H
Home

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Хулосае аз зиндагиномаи Марҷаи олиқадри шиа ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Ҳоҷӣ Шаайх Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ (домат баракотуҳ)

Валодат

Эшон ба соли 1310 шамсӣ (1931 мелодӣ) дар шаҳри муқаддаси Қум дида ба ҷаҳон кушоданд. Падари бузургвори эшон марҳум Оятуллоҳ Фозили Ланкаронӣ (қуддиса сирруҳ) аз асотид ва уламои бузурги ҳавзаи илмияи Қум ба шумор меояд ва модарашон аз фарзандони поки сайидони бузургвор ва маъруфи мубарқаъ буд.

Таҳсилот

Пас аз итмоми таҳсилоти ибтидоӣ, бо шавқи фаровон фарогирии дониши исломиро дар ҳавзаи илмияи Қум оғоз карданд ва ба ҷиҳати бархурдорӣ аз ҳуш ва истеъдоди саршор, давраи “муқаддамот” ва “сатҳ”-ро дар муддати шаш сол ба поён расонданд. Дар синни 19-солагӣ ба дарси хориҷи фиқҳу усули истидлолии ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Буруҷардӣ (р) ворид шуданд. Ба сабаби камии син ва ҳафми зиёд, мавриди таваҷҷўҳи туллоб ва устоди бузургворашон қарор доштанд ва дўст ва ҳамбаҳси самимии эшон дар давраи таҳсил, фарзанди баруманди бунёнгузори Ҷуҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ шаҳид Мустафо Хумайнӣ (р)

Устодони ҳазрати Оятуллоҳ Ланкаронӣ

Эшон муддати 11 сол дар дарси хориҷи фиқҳу усули (фиқҳ – яъне аҳком; усул – қоидаҳои куллии имли фиқҳ) Оятуллоҳи Узмо Буруҷардӣ (р) ва нўҳ сол дар дарси Оятуллоҳи Узмо Имом Хумайнӣ (р) ширкат намуданд ва аз ин ду манбаи саршори илми исломӣ баҳра бурданд.

Солҳо дар дарси фалсафа ва тафсири ҳазрати Оятуллоҳ аллома Таботабоӣ (р) ҳозир шуданд ва аз ин хирмани пурбаракат низ хўшаҳои фаровоне чиданд.

Истеъдоди фаровон ва талоши пайгири эшон дар дарс абаб шуд то дар синни 25–солагӣ ба дараҷаи волои иҷтиҳод расанд, (иҷтиҳод ба марҳалае мегўянд, ки олими динӣ ба ҳадди фатво додан ва ба даст овардани аҳкоми шаръӣ аз китоб ва суннат, яъне Қуръон ва ҳадис бирасад). Ва ин амр бо таъйиди устоди бузургворашон ҳазрати Оятуллоҳ Буруҷардӣ (р) низ расид.

Тадрис

Солҳо дар ҳавзаи илмияи Қум, дуруси сатҳро барои гурўҳи бисёре аз туллоб тадрис намуданд ва беш аз 35 сол аст, ки ба тадриси дарси хориҷи фиқҳу усул машғул ҳастанд. Барҷастагии дарси эшон дар ҳадде ат, ки беш аз ҳафтсад тан аз афроди ҳавзаи имлия дар дарсиэшон ҳозир мешаванд ва чандин сол аст, ки дарси хориҷи фиқҳи эшон аз садои (радио) Ҷумҳурии Исломӣ пахш мешавад ва афроди бисёре дар саросари кишвар ва хориҷ аз кишвар аз он баҳра мебаранд.

Муборизаҳои сиёсӣ бар муқобили режими ситамшоҳӣ

Аз замоне, ки ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) муборизаи сиёсии худро алайҳи зулму фасод ва ҳукумати тоғутии паҳлавӣ (ҳукумати подшоҳии Эрон пеш аз инқилоби исломии соли 1979) оғоз карданд, эшон низ дар паҳлўи Имом буданд.

Эшон борҳо аз сўи маъмурони ҳукумати Паҳлавӣ ба бозҷўӣ фаро хонда шуданд ва ба зиндон афтоданд ва саранҷом ба бандари Ланга табъид (бадарға) шуданд ва пас аз чаҳор моҳ зиндагӣ дар онҷо ба шаҳри язд мунтақил шуданд, ки муддати дую ним сол ба сурати табъид дар онҷо ба сар бурданд.

Мақоми марҷаият

Пас аз реҳлати ҳазрати Иммо Хумайнӣ (р) бисёре аз мўъминон дар масъалаи тақлид ба эшон муроҷиат карданд ва баъд аз реҳлати ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Арокӣ (р) расман аз сўи Ҷомеаи Мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум бо аксарияти оро ба унвони нахустин марҷаъ аз мароҷеи бузурги тақлид ба уммати муслимин муаррифӣ шуданд.