фарзанди Имом Ҳусейн), 5-Ҳазрати Имом Муҳаммад Боқир (фарзанди Имом Саҷҷод), 6-Имом Ҷаъфари Содиқ (фарзанди Имом Боқир), 7-Имом Мўсо (фарзанди Имом ҶаъфариСодиқ), 8-Имом Ризо (фарзанди Имом Мўсо), 9-Имом Муҳаммад Ҷавод (фарзанди Имом Ризо), 10-Имом Ҳодӣ (фапрзанди Имом Ҷавод), 11-Имом Ҳасани Аскарӣ (фарзанди Имом Ҳодӣ), 12-Ҳазрати Имом Маҳдӣ (фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ), ки Имоми Дувоздаҳум дар ҳоли ҳозир зинда ва аз назарҳо ғоиб аст ва рўзе ба амри Парвардигор зуҳур менамояд ва ҳукумати адли ҷаҳониро барпо мекунад ва дунёро пур аз адлу дод мегардонад.

“Аллоҳумма аҷҷил фӣ фараҷиҳуш-шариф”.

Лозим ба зикр аст, ки мо шиаён ҳамчунин эътиқод дорем, ки ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари гиромии Расули Акрам(с), ҳамсари волои Амиралмўъминин Алӣ (с), Уммулаимма ва меҳвари имомат ва вилоят буда ва сарвару саидаи занон дар ду ҷаҳон аст. Он ҳазрат усваи ҳамаи инсонҳо дар ҳар давру замонҳо аст ва аз онҷо, ки яке аз маъсумин аст, қавлу феъл ва тақрири ў ҳуҷҷат аст. Ризои ў ризои Худо ва Паёмбар аст ва ғазаби ў ғазаби Худо ва Паёмбар аст.

Ин иддаеро, ки ном бурдем Аҳли Байт ва итрати Расули Худо мебошанд, ки дорои сифатҳои он ҳазрат ҳастанд ва Расули Худо (с) борҳо супориши онҳоро фармуд ва онҳоро қарини Қуръон қарор дод ва ба мардум хитоб кард ва гуфт:

Ман дар байни шумо ду чизи гаронбаҳо ва сангин ва нафисеро боҷо мегузорам, китоби Худо ва Итрат – Аҳли Байтам, модоме ки ба ин дуто тамассук намоед гумроҳ намешавед.

Худованд ду масъулияти муҳим ва бисёр сангинро бар ўҳдаи онҳо гузлоштааст.

Аввал: ҳидоят ва раҳбарии динии мардум ва ошно намудани онҳо ба маориф ва ахлоқу қониуни дин ва дунё аз матни Қуръон ва суннати РасулиХудо ва илҳомот аз ҷониби ҳақ.

Дуввум: Раҳбарии сиёсӣ ва идора намудани ҷомеа ва иҷрои дақиқи аҳком ва муқаррароти ҳукумати исломӣ дар тамоми абъодаш.

Маҷмўи ривоёти марбут ба ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом)

Дар инҷо муносиб аст феҳрасти ривоёте, ки аз тариқи шиа ва суннӣ дар бораи ҳазрати Валии Аср Имоми Замон (алайҳис-салом) расидааст биёварем:

1-Ривоёте, ки мегўянд Аимма дувоздаҳ тан ҳастанд ва аввали онҳо Алӣ ва охир онҳо Маҳдӣ аст. 91 ҳадис.

2-Ривоёте, ки мегўянд  Маҳдӣ аз хонадони Пайғамбар аст. 389 ҳадис.

3-Ривоёте, ки мегўянд Маҳдӣ аз насли Алӣ аст. 214 ҳадис.

4-Ривоёте, ки ўро аз фарзандони Фотимаи Заҳро донистаанд. 192 ҳадис.

5-Ривоёте, ки ўро нуҳумин фарзанд аз авлоди Имом Ҳусейн медонад. 148 ҳадис.

6-Ривоёте, ки ўро фарзанди Имом Саҷҷод дониста. 185 ҳадис.

7-Ривоёте, ки ўро писари Имом Ҳасани Аскарӣ медонанд. 148 ҳадис.

8-Ривоёте, ки ўро имоми дувоздаҳум ва охирин имом медонанд. 136 ҳадис.

9-Ривоёте, ки дар мавриди валодати он азрат р асидааст. 214 ҳадис.

10-Ривоёте, ки дар мавриди умри тўлонии ў расидааст. 318 ҳадис.

11-Ривоёте, ки мегўяд дорои ғайбати тўлонӣ аст. 91 ҳадис.

12-Ривоёте, ки башорат ба зуҳури он ҳазрат доааст. 657 ҳадис.

13-Ривоёте, ки мегўяд Маҳдӣ ҷаҳонро пур аз адлу дод мекунанд. 123 ҳадис.

14-Ривоёте, ки мегўяд дини Ислом ба василаи ў ҷаҳонгир мешавад. 47 ҳадис.

Маҷмўи инҳо ду ҳазору нўҳсаду панҷоҳу се ҳадис аст.

Маод

Яки дигар аз усули ақоид, ки мавриди пазириш ва қабули ҳамаи динҳои илоҳӣ ва китобҳои осмонӣаст, баргаштани руҳ ба бадан ва бозгашт ба олами охират аст. Ба ин маъно, ки зиндагии инмон ба воситаи марг поён намеёбад, балки пас аз ин ҷаҳон ҷаҳони дигаре ҳаст, ки инсонҳо дар онҷо подош ва сазои аъмол ва кирдори хешро хоҳанд дид.

“Дар он рўз мардум ба сурати гурўҳҳои пароканда аз қабрҳо берун меоянд то аъмолашон ба онҳо нишон дода шавад, пасҳар кас ҳам вазни заррае кори хайр анҷом диҳад онро мебинад ва ва ҳар кас ҳамвазни заррае кори бад карда бошад онро мебинад». (Сураи Зилзила ояти 5 то 7).

Оре танҳо чизе, ки нафси саркаши инсонро аз шарорат ва тааддӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон бозмедорад эътиқод ба маод аст, танҳо амре, ки башарро аз шаҳватронӣ ва фавоҳиш ва мункароту бадиҳо манъ мекунад пазируфтани рўзи ҳисоб ва муҷозот аст, танҳо полиси махфӣ, ки дар ошкору пинҳон нозири кирдору рафтори онҳо мебошад ҳамоно эътиқод ба рўзи ҷазо ва дори муҷозот аст ва дар Қуръони Маҷид ҳар ҷо васфи имону мўъминро мефармояд асос ва пояи имонро рўи ду амр – эътиқод ба мабдаъ ва эътиқод ба маод , устувор намуда ва пас аз он лузуми ин имон, ки тақво ва амали солеҳ аст мутазаккир мешавад.

Балки эътиқод ба маод лозимаи эътиқод ба мабдаъ аства ҳар кас ба мабдаъ эътироф ва иқрор кунад аз эътиқод ба маод   ногузир аст ва бар ин асос ҳамаи адёни илоҳӣ ва ҳамаи касоне, ки пайрави яке аз анбиё ҳастанд, маодро пазируфтаанд.

Хулоса бурҳони ақлӣ ва нақлӣ аз оёти Қуръон ва ривоёти мутавотир ва зарурати адён бар исботи маод қоим аст ва ҳар кас Худоро қабул дорад маодро яъне ҳашру нашр ва ҳисобу савоб ва иқобу биҳишту дўзахро қабул дорад ва ҳамон тавр ки ишора шуд оёт ва ривоёти имон ба Худоро мулозим бо имон ба маод қарор дода аст, эътиқод ба мабдаъ ва эътиқод ба маодро қарини ҳам ва бар як поя устувор намудааст.

Бинобар ин ҳамон адилла ва бурҳонҳое, ки моро мулзам ба пазириши чаҳор асли дин намуда ба таври қатъу яқин моро мулзам ба пазириши маод мекунад ва ба ҳукми ҳамон адилла ва бурҳонҳо мўътақид ба рўзи қиёмат мешавем ва онро айни ҳикмат ва адолати Парвардигор медонем.

Ончи дар ин мақола мавриди баррасӣ қарор гирифт хулосае аз ақоиди динӣ, мазҳабӣ буд ва тафсили бештар ва ошноии бо дигар маорифи динро аз китобҳои муфассал ва истидлолӣ ба даст оваред ва бидонед, ки ҳазрати Алӣ (а) фармудааст:

“Сароғози дин маърифати ўст ва камоли маърифаташ тасдиқи зоти ў ва камоли тасдиқи зоташ тавҳид ва шаҳодат бар ягонагии ўст ва камоли тавҳид ва шаҳодат бар ягонагиаш ихлос аст».

Бахши истифтоот ва посух ба суолоти дафтари ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ.