Дар соли 1919 мелодӣ дар шаҳри Фаримон, ки яке аз ноҳияҳои Машҳад мебошад дар хонаводае аз аҳли илму тақво, кӯдаке чашм ба ҷаҳон кушод, ки зиндагии ӯ, ҳамвора намунае барои муштоқони ҳақиқат хоҳад монд. Ӯ аз домани поки модар ва рӯҳи маънавии падараш, шайх Муҳаммад Ҳусайни Мутаҳҳарӣ, нахустин таълиму тарбияти илоҳиро дарёфт намуд. Дар чунин як шароити муқаддас аст, ки ғолибан ниҳоли огоҳиҳои виҷдон ва масъулятҳои бузурги рӯҳӣ, дар ҷони инсон шурӯъ ба рушду нумув мекунад ва дар чунин замине аст, ки мардҳои осмонӣ шукуфо мешаванд. Бешак Мутаҳҳарӣ аз ин гуна хонавода буд ва аз ин навъ хонавода бархост.
Шӯълаҳои ҳақиқатҷӯӣ, зуд мухолифатҳо ва насиҳатҳои атрофиёнро дар ҳам шикаст ва Муртазоро дар синни дувоздаҳсолагӣ, барои таҳсили улуми динӣ ба ҳавзаи илмияи Машҳад кашонд. Ин кори наве буд, ки ангезаҳо ва андешаҳои бисёреро яке пас аз дигаре дар рӯҳи ӯ зинда мекард.
Дар соли 1937 пас аз чанд сол таҳсил дар он ҳавза ва истифода аз дарсҳои устодони гуногун, равонаи ҳавзаи илмияи Қум шуд ва зиндагии пурфарозу нишеберо оғоз намуд. Шояд битавон гуфт, ки бештарин шӯълаҳои огоҳӣ ва муҳимтарин таҳаввулоти рӯҳию шахсиятии устод, вобаста ба ҳамин давраи понздаҳсолаи иқомати эшон дар Қум аст, ки фурсати бисёр муносибе буд то аз партавҳои илмӣ ва маънави шахсиятҳои бузурге чун Имом Хумайнӣ(р) Оятуллоҳ-ул-узмо Буруҷердӣ(р) ва хусусан, аллома Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ(р), истифода кунад ва дар боло бурдани шахсияту маънавияти худ тавфиқ ёбад. Баъд аз ин давра аст, ки устод дар соли 1952 равонаи Теҳрон мешаванд ва фасли ҷадиде аз зиндагиро оғоз менамоянд. То ин марҳала метавон гуфт, ки дарахти шахсиятии устод ба булуғ расида ва натиҷадиҳию баҳраҳои бузурги маънавии худашро оғоз намудааст. Албатта набояд чунин пиндошт, ки шаклгирии як шахсият маҳдуд ба қитъае аз замону макон мебошад, балки аз таваллуд то марг дар ҳама муҳитҳои гуногуни зиндагӣ, ин шаклгирӣ ҷараён дорад, аммо дар айни ҳол метавон муҳимтарин бахши шаклгирии шахсияти инсонро ба як замон ва ҳатто як лаҳзаи хоссе донист.
Барқе аз манзили Лайлӣ бидурахшид саҳар
Ваҳ, ки бо хирмани маҷнун дили афкор чӣ кард.
Баъд аз сафар ба Теҳрон, фаолиятҳои илмии устод оғоз мешавад. Дар соли 1953 муқаддима ва шарҳи ҷилди аввали “Усули фалсафа ва равиши реолизм” ва дар соли баъд, шарҳи ҷилди дуввуми онро ба поён мерасонад.
Дар ин давраи зиндагии пурсамари устод, илова бар таҳқиқот, таълифот, хитобаҳо, мавъиза ва талошу кушишҳои устод барои ҳалли мушкилот ва норасоиҳои иҷтимоӣ, тадриси устод дар донишкадаи Илоҳиёт ва маорифи исломӣ, дар соли 1955 шурӯъ шуд ва низ дарсҳои эшон дар мадрасаи Марвӣ хусусан дар заминаи фалсафаи исломӣ, бисёр нақш офарин будаанд.
Аз назари илмӣ низ робитаи ҳамешагии эшон бо Имом дар Париж, сафар ба Париж барои дидор бо Имом, пазируфтани масъулият аз тарафи Имом, гуруснанишинӣ дар донишгоҳи Теҳрон барои вуруди Имом ва қабули масъулияти кумитаи истиқбол аз Имом ва... ҳама ва ҳама аз фаолиятҳои дигари устоданд.
Чӣ дарднок аст, ки аз оғози инқилоб ҳанӯз замони чандоне нагузашта буд, ки дар урдибиҳишти соли 1978 дастони заҳрогине ҳаёти устодро дар ҳам шикаст ва ҳазорон ҳазор нигоҳи мунтазирро маъюсона гирёнд. «Бурида бод ду дасти Абулаҳаб ва марг бар ӯ бод». (масад/1)
Ҳамеша чунин аст, ки инсонҳои бузург, бо зиндагии худ роҳҳои чӣ гуна зистанро ба рӯйи дигарон мегушоянд ва бо рӯҳи равшани худ, торикиҳои нигоҳу виҷдони инсонҳоро аз байн мебаранд. Бузургонро пеш аз онки дар суханонашон ҷустуҷӯ кунем, бояд дар зиндагиашон бишиносем зеро инсонҳои бузург ҳақиқатҳои пинҳонии худро на бо гуфтан, балки бо зистан баён мекунанд. Агар бидонем, ки зиндагӣ худ забонест, ки як инсони бузург ногуфтаҳои худро бо он мегӯяд, онгоҳ барои ёфтани гавҳарҳои як шахсияти барҷаста, дар дарёи зиндагиаш фурӯ хоҳем рафт ва ҳаргиз дар соҳили суханони ӯ нахоҳем монд. Дарё ҳамеша дар худ чизҳое дорад, ки ба соҳил намерасад ва дар зиндагӣ розҳое аст, ки ба сухан намеояд.
Бо дар назар гирифтани ончи баён шуд, нигоҳи гузаро хоҳем дошт, ба гушаҳое аз зиндагии маънавӣ ва маърифатии устоди Шаҳид Муртазои Мутаҳҳарӣ, ки бо зиндагӣ ва марги худ намунаи хуберо барои насл ҷавон офарид.
Бешак инсонҳое, ки дар таърих қадамҳои муҳимеро дар роҳнамоӣ ва ҳидояти одамиён бардоштаанд, дорои рӯҳи бо имон ва виҷдони лабрез аз илҳомоти илоҳӣ будаанд. Он қадамҳои маҳкам, дастҳо ва чеҳраҳои ҷиддию шикастнопазир, дар сояи рӯҳи холӣ аз имону маънавият чӣ гуна мумкин аст? Ва моҳ чӣ гуна метавонад, шаби торики инсонҳоро нур бахшад дар ҳоле, ки чеҳра ба сӯи хуршед надошта бошад? Ва Иброҳим чӣ гуна аз шӯълаҳои оташ наҳаросад, агар нагӯяд «Ман рӯйи худро ба касе кардам, ки осмонҳо ва заминро офаридааст». (Анъом/ 79) Ва он шамшер, чӣ гуна бар сари ҳамоқат, пастӣ ва ҷаҳолати инсонҳои гумшуда фуруд ояд, агар аз дастони пур аз имон ва яқини Алӣ (к) мадад нагирад?
Касоне, ки бидуни доштани бинишҳои маънавӣ, имони ростин ва бидуни бовар ба лутфу инояти илоҳӣ, дар роҳи ҳидояти инсонҳо гом бармедоранд, бештар ба масхара кардан ва ба бозӣ гирифтани инсонҳо монанд аст, то ба ҳидояти онҳо. Ин гурӯҳ, ки афроди фаровоне низ дорад, бо кирдору гуфторҳои худ, на танҳо гиреҳе аз ҳаёти инсони имрӯзаро намекушоянд, балки дар гумроҳ кардану аз байн бурдани сармояҳои маънавӣ ва фитрии[1] наслҳои башар фавқулода муваффақанд.
Агар ин инсонҳои ноаҳл ва холӣ аз азаматҳои маънавӣ ва илоҳӣ сокит нишаста буданд ва худро ба унвони “раҳбарони ҳидоят”, муаррифӣ накарда ва гумроҳиро ба исми ҳидоят нафурухта буданд, башар имрӯз гирифтори ин ҳама бадбахтӣ ва ранҷу фақру дуду оташ набуд. Мутаасифона бояд пазируфт, ки ҳидоятгарони дурӯғин, бештар аз дигарон нагузоштанд, ки башарият асри ҷоҳилиро пушти сар бигузорад ва тулӯъи имону огоҳиро шоҳид бошад.
Бо баёни ончӣ гузашт, метавонем ба равшанӣ бифаҳмем, ки азамату дурандешӣ ва таъсиргузории зиндагӣ ва осори устод Мутаҳҳарӣ, баёнгари имону маънавияти ростине аст, ки рӯҳ ва шахсияти устодро пурсамар карда буд. Дар инҷо ба чанд хусусияти маънавии устод мепардозем:
1-Имон: Ҳаргиз беимон, наметавон қадами устувореро дар роҳи ҳидоят инсонҳо бардошт. Имон, ба инсон ҷиддият, ирода ва пойдорӣ мебахшад, то инсон фарозу нишебҳоро пушти сар гузошта ба мақсади олии хеш бирасад. Устод аз ҷумла мӯъминоне буд, ки бо такия бар имони илоҳӣ, вазифаи азими инсонии хешро то охирин лаҳазоти зиндагӣ ба ӯҳда гирифт.
2-Тақво: Асосан як инсон дар гарави тақво ҳифз мешавад. Бо тақво аст, ки метавон рӯҳ ва шахсияти инсонро аз осебҳо ва офатҳои фикрӣ ва илмӣ ҳифз намуд. Андешаи равшан ва кирдори солиме, ки мо дар Шаҳид мушоҳида мекунем ҳаргиз бидуни тақво ба вуҷуд намеояд.
3-Ихлос: Ихлос дар ҳақиқат як навъ халосӣ ва раҳоист, раҳоӣ аз ангезаҳо ва аҳдофи пасту торик ва ороста шудани инсон ба ҳадафи илоҳӣ ва тавҳидӣ. Арвоҳи пасту ҳақир ҳаргиз наметавонанд анбӯҳи зиёди хостаҳои ширколуд, ангезаҳои дунявӣ ва ғайри илоҳӣро, ки монанди бандҳои асорати инсонанд, канор зада ба раҳоӣ ва ихлос даст ёбанд, чаро, ки ихлос натиҷаи навъе бузургию қудрати рӯҳ ва шахсияти инсонист.
Мо метавонем чунин бузургӣ ва қудратро дар рӯҳи устоди Шаҳид ба равшанӣ биёбем.Ӯ бо зиндагии худ, навъе дур шудан аз мақсадҳои пастро намоён сохт ба тавре, ки мо наметавонем дар ҳаёти ӯ ҳадафҳоеро биёбем, ки баёнгари фиребхӯрдагӣ ва гумроҳии рӯҳии ӯ бошад.
Рағбат ба сӯи мақому мансаб ва гароиш ба сӯи ному шӯҳрат ва ҳадаф гирифтани лаззатҳои моддӣ беарзиштар аз он буд, ки ҷое аз рӯҳи бузурги устодро ишғол кунад. . قل ان صلواتی..
4-Ибодат ва таҳаҷҷуд[2]: Устод Мутаҳҳарӣ, бо ҷиддияти тамом ба ибодат ва ниёишҳо, рӯҳу ҷони худро аз равшаниҳои маънавӣ меорост. Албатта дар ин роҳ аз шахсиятҳои пок ва устодони бузурги худ таъсир мегирифт. Ӯ дар даврони зиндагии худ инсонҳоеро дарёфт, ки ҳар кадом намунаи ноёби маънавият буданд ва пайванд ба олами маъно аз лаҳазоти зиндагиашон намудор буд. Дарки чунин инсонҳои боломақом ва барҷаста, метавонад аз муҳимтарин сабақҳои дигаргунии маънавӣ ва парвози рӯҳии инсон ба шумор ояд. Дар сояи чунин инсонҳо буд, ки Шаҳид Мутаҳҳарӣ бо равшаниҳои зулоли маънавияту ибодат пайванд хӯрд.
Шинохт ва тафаккур пояҳои муҳим ва заминасозе буданд, ки устоди Шаҳидро қодир месохтанд то вазифаи илоҳии хешро дар ҳидояти насли имрӯз ба сурати хубе анҷом диҳад. Дар ин бора метавон умури зеринро баён кард:
1-Талош ва ҷиддият дар роҳи шинохт ва маърифат: Рӯҳияи ҷустуҷӯ ва таҳқиқ, ва саъйю талоши хастагинопазир дар роҳи мутолиъа ва барасии мавзӯъот ва масоили гуногун, талош барои шинохти ниёзҳои ҷомеа ва баёни заруратҳои асосии замони ҳозир, ҳама ва ҳама аз хусусиёти муҳимест, ки устодро аз дигарон ҷудо менамуд.
Бидуни ҷиддият ва талош комилан номумкин аст, ки истеъдодҳою тавоноиҳои азими рӯҳии инсон роҳе барои шукуфо шудан биёбад ва ба камол бирасад. Дар сояи назм, талош, кушиш ва ҷиддият аст, ки метавон роҳи огоҳӣ ва пешрафтро паймуд. Чунонки ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: «Бо роҳатии ҷисм ба илм наметавон расид ва бе ранҷ ганҷ муясар намешавад». Ганҷҳои ниҳони рӯҳи инсон бо кору талоши ҳамешагӣ ба зуҳур хоҳанд расид ва ин «кор» аст, ки сирри инсонро аён менамояд.
2- Таҳқиқ ба ҷои тақлид: Ҳар арзише агар дар ҷойгоҳу мақоми худ нигариста шавад арзиш аст, аммо ҳаминки дар ғайри ҷойгоҳи худ қарор гирад, ҳатто метавонад як зидди арзиш бошад.
Аз ҷумла мавзуъҳое, ки дар ҷойгоҳи худ комилан маъқул аст«таслим шудан ва тақлид кардан» аст. Агар инсони нодоне дар аҳкоми динӣ аз доное тақлид кунад хато накардааст, хусусан агар инсони доно дорои мақоми маънавӣ ва покии рӯҳ бошад. Аммо дар доираи тафаккуру андеша, мо то онҷо мутафаккир ва андешаманд ҳастем, ки муқаллид набошем ва то онҷо меандешем, ки тақлид накунем. Касе, ки тақлид мекунад қудрати андеша кардан надорад. Шарти зарурии тафаккур озодист ва ҳол онки муқаллид озод нест. Чизҳои бисёреро метавон ба дигарӣ вогузор кард, вале тафаккурро наметавон, баҳамин хотир ҳеҷ пайғамбаре наёмада аст то ба ҷои инсон бияндешад, балки ҳамаи пайғамбарон омадаанд то инсонҳо худашон ба андеша бипардозанд. Онҳо сабаби андешидани инсонҳо ҳастанд на ҷонишини тафаккури онҳо. Оятҳо ва ривоятҳое, ки моро ба андешаю тафаккур даъват мекунанд, беш аз онанд, ки битавон дар ин бора шак намуд.
Шаҳид Мутаҳҳарӣ бо ҳамаи эҳтиромҳое, ки барои устодони бузургвори худ мекард, ҳаргиз аз интиқод ва раду инкори назариёти онҳо боке надошт ва барои «андешидан» беш аз андешаҳо арзиш ва ҷойгоҳ қоил буд ва асосан он муаллимеро сазовори эҳтиром медонист, ки «андешидан»-ро биёмузад, на инки танҳо «андешаҳо»-ро баён кунад.
Устод барои тафаккур ва андешаи озод, монеъҳои муҳиммеро бар мешуморад, ки аз ҷумла метавон ба шахсиятзадагӣ, худбохтагӣ дар баробари расму одобҳои гузаштагон, такя бар занну гумон ба ҷои илму яқин, шитобзадагӣ ва майлу ҳавоҳои нафсонӣ ишора намуд.
Касоне, ки мағлуби иддае аз шахсиятҳо мешаванд, ҳаргиз наметавонанд, аз қаламрави он афрод фаротар омада илму равшаниҳои дигареро бибинанд. Голилей мегуфт:«Бояд бар дӯши ғулони илм савор шавем, то он дуртарҳоро бибинем.» Аммо ин чӣ гуна мумкин аст, агар мо ҳамеша ба пои онҳо биафтем?
3-Инсофи илмӣ: Тақрибан дар ҳамаи динҳо ва макотиби ахлоқӣ супориш шудааст, ки «Ончӣ барои худ намеписандӣ, барои дигарон низ маписанд». Ин супориши ахлоқӣ дар олами андеша ва тафаккур бисёр муҳим аст. Ҳар кас интизор дорад, ки дар бораи андешаҳо ва тафаккуроти ӯ шитобзада доварӣ нашавад, балки қабл аз ҳаргуна рад ё қабул, дидгоҳаш хуб фаҳмида шавад. Аммо чунин инсоне, мумкин аст нисбат ба дигарон чунин эҳтиёт ва инсоферо риоят накунад ва надониста ақоиду афкори дигаронро инкор кунад, ё кӯркӯрона онро пазируфта аз он ҳимоят кунад, ки албатта дар ин сурат аз инсофи илмӣ ба дур буда ва он супориши ахлоқиро нодида гирифтааст.
Чиқадар сазовор аст, агар мо ҳамеша диққат кунем, ки рад ё қабули ноогоҳонаи як тафаккур дар ҳақиқат чизе нест, магар рад ё қабули зеҳният ва бардошти нодурусти худи мо.
Дар замони ҳаёти устод тафаккуроту назарёти Морксистӣ бисёр ривоҷ дошт, вале бархурди устод бо чунин тафаккурот на аз рӯи шитоб ва ҷаҳл буд, балки ҳамроҳ бо андешаҳои зиёд ва ба сурати огоҳона ва мантиқӣ буд. Бо ин вуҷуд агар мавориди дуруст, маъқул ва мақбулеро низ медид нодида намегирифт ва бисёр мунсифона онро баён менамуд.
Асосан фарқи як мутафаккири огоҳ, ки ба дунболи кашфи ҳақиқат ва канор задани ботил аст, бо як инсони таъсирпазири замона, ки ҳадафаш инкори баъзе инсонҳо ва исботи баъзе дигар аст, ҳамин аст, ки аввалӣ кучактарин сухани ҳақро низ мепазирад ва дигарӣ бузургтарин хубиҳоро низ нодида мегирад.
Мутафаккир на аҳмақ аст ва на шақӣ, балки толиби ҳақиқат аст, ки ҳақиқатро ҳар ҷо ёфт ба роҳатӣ мепазирад, агарчӣ пеши сахттарин душманон бошад ва ботилро бо ҳеҷ таҳдид ва фишоре қабул намекунад, агарчӣ аз маҳбубтарин дустон бошад. Як андешаманди огоҳ ба «андешаҳо» таваҷҷӯҳ дорад, на ба «андешамандон» ва агар анлешаеро рад мекунад ва ё қабул мекунад, ҳаргиз ба хотири соҳиби он фикр намекунад, балки он фикрро аз ҳар кас ва дар ҳар куҷо, ки бошад рад мекунад ва ё қабул менамояд.
4-Огоҳӣ ба замон ва ниёзҳои асри ҳозир: Касе, ки огоҳӣ ба шароит ва хусусиёти асри худро надорад ва ба ниёзҳо ва заруратҳои он ошноӣ надорад, вале мехоҳад дохили кори ҳидоят шуда ислоҳи инсону ҷомеаро ба дасти гирад, бешак зарару осеби фаровоне бар виҷдон, истеъдод ва шахсияти инсонҳо хоҳад зад, гумроҳӣ ва залолатро бар башар бор хоҳад кард, ки ҳатто инсонситезони замонавӣ низ бо ҳазорон ҳазор аслиҳаю абзор наметавонанд монанди он гумроҳиро бар инсон бор кунанд.
Устоди Шаҳид дар гӯшаҳои мухталифи сухан, китоб ва рафтори худ нишон дода аст, ки кӯшиши фаровоне карда то вазъияти инсони имрӯзро ба хуби дарк кунад, то решаҳои нобасомонӣ ва ниёзҳои рӯҳии ӯро бишиносад ва бо такя бар сарчашмаи азими ваҳй, роҳи раҳоӣ ва растагориро биёбад. Ӯ ба хубӣ бар вазифаи бузурги мадориси динӣ таъкид мекард ва вазъияти кунунии онро посухгӯ намедонист ва муътақид буд, ки имрӯз мо ба «Шайх Тӯсиҳои асри ҳозир» муҳтоҷем. «Асосан сирри иҷтиҳод дар татбиқи дастуроти куллӣ бо масоили ҷадид ва ҳаводиси мутағайир аст. Муҷтаҳиди воқеъӣ он аст, ки ин рамзро ба даст оварда бошад ва таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки мавзӯъот чӣ гуна тағйир мекунад ва ба дунболи онҳо ҳукмашон низ иваз мешавад ва илло танҳо дар масоили кӯҳна ва фикр шуда фикр кардан ва як «алал-ақво»ро табдил ба «алал-аҳват» намудан ва ё як «алал-аҳват»ро табдил ба «алал-ақво» кардан ҳунаре нест ва ин ҳама баҳсу ҷидол лозим надорад».[3]
5-Навоварӣ: Аз хусусиёти барҷастаи Шаҳид Мутаҳҳарӣ нигоҳи нав ва тозае аст, ки дар масоили мухталифи дини Ислом доштааст. Албатта лозим аст, ки бо диққат ва нозукбинӣ тоза будани як тафаккурро аз бидъат будани он ҷудо кард. Дар бидъат чизе ба дин афзуда мешавад, вале як нигоҳи бадеъ ва тоза, амри пинҳон ва фаромӯшшудаеро аз дин кашф мекунад, чунонки даричаҳои нав ва тозаеро, ки устод дар тӯли ҳаёти худ ба рӯи ҷавонон ва толибони ҳақиқат кушуд то ҳудуди зиёде умури фаромӯшшудаи диниро зинда намуд.
Бо таҳаввулоти гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, санъатӣ ва... дар асри ҳозир ва хусусан дар асри бистум, баҳс дар бораи «дин» яке аз ҷиддитарин баҳсҳое шуд, ки мувофиқин ва мухолифини дин аз баррасии он ночор буданд. Дар ин миён андешамандон ва муслиҳони динӣ бори сангинтареро бар дӯши худ эҳсос карданд, чароки саъю талоши ҷиддии онҳо ба ин хотир буд то нишон диҳанд, ки «дин» як зарурати ҷовидона аст ва ҳаргиз мутааллиқ ва ё маҳдуд ба гузашта нест ва ҳеҷ дастоварди инсонӣ ва дигаргуниҳои замонавию таърихӣ наметавонад онро канор бизанад ва бемасраф созад.
Агар бигӯем, ки муҳимтарин мавзӯъи фикрии устоди Шаҳид, «дин» ва умури вобаста ба он буд, ҳаргиз хато нагуфтаем, ё аз воқеият дур науфтодаем. Асосан андешаманди диндоре, ки худ таъаллуқи ҷиддӣ ва устуворе ба дин дорад, ҳаргиз наметавонад дар баробари лағзишҳои зиёд, пурсишҳо ва тӯҳматҳое, ки нисбат ба дин шудааст бе аҳамият буда ва нигарон набошад.
Гарчӣ шумурдану ҷамъоварии тамоми дидгоҳҳои устод дар бораи дин ниёзманди кору таҳқиқи васеътар аст, вале дар айни ҳол метавон ба таври мухтасар муҳимтарин мабоҳиси эшонро ба сурати зерин, ки меояд баён намуд:
1-Зарурати дин[4]
Мо дар инсон фаолиятҳоеро шоҳидем ба номи «Фаолиятҳои тадбирӣ ва фикрӣ», ки дар воқеъ шарти лозими инсоният низ мебошад, чаро, ки «ниме аз инсонияти инсонро ақл, илм, огоҳӣ ва тадбири ӯ ташкил медиҳад».
Фаолиятҳои дигари инсон бар асоси ғариза ва барои лаззат анҷом мегиранд, вале дар фаолиятҳои тадбирию фикрии инсон « ӯ ҳамеша як тарҳ, нақша ва як теорияро дар марҳалаи амал пиёда мекунад». Ба баёни дигар, инсон дар фаолиятҳои фикрии худ, ки бар асоси ақл анҷом медиҳад ва на бар асоси хоҳишҳои нафс, ҳамеша ниёзманд ба тарҳу барнома, равишу интихоби васила барои расидан ба мақсад аст.
Ҳол савол ин аст, ки оё ақл метавонад тамоми ин гуна фаолиятҳоро идора карда онро роҳнамой кунад? Мо бояд ҳаду андозаи кори ақлро бидонем. «Дар инки нерӯи ақл, тафаккур ва андеша барои тадбирҳои ҷузъии зиндагӣ зарурӣ ва муфид аст баҳсе нест» интихоби дӯст, ҳамсар, риштаи таҳсилӣ, тафриҳ, фаолиятҳои нек ва... ҳама ва ҳама бо ақл мумкин аст, вале «оё инсон тавоноии онро дорад, ки барнома ва тарҳи куллӣ барои ҳамаи масоили зиндагии шахсии худро ки мувофиқи ҳамаи масолеҳи зиндагии ӯ бошад бирезад?» Яъне оё инсон метавонад бо ақли худ тарҳеро пешниҳод кунад, ки масалан саъодат чист ва бо чӣ корҳое бавуҷуд меояд? Шақоват ва бадбахтӣ чист ва сабабҳои он кадом аст? То инки баъдан бар асоси ин барнома фаолиятҳои тадбирӣ ва фикрии худро пеш барад.
Диққат намудан ба ду нукта ин саволро ҷиддитар мекунад, яке инки инсон мавҷуди иҷтимоъист ва «зиндагии иҷтимоӣ ҳазорҳо масъала ва мушкил барояш ба вуҷуд меоварад, ки бояд ҳамаи онҳоро ҳал кунад ва масъулияти худро дар муқобили ҳамаи онҳо равшан намояд. Ба баёни дигар «саъодати худро бояд дар шоҳроҳе ҷустуҷӯ кунад, ки ҷомеаро ба саъодат ва камол бирасонад.» Дуввум онки инсон як мавҷуди абадӣ ва дорои рӯҳи ҷовидона аст ва ба ҳамин хотир бояд корҳои худро тавре анҷом диҳад, ки саъодати абадӣ ва ҷовидро ба даст оварад.
Пас, оё инсон метавонад бо такя бар «ақл»-и худ барномаеро, ки ҷомеъ, ҳаматарафа ва куллӣ бошад пешкаш намояд ва бар асоси он фаолиятҳои тадбирии худро тавре анҷом диҳад, ки ҳам саъодати ҷомеа дар он риъоят шуда бошад ва ҳам саъодати абадӣ ва ҷовидонии инсон? Ношинохта мондани Инсон ва истеъдодҳо ва имконоти ӯ, ки сабаби номаълум мондани саъодату шақовати инсон шудааст ва аз тарафе «таҷриба надоштани ақл нисбат ба олами охират» ақлро аз офаридани чунин барномае комилан оҷиз ва нотавон мекунад.
«Инҷост, ки ниёз ба як ақида ва идеология зарурати худро менамоёнад, яъне ниёз ба як теорияи куллӣ, як тарҳи ҷомеъ ва ҳамоҳанг, ки ҳадафи асоси он камоли инсон ва таъмини саъодати ҳамагонист ва дар он роҳҳои асосӣ, боядҳо ва набоядҳо, хубиҳо ва бадиҳо, ҳадафҳо ва асилаҳо, ниёзҳо ва дарду дармонҳо, масъулиятҳо ва таклифҳо мушаххас шуда бошад ва манбаи илҳоми таклифу масъулиятҳои ҳамаи инсонҳо буда бошад». Ин чунин ақидае бояд «аз мақоми болотар аз ақли инсон, яъне мақоми ваҳй» ва тавассути Анбиё, ки пайванд ба холиқи ҷаҳон ва ваҳй ҳастанд, таҳаққуқ ёбад. Дар ғайри ин сурат «инсон маҳкум ба саргардон ва гумроҳ мемонад ва ҳар тарҳ ва идеология аз тарафи инсони саргардон дар ин торикии дунёи моддӣ, ҷуз саргармӣ ва сардаргумӣ чизе нест».
Хулоса онки, мо ба кашфи як ниёзи зарурӣ барои инсон ҳастем, яъне ниёз ба барномае дорем, ки ҷомеа ва инсонро ба сӯи саъодати ҳақиқӣ ва хушбахтии воқеӣ роҳнамоӣ кунад. Ва бо кашфи тавоноии ақл дар пешкаш намудани чунин барномае метавонем ба зарурати дин ва омадани пайғамбарон пай барем.
«Танҳо дин аст, ки метавонад робитаи инсон бо худаш ва дигаронро таъмин кунад. Ҳеч чизе қодир нест ва нахоҳад буд, ки ҷои динро бигирад».
Мумкин аст идаъо шавад, ки дин реша дар рӯҳ дорад, решае дар дуруни инсонҳо надорад, яъне инсон нисбат ба дин бегона аст ва масали он нисбат ба дин «масли коғази сафед аст нисбат ба он сатрҳое, ки рӯйи он нақш мебанданд... коғаз фақат ҳамин қадар имконият дорад ки рӯйи он чизе навишта бишавад; хоҳ чизи хуб рӯйи он навишта шавад ё чизи бад».
Дар Ислом масъалае вуҷуд дорад ба номи «фитрат», ки «навъи хоссе аз хилқат ва офариниш аст, ин чӣ гунагии хосс, ки Худои мутаъол ҳамаи инсонҳоро бар асоси он офаридааст табдил пазир нест ва ҳечгоҳ дигаргун намешавад[6], сиришт ва хамирмояи инсонҳоро наметавон дигаргун кард». Ҳол, бар асоси ҳамин фитрат, дин, хилқат ва офариниши хос аст, ки инсон дар ҷустуҷӯи чизҳои хосе аст, ки «пайғамбарон онро аз ҷониби Худованд овардаанд. Ончӣ пайғамбарон овардаанд, посухгӯи ҳамин фитрат аст, ки дар даруни инсон вуҷуд дорад». Пас дин як амри фитрист яъне «чизе нест, ки инсон нисбат ба он бегона бошад, балки чизест, ки талаб он дар сиришти инсон нуҳуфта ва пинҳон аст».
Бинобар ин, кори пайғамбарон монанди кори «боғбонест, ки гулу гиёҳро парвариш медиҳад ва ё дарахтеро парвариш медиҳад. Яъне дар худи ин гул ё дарахт як истеъдод ва омодагӣ барои як чизи хос ва ё як талаби чизи хос ҳаст. Донаи хурмо ё зардолӯро агар мекоранд интавр нест, ки инҳо (донаҳо) барои хурмо шудан ва ё зардолӯ шудан бетафовут бошанд ва боғбон биёяд ин зардолӯро хурмо ва ё олболуро зардолӯ бикунад ва ...».
Оятҳо ва ривоёти фаровоне дорем, ки ба фитрӣ ва бетафовут набудани инсон нисбат ба дин ишора кардаанд: « Пас рӯйи худро ба хотири таслим ва гаройиш ба ҳақ ба тарафи ин дин кун сиришт ва хилқате, ки Худованд мардумро мувофиқи он офаридааст. Офариниши Худованд тағйирпазир нест. ҳамон дини пойдор» Рум/ 30, ва Аъроф/ 172, Иброҳим/ 10.
Дар хутбаи аввали Наҳҷул-балоға[7] низ чунин омадааст, ки: «Худованд пайғамбарони худашро яке пас аз дигари фиристод. Паёбарон омаданд то аз мардум аҳду паймонеро, ки дар фитраташон ҳаст бихоҳанд ва неъматҳои Худоро, ки башар онҳоро фаромӯш кардааст, ба ёди ӯ (башар) биёваранд. Пайғамбарон омаданд то мардумро огоҳ кунанд, ки дар беруни рӯҳи шумо, дар қаъри ақлҳои шумо ва дар ботини шумо ганҷҳое вуҷуд дорад дар ҳоле, ки худатон ғофилед». Пайғамбарон ин чизҳои дафн шуда ва ганҷҳои пинҳонро, ки дар инсон ҳаст ошкор мекунанд.
Албатта ҷой гуфтан аст, ки мо метавонем фитратро ду гуна маъно кунем:
«Фитрати идрокӣ маънояш ин аст, ки дин (ё Худошиносӣ ба танҳоӣ) аз назари идрок ва фикри башар, фитрӣ ва як амри дурунӣ аст, яъне ақли инсон худ бахуд онро мепазирад.... ва ниёз ба таълиму таъаллум мадраса нест... ва далел намехоҳад... ё далелашро ҳамеша ҳамроҳ дорад». Ва аммо мурод аз фитрати эҳсосӣ ин аст, ки «ҳатто эҳсосоти инсонӣ ӯро ба сӯи дин мекашонад. Як вақт мегӯем инсон фитратан Худоро мефаҳмад (фитрати идрокӣ), вале як вақт мегӯем: Инсон фитратан (худ бахуд) ба сӯи Худо гароиш ва кашиш дорад».
«Илм омадааст барои ин, ки дониши инсонро густариш бидиҳад ва шинохтро афзоиш диҳад. Динҳои осмонӣ ҳам омадаанд, то ки шинохти инсонро афзоиш диҳанд, аммо ин афзоиш додан барои амиқтар шудани шинохт аст. Омадаанд бигӯянд, тамоми ин ҷаҳон, ки мебинед дар муқобили олами ғайб, ки бар ин ҷаҳон иҳота дорад (Ка-ҳалқатин фи-л-фалотин) мисли як ҳалқа дар саҳро аст». Яъне, дин илова бар афзоиши шинохт ва маълумоти дунявӣ вазифа дорад огоҳиҳои инсонро дар бораи олами ғайб афзоиш диҳад.
Албатта илму дин ҳарду мавриди ниёзи инсон аст, вале ҳаркадом ба танҳоӣ мушкилот ва нобасомониҳои фаровонеро ба дунбол хоҳад дошт. Дин дар канори илм аст, ки аз хурофот дӯр мемонад «вагарна (дин) ба яхбастагии фикрӣ, таъассуби кӯр[9] ва бо шиддат ба гирди худ чархидан ва роҳ ба ҷойе набурдан табдил мешавад. Онҷо, ки илму маърифат нест, имони мӯъминони нодон бозича мешавад дар даст мунофиқони зирак» аз тарафи дигар илмгароии маҳз (яъне соинтисм) низ «аз сохтани инсони комил нотавон аст. Инсони тавоно ва қудратманд месозад, на инсони бофазилат ва бошарофат. Имрӯз ҳама ба ин натиҷа расидаанд, ки асри илми маҳз ба поён расидааст ва як ниёзмандии асосӣ ҷомеаҳоро ба хатар кашонда таҳдид мекунад. Баъзе мехоҳанд ин халаъ ва ниёзро бо фалсафаи маҳз пур кунанд, баъзе даст ба домани адабиёт, ҳунар ва улуми инсонӣ шудаанд». Аммо бо рӯйгардондан аз дин ва илҳомоти он, ҳаргиз ин халаъ пур нашуда ва нахоҳад шуд.
«Алома Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд: Башарияти имрӯз ба се чиз ниёзманд аст:
1-Нисбат ба ҷаҳон диди рӯҳонӣ ва илоҳӣ дошта бошад.
2-Озодии рӯҳонӣ барои ҳар шахс.
3-Усули асосӣ,ки дорои таъсири ҷаҳонӣ бошад ва такомулу пешрафти иҷтимоъии башарро бар асоси диди рӯҳонӣ ва илоҳӣ тавҷеҳ кунад.
Таҷриба нишон медиҳад ҳақиқате, ки танҳо аз роҳи ақл ба даст ояд ва илҳоми шахсии инсон бошад, наметавонад он гармии эътиқоди зиндаро дошта бошад. (Ҳақиқатеро, ки инсон бо эътиқод дарк мекунад болотар аз ҳақиқате аст, ки бо илм дарк мешавад) Ба ҳамин далел аст, ки ақли танҳо чандон таъсире дар навъи башар накарда дар ҳоле, ки дин ҳамеша сабаби боло рафтани афрод ва тағйири шакли ҷомеаи башарӣ будааст».
Агар башар танҳо ва танҳо ба илму ақл такя кунад, ҳаргиз наметавонад гароишҳо ва ҳадафҳои олӣ дошта бошад ва дар ин сурат аст, ки «тамоми қудрати илмӣ, сарфи худхоҳиҳо ва худпарастиҳо, афзунталабиҳо, бартариталабиҳо, истисморҳо, истибдодҳо, найрангҳо ва найрангбозиҳо мешавад.» Ин дин аст, ки метавонад ҳадафҳои инсонро боло бибарад ва ба башарият ранги инсонӣ бидиҳад, вагарна илм фақат абзор месозад, ва ҳаргиз наметавонад ҳадафҳои инсонро ислоҳ кунад.
«Уилл Дюран, нависандаи маъруфи «таърихи тамаддун» бо инки як инсони бедин аст, мегӯяд: Ихтилофи дунёи қадим бо дунёи мошинии ҷадид фақат дар василаҳо ва абзорҳост, на дар мақсадҳову ҳадафҳо. Чӣ хоҳед гуфт, агар ҳама пешрафтҳои мо танҳо ислоҳи роҳҳо ва равишҳо бошад, на беҳбуди мақасадҳову ҳадафҳо?» «Ба ҳамин хотир аст, ки олими бе имони имрӯз бо ҷоҳили беимони дирӯз аз назари табиат ва моҳияти рафторҳо ва кирдорҳо ҳечгуна тафовуте надорад. Чӣ фарқе ҳаст миёни Черчилҳо, Ҷонсонҳо, Ҷексинҳо ва Столинҳои имрӯз, бо Фиръавнҳо, Чингизҳо ва Отилоҳои дирӯз?»
«Мо ба чашми худ мебинем ҳеч чизе нест, ки барои ҳамеша боқӣ бимонад, ҳама чиз дигаргун мешавад, кӯҳна мегардад, барчида мешавад, даврони умраш мегузарад ва ба ва охир мерасад. Оё дин низ ҳамин тавр аст?»
Барои посух ба ин савол бояд худи динро барраси кард. «Агар дин бихоҳад дар ин дунё боқӣ бимонад, бояд дорои яке аз ин ду хосият бошад: Ё бояд дар ботини башар ва дар дуруни фитрат ҷо дошта бошад, ва ё агар лоақал худаш хостаи табиии башар набошад, бояд василаи таъминкунандаи хостаҳои башар бошад басурате, ки чизи дигар натавонад ҷой онро бигирад, яъне бояд чунин фарз кунем, ки башар як ришта ниёзҳо дорад, ки он ниёзҳоро фақат дин таъмин мекунад». Пас агар дин, худ як ниёзи ҳамешагӣ бошад, ё танҳо василаи таъмини баъзе аз ниёзҳои ҳамешагӣ бошад, дар ин ду сурат боқӣ хоҳад монд ва ҳаргиз як падидаи муваққат ва маҳдуд ба як давра ё замони хос нахоҳад буд.
«Иттифоқан, дин ҳарду хосиятро дорад, яъне ҳам ҷузъи ботини инсон буда, хостаҳои фитрӣ ва отифии башар аст ва ҳам аз лиҳози таъмини ниёзҳо ва хостаҳои башарӣ мақомеро дорад, ки ҷонишин надорад ва агар таҳлил кунем маълум мешавад, ки аслан имкон надорад чизи дигар ҷояшро бигирад... . Замоне хаёл мекарданд, агар тамаддун пешрафт кунад, дигар ҷое барои дин боқӣ намемонад.Имрӯз дигар маълум шудааст, ки пешрафти илму тамаддун ниёзеро, ки башар ба дин барои як зиндагии хуб дорад бартараф намекунад. Башар ҳам аз лиҳози шахсӣ эҳтиёҷ ба дин дорад ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ.
Ҳаргиз наметавон аҳамият ва нақши ахлоқу қонунро дар сомондиҳӣ ҷомеаҳои инсонӣ ва амниятофаринӣ ва ислоҳи робитаҳои инсонӣ нодида гирифт, вале дар айни ҳол наметавон инкор кард, ки ахлоқ ва қонуни муназзамшуда ҳаргиз кофӣ нест, балки ҳарду ба пуштивонаҳои иҷроӣ ниёзманданд ва як чизи дигаре бояд бошад то зомини анҷоми онҳо бошад. «Иҷтимоъ, қонун ва ахлоқ мехоҳад ва пуштивонаи қонуну ахлоқ ҳам фақат ва фақат дин аст. Инки мегӯянд ахлоқ ба танҳои бе кӯмаки дин ҳам истиҳкоме хоҳад дошт, ҳаргиз бовар накунед; чунин ахлоқе дуруст мисли пули бе пуштивонааст, ки эътиборе надорад, мисли эъломияи ҳуқуқи башар аст, ки урупоиён мунташир карданд ва мекунанд ва худашон ҳам қабл аз дигарон бархилофи он амал мекунанд. Чаро? Чун такя ба имоне, ки аз умқи виҷдони башар бархоста бошад нест».
Асосан бидуни дин, арзишҳо давом намеёбад то инсонҳо ба он арзишҳо мутаъаҳид бошанд. «Адолат, баробарӣ, озодӣ, инсоният ва ҳамдардӣ... то пойи дин дар миён набошад ҳақиқат пайдо намекунад».
Олексис Корл мегӯяд: мағзҳо (ақлҳо) хеле пеш рафта аммо афсӯс, ки дилҳо ҳанӯз заъиф аст. Дилро фақат имон қавӣ мекунад, бо дилҳои заъиф, ахлоқу қонун ва ҳуқуқу арзишҳо ҳама ва ҳама бе фурӯғ ва бе маъно мешаванд.
«Асосан инсоният баробар аст бо дину имон ва агар дину имон набошад, инсоният нест».
«Ислом номи дини Худост ва ҳама пайғамбарон барои он барангехта шуда ва ба он даъват кардаанд. Сурати ҷомеъ ва комили дини Худо ба василаи хотами пайғамбарон, Ҳазрати Муҳаммад(с) ба мардум иблоғ шуд, ки бо он пайғамбарӣ поён ёфт ва имрӯз бо ҳамин ном дар ҷаҳон шинохта мешавад.
Таъолими Исломӣ, ки ба дасти Хотами анбиё иблоғ шуда ва сурати комилу ҷомеъу ҳамешагии дини Худост, мушаххасот ва фарқҳои хос дорад, ки муносиб бо давраи хотамият аст. Ҳар як аз ин мушаххасот меъёрест барои шинохти Ислом. Бо ин меъёру миқёсҳо – ки ҳар кадом як «асл» аз усули таълимоти Исломист– метавон симое аз Исломро ба даст овард».
Меъёорҳои шинохт ва арзёбии дини Ислом ё ҳар дини дигар, дар се бахши куллӣ қарор мегирад, ки бо барраси ва мутолиъаи ин се бахш метавон тавоноиҳо ва шоистагиҳои ин мактабро шинохт. Ин се бахш иборатанд аз:
1-Маърифат яъне шинохтшиносӣ[13]
2-Ҷаҳон бинӣ
3-Идеология, ки ҳамон эътиқодот аст.
«Идеологияи ҳар мактаб устувор аст бар ҷаҳон бинии он ва ҷаҳонбинии он устувор аст бар назарияаш дар бораи маърифат ва шинохт. Мутараққи будан ҳар идеология вобаста аст ба мутараққи будани ҷаҳонбинӣ ва мутараққи будани ҷаҳонбинӣ вобаста аст ба мутараққи будани шинохтшиносии назарӣ он ва ҳикмати назарӣ вобаста аст ба мантиқи он мактаб».
«Ислом, ҳар чандки як мактаби фалсафӣ нест ва бо забону истилоҳи фалсафӣ бо мардум сухан нагуфтааст ва забоне дорад махсус ба худ, ки ҳамаи табақот ба андозаи фаҳм ва истеъдоди худ аз он баҳра мегиранд, вале дар айни ҳол байни матолиби худ дар бораи ҳамаи ин масоил (се бахши гузашта) сухан гуфтааст ва ин сахт ҳайратовар аст».
Албатта комилан равшан аст, ки ироаи чунин тасвире аз Ислом кору таҳқиқи фаровонеро металабад ва хусусан бо таваҷҷӯҳ ба умқи таъолими Исломӣ, заруратан бояд ин кор тавассути уламо ва барҷастагон ва бо ниҳояти диққат ва еҳтиёт анҷом бигирад, чаро, ки «тадвини идеология ва ҷаҳонбинӣ ва шинохтшиносии Исломӣ бо таваҷҷӯҳ ба назариёти арзандаи уламои Исломӣ, аъам аз фуқаҳо, ҳукамо, урафо ва... чандин ҷилд китоби бузург хоҳад шуд»[14].
Дини Ислом як дини ҳама ҷонибааст ва ҳаргиз як буъде аз абъоди зиндагии инсонро нодида нагирифта ва инкор накардааст. «Ислом ба таври яқин, бо инки динест иҷтимоӣ ва барои ҷомеа арзиш қоил аст, ҳуқуқ ва имтиёзоти воқеъии инсонҳоро нодида намегирад ва фардро аз назари шахсӣ дар муқобили иҷтимоъ ночиз намешуморад. Монанди бархе аз мутафаккэрони ҷаҳонӣ намегӯяд фард ҳеч кора аст, ҳар чӣ ҳаст ҷомеааст, ҷомеа соҳиби ҳақ аст на фард, ҷомеа молик аст на фард, ҷомеа асл аст на фард. Ба таври яқин, Ислом тарафдори ҳуқуқи моликияти ихтисосиаст, барои фард асолат ва истиқлол қоил аст, адолатро ба ин намедонад, ки фард дар ҷомеа ба куллӣ нобуд шавад, балки ба ин медонад, ки дар ҷомеа шароити як мусобиқаи сад дар сад комил, ҳамеша фароҳам бошад ва ба ҳукми ин мусобиқа, ки дар майдони кору таклиф ва фазилату ахлоқ сурат мегирад, имтиёз ва ҳуқуқи ихтисосӣ ба инсонҳо дода шавад». Пас нигоҳи Исломӣ ҳама ҷонибааст ва ҳаргиз имтиёозоти афродро нодида намегирад. Шароит ва имконоти рушду тараққӣ албатта бояд барои ҳама баробар бошад, ҳол дар ин шароити баробар, ки мисли шароити як майдон мусобиқа аст, ҳар кас тавонист муваффақиятҳо ва имтиёзотеро ба даст биёварад бешак аз ҳуқуқи хоси ӯ хоҳад буд.
Чизе, ки дар он шаке нест ин аст, ки Ислом бо ҷудо накардани байни амалу риё ва илму ҷаҳолат ва ҳаққу ботил ба шиддат мубориза кардааст. Ҷомеаи Ислом яъне ҷомеаи бе табъиз, ва якпорча, яъне ҷомеае, ки имтиёозоти хаёлӣ ва дурӯғин дар он бе эътибор аст, на ҷомеаи бе тафовут, ки ҳатто имтиёзоту муктасабот ва лаёқатҳою истеъдодҳо низ дар он иҷборан нодида гирифта мешавад».
Таъолими Исломӣ ба тамоми ҷонибҳо таваҷҷӯҳи комил дорад. Ин таъолим дар се бахши асоси тақсим мешавад:
А–Усули ақоид, яъне чизҳое, ки барои ҳар инсон лозим аст, ки ба унвони як ақида онро ба даст биёварад. Коре, ки дар ин замина бар ӯҳдаи инсон аст аз навъ кори илмӣ ва таҳқиқӣ аст.
Б–Ахлоқиёт, яъне хислатҳое, ки вазифаи як фарди мусулмон аст, ки хештанро ба он хислатҳо ва хубиҳо биорояд ва аз сифатҳои бад хештанро дур нигоҳ дорад. Коре, ки дар ин замина бар ӯҳдаи инсон аст аз навъ муроқибату нигаҳбонӣ нафс ва худсозист.
В–Аҳком, яъне дастурҳое, ки марбут аст ба фаолиятҳои ва берунии инсон, чӣ фаолиятҳои маъошию маодӣ бошад ва чӣ дунявию ухравӣ, ва ё фардию иҷтимоӣ».
Зуҳури дини Ислом, ҳамроҳ бо эълони ҷовидонагии ин дин ва баста шудани дафтари пайғамбарӣ будааст. Ҳол, бо дарназар гирифтани далоиле, ки эҳтиёҷи ҳатмии инсонро ба ваҳй собит мекунад, чӣ гуна метавон масъалаи хатми пайғамбарӣро тавзеҳ дод? «Оё хатми пайғамбарӣ зуҳур накардани набии дигар баъд аз хотам-ул-анбиё ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ба маънои кам шудани истеъдодҳои маънавӣ ва поин омадани башарият дар ҷанбаҳои рӯҳонист? Оё модари рӯзгор аз зоидани фарзандони малаксифат, ки битавонанд бо ғайб ва малакут пайванд дошта бошанд, нотавон шудааст ва эълони хатми пайғамбарӣ ба маънои эълони нозо шудани табиат нисбат ба чунон фарзандонест?
Аз тарафи дигар мо медонем, ки ниёзҳои башар замон ба замон тағйир мекарда ва башар дар ҳар замоне ниёзманди паём ва паёмовари навине будааст, ва аз инрӯ пайғамбарони илоҳӣ паёпай меомаданд ва баъзе аз аҳкомҳои шариъати гузаштаро насх менамуда ва шариъати ҷадидеро ба ҳадя меовардаанд. Ҳол, чӣ гуна метавон фарз кард, ки бо омадани дини Ислом, «пуле, ки ҷаҳони инсонро бо ҷаҳони ғайб пайванд мекунад яксара хароб гардад ва дигар паёме ба башар нарасад ва башарият бетаклиф монад?»
«Чаро шариъатҳо хатм шуд ва қонунҳое, ки аз тарафи Худо барои ҳидоят ва роҳнамоии башар омада як мартаба ба марҳалае расид, ки дигар мутаваққиф шуд? Оё он сабабҳое, ки пештар вуҷуд дошт ва сабаб мешуд, ки қонунҳои илоҳӣ ҳам дигаргун шавад баъдҳо дигар пайдо намешавад? Читавр мешавад, ки он сабабҳо дигар пайдо нашавад? Магар он сабабҳо ғайр аз дигаргун шудани шароити иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъист? Инҳо, ки ҳамеша дар тағйир ва табдил аст, пас чаро шариъате охирин шариъатҳо бошад?»
Барои ҷавоб ба маҷмӯаи саволҳои гуфташуда албатта ба баҳс ва баррасии тӯлоние ниёз аст, аммо ба ихтисор метавон чунин гуфт, ки «иҷтимоъи башарӣ монанди як инсон аст. Давраи кудакӣ дорад, давраи рушд ё наздик ба марҳалаи булуғ ва давраи булуғ дорад. Башарият дар ибтидо ҳолати як кӯдакро дорад, яъне асосан қудрати дарёфташ кам аст. Ҳар миқдор, ки пеш меравад ва рушдаш бештар мешавад, истеъдоди бештаре пайдо мекунад. Монанди дастур-ул-амале,[17] ки ба бачча бидаҳед. Дастур-ул-амалҳои шумо собит аст, вале бача қобил нест ва тавони онро надорад, ки тамоми дастур-ул-амалҳои шуморо анҷом бидаҳад. Баъд, ки миқдоре истеъдод ва тавоноӣ пайдо мекунад, шумо миқдоре аз дастур-ул-амалҳоро ба ӯ медиҳед... то ба ҷое мерасад, ки ақлаш комил шуда ва шумо ҳар чӣ дастур-ул-амал дошта бошед метавонед ба ӯ бидиҳед ва тамоми роҳу равишро ба ӯ биёмӯзед, ки то охири умр ба онҳо амал кунад.
Усул ва қонунҳои куллие, ки башар эҳтиёҷ дорад то аз тариқи ваҳй ба ӯ гуфта шавад номаҳдуд нест, балки маҳдуд аст. Инки тамоми дастурҳо ба башари аввалия дода нашудааст барои ин буда, ки башар дар он вақт, замони кӯдакиро мегузаронидааст. Қонунҳои куллӣ дар тамоми асрҳо як навъ аст, вале башар он истеъдодро, ки тамоми аҳком ба ӯ гуфта шавад надоштааст ва агар ҳам гуфта мешуд наметавонист ба иҷро дароварад. Ҳамон миқдоре ҳам, ки мегуфтанд ҳатман бояд баъд аз он, барояш сарпараст (ва роҳнамое ба унвони пайғамбари таблиғӣ) бифиристанд, ки инҳоро ба иҷро дароварад. Аммо вақте башар ба давраи булуғи худаш расид, ба давраи ақли комил, ба даврае, ки дар он тавоноии дарёфти он қонунҳоро дорад, ки усули низомӣ иҷтимоӣ ва фардии ӯст... онвақт ба ӯ мегӯянд тамоми ваҳйе, ки бояд башарро ҳидоят кунад ҳамин аст.» Ақлат ба онҷо расида аст, ки битавони ончиро, ки аз тариқи ваҳй эҳтиёҷ дорӣ аз ин китоби осмонӣ, истихроҷ кунӣ ва барои ҳамеша зиндагиятро бо он татбиқ диҳӣ.
Дар воқеъ маънои давраи хотамият ин аст, ки « башарият расидааст ба ҳадде, ки агар қонунро ба ӯ таълим диҳанд, метавонад онро нигаҳдорӣ кунад ва баъд бо нерӯи ақл, аз ҳамин қавонин барои ҳамеша истифода кунад. Ваҳй мукаммили ақл аст ва нотавонии ақлро ҷуброн мекунад. Вақте башар расид ба онҷо, ки метавонад ончиро, ки бояд аз ноҳияи ваҳй бигирад ва нигаҳ дорад ва низ истеъдодаш расид ба онҷо, ки ин усули собитро ҳифз кунад ва ҳамчунин қувваи татбиқ[18] ва иҷтиҳод дар ӯ бошад яъне ҳар ҳодисаеро, ки барояш пеш омад бо як усули куллӣ татбиқ бидаҳад ва он усули куллро меъёр қарор бидаҳад, он замон мешавад давраи хотамият».
«Набояд тасаввур кард, ки ваҳй ва набуват барои ин аст, ки башар даст рӯи даст бигзорад ва ҳамеша ҳалли масоил ва мушкилоти худро ба таври омода ва муҳаё шуда аз ваҳй бигирад. Агар касе чунин тафаккуре дар бораи ваҳй дошта бошад, ҳаргиз наметавонад масъалаи хотамиятро бифаҳмад ва тавзеҳ диҳад. Бояд дид, ки пайғамбарон барои чӣ омадаанд?... Пайғамбар намеояд, то ҷонишини фикр ва ақли башар бошад... наёмадааст, ки тамоми қувваҳои вуҷуди башарро бекор бикунад ва бигӯяд шумо фикр накунед, истидлол накунед, иҷтиҳод накунед, тамоми корҳоро мо баҷои шумо анҷом медиҳем. Ин хилофи назми олам аст. Пайғамбарон мегӯянд; эй башар ҳар чӣ аздасти ту бар меояд худат анҷом бидеҳ ва корҳоеро, ки дар ҳудуди фикр ва ақлу истидлол аст бояд худат анҷом бидиҳӣ ва ҷое, ки аз қувваи ту хориҷ аст мо ба василаи ваҳй туро дастгирӣ ва ёрӣ мекунем...» Албатта миқдори ваҳй, ки башар аз аввали олам то охири он эҳтиёҷ дошта маҳдуд аст, вале башар дар оғоз қобилияти инро надоштааст, ки ҳамон ваҳйи маҳдудро дарёфт карда ва дигар ба пайғамбаре эҳтиёҷ надошта бошад. Лизо пайғамбарон яке баъд аз дигар меоянд ва доиман башарро роҳнамоӣ ва сарпарастӣ мекунанд то онҷо, ки башар худ ба булуғ бирасад ва битавонад тамоми он ваҳйи маҳдудро дарёфт карда бар асоси он зиндагӣ кунад. «Он миқдоре, ки башар ба ваҳй эҳтиёҷ дорад, замоне ба ӯ дода мешавад, ки аввалан қудрат ва тавоноии дарёфти онро дошта бошад ва сониян битавонад онро ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад» ва низ битавонад ҳалли масоил ва мушкилоти худро аз он истинбот[19] кунад ва ин аст рози хотамияти дини Ислом.
«Башар дар роҳи такомули худ монанди қофилае аст, ки дар роҳе ба сӯй мақсади муаяне ҳаракат мекунад, вале роҳро намедонад; ҳар чанде як бор ба касе бархурд мекунад, ки роҳро медонад ва бо нишонаҳо ва роҳнамоиҳое, ки аз ӯ мегирад даҳҳо километрро сипарӣ мекунад то мерасад ба ҷое, ки боз ниёзманди роҳнамоии ҷадид аст, бо гирифтани нишонӣ аз ӯ роҳҳои болотаре барояш равшан мешавад ва даҳҳо километри дигрро бо аломате, ки гирифта пеш меравад. Оҳиста оҳиста худ қобилият ва тавоноии бештаре барои фарогирӣ пайдо мекунад ва мерасад ба шахсе, ки (нақшаи куллии) роҳро аз ӯ мегирад ва барои ҳамеша бо дар даст доштани он нақша, аз роҳнамоии ҷадид бениёз мегардад». Ин аст, ки Қуръон бо исрори зиёд динро дар саросари таърихи инсон яке медонад ва фақат як шоҳроҳро пешниҳод мекунад, ки ҳамаи пайғамбарони илоҳӣ башарро ба он ҳидоят мекарданд. Ихтилофи шариъатҳо танҳо фаръӣ ва ҷузъӣ будааст на куллӣ ва аслӣ. Пас ҳамаи пайғамбарон ба як дини воҳид даъват мекардаанд, лекин пайғамбари Ислом дар замоне меояд, ки метавонад ин дини воҳидро ба сурати як тарҳи куллӣ ва ҳамешагӣ ироя кунад.
«Рисолати[20] пайғамбари Ислом, бо ҳама рисолатҳои пайғамбарони дигар ин фарқро дорад, ки аз навъи қонун аст на барнома. Қонуни аслии башарият аст, махсуси як иҷтимоъи тундрав ва кундрав ё рострав ва чаправ нест. Ислом тарҳест куллӣ ва ҷомеъ, ҳама ҷониба ва муътадилу мутаъодил, дарбардорандаи ҳамаи тарҳҳо ва коромад дар тамоми маворид. Дар давраи Ислом, уламо ва раҳбарони уммат, бо истифода аз манобеъи поённопазири ваҳйи исломӣ барномаҳои хосеро танзим мекунанд ва онро ба марҳалаи иҷро мегузоранд.
Қуръон китобе аст, ки рӯҳи ҳамаи таълимоти муваққат ва маҳдуди китобҳои осмонии дигарро дар бар дорад. Ин аст, ки Қуръон худро «Муҳаймин» яъне ҳофиз ва нигаҳбони китобҳои осмонӣ мехонад:
«Ва мо ин китобро ба ҳақ ба тарафи ту фиристодем дар ҳоле, ки тасдиқкунандаи китобҳои пешин ва ҳоким бар онҳо аст». Моида/ 48.
Гуфтугӯ дар бораи шиносоии инсон ва кашфи гушаҳо ва печидагиҳои ӯ аз барҷастатарин ва муҳимтарин масоили давраи ҷадид аст то онҷо, ки метавон гуфт бисёре аз масоили дигарро низ таҳти таъсир қарор медиҳад. Ин, ки сабабҳо ва решаҳои чунин таваҷҷӯҳи сахт чист, худ як баррасӣ ва мутолиъаи ҷиддӣ ва дарозеро металабад, ки аз тавон ва гунҷоиши чунин китоби мухтасаре берун аст. Аммо, ин сабабҳо ҳар чӣ, ки бошад ва ин таъкид ва ҳиммат бар шиносоии инсон аз ҳар куҷо сарчашма гирифта бошад, ончӣ аниқ аст ин аст, ки ҳар мутафаккир ва андешманди динӣ бидуни таваҷҷӯҳ ба шиносоии инсон ва баррасии решаҳо, имконот, истеъдодҳо, ниёзҳо, заъфҳо ва маҳдудиятҳо, орзӯю умедҳо, ноумедиҳо ва афсурдагиҳо ва дардҳо ва дармонҳои инсон, ҳаргиз наметавонад сухани дуруст ва саҳеҳ дар барои инсони имрӯз дошта бошад.
Ин таъкид ва ҳиммати асри ҳозир бар шинохти инсон барои ҳар муслиҳ ва мутафаккири Исломӣ бе таъсир набудааст ва албатта бояд диққат намуд, ки ин муслиҳон аз таъсироти даруни динӣ низ комилан мутаъассир будаанд. Таъкидҳои фаровоне, ки дар ривоят ва оёти Исломӣ дар бораи аҳамияти шинохти инсон омадааст, ҳаргиз як мутафаккири огоҳ ва боҳӯшро бе таъсир намегузорад ва ӯро дар ҳолати бетафовутӣ ва бепарвоӣ дар баробари ин шиносоӣ, раҳо намекунад.
Устоди Шаҳид аз ҷумла касоне аст, ки бо ҷиддият дар ин майдон ворид шуд ва кӯшиши фаровоне дар баёни чеҳра ва симои инсон аз дидгоҳи дину ҳикмат намуд ва бар ин асос бо бисёре аз бардоштҳои роиҷ дар ғарб ба мубриза пардохт.
Дар айни ҳол, қадамҳои баланди устодро дар ин роҳ ҳаргиз набояд ба маънои ба поён расидани ин масир шумурд, чун гарчӣ гомҳои устод баланд аст, вале роҳ тулонӣ аст.
Бо зикри ин муқаддима, акнун ба ихтисор ба кулиёте аз баррасиҳои устод дар бораи абъоди гуногуни инсон мепардозем.
«Имрӯз камтар масъалае ба андозаи баҳсҳои вобаста ба масъалаи шинохт муҳим шинохта мешавад». Аҳмияти мабҳаси шинохт аз онҷо сарчашма мегирад, ки масъалаи шинохт ва инки мо чӣ гуна оламро бишносем решаи ҷаҳонбинии мост ва ҷаҳонбинии мо низ идеология, боядҳо ва набоядҳои моро дунболи худаш дорад. «Аввал бояд биравем суроғи шинохт ва бибинем кадом шинохт саҳеҳ аст ва кадом ғалат ва аслан шинохти саҳеҳ ва шинохти ғалат яъне чӣ?»
Яке аз мабоҳиси муҳим дар бораи шинохт ин аст, ки оё шинохт барои инсон имкон дорад ё на? Мо агар ба Қуръон муроҷиъа кунем хоҳим дид, ки ин имкон барои инсон ҳаст, ки «шинохт»-ро ба даст биёварад. Дар Қуръон, аввалан достони олим шудани одам ба ҳамаи асмо омада аст:
Сониян «Қуръон ошкоро бани одамро даъват ба шинохт мекунад ва мегӯяд, дар ин осмонҳо ва замин назар кунед ва биравед ҳар чӣ ҳаст бишносед; эй инсон худатро бишинос, Худоятро бишинос, замонатро бишинос, ҷомеа ва таърихи худатро бишинос...» бинобар ин «Қуръон, ки даъват ба шинохт мекунад имкони шинохт барояш ҳал шудааст, яъне имкони шинохт аз назари ӯ ҳатмӣ ва яқинист».
Ба ҳамин хотир маъруф аст, ки ҳар кас як ҳисро надошта аз як навъ шинохт маҳрум аст. Чизе, ки дар инҷо муҳим аст ва бояд ба он диққат шавад ин аст, ки «ҳисе шарти лозими шинохт аст, аммо шарти кофӣ нест. Инсон барои шинохт, ба навъе таҷзия ва таҳлил (яъне баррасӣ) ниёзманд аст ва ин кори ақл аст.»
Дар мавриди абзори шинохт Қуръон ояте дорад, ки ошкоро назарашро дар бораи ин абзор баён мекунад. «Ва Худо шуморо аз шиками модаронатон-дар ҳоле ки чизеро намедонистед-берун овард,ва барои шумо гӯш ва чашмҳо ва дилҳо қарор дод,бошад ки сипосгузорӣ кунед.» (сураи Наҳл/78)
Қуръон дар инҷо «баъд аз чашм ва гӯш дилро зикр мекунад, яъне ҳамон қувваеро, ки таҷзия ва таркиб мекунад, таъмим медиҳад, таҳлил ва баррасӣ мекунад. Қуввае, ки нақши бисёр асосӣ дар шинохт дорад.»
Албатта дил дар истилоҳи ирфонӣ ғайр аз ҳис ва ақл буда, яке дигар аз абзорҳои шинохт аст. Гурӯҳе зиёдаравӣ карда дилро танҳо абзори шинохт донистаанд, аммо дар назари Қуръон ин қабул нест. «Қуръон намегӯяд, ки ҳамааш дил бошад ва ақл ҳеч кора бошад. Чун қаламрави инҳоро аз якдигар ҷудо медонад. Қуръон мегӯяд, тазкияи[23] нафс инсонро ба худаш ошно мекунад, аммо намегӯяд агар мехоҳӣ илми тиб ёд бигирӣ тазкияи нафс кун то тиб дар дилат нақш бибандад. Дарси тибро бояд хонд, бояд рафт рӯйи бемориҳо мутолиъа кард ва онҳоро муъолиҷа намуд, рӯй дорӯҳо мутолиъа кард ва...»
«Таъаллум ва ёдгирифтан ва хондани китоб низ яке аз абзорҳое аст, ки таълимоти Исломӣ ба онҳо таваҷҷӯҳ карда ва онҳоро ба расмият шинохтааст».
Аммо дар бораи инки мавзӯъоти шинохт чист, ончи, ки дар як нигоҳи куллӣ метавон баён намуд ин аст, ки «Худо», «ҷаҳон», «инсон», «ҷомеа» ва «замон» мавзӯъоте ҳастанд, ки ҳам шинохтанианд ва ҳам бояд шинохта шаванд.
Калимаи фитрат, ки дар Қуръон омада[25] ба маънои гуна ва навъи хоссе аз офариниш аст. Инсон ба гунаи хос офарида шуда аст. «Фитрати инсон, яъне хусусиёте дар асли хилқат ва офариниши инсон».
Савол ин аст, ки оё инсон фитриёте дорад ё на ва асосан маънои фитриёт чист? Барои ҷавоб додан ба ин савол, бояд се амрро аз якдигар ҷудо кунем: «табиат», «ғариза», «фитрат».
Калимаи «табиат» ё «табъ» ва ё «миҷоз», маъмулан дар мавриди чизҳои беҷон ба кор бурда мешавад. Мо барои чизҳо ба хотири хусусиёти гуногуне, ки доранд табиатҳои мухталифе қоил мешавем. Масалан, мегӯем табиати фалон чиз гарм ё сард аст, табиати оксиген чунин аст, ки қобили сӯхтан аст... «Он хусусияте, ки (дар чизҳо) сабаби таъсиргузорӣ мешавад, исмаш табиат аст. Албатта табиатро дар мавриди ҷондорҳое мисли гиёҳон ва ҳайвонот ва инсонҳо ҳам ба кор мебарем, вале дар он ҷанбаҳое, ки бо беҷонҳо муштараканд».
Калимаи дуввум «ғариза» аст, ки бештар дар мавриди ҳайвонот ва камтар дар мавриди Инсон ба кор бурда мешавад, вале ҳаргиз дар мавриди ҷамод ва набот истеъмол намешавад. «Ҳанӯз касе натавониста аст дуруст тавзеҳ диҳад, ки ғариза дар ҳайвонот чист, вале ин қадр медонем, ки ҳайвонот аз хусусиятҳои даруние бархурдор ҳастанд, ки роҳнамои зиндагии онҳост ва як ҳолате нима огоҳона дар ҳайвонот вуҷуд дорад, ки ба сабаби он роҳи зиндагиашонро меёбанд. Ин ҳолат ёдгирифтанӣ нест».
Ва аммо дар мавриди Инсон луғати «Фитрат»-ро бакор мебарем. «Фитрат монанди табиат ва ғариза як амри зотӣ ва дарунӣ аст, яъне бахше аз сиришти инсон аст (инсон аз аввали офаринишаш дорои фитрат аст, яъне фитраташро касб намекунад, балки онро бо худаш дорад) амрест, ки аз ғариза огоҳонатар аст. Инсон ончиро, ки медонад метавонад нисбат ба он илм пайдо кунад, яъне инсон як силсила фитриёт дорад ва медонад, ки чунин фитриёте дорад. Аз тарафи дигар ғариза вобаста ба масоили моддии зиндагӣ аст, вале фитриёт вобаста ба масоили инсонӣ ва маънавии зиндагист». Ҳол дар баҳси фитрат савол ин аст, ки оё «ин чизҳое, ки имрӯз онҳоро арзишҳои инсонӣ[26] меноманд, решае дар сиришти инсон дорад?
Ин арзишҳо аз назари маъорифи исломӣ, решае дар сиришти инсон дорад ва асосан асолати инсон ва инсонияти воқеъии ӯ дар гарави қабули ҳамин фитриёт аст. Ин ҳарфи муфт ва беҳуда аст, ки мо барои инсон фитриёте қоил нашавем, яъне решае барои арзишҳо дар сиришти ӯ нашиносем ва дам аз «Гумонизм»[27] асолати инсон бизанем».
Фитриёти инсон дар ду ноҳия баҳс мешавад:
1-Ноҳияаи шинохтҳо, даркҳо ва дарёфтҳо.
2-Ноҳияаи хостҳо, майлҳо ва гаройшҳо.
Оё инсон дорои як силсила маълумоти фитрӣ -яъне маълумоти ғайри иктисобӣ- ҳаст ё на? Қуръон дар ин ҷо қоил аст, ки чунин маълумоти фитрие дар инсон вуҷуд дорад.
Албатта «фитриёте, ки Қуръон қоил аст аз навъи фитриёти Афлотунӣ нест, ки инсон қабл аз таваллуд онҳоро медониста ва муҷаҳҳаз ба он маълумот ба дунё омада, балки ба маънои ин аст, ки истеъдоди чунин маълумоте дар ҳар касе ҳаст ба тавре, ки агар бачча ба марҳалае расид, ки битавонад ин маълумотро тасаввур (дарк) кунад, тасдиқи (бовари) онҳо барояш фитрист».
Бинобар ин инсон, дар ноҳияи шинохтҳо як силсила шинохтҳои фитрӣ дорад, ки «усули тафаккур»-и инсон қарор мегиранд. «Ягона роҳ барои арзиш доштани илму фикри башар, қабул кардани фитрӣ будани усули аввалияи тафаккур аст. Бо инкор кардани ин усул барои мо ба ғайр аз шакки ҳамешагӣ чизе боқӣ намемонад».
Оё инсон дар ноҳияаи гароишҳо ва хостҳои худаш як силсила фитриёт дорад ё надорад? Дар ҷавоб бояд гуфт, ки «инсон як силсила гароишҳое дорад, ки аввалан бар асоси худмеҳварӣ (фойда ҷӯӣ) нест ва дуввуман инсон дар виҷдони худ барои ин гароишҳо як навъ қаддосат ва эҳтиром қоил аст, яъне барои инҳо як бартарӣ ва сатҳи олӣ қоил аст. Имрӯза ҳам, тамоми мактабҳои дунё, чӣ аз мактабҳои илоҳӣ ва чӣ аз мактабҳои моддию шаккок, ҳар тавре шуда масоилро дар мавриди инсон матраҳ мекунанд, ки масоили фавқи ҳайвонӣ гуфта мешаванд».
Ин гароишҳои дарунӣ, ки барои инсон як ҳолати қаддосатӣ доранд, ба таври хулоса панҷ қисм ҳастанд, ё лоақал мо фақат панҷ қисм аз инҳоро мешиносем:
1-Ҳақиқатҷӯи: «Инсон мехоҳад ҷаҳон ва чизҳоро ончунон, ки ҳастанд бифаҳмад. Касоне, ки аз ин ҳис истифода карда онро дар худ зинда нигоҳ доштаанд ба марҳалае мерасанд, ки лаззати кашфи ҳақиқат ва илм барои онҳо болотар аз ҳар лаззати дигарест».
2-Гароиш ба хайр ва фазилат: Ин гароиш, гароиши ахлоқист. Инсон бар асоси «худмеҳварӣ» ба сӯи манфиъатҳо гароиш дорад ва ин дар боқӣ мондани ҳаёти инсон, бисёр нақши муҳимеро мебозад. Аммо умуре ҳам ҳаст, ки инсон ба онҳо гароиш дорад «на ба далели инки манфиъат аст, балки ба далели инки фазилат ва «хайри ақлонӣ» мебошад». Гароиш ба ростӣ, тақво, покӣ, назм ва тасаллут бар нафс ва нафрат аз дурӯғ ва зиштиҳо ҳама аз ин ҷумлаанд.
3-Гароиш ба ҷамол ва зебоӣ: «Дар инсон гароише ба ҷамол ва зебоӣ -чӣ ба маънои зебодӯстӣ ва чӣ ба маънои зебо офаринӣ, ки номаш ҳунар аст- ба маънои умумӣ вуҷуд дорад. Инсон зебоиҳои табиатро дӯст дорад. Якҷо, ки як оби соф ва зулол мебинад, як чашма об ва ё як дарё... аз диданаш лаззат мебарад. Аз манзараҳои хеле олии табиат лаззат мебарад, аз манзараи осмон, аз уфуқ ва аз кӯҳҳо... лаззат мебарад. Ва ҳамин тавр аст масъалаи ҳунар, ки худаш навъе зебо офаринист».
Дар мавриди Қуръон метавон гуфт, ки «яке аз ҷиҳоти мӯъҷиза буданаш ба хотири зебоияш, яъне фасоҳат ва балоғат[28] аст ва яке аз бузургтарин сабабҳои ҷаҳонӣ шудани Қуръон ҳамин аст».
4-Гароиш ба халлоқият ва ибдоъ: Халлоқияту офариниш яке аз гароишҳои инсон аст, ки ҳар чанд барои рафъи ниёзҳои зиндагӣ сурат бигирад, боз ҳам барои инсон як ҳадаф ва мақсад аст. Мисли илм, ки гарчӣ васила аст барои зиндагӣ, вале худаш низ як ҳадаф аст. Халлоқият, дар бар гирандаи ҳар навъ ибтикор ва навоварӣ мебошад. Ибтикор ва навоварӣ «дар тарҳҳои иҷтимоӣ, тарҳҳои мамлакатдорӣ, дар барномарезиҳо ва таълифи китобҳо... ва аз инҳо болотар дар назарияҳо ва ҳатто дар умуре монанди шеър, ки ҳам халқ аст ва ҳам зебоию ҳунар».
5-Ишқ ва парастиш: «Назари мо дар тарҳи масъалаи ишқ, бештар тамоюл ба фано шудани ошиқ дар маъшуқ аст, ки мо онро парастиш меномем. Ин чизест, ки бо ҳисобҳои моддӣ дуруст намеояд» ва инсон бар асоси манфиъатталабӣ ва судҷӯӣ ба сӯи он гароиш пайдо намекунанд, балки амрест моварои ҳайвонӣ ва мофавқи сӯд ва манфиъат. «Воқеият ин аст, ки башар ишқро ситоиш мекунад, яъне онро қобили ситоиш медонад. Дар сурате, ки он ишқе ки аз ҷинси шаҳват ва ҷазби манфиъат ва суд аст қобили ситоиш нест».
«Инсон худ як навъ ҳайвон аст. Ба ҳамин хотир бо дигар ҷондорон муштаракоти зиёде дорад». Дар айни ҳол дорои хусусиётест, ки инсонро аз сойири ҷондорон ҷудо карда ва ба ӯ бартарӣ бахшида аст.
«Тафовути асосии инсон бо дигар ҷондорон, ки милоки «инсоният» ба вуҷуд оварандани тамаддун ва фарҳанги инсонӣ мебошад, дар ду ноҳия аст; Бинишҳо ва гароишҳо». Ба иборати дигар, гарчӣ ҳайвоноти дигар низ дорои огоҳӣ, биниш, тамоюл ва гароишҳое ҳастанд, вале дар зиндагии онҳо тамаддун ва фарҳанге дида намешавад ва ин нишондиҳандаи он аст, ки бинишҳо ва гароишҳои мавҷуд дар инсон хусусияти хоссе дорад.
«Огоҳии ҳайвон аз ҷаҳон танҳо ба кӯмаки ҳавосҳои зоҳирии ӯст, ба ҳамин хотир хеле сатҳист ва ба робитаҳои дарунии чизҳо нуфуз намекунад, сониян фардӣ ва ҷузъист ва аз куллият ва умумият бархурдор нест, солисан мнтақаист, яъне маҳдуд ба муҳити зисти ҳайвон аст, робиъан ҳолист, яъне баста ба замони ҳол аст ва аз гузаштаю оянда бурида аст». Пас чаҳор зиндон зоҳирӣ, ҷузъӣ, муҳити зистию замонӣ, огоҳии ҳайвонро маҳдуд кардаанд.
Аз тарафи дигар, хостаҳо ва тамоюлоти ҳайвон «аввалан моддист, аз ҳудуди хӯрдану ошомидан ва... болотар намеравад. Барои ҳайвон хостаи маънавӣ, арзиши ахлоқӣ ва ғайра матраҳ нест, сониян шахсӣ ва фардӣ аст, марбут аст ба худаш ва ҳадди аксар ба ҷуфт ва фарзандаш, солисан минтақаист ва марбут аст ба муҳити зисти худаш, робиъан ҳолист ва ба замони ҳол таъаллуқ дорад».
Пас, огоҳӣ ва тамоюли ҳайвон дар ин чаҳор қаламрав маҳдуд ва маҳсур аст ва агар гоҳе вақтҳо аз ин маҳдуда хориҷ шавад ва масалан дар баъзе ҳайвонот огоҳӣ ба оянда дида шавад ва... ё аҳдоф ва хостаҳое мулоҳиза шавад, ки мутаъаллиқ ба навъ аст на фард, мисли корҳои занбури асал, ҳамаи ин маворид «нохудогоҳ ва ба ҳукми ғариза ва ба фармони нерӯест, ки ӯро офарида ва ҷаҳонро тадбир мекунад».
Аммо инсон дар ин ду ноҳияи шинохтҳо ва матлубҳо басо васеътару густардатар аст ва он маҳдудиятҳои чаҳоргонаро надорад. Огоҳӣ ва шинохти инсон «аз зоҳири чизҳо ва падидаҳо мегузарад ва то даруни зот ва моҳияти онҳо ва робитаҳо ва вобастагиҳои онҳо нуфуз менамояд... ҳам маконро мепаймояд ва ҳам замонро... аз инрӯ, ҳам ба хориҷи муҳити зистии худ огоҳӣ пайдо мекунад то онҷо, ки ба саёраҳои дигар мерасад ва ҳам бар гузашта ва ояндаи хеш илм пайдо мекунад, таърихи гузаштаи ҷаҳон, яъне таърихи замин, осмон, куҳҳо, дарёҳо, гиёҳон ва ҷондорони дигарро кашф мекунад ва дар бораи оянда то уфуқҳои дурдаст меандешад ва ҳатто ба бархе бениҳоятҳо ва ҷовидонагиҳо низ шинохт пайдо мекунад, қонунҳои куллӣ ва ҳақиқатҳои умумӣ ва фарогирандаи ҷаҳонро кашф мекунад ва ба ин васила тасаллути худро бар табиат устувор месозад».
Дар ноҳияи хостаҳо низ «инсон мавҷудест арзишҷӯ ва ормонхоҳ, ормонҳоеро ҷӯстуҷӯ мекунад, ки моддӣ ва ҷузъи нест, балки умумӣ ва фарогирандаи ҳамаи башар аст, ба муҳит ва минтақаи хос ё қитъаи хоссе аз замон маҳдуд намегардад. Ҷанбаи инсонии тамаддуни башарӣ, ки рӯҳи тамаддун ба шумор меравад, зоидаи ин гӯна эҳсосҳо ва хостаҳои башарист». Ин гироишҳо ва тамоюлоти маънавӣ ва олии инсон, бархоста аз имон, эътиқод ва дилбастагиҳои ӯ ба бархе ҳақиқатҳо дар ин ҷаҳон аст, ҳақиқатҳое, ки ғайри фардӣ ва моддӣст, ва асосан «аз навъи манфиъат ва фоида нест».
«Пас натиҷа мегирем, ки фарқи асосии инсон бо ҷондорони дигар илм асту имон».
Ҷондорони дигар дар сохтани ояндаи худ ё аслан нақши огоҳона ва озодонае надоранд мисли (гиёҳҳон) ё фақат нақши огоҳона доранд, яъне бо навъе огоҳӣ аз худ ва муҳити худ таҳти таъсири ҷозибаи як силсила майлҳою хостаҳо қарор мегиранд ва дар ҳифзу нигаҳдории худ барои оянда талош мекунанд (яъне ҳайвонот), аммо нақши инсон дар сохтани ояндаи худаш ҳам огоҳонааст ва ҳам озодона.
«Илм ва имон ҳар кадом нақши ҷудогона дар созандагии ояндаи инсон доранд. Нақши илм ин аст, ки роҳи сохтанро ба инсон нишон медиҳад. Илм, инсонро тавоно мекунад, ки ҳар гуна бихоҳад ояндаро бисозад, аммо нақши имон ин аст, ки инсонро ба сӯи инки худ ва ояндаи худро чӣ гуна бисозад, ки ҳам барои худ ва ҳам барои ҷомеа беҳтар бошад мекашонад. Имон монеъи он мегардад, ки инсон ояндаро бар меҳвари моддӣ ва фардӣ бисозад. Имон хости инсонро роҳнамоӣ мекунад, онро аз маҳдудаи моддиёт хориҷ мекунад ва маънавиётро ҷузъи хостаҳояш қарор медиҳад».
Баъзе гуфтаанд, ки «инсонияти инсон ҳеҷгӯна аслу асос надорад, танҳо сифати ҳайвониаш асос дораду бас; инсон аз асолате ба номи инсоният дар баробари ҳайвонияти худ бархурдор нест.» Яъне фарқи байни инсону ҳайвон нодида гирифта шуда ва инсон баробар бо ҳайвон дониста шудааст. «Тибқи ин назария ва дидгоҳ, на танҳо аслӣ будани гароишҳои инсонӣ, чӣ гароиши ҳақиқатгароӣ, хайргароӣ, зебоигароӣ ва Худогароӣ рад мешавад, балки асолати воқеъгароии инсон дар бораи ҷаҳони ҳастӣ низ нафй мешавад. Зеро, ҳеч назаре наметавонад фақат «назар» бошад, бетарафона бошад, балки ҳар дид ва назаре як гароиши хосси моддиро намоиш медиҳад ва ғайри ин наметавонад бошад. Аҷаб ин аст, ки бархе аз макотиб, ки чунин назар медиҳанд, дар ҳамон ҳол аз инсоният, инсонгароӣ (гумонизм) дам мезананд!!!» Чӣ гуна метавон инсонро дар ҳадди як ҳайвон пойин овард ва дам аз гумонизм ва асолати инсон зад.
«Ҳақиқат ин аст, ки роҳи такомули инсон аз ҳайвоният (ҳайвонсифатӣ)оғоз мешавад ва ба сӯи инсоният камол меёбад. Ин асл, ҳам дар бораи фард сидқ мекунад, ҳам дар бораи ҷомеа. Ҳайвонияти инсон монанди лона ва ошёнаест, ки инсонияти ӯ дар ӯ рушд меёбад ва комил мешавад ва ба ҳар андоза, ки такомул пайдо кунад ба ҳамон андоза ба сӯи истиқлол ва ҳокимият ба дигар ҷанбаҳо қадам бар медорад». Бинобар ин, воқеъяти инсонӣ, яъне арзишҳо, гароишҳо ва ҳақиқатҷӯиҳои мутаъолии ӯ, ҳар чанд ҳамроҳ бо такомули ҳайвонӣ ва моддии ӯст, вале дар айни ҳол асолат дошта ҳаргиз соя ва ё сурат ва ё зодаи буъди моддии инсон нест. Ин умури инсонист, ки метавонад инсонро аз сатҳи ҳайвон болотар оварда ӯро, аз ҳайвон ҷудо кунад ва ҳатто бар сифати ҳайвонии инсон мусаллат шуда, сарнавишти ниҳоии ӯро бадаст гирад.
«Гумонизм, ки каму беш фалсафаи роиҷи замони мост ва ғолибан муддаъиёни равшангарӣ дар бораи он ҳарф мезананд иддаъо мекунанд, ки инсонҳо ҳамаашон як синф (гуна)-и воқеъӣ ба шумор мераванд ва аз виҷдони муштараки инсонӣ баҳраманданд.» Яъне инсонро бояд болотар аз, миллатҳо, фарҳангҳо, мазҳабҳо, рангҳо, забонҳо, нажодҳо ва хунҳо дид ва ба сурати як синф ба ҳисоб овард ва ҳаргӯна бартарӣ, тафовут ва имтиёзро нафй кард. «Эъломияҳое, ки ба номи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон мунташир шудааст бар ин фалсафа такя дорад ва овозаи онро дар ҷаҳон пахш мекунад».
«Вале худогоҳӣ, бо инки шакли мантиқӣ дорад ва сару садои фаровоне ба роҳ андохта, камтар воқеият ёфта аст» чаро, ки фақат дар инсонҳои мӯъмин, ки ҳама арзишҳои фитрӣ дар он руйидааст ёфт мешавад. «Расули акрам(с) дар сухани худ, ки Саъдӣ онро иқтибос карда ва бо умумият бахшидани ғалат, харобаш кардааст, ба ҷои, инки бигӯяд: Бани Одам аъзои як пайкаранд, фармуд: Мӯъминон аъзои як андоманд, ҳаргоҳ узве бадард ояд, бо таб ва бехобӣ, бо ҳам ҳамдардӣ мекунанд».
Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки чунин инсонҳои ба инсоният расида, «нисбат ба ҳамаи инсонҳо, балки нисбат ба ҳамаи чизҳо ва ҳатто нисбат ба инсонҳои масх шуда (тағйири шакл дода) меҳрварзӣ ва ҳамдардӣ мекунанд ва лизо Худованд пайғамбарро «раҳмат-ул-лил-оламин»[31] мехонад. Ин гуна инсонҳо ҳатто нисбат ба касоне, ки ба онҳо душманӣ мекунанд, меҳр меварзанд. Алӣ(к) дар бораи ибни Мулҷам, марде, ки қотили ӯ буд мефармуд: Ман зиндагии ӯро дӯст дорам ва ӯ қатли маро».
Касоне, ки муддаъии гумонизм, яъне асолати инсон ҳастанд ва иддаъо мекунанд, ки хоҳони «сулҳи куллӣ» ва «муҳаббати умуми»-и инсонҳо ҳастанд, бояд диққат дошта бошанд, ки чунин ормонҳое «танҳо дар миёни ҷомеаи аҳли имон таҳаққуқпазир асту бас». Шарти расидан ба ин ҳадаф «масъулият надоштан ва кор ба кори гумроҳ ва золим надоштан нест; балки инсонгароии воқеъӣ шадидтарин масъулиятҳоро дар ин заминаҳо металабад.» Вале ҷои шигифт аст, ки муддаъиёни инсонгароӣ таваҷҷӯҳ нокарда ба ин арзишҳои маънивӣ ва масъулиятҳои инсонӣ ва бо дар назар нагирифтани имон ва зарурати он, фарёд аз сулҳу ваҳдати инсонӣ ва ҳуқуқи башар мезананд. «Ҷаҳон амали ҳамаи инсонгароёни ғарбиро, ки эъломияҳои «баланду боло»-и ҷаҳонии ҳуқуқи башарро имзо кардаанд, ҳамеша дида ва мебинад, ниёзе ба шарҳ нест».
Инсони комил ҳамон инсони намуна ва баландмартаба аст, ки шинохти он «аз дидгоҳи Ислом аз он назар барои мусулмонҳо воҷиб ва лозим аст, ки ҳукми намуна ва улгуро дорад».
Барои шинохти инсони комил «як роҳ ин аст, ки бибинем Қуръон дар дараҷаи аввал ва Суннат дар дараҷаи дуввум, инсони комилро бо баёноти худашон чӣ гуна тавсиф кардаанд ва агар чӣ таъбири «инсони комил»-ро ба кор набурда бошанд... дувимин роҳ ин аст, ки касонеро, ки мо мутмаин ҳастем ончунон, ки Қуръон хоста сохта шудаанд бибинем ва мушоҳида кунем.
«Инсони комили Исломӣ (аз назари Ислом) фақат як инсони идеолӣ, хаёлӣ ва зеҳнӣ нест, ки ҳеч вақт дар хориҷ вуҷуд пайдо накарда бошад... худи Пайғамбари Акрам(с) намунаи инсони комил аст, Алӣ(к) ҳам як намунаи дигар аз инсони комил аст».
Дар инки инсони комил кист, макотиб ва назариёти гуногуне вуҷуд дорад:
1-Мактаби ҳикмат ва ақл: «Инсони комил ба ақидаи фалосифа, яъне инсоне, ки ақлаш ба камол расидааст... агар шумо дар ҳикмати назарӣ оламро бо фикр ва истидлол дарк кунед ва дар ҳикмати амалӣ ҳам, ақли худатонро бар нафасатон мусаллат бикунед... шумо як инсони комил ҳастед».
2-Мактаби ирфон: «Камоли инсон дар ишқ ва дар ончи, ки ишқ моро ба он мерасонад аст ва мақсад аз ишқ, ишқ ба зоти ҳақ аст».
3-Мактаби қудрат: «Инсони комил дар ин мактаб, яъне инсони қудратдор, камол яъне қудрат, иқтидор ва зӯр. Дар Юнони қадим суфистоиҳо мегуфтанд ҳақ яъне зӯр. Дар яку ду асри ахир, Ниче файласуфи маъруфи олмонӣ, ин мактабро зинда кардааст».
4-Мактаби заъф: Дар муқобили мактаби қудрат, баъзе дар ҳадди зиёд қудратро таҳқир карда «ва асосан камоли инсонро дар заъфи инсон донистаанд.» Инсони комил яъне инсоне, ки қудрат надорад, зеро агар қудрат дошта бошад таҷовуз мекунад.
Саъдӣ мегӯяд:
Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд
На занбурам, ки аз нешам биноланд.
Зи дасти дидаву дил ҳарду фарёд
Ки ҳарчӣ дида бинад, дил кунад ёд,
Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод
Занам бар дида то дил гардад озод.
5-Мактаби маърифати нафс: «Дар ин мактаб, худшиносӣ асоси ҳамаи камолот аст... ва фақат рӯи ҳамин як нуктка такя шудааст, ки худатро бишиносӣ... асоси «фалсафаи ҳиндӣ» бар шинохти нафс ва муроқибат ва тарки хостаҳо ва кашфи ҳақиқати худ аст ва аз шинохти худ муҳаббат пайдо мешавад».
6-Мактаби муҳаббат: Дар масеҳият бар муҳаббат ва меҳрварзӣ бисёр таъкид мешавад то онҷо, ки асоси таълимоти Масеҳ дар ҳамин муҳаббату дустӣ ва нафйи ҳаргуна қаҳру хушунат маҳдуд мегардад.
Макотиби дигаре ҳам ҳастанд, ки дар бораи онҳо метавон ба ихтисор гуфт, ки яке инсони комилро инсони бетабақа медонад, яъне инсоне, ки бо дигарон дар як ҳолати баробар зиндагӣ кунад ва дигарӣ (мактаби Эгзистонсиолизм) мегӯяд: «Инсони комил яъне, инсони озод, инсони огоҳ, инсони мутаъаҳҳид ва инсони масъул». Мактаби дигаре ҳам ҳаст, ки мегӯяд: «Агар мехоҳи ба камоли инсонии худат бирасӣ кушиш кун, ки ҳарчӣ бештар аз неъматҳои хилқат бархурдор бошӣ». Илм ҳам, маҳдуд аст ба шинохти табиат барои тасаллут бар он ва ба ҳамин хотир илм ҳам арзишаш ба хотири васила буданаш аст на ба хотири ҳадаф будунаш.
Барои шинохти дидгоҳҳои Ислом дар бораи назариёти боло ва расидан ба як назари ҷомеъ, бояд ба тартиби зер баҳсҳоеро баён кунем:
1- Бар хилофи масеҳият, ки дар қаламрави имон барои ақл ҳаққи мудохила намедиҳад. Ислом ақлро дорои эътибор, мақому манзалати хоссе медонад то онҷо, ки «дар усули дини Ислом, ҷуз ақл ҳеч чизи дигаре ҳаққи мудохила надорад.» Дар айни ҳол, Ислом бар хилофи фалосифа, ақлро фақат «як шохае аз вуҷуди инсон медонад, на тамоми вуҷуд ва ҳастии ӯ» ва имонро ҳамон шинохт ва ҳикмати назарӣ намедонад, балки дар таҳаққуқи имон таслим ва гароишро низ лозим мешуморад ва албатта ҳамаи асолатро ба имон намедиҳад, балки қоил аст, ки «хаймаи саъодат рӯи як поя намеистад. Агар амалро аз имон бигирем як пояро хароб кардаем. Қуръон ҳамеша мегӯяд: «Касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом доданд». (Бақара \277) имон як рукн ва амал рукни дигари саъодат аст.
2- «Дар ирфон, (тасаввуф) илм ва ақл хеле таҳқир шуда, аммо Ислом дар айни, инки дилро қабул дорад ақлро таҳқир намекунад». Ҳам дилу ишқу сайру сулукро қабул дорад ҳам ақл, фикр, истидлол ва мантиқро. Ба илова, инсони комил дар ирфон фақат дарунгарост ва сар дар гиребони худаш дораду бас[32] «Вале инсони комил дар Ислом агар шаб сар дар гиребони худ фурӯ мебарад ва дунё ва ончиро, ки дар он аст фаромӯш мекунад аммо рӯз дар даруни ҷомеа қарор мегирад». Ислом бар хилофи ирфон, инсонро «як мурғи аз пеш сохтаю пардохта, ки дар олами қудс парвоз мекарда ва баъд дар ин олам дар қафас омада бошад ва вазифааш фақат ин аст, ки зиндонро бишканад» намедонад. Ин як андешаи ҳиндӣ ва як фикри афлотунист.
Аз тарафе Ислом ва «Қуръон, гарчӣ барои худшиносӣ ва оёти анфусӣ[33] низ камоли аҳмиятро қоил аст, бештар аз ирфон ба табиат ва оёти офоқӣ[34] таваҷҷӯҳ дорад» лизо «инсони комили Қуръонӣ дар канори ақлгароӣ ва дар канори дилгароӣ, табиатгаро ҳам ҳаст» ва бар хилофи баъзе аз мутасаввифа,(мактаби сӯфиҳо) дар айни мубориза бо нафс, иззату шарофат ва каромати нафсро ҳам нигаҳ медорад ва ҳаргиз барои ҷиҳод бо нафс иззат ва каромати онро лагадкӯб намекунад.
3- Ислом ба як маъно «қудрат»-ро таблиғ кардааст, қудрате, ки аз он сифоти олияи инсоният монанди меҳрубонӣ, шафқат, раҳму эҳсон ва... бар мехӯрад. Вил Дронт мегӯяд: Ҳеч дине ба андозаи Ислом мардумро ба қудрату қувват даъват накардааст.» Мӯъминин ҳаргиз заъфу сустиро ба худашон роҳ намедиҳанд ва ҳамеша қудрат ва устувории худро ҳифз мекунанд. Яке аз мушаххасоти Пайғамбари Акрам(с) қуввати рӯҳӣ ва қуввати баданӣ буд ва инро таърихи он ҳазрат нишон медиҳад».
Чизе, ки ҳаст набояд аз миёни ҳамаи арзишҳо фақат қудратро дид ва дигар арзишҳоро нодида гирифт. «Дар Ислом қудрат як арзиш аз маҷмуъаи чандин арзишҳои мутаъолист. Қудрат бидуни шак баробар аст бо камол, вале камол баробар бо қудрат нест.» Аз тарафе бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки қудрат танҳо дар қудрати баданӣ нест, балки қудрати ирода дар майдонҳои мубориза бо нафси худ аз муҳимтарин қудратҳост... Пайғамбар(с) фармуданд: «Шуҷоътарини мардум касе аст, ки битавонад бар ҳавои нафсонии худ ғолиб шавад».
4- Маҳдуд кардани арзишҳо дар муҳаббат ва худшиносӣ низ иштибоҳ (хато) аст. Инҳо ҳама арзишанд, вале арзишҳое, ки як инсони комил бояд доро бошад маҳдуд дар инҳо нест. Инсон арзишҳои мухталифе дорад, ки ҳамаи онҳоро бояд ба ҳадди камол бирасонад ва илло рушд додани баъзе аз онҳо ҳаргиз инсонро ба камоли ҳақиқӣ намерасонад.
Дар умури иҷтимоӣ низ масъала аз ҳамин қарор аст. Дар иҷтимоъ набояд фақат «абъоди фаннӣ ва ташкилотии зиндагӣ, ки монанди андоми ҷомеа аст» рушд карда ва «абъоди инсонии зиндагии иҷтимоӣ, ки монанди рӯҳи инсоният аст» фаромӯш шавад.
Метавон гуфт, ки инкори аҳамияти тарбият ва ахлоқ имрӯза тақрибан тарафдоре надорад ва ҳатто мулҳидон[35] низ наметавонанд аз ин ҳақиқат фирор кунанд, ки ҷомеаи инсонӣ ҳаргиз бар пояи ҳуқуқу қонуни танҳо устувор намемонад, балки тарбияти саҳеҳ ва ахлоқи некӯе лозим аст, то инсонҳоро ба ҳуқуқу қонун пойбанд созад ва ҳатто камбудҳо ва норасоиҳои онҳоро пур кунад ва хулоса равобити афродро ҳарчӣ инсонитар намояд ва аз ин роҳ монеъи пеш омадани ҳар навъ ошӯб ва бе назми ва бӯҳрони иҷтимоӣ шавад.
Ончӣ дар инҷо муҳим ва қобили диққат аст ин аст, ки тарбияти саҳеҳ ва ахлоқи некӯи инсонӣ чӣ гуна бояд тарҳрезӣ шавад. Бисёре аз мутафаккэрону андешамандони бузурги илоҳӣ, ки таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба нақш ва ҷойгоҳи дин дар арсаи ҳаёти фардию ҷамъии инсонҳо доранд сахт муътақиданд, ки пешниҳоди ҳаргуна тасвир ва симое аз инсони идеоли ахлоқӣ ва тарбият ёфта, ҳамвора бояд бо таваҷҷӯҳи ҷидди ба таълимоти динӣ ва бо илҳом аз ҳидоятҳои ваҳёнӣ сурат гирад. Ваҳй, яъне дини илоҳӣ ҳам дар арсаи тарҳу танзими барномаи тарбият ва ахлоқи инсонӣ нақшофарин аст ва ҳам ба унвони бузургтарин пуштивона барои амалӣ сохтани ин барнома ва мутаъаҳҳид кардани инсон ба ин арзишҳо ҷойгоҳи хос ва болое дорад. Бо канор гузоштан ва нодида гирифтани дини илоҳӣ ҳар ваъда ва ваъиде ва ҳар подошу музде дар ҷиҳати боло бурдани инсон ба майдони тарбият ва ахлоқи инсонӣ сахт ба шикаст хоҳад анҷомид.
Устод Мутаҳҳарӣ аз ҷумла мутафаккэронест, ки бо огоҳӣ ба ниёзи рӯзафзуни инсонӣ ҷадид ба тарбият ва ахлоқи инсонӣ талош намуда то зарурати бозгашти инсони имрӯзаро ба додмони ваҳй ва дини илоҳӣ исбот карда ва нишон диҳад, ки бо ҳама пешрафтҳои илмию иҷтимоъию рифоҳӣ ва... ҳанӯз мушкилот ва гиреҳҳои ин мушкил ҷуз бо роҳгушоиҳои дин ҳал нахоҳад шуд.
Дар мабоҳисе, ки дар бораи илм матраҳ мешавад, бояд як нуктаеро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод ва он « мавзӯъи парвариши ақл ва фикр аст».
Мо ду масъала дорем: Яке масъалаи парвариши ақл ва дигари масъалаи илм. Масъалаи илм ҳамон омӯзиш додан аст, донишомӯз фақат фарогирандааст, мағзи ӯ ба манзалаи анборест, ки як силсила маълумот дар он рехта мешавад. Вале дар омӯзиш кофӣ нест, ки ҳадаф ин бошад. Муаллим бояд нерӯи фикрии донишомӯзро парвариш диҳад ва ӯро ба тарафи истиқлол раҳнамоӣ кунад. Бояд қувваи ибтикор ва навоварии ӯро зинда кунад.
Бисёри ин маълумот ва солҳо дар дарсҳои устодон ширкат кардан ва азёд кардани матлабҳо, агар ҳамроҳ бо фикру таъаққул набошад, ҳаргиз сабаби рушд ва ба камол расидани шахсияти илмии инсон намегардад. «Дар таълиму тарбият, бояд ба донишомӯз фурсати фикру андеша дод ва ӯро ташвиқ ва тарғиб ба тафаккур кард». Ҳамин рушдёфтани фикрии донишомӯз аст, ки бояд ҳадафи дарсхонӣ қарор гирад.
Албатта таваҷҷӯҳ ба ин нукта муҳим аст, ки «тафаккур бе дарсу дониш имкон надорад. Мояи аслии тафаккур дарсхонию донишомӯзист». Ислом ҳам ба илмомӯзӣ аҳамияти фаровоне додааст ва ҳам ба тафаккур, то онҷо, ки ҳардуи инҳоро ибодат хондааст «аммо ончӣ дар боби тафаккур омада бештар аст, масалан чунин омада, ки бартарин ибодатҳо тафаккур аст, ҳеч ибодате монанди тафаккур нест, бештарин ибодати Абузари Ғаффорӣ тафаккур буд ва... »
Бо тафаккур натанҳо инсон ба натоиҷ ва маълумоте даст пайдо мекунад, балки «худи фикр низ рушд мекунад ва вусъат меёбад».
Нуктае, ки дар инҷо бояд бадон диққат шавад ин аст, ки мурод аз «илм» чист? «Аз қадим ин масъала матраҳ буда, ки оё манзури Ислом аз илме, ки онро фариза ва воҷиб хонда чист? Ҳар дастае хостаанд каломи Пайғамбар(с)-ро ба ҳамон ришта маълумоте, ки худашон доштаанд татбиқ кунанд:
Мутакаллимин гуфтаанд мақсуд хусуси «илми калом» аст.
Муфассирин гуфтаанд мақсуд тафсир аст.
Фуқаҳо гуфтаанд мақсуд илми фиқҳ аст ва ҳар кас бояд ё муҷтаҳид бошад ё муқаллид... Имом Ғаззолӣ бист назарро дар ин замина нақл мекунад.» Вале қароини[37] зиёдест, ки «нишон медиҳад назари Ислом маҳдуд дар илмҳои динӣ нест. Агар мақсуд илми хоссе буд Пайғамбари Акрам(с) ба ҳамон илм тасреҳ мекард. Мақсуд, ҳар илми фоиданок ва судмандест, ки ба инсон манфиат расонад». Бале, чизеки ҳаст ҳамаи илмҳо василае ҳастанд барои расидан ба як ҳадафи болотар, яъне худашон мақсуди ниҳоӣ ва ҳадафи аслӣ нестанд. Илме, ки ҳадаф аст ҳамон «маорифи рубубӣ, худошиносӣ, худшиносӣ ва маодшиносӣ» аст. Ҳар илме аз он ҷиҳат лозим ва муфид аст, ки муқаддима ва василаи анҷоми як амал ва як вазифа аст, ва ҳамаи улуми динӣ -ба истиснои маъорифи илоҳӣ монанди илми ахлоқ, фиқҳ, ҳадис, муқаддамоти адабӣ ва мантиқ ҳамин тавранд, яъне василаанд на ҳадаф ва мақсад».
«Баҳси таълиму тарбият, баҳси сохтани инсонҳост.» Ҳол, оё мактабе мисли Ислом ҳаргиз метавонад аз чунин амри муҳиме сухане нагӯяд ва мавзеъе нагирад. Асосан «як мактабе, ки дорои ҳадафҳои мушаххасест ва муқаррароти ҳамаҷонибае дорад ва системи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад, наметавонад як системи хоси омӯзишӣ ва парваришӣ надошта бошад. Зеро мактабе, ки мехоҳад дар байни мадум як тарҳи хоси ахлоқӣ ё иқтисодию сиёсӣро пиёда кунад, ҳатман инҳоро барои инсонҳо мехоҳад... ва агар мактабе мисли Ислом бошад, ки дар он ҳам асолати фард ҳифз шудааст ва ҳам асолати иҷтимоъ, қатъан бояд барномае барои сохтани афрод дошта бошад», то ҳам фард сохта шавад ва ҳам иҷтимоъ
1-Таърифи тарбият[39]
«Тарбият иборат аст аз парвариш додан, яъне ба феълият расонидани истеъдодҳои дарунии як чиз. Лизо тарбият фақат дар мавриди ҷондорҳо, яъне гиёҳ ва ҳайвон ва инсон содиқ аст. Ин парвариш доданҳо дар мавриди мавҷудоти зинда ба маънои шукуфо кардани истеъдодҳои дарунии онҳост ва аз ҳаминҷо маълум мешавад, ки тарбият бояд пайрави фитрат, табиат ва сиришти он чиз бошад. Як чиз агар бихоҳад шукуфо шавад ва истеъдодҳояш зоҳир шаванд, бояд талошу кушиш кунад то ҳамон истеъдодҳое, ки дар ӯ ҳаст зоҳир гардад ва агар истеъдоди дарсхондан дар як мурғ вуҷуд надорад, пас мо наметавонем як мурғро таълим бидиҳем, ки масалан риёзиёт ёд бигирад».
Дар оғоз лозм аст, ки нақши тарс ва таҳдидро баррасӣ кунем.
Бо таваҷҷӯҳ ба маъное, ки барои тарбият зикр шуд, баравшанӣ метавон дарёфт, ки «тарс ва таҳдиди инсонҳо омили тарбияти онҳо нест. Истеъдодҳои ҳеҷ инсонеро аз роҳи тарсондан, задан ва таҳдид кардан намешавад парвариш кард. Ҳаминтавр як ғунча гулро намешавад ба зӯр ба шакли гул даровард, зеро дар инҷо аслан омили зӯр ҳукмфармо нест ва нақше надорад».
Дар ривоятҳо бар ин амр таъкид шудааст, ки ҳолатҳои рӯҳиро бояд шинохт ва бар асоси он ҳолатҳои амал кард. Ба ҳамин хотир «ҳатто ибодат ҳам агар бар рӯҳи инсон ҷанбаи зӯру таҳмил дошта бошад натанҳо асари нек намебахшад, балки асари бад низ дорад». Ҳазрати Алӣ (к) дар калимоти қисори Наҳҷ-ул-балоға мефармоянд, ки: қалбҳо, гоҳе майл доранд ва гоҳе бе майлӣ ва руйгардонӣ вақте, ки дидед дил майл ва нишот дорад он вақт ибодатҳои мустаҳабиро ҳам анҷом диҳед аммо вақте дидед, ки майл надорад ба ҳамон фароиз ва воҷибот иктифо кунед.
Нуктаи муҳиме, ки дар инҷо бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор бигирад ин аст, ки тарс ва зӯр гарчӣ дар тарбияти фардӣ ва иҷтимоӣ нақше надорад ва омили рушддиҳандаи истеъдодҳои инсон нест, вале дар айни ҳол омили муҳиммест дар фӯрӯ нишондани саркашиҳою инҳирофоти ахлоқӣ. Бинобар ин, тарсу таҳдид «омили парвариш додан ва шукуфо кардан нест вале дар айни ҳол омили лозим ва шарти тарбият ба ҳисоб меояд».
Аммо омилҳои тарбият кадоманд? Агар бихоҳем ба баъзе аз муҳимтарин омилҳои тарбият ва касби ахлоқи саҳеҳ аз назари Ислом ишора кунем, метавонем ин маворидро зикр кунем:
навъи дигар «тафаккури инсон дар бораи худ аст» яъне инсон дар бораи худ биандешад ва худ фикр кунад ва бар асоси он тасмим бигирад.
2-Тақво ва тазкияи[42] нафс: «Тақвою тазкия сабаби парвариши иродаи инсон мешавад ва ба иродаи ахлоқии инсон қудрату тавоноӣ мебахшад».
Тақво дар дунё ба инсон равшанбинӣ медиҳад. « Агар аз Худо парво кунед, барои шумо (нерӯи) ташхиси (ҳақ аз ботил) қарор медиҳад.» (Анфол\ 29) яъне агар дарунатон пок бошад Худо дар дили шумо чизе қарор медиҳад, ки бо он метавонед ҳақоиқро хуб бишиносед.
«Вақте инсон равшанбин шуд, аввалан худашро хуб мебинад, хуб андозагирӣ мекунад ва зиёдтар ё камтар аз ончӣ ҳаст намебинад ва сониян дар асари ин равшанбинӣ, ба ҳукми инки инсон тавре сохта шуда, ки ҷаҳонро бо айнаки вуҷуди худаш мебинад, вақте тақво дошта бошад ва айнаки вуҷудаш пок бошад, ҷаҳонро беҳтар мебинад.»
3-Ибодат ва ниёиш: «Ибодат барои тақвияти ишқу алоқаи маънавӣ ва падид овардани имони мустаҳкам дар инсон лозим аст. Ҳамон тавр, ки имон ба худии худ сарчашмаи ибодат аст, ибодат ҳам тақвият кунандаи имон аст». Агар инсон ба марҳалаи болои ибодату ниёиш бирасад, бештарин таъсири парваришӣ ва тарбиятиро аз он дарёфт менамояд. «Аз ҷумла чизҳое, ки воқеан мо бояд ба он таваҷҷӯҳ дошта бошем ва дар дараҷаи аввал онро дар худ ва фарзандонамон парвариш диҳем, ҳисси парастиш ва ибодат аст». Аъмоли зоҳирии танҳо ва хушк, ки холӣ аз гармию ва огоҳӣ ва ишқ бошад, аслан ибодат нест, то асари тарбиятӣ ва парваришӣ дошта бошад.
4-Муҳаббат: Ихтилофе,ки байни Ислом ва масеҳият вуҷуд дорад на ин аст, ки яке муҳаббатро инкор карда ва дигарӣ онро қабул намудааст, балки ихтилоф ба тафсири гуногуне аст, ки ин ду аз муҳаббат доранд, Дар масеҳият гуфта мешавад, ки «Исои Масеҳ танҳо ба муҳаббат даъват мекард ва дар муҳаббат ҳам миёни инсонҳое, ки бояд ба онҳо муҳаббат шавад фарқ намегузошт, ки Худопараст бошанд ё набошанд, паёрави Исо бошанд ё набошанд». Яъне ҳамин, ки касе инсон буд бояд ӯро дӯст дошт. Вале дар Ислом инсон бо арзишҳои инсонӣ аст, ки лоиқ ва шоистаи муҳаббат аст ва касе, ки ин арзишҳои инсониро надошта бошад «на танҳо инсон нест, балки ҳайвон ҳам нест ва ба таъбири Қуръон аз ҳайвон ҳам чанд дараҷа поинтар аст. Инсонро бояд дӯст дошт ба хотири инсоният, на ба хотири ҳайкал ва қиёфа. Агар инсоне зидди инсон шуд, маънояш ин аст, ки зидди инсоният шудааст ва монеъи роҳ ва такомули инсонҳои дигар шудааст, оё боз мо ба номи «инсондӯстӣ» бояд ӯро дӯст дошта бошем ва аз ин роҳ ба инсоният хиёнат кунем?».
Пас дар Ислом мурод аз муҳаббат «он муҳаббати мантиқист, ки дар ҷоҳои махсусе ҳамроҳ бо хушунат ва ғазаб бошад. Дар Қуръони Карим ба муҳаббат, эҳсон ва некӣ нисбат ба ҳамаи мардум ҳатто нисбат ба куффор тавсия шудааст, аммо дар ҳудуде, ки ин муҳаббат ва некӣ кардан асари нек бибахшад ва илло ин некӣ кардан нест, балки бади кардан аст, ки сурати некӣ дорад».
Дар Қуръон гарчӣ тавсия шуда, ки бадиҳоро бо некиҳо бартараф кунед «Бадиро ба амали (посухи) некӯ дафъ кун» (Мӯъминун\96) аммо агар натавон бо некию эҳсон он бадиро дафъ кард «инҷост, ки дастури анвоъи хушунатҳоро медиҳад, ки ҳадди аълояш ҳамон масъалаи ҷиҳод ва қасос аст, вале ҳамаи инҳо боз аз хайрхоҳӣ ва маслиҳатхоҳӣ сарчашма мегирад.» Яъне дар мавориде «худи муҳаббат, ки решааш қасди хайру эҳсон доштан аст, вуҷуди хушунатро зарурӣ мекунад».
Хулоса, онки агар муҳаббат ба ин маъно бошад, ки ҳарчиро он тараф дӯст дошт ва писандид ва майл кард, ба ӯ бидиҳем, ин яқинан омили тарбияти саҳеҳ нест, на дар сатҳи зиндагии фардӣ ва на дар сатҳи иҷтимоъ. Аммо агар мурод аз муҳаббат ин бошад, ки бар асоси қасди хайру эҳсон ҳарчиро маслиҳати фард ва иҷтимоъ талаб мекунад анҷом диҳем, агарчӣ ин маслиҳат, ҷиҳод ва қасос ва танбеҳ ва хушунат бошад, дар ин сурат муҳаббат омили тарбият ва ба сомон расидани фард ва иҷтимоъ аст.
5- Муроқибат ва муҳосиба: « Эй касоне, ки имон овардаед аз Худо парво кунед ва ҳаркас бояд бингарад, ки барои фардои худ аз пеш чӣ фиристодааст ва боз аз Худо битарсед. Дар ҳақиқат Худо ба ончӣ мекунед огоҳ аст». (Ҳашр\18) Ҳар фарди мӯъмине бояд назар кунад ва диққат намояд дар ончӣ барои фардо пеш мефиристад. Дар мантиқи Қуръони Карим тамоми аъмоли инсон барои фардо ва қиёмати ӯ фиристода ва захира мешавад.
«Уламои ахлоқи Исломӣ бо илҳом аз ин оят масъалаеро матраҳ мекунанд ба номи муроқибат, ки мегуянд ум-ул-масоил, яъне модари ҳамаи масоили ахлоқ аст. Муроқибат, яъне бо худ монанди як шарике, ки ба ӯ итминон надорӣ муъомила кунӣ, мисли як бозрас ҳамеша муроқиби худ бошӣ».
Илова бар муроқибат дар мутуни Исломӣ сухан аз муҳосиба низ рафта аст. Дар Наҳҷ-ул-балоғаи ҳазрати Алӣ(к) чунин омадааст, ки қабл аз, онки дар қиёмат аз шумо ҳисоб бикашанд аз худатон ҳисоб бикашед ва пеш аз, онки дар қиёмат шуморо вазн кунанд худро вазн кунед.
6- Муъошират бо солиҳон ва неко н: «Мо бобе дар мутуни Исломӣ дорем ба номи муҷолисат[43] ва таъсироти неку бади он. Муҷолисат бо солеҳон осори неки фавқулода ва муҷолисат бо бадон осори бади фавқулода, дорад.» Вақте аз ҳазрати Исо(р) савол шуд, ки бо чӣ касе муҷолисат кунем? Фармуданд: «...яъне бо касе муҷолисат кунед, ки дидани ӯ шуморо ба ёди Худо бияндозад ва суханаш бар илми шумо бияфзояд ва амали ӯ тарғибкунандаи шумо ба кори хайр бошад».
Вақте муъошират ва дустӣ ба онҷо расид, ки дари дилҳо ба рӯи ҳам боз шуд « дар инҷост, ки одам бе он, ки худ бифаҳмад асар мепазирад. Шеъри Мавлавӣ шоҳиди ин сухан аст:
Суҳбати солеҳ туро солеҳ кунад ,
суҳбати толеҳ[44] туро толеҳ кунад.
Муҳаббати Пайғамбар, ва муҳаббати ҳар инсони комиле, бузургтарин омили ислоҳ ва тарбияти инсон аст. Агар инсон ба касе алоқа пайдо кунад ва ӯро як фарди идеолу комил талаққӣ кунад ва баъд шефтаи ахлоқу рӯҳонияти ӯ шавад таҳти таъсири ӯ қарор мегирад ва фавқулода дигаргун мешавд».
7-Ҷиҳод: Инсон гӯшаҳои мухталифе дорад, ки ҳар қисматеро омили хосе ислоҳ мекунад ва ҳаргиз наметавон ҳамаи гӯшаҳои инсонро бо як омил сомон дод ва ислоҳ кард. Маслан муҳаббати авлиёи илоҳӣ бо инки омили бисёр аҷибест ва дар созандагии инсон бисёр нақш дорад, вале дар айни ҳол наметавонад ҷонишини ҳамаи омилҳои дигар шавад. Ин омил наметавонад ҳамаи хомиҳои инсонро ба пухтагӣ табдил кунад ва ҳамаи ғунчаҳои ӯро ба сурати гул дар оварад.
«Ҷиҳод як омили тарбиятист, ки ҷонишин надорад, яъне имкон надорад, ки як мӯъмини мусулмони ҷиҳодрафта бо як мӯъмини мусулмони ҷиҳод нарафта ва ҷиҳод надида аз назари рӯҳия яксон бошад. Чунин чизе маҳол аст. Аз пайғамбари Ислом ҳадисе дар сунани Аби Довуд омадааст, ки фармудаанд: «Мусулмоне, ки ҷиҳод накарда ё лоақал дар дилаш ҳадиси ҷиҳодро надодааст, агар бимирад воқеан бар шӯъбае аз нифоқ мурда, яъне ҳатман холӣ аз як навъ нифоқ набудааст». Албатта ин аз нифоқҳои пинҳон аст, ки худи одам ҳам намедонад мунофиқ аст, вале воқеан мунофиқ аст.
8. Кор: Истеъдодҳо ва нерӯҳои пинҳон дар инсон ба сабаби кор аёну ошкор мешавад. Агарчӣ кор сохтаи инсон аст, аммо дар айни ҳол худи кор низ созандаи инсон ҳам ҳаст, « ҳам тарбият бар кор муқаддам аст ва ҳам кор бар тарбият... инсон созанда ва офаринанда кори худаш ҳаст ва ҳам кор холиқ ва офаринандаи рӯҳ ва чӣ гунагии инсон».
Яке аз нақшаҳои муҳимме, ки кор дар созандагии инсон дорад ин аст, ки нафси инсонро ба худ машғул дошта аз ин тариқ хаёлоту офоти онро пешгирӣ мекунад. Агар қувваи хаёл озод бошад, фасоди ахлоқии инсон аст. Ҷумлаест аз Ҳазрати Алӣ (к), ки фармудаанд: «Агар ту нафсро ба коре машғул накунӣ, ӯ туро ба худаш машғул медорад».
Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки кор бояд мутобиқи истеъдоди инсон ва мавриди алоқаи ӯ бошад, ки дар ғайри ин сурат «агар инсон онро фақат ба хотири даромад ва музд анҷом диҳад, ин осори тарбиятӣ надорад ва шояд фосидкунандаи рӯҳ ҳам бошад». Албатта инсон бо ҳар коре худро ба имтиҳон мегузорад ва аз ин тариқ заъфҳо ва тавоноиҳои худро меёбад. «Инсон бо кор худро кашф мекунад ва худкашфкардан беҳтарин кашфҳо аст. Агар даст ба коре зад ва дид истеъдодашро надорад кори дигаре ва баъд кори дигареро интихоб кунад то ниҳоятан кори мавриди алоқа ва мувофиқ бо истеъдодашро ба даст овард. Вақте он корро кашф кард ва пазируфт завқ ва ишқи аҷоиб пайдо мекунад ва аҳамият намедиҳад, ки даромадаш чиқадар аст он вақт аст, ки шоҳкорҳоро ба вуҷуд меоварад, шоҳкорҳо сохтаи ишқ ҳастанд на пулу даромад».
Инсон дорои ду маркази муҳим, яъне ақлу дил аст, ки ҳар ду, навъи хосе аз фаолиятҳо ва таҷалиёти рӯҳӣ мебошанд. «Фикр ва андеша, дурандешӣ ва ҳисобгарӣ, мантиқу истидлол ва илму фалсафа, аз таҷаллиёти маркази ақл аст ва хостан ва шефта шудан ва орзӯ кардан ва ба ҳаракат овардан аз маркази дил сарчашма мегирад. Аз даруни дил ҳарорату ҳаракат бар мехезад ва аз даруни ақл ҳидояту равшаноӣ».
Ин ду марказ дар баъзе ҷойҳо бо ҳам ҳамоҳангӣ доранд, яъне «чизеро дил меписандад ва ақл ҳам хубии онро тасдиқ ва эътироф мекунад». Дар ин маворид мушкиле рух намедиҳад. Аммо дар баъзе ҷойҳо ин ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад. Инҷост, ки зарурати тарбияти ақлонӣ худро намоён месозад чаро, ки агар тарбияти ақлонӣ набошад, инсон зери тасаллути майлу хостаҳои табоҳкунанда қарор гирифта ба аз байн рафтани рӯҳу равон ва ҳатто ҷисм мубтало мегардад. «Инсон, барои инки аз чанголи ҳокимияти шаҳватҳои табоҳ кунандаи ҷисту ҷон, ақлу имон ва дунёю охират наҷот пайдо кунад, роҳе ғайр аз раҳи қувват бахшидани нерӯи ақлӣ надорад. Яке аз роҳҳои қувватбахшӣ ин аст, ки таъақул ва тафаккур дар корҳо, барояш одат шуда монад ва аз зуд тасмимгирӣ бипарҳезад. Инсон бояд аз мантиқ пайравӣ кунад на аз эҳсосот. Танҳо гузаштани умр кофӣ нест, ки инсонро марди мантиқу таъқул кунад, балки ин фазилати ахлоқӣ низ монанди ҳамаи фазоили дигари ахлоқӣ ба тамрину муморисату муҷоҳидат эҳтиёҷ дорад; аввалан андӯхтаи илмӣ ва сармояи фикрӣ лозим аст, дуввуман инсон бояд муддате бо заҳмат худро водор кунад, ки дар пешомадҳо ва тасмимҳо зиёд фикр кунад ва то оқибати ҳар касеро комилан насанҷад ба ҳаяҷоноти дарунии худ аҳамият надиҳад. Аз суханони Расули Акрам(с) аст, ки фармуданд: Нигаронии ман бар умматам аз ноҳияи фақр нест, нигаронии ман аз ноҳияи бадии тадбир ва камии мантиқу истидлол аст».
Ин рушд ва табияти ақлонӣ дар инсон сабаби пайдоиши хусусиётест, ки теъдоде аз онҳоро баён мекунем.
1-Арзёбӣ ва наққодӣ:
Пас башорат деҳ ба он бандагони ман, ки ба сухан гӯш фаро диҳанд ва беҳтарини онро пайравӣ кунанд».Зумар\17 Аз муҳимтарин сифоти ақл ҳамин ҷудокардани сухани дурӯғ аз сухани рост аст. Ояти Қуръон мегӯяд; башорат бидеҳ бандагонро онон, ки суханро мешунаванд, вале ҳаминки шуниданд рад ё қабул намекунанд, балки онҳоро наққодӣ мекунанд, бо тарозӯи ақл бар мекунанд ва баъд аз беҳтарин бахшҳои он пайравӣ мекунанд. Дар ҳадис омада, ки «барои ҷаҳолати инсон ҳамин бас, ки ҳарчӣ мешунавад, нақл кунад».
2-Оянданигарӣ:Зиндон нашудан дар замони ҳол ва дидани оянда ва оқибати корҳо аз корҳои муҳиммест, ки дар суханони Пайғамбари Ислом(с) бар он таъкид шуда аст. Ҳазрат ба марде, ки аз ӯ дархости мавъиза кард, баъд аз инки се бор аз ӯ аҳд гирифт, ки ба ин ваъз амал кунад, фармуданд: «... ҳар кореро, ки ба он тасмим мегирӣ, он охирҳояшро нигоҳ кун». «Охирбинӣ» дар адабиёти Исломӣ ҳам омадааст.
Ин ҳаво пур ҳирсу ҳоли бин бувад
ақлро андеша явмуд-дин[46] бувад,
Ҳарки охир бин бувад ӯ мӯъмин аст
ҳарки охурбин будвад ӯ бе дин аст.
3-Раҳои аз ҳукумати талқиноти муҳиту одат ва халосӣ аз пайравии кӯр-кӯрона аз дигарон: Гумроҳони ҳар қавме ба пайғамбарони худ эътироз мекарданд, ки ту чаро омадӣ ва мехоҳӣ моро аз суннатҳои гузаштаи падаронамон мунсариф бикунӣ...
Пайғамбарон, дар баробари ин фикр ва гароиши нодуруст, ақли мардумро бедор мекарданд ва мегуфтанд: «Оё ҳатман онҳо бояд пайрави падарони худ бошанд, ҳарчанд онҳо бе ақл ва нодон буда ва ҳаргиз ба ҳақу ростӣ роҳ наёфта бошанд». Бақара\170 яъне агар падарони шумо нодон буданд ва ақлашон ба ҷое намерасид ва чизе намефаҳмиданд оё боз бояд аз онҳо пайравӣ кунед?»
Барои инсонҳое, ки рушди ақлонӣ ёфтаанд, суннатҳо ва суханони бузургон то онҷо шоистаи пайравист, ки мутобиқ бо ақл, хирад ва мантиқ бошад. Ҳатто роҳеро, ки аксарияти инсонҳо интихоб мекунанд, барои онҳо эътибор надорад магар онки мантиқӣ ва дар ҷиҳати ҳақиқат бошад. Афроди оддӣ бо худашон мегуянд «хуб аст бо ҳам аз ҳамон роҳе биравем, ки ҳама мераванд, ниҳояташ ҳарчӣ бар сари онҳо омад бар сари мо ҳам меояд. Аммо Қуръон мегӯяд на, роҳшинос бошед, ба мардум чӣ кор доред, аксариятро пайравӣ накунед».
4-Бетафовутӣ нисбат ба қазоватҳои[47] мардум: «Қазоватҳои мардум дар бораи инсон набояд барои ӯ меъёр бошад... Дар ривоятҳои исломӣ таъкид шудааст, ки тамоман ба қазовати мардум аҳамият надиҳед ва даъват шудааст ба истиқлоли фикр ва ақл... Имом Содиқ(р) мефармоянд: «Ту агар чормағзе дошта бошӣ ва ҳар касе ба ту мерасад бигӯяд чӣ лӯълӯи[48] олие дорӣ, вақте худат медонӣ, ки чормағз аст, набояд дар ту асар дошта бошад. Ҳоло агар ту лӯълӯе дар даст дошта бошӣ, ҳар кас ба ту бирасад ва бигӯяд дар дасти ту чормағз аст набояд ба он гуфта аҳамият бидиҳӣ».
Ахлоқро маъмулан чунин таъриф мекунанд, ки «иборат аст аз илми зистан», ахлоқ дар воқеъ мехоҳад ба мо бигӯяд, ку чӣ гуна бояд зист ва «зиндагии нек барои инсон кадом аст? Ва одамиён чӣ гуна бояд амал кунанд?»
Дар даруни корҳои ахлоқӣ ин маъно хобидааст, ки бояд он кор боарзиш ва муқаддас ва мутаолӣ бошад.
«Арзиш доштан ва бартар аз феъли оддӣ будан ҷузъи мафҳуми феъли ахлоқист ва дар ҳақиқат, ончӣ марбут ба ахлоқ аст танҳо ин нест, ки чӣ гуна бояд зист, балки ин аст, ки барои боарзиш ва муқаддас ва мутаолӣ зистан чӣ бояд кард?»
Ахлоқ ин дастури чӣ гуна зистанро дар ду ноҳия ба мо медиҳад: Яке дар ноҳияи чӣ гуна рафтор кардан, ки бо аъмоли инсон робита дорад ва дигар дар наҳияи чӣ гуна будан, ки бо хулқу хӯйҳо ва хислатҳои инсон иртибот дорад».
1-Таваккал:«Таваккал дар муқобили ҷаҳду кушиш нест, ки бигӯем ё бояд ҷаҳду талош кард ё таваккал. Таваккал яъне ин ки инсон ҳамеша ба ончӣ хостаи ҳақ аст амал кунад ва дар ин роҳ ба Худо такя кунад, ки Худованд пуштибони ҳақ аст». Бинобар ин дар амалҳои ботил ва роҳҳои ҳаром, таваккал кардан бемаъно ва номумкин аст.
Метавон таваккалро монанд кард ба, ин ки фурӯшандае хуб будани моли худро тазмин кунад ва мо ба ин тазмин итминон ва яқин пайдо кунем ва колоро бихарем. Ҳоло, агар ба тазмине, ки анбиё нисбат ба роҳи ҳақ додаанд итминон кунем, дар воқеъ таваккал кардаем. Пайғамбарон роҳи ҳақро нишон дода «ва аз тарафи Худо онро тазмин кардаанд, ки ҳар кас ин роҳро биравад ба натиҷа мерасад, Худованд ин оламро тавре сохтааст,ки ҳамеша аз касоне, ки ҳақ ва ҳақиқатро мепазиранд, ҳимоят мекунад. Онҳо мегӯянд дар роҳи Худо ҷиҳод кунед, ки агар ба роҳи Худо биравед аз навъе ҳимояти илоҳӣ бархӯрдор хоҳед шуд».
Пас маънои таваккал нишастан ва коре накарда ба Худо такя кардан нест. Кор накардан ва даст рӯи даст монда нишастан тазмин ва таъйиде намехоҳад. Дар оятҳои Қуръон чунин омадааст, ки таваккал ҳамроҳ бо талошу кӯшиш аст, на даст кашидан аз ҷиҳод ва талош. « Чаро мо бар Худо таваккул ва эътимод накунем ва ҳол онки Худо роҳро ба мо нишон дода ва албата мо он роҳро хоҳем рафт ва ҳарчӣ шумо моро шиканҷа диҳед мо сабр ва истиқомат хоҳем кард, эътимод кунандагон бояд танҳо бар Худо эътимод ва таваккул кунанд». (Иброҳим\12) ин оят нишондиҳандаи забони ҳоли ҳамаи пайғамбароне аст, ки баъд аз Нӯҳ(а) омадаанд. Дар ин оят таваккал чунин маъно шуда, ки аз нерӯи ботил наҳаросед ва ба Худо эътимод кунед ва роҳи ҳақро бипаймоед.
2-Авфу гузашт. 3-Некӣ дар муқобили бадӣ: Агар инсон нисбат ба ҳаққи шахсии худ гузашт кард, як амали ахлоқӣ анҷом додааст. «Пайғамбари Акрам(с) дар ҳадиси шарифе мефармоянд: Эй Алӣ, се хислат аз ахлоқи каримааст: Бипайвандӣ бо касе, ки аз ту қатъи робита кардааст, Бибахшӣ ба касе, ки чизеро аз ту дареғ доштааст,
Гузашт кунӣ аз касе, ки ба ту ситам намуда». Дар ин ривоят на танҳо даъват ба авфу гузашт шуда, балки даъват шуда то бадиро бо некӣ ҷавоб бигӯем. «Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ки марди орифи ворастае будааст, мегӯяд: Агар касе бадӣ кунад ва инсон ҳам дар баробари ӯ бадӣ кунад, ин монанди рафтори як саг аст. Некиро ба некӣ ҷавоб додан низ монанди рафтори як улоғ[51] аст, аммо бадиро ба некӣ ҷавоб додан кори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорист».
«Яке аз равшантарин намунаҳо барои муарифии мактаби ахлоқии Ислом дуои Макоримулахлоқи Имом Саҷҷод(р) аст. Дар инҷо барои намуна ба фарозҳое аз ин дуъо, ки ба мо ёд медиҳад, ки инсони мусулмон чӣ гуна бояд бошад ишора мекунем: «Худоё бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифрист ва маро тавфиқ деҳ то ба касе, ки фиребам дод бо насиҳат ҷавоб гӯям ва бо касе, ки аз ман дурӣ гузид бо некӣ ва эҳсон муъомила кунам ва ба ҳаркас, ки маҳрумам кард, бахшиш намоям ва ба он касе, ки маро раҳо кард, бипайвандам ва касеро, ки ғайбат ва бадгӯиям намуд ба некӣ ёд кунам ва хубиҳоро шукр гӯям ва аз бадиҳо чашм бипушам».
4-Навъи дустӣ. 5-Нафйи худхоҳӣ. 6-Нигоҳ доштани иззату каромати нафс: «Аксари мактабҳои ахлоқии дунё меъёри ахлоқро мубориза бо худхоҳӣ ва худпарастӣ медонанд». Инсон бояд девори худхоҳиро, ки миёни ӯ ва дигарон фосила шудааст бардорад.
Дар инҷо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки «он худе, ки бояд шикаста шавад, ҳамон аст, ки ба ӯ нафспарварӣ ва нафъпарастӣ (шаҳват парастӣ) мегӯем. Вале дар айни ҳол як навъ худи дигар аст, ки бояд онро парвариш дод ва тарбият кард ва набояд гузошт нобуд шавад, зеро бо нобуд шудани ӯ решаи ахлоқи исломӣ ба куллӣ қатъ мешавад.» Мубориза бо нафс, худхоҳӣ ва худпарастӣ ба маънои нодида гирифтани каромат ва шарофат нест. «Ислом бо нафспарастӣ ба маънои шикампарастӣ, занпарастӣ, пулпарастӣ, ҷоҳпарастӣ ва ғайра мухолиф аст, вале тавсия мекунад, ки иззатхоҳӣ ва каромати нафсро бояд тақвият кард», яъне инсон бояд ба гавҳари рӯҳу нафси худ таваҷҷӯҳ кунад ва каромати онро дарёбад ва дар ин сурат аст, ки онро аз пастиҳо дур нигоҳ медорад. Ҳазрати Алӣ(к) дар Наҳҷ-ул-балоға мефармояд: «Ҳар кас, ки нафсаш барояш иззату шараф дошта бошад, шаҳватҳо дар назараш хор ва бемиқдор мешавад».
Ба ҳамин хотир нафйи худхоҳӣ ва рафтан ба самти инсонхоҳӣ набояд ба инҷо кашида шавад, ки иззати нафс ва каромату шарофати рӯҳи одамӣ низ нодида гирифта шавад.
Иззату шарофату каромат, дар ахлоқи исломӣ он қадар аҳамият ва арзиш дорад, ки метавонем бигӯем асосан «реша ва зербинои ахлоқи исломӣ иборат аст аз навъе бозгашти инсон ба худ ва таваҷҷӯҳи инсон ба шарофат ва каромати зотии худ. Таъбири дигар бар ин замина калимаи «ҳуррият» аст. Алӣ(к) мефармоянд: «Бандаи дигарӣ мабош зеро, ки Худо туро озод офаридааст. Ҳамаи инҳо навъе бозгашт ва таваҷҷӯҳ ба худ аст».
7-Ихлос: Ихлос бо ният ва ангезаи амал иртибот дошта бар худи амал бартарӣ дорад. «Ин, мафҳуми он ҳадисест, ки Пайғамбари Акрам(а) фармуданд: «Нияти мӯъмин аз амалаш беҳтар аст». Амали холисона амалест, ки фақат барои наздикӣ ва ҷалби ризояти Худо бошад.
8-Тақво: Тақво ба маънои дурӣ кардан аз муҳит ва иҷтимоъи олуда ва гушагирӣ нест, балки нерӯи рӯҳонӣ аст, ки агар «дар рӯҳи фарде пайдо шавад дар ҳар шароите ҳам, ки бошад худро пок ва муназзаҳ нигоҳ медорад.
Наҳҷ-ул-балоға тақворо ба унвони як нерӯи маънавию рӯҳӣ зикр мекунад, ки бо кӯшиш ва тамрин падид меояд ва ҳатман дорои осор, натоиҷе ҳам ҳаст, масалан парҳез аз гуноҳро осон менамояд ва сабаби моликияти нафс мегардад. Лозимаи бе тақвоӣ ва тобеи ҳавои нафс будан заъфу забунӣ ва бешахсиятӣ дар баробари васвасаҳои шаҳвонӣ ва ҳавоҳои нафсонист».
9-Зӯҳду порсоӣ: Зӯҳд ба маънои надоштан ва бархурдор набудан нест ва ҳамин ки касе аз неъматҳои моддӣ ва дунявӣ бархурдор набуд, наметавонад ӯро зоҳид донист чунончи зоҳид будан ҳам ҳеҷ мунофоте бо бархӯрдорӣ аз ин неъматҳо надорад. «Зӯҳд ва рағбат нуқтаи муқобили якдигаранд: Зӯҳд яъне рӯйгардонию
бемайлӣ дар муқобили рағбат, ки иборат аст аз рӯй овардан кашиш ва майл».
Бемайлӣ ду навъ аст: Табиӣ ва рӯҳӣ. Агар бемор нисбат ба баъзе таомҳо бе майл аст ин марбут ба табъи ӯст. Инсон ҳам табъан нисбат ба баъзе чизҳо бемайл аст. «Аммо бемайлии рӯҳӣ ё ақлӣ ё қалбӣ он аст, ки чизҳое, ки мавриди тамоюл ва рағбати табъ аст аз назари орзуи инсон, ки дар ҷустуҷӯи саодат ва камоли матлуб аст, ҳадаф ва мақсуд набошад».
«Зоҳид яъне касе, ки таваҷҷӯҳаш аз моддиёти дунё ба унвони камоли матлуб (болотарин хоста) убур карда ва таваҷҷӯҳи ӯ ба фазоили ахлоқӣ ё маърифати маънавӣ ва илоҳӣ рӯй овардааст. Бе рағбатии зоҳид, бе рағбатӣ дар ноҳияи андеша ва омолу орзӯст, на берағбатӣ дар ноҳияи табиат. Равшану возеҳ аст, ки вақте чизе камоли матлуб ё хостаи аслӣ набошад, балки василае барои расидан ба камоли матлуб бошад, мурғи орзӯ дар атрофаш пару бол намезанад ва омадану рафтанаш шодмонӣ ё андӯҳе эҷод намекунад.»
Албатта зӯҳди исломӣ танҳо ин бе майлии руҳӣ нест, балки гузаштан аз дороиҳою бархурдориҳои моддӣ низ зӯҳди исломӣ ба ҳисоб меояд.
«Яке аз фалсафаҳои зӯҳд исор (гузашт) аст. Зоҳид аз он ҷиҳат содда ва дар камоли қаноъат зиндагӣ мекунад ва бар худ танг намегирад то дигаронро ба осоиш бирасонад». Далели дигари зӯҳд ҳамдардӣ дар ғами маҳрумон аст. «Фалсафаи дигари зӯҳд, озодӣ ва озодагист. Озодагони ҷаҳон, ки сабукборӣ ва сабукболӣ асилтарин орзӯи онҳост аз он ҷиҳат зӯҳду қаноатро пеша месозанд, ки ниёзҳоро кам кунанд ва ба нисбати коҳишдодани ниёзҳо хештанро аз қайди асорат ва зиндони чизҳову ашхос раҳо созанд».
10-Озодии маънавӣ: «Ҳар Пайғамбари барҳаққе барои озод кардани мардум омада ва хосияти ҳар Имоми барҳаққе низ ҳамин будааст.
З-ин сабаб Пайғамбари бо иҷтиҳод,
Номи худу в-он Алӣ мавло ниҳод.
Гуфт, ҳар касро манам мавлову дӯст,
Ибни амми ман Алӣ мавлои ӯст.
Кист мавло, онки озодат кунад,
Банди раққият зи поят барканад.
Пайғамбарон омадаанд, то илова бар озодии иҷтимоӣ, ки дар ҷои худ бисёр муҳим ва арзишманд аст ба башар озодии маънавӣ бидиҳанд ва асосан «озодии иҷтимоӣ бе озодии маънавӣ мумкин нест ва ин аст дарди имрӯзи ҷомеаи башарӣ, ки башари имрӯз мехоҳад озодии иҷтимоъиро ба даст биёварад, вале ба дунболи озодии маънавӣ намеравад ва албатта наметавонад биравад, чун озодии маънавиро ба ғайр аз тариқи пайғамбарон, анбиёи дин, имон ба китобҳои осмонӣ наметавон ба даст овард».
Озодии маънавӣ дар воқеъ ба маънои озод шудани инсон аст аз вобастагиҳои нафсонии худ. Ба баёни дигар «озодии маънавӣ, озодии инсон аст аз худаш, вале озодии иҷтимоӣ озодии инсон аст аз қайду асорати афроди дигар». Дар озодии маънавӣ инсон аз қайду бандҳои худ озод мегардад. Агар касе нагузошт, ки шарофат, инсоният, ақл ва виҷдонаш асир ва бардаи шаҳват, хашм ва манфиъатталабӣ шавад дорои озодӣ маънавӣ аст.
«Дар шарҳи «Наҳҷул-балоға»-и ибни Абилҳадид, як баёни аҷибе ривоят шуда, ки Расули Акарам(с) рӯзе рафтанд дар миёни асҳоби суффа –яъне гуруҳе аз фақирон, ки дар канори масҷиди Мадина зиндагӣ мекарданд яке аз онҳо гуфт ё Расулаллоҳ ман дар нафси худам ин ҳолатро эҳсос мекунам, ки аслан тамоми дунё ва ҳар чӣ дар он аст дар назари ман беқимат аст. Дар назари ман тиллою санг яке аст, яъне ҳеҷкадом аз инҳо наметавонад маро ба сӯи худаш бикашад. Расули Акрам(с) нигоҳе карду фармуд: Акнун ман метавонам бигӯям, ки ту марди озоде ҳастӣ».
Агар касе бихоҳад озод бошад, наметавонад шикампараст, шаҳватпараст ва пулпараст бошад. Вақте рӯҳи инсон аз асорати ин умур озод шуд, онгоҳ аст, ки инсон ба озодии маънавӣ ноил шудааст.
Дар ҷомеаҳои Исломӣ се гуна ахлоқ вуҷуд дорад, ки ҷудо намудани онҳо аз якдигар зарурист, чаро, ки бе ин ҷудосозӣ наметавон дар бораи дидгоҳҳои холис исломӣ дуруст ва санҷида сухан гӯфт.
Ин се навъ ахлоқ иборатанд аз:
«1- Ахлоқи файласуфона: Ё ахлоқи Суқротӣ, ки ба далели хушк ва илмӣ будан аз доираи файласуфон нагузашта ва дар миёни умуми мардум нарафтааст, вале ду гунаи дигари ахлоқ, дар миёни мардум муассир будааст».
«2- Ахлоқи орифона: Яъне ахлоқе, ки урафо ва сӯфиҳо шукуфокунандаи он будаанд, ки албатта худи ин ахлоқ ба миқдори зиёде баргирфта аз Китобу Суннат будааст».
«3- Ахлоқи муҳаддисӣ (ҳадисӣ): яъне ахлоқе, ки муҳаддисин бо нақл ва нашри аҳодис дар миёни мардум ба вуҷуд овардаанд.»
Ахлоқи орифона ва ахлоқи ҳадисӣ гарчӣ боҳам мутафовитанд, вале дар бисёре аз ҷойҳо бо якдигар иштирок доранд. «Ахлоқи орифона асли ҳадафаш мубориза ва муҷоҳида бо нафс аст, ки ин албатта дар асоси худ таълими дурустест ва бо ахлоқе, ки дар Китобу Суннат ҳам зикр шуда созгор аст, вале дар он навъе зиёдаравӣ шудааст, ки сабаби таълимоте гардидааст, ки бо Китобу Суннат созгор нест ва ахлоқи Исломиро як миқдоре аз зиндагӣ ба мурдагӣ кашондаст. Инҳо ба номи мубориза бо нафс ва худхоҳӣ, бо он чизе, ки дар Китобу Суннат ба маънои каромат ва шарофати нафс омада низ мубориза мекунанд».
Албатта ахлоқи орифона ва сӯфиёна хизматҳои фаровоне ба ахлоқи Исломӣ кардааст «Барои инки ба забони шеър, наср ва тамсил тарвиҷ кунандаи ахлоқи исломӣ будааст», вале дар айни ҳол ин иштибоҳи бузургро ҳам доштааст, ки иззат ва шарофати нафси инсониро нодида гирифтааст.
«Он ҳавопарастӣ ва нафспарастие, ки Ислом бо он мубориза мекунад ғайр аз он чизест, ки мехоҳад онро зинда кунад», яъне илова бар мубориза бо нафс, бозгашт ба худ ва дарёфти гавҳару шарофати нафс ва нигаҳдории онро низ баён кардаст.
Таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба инсон ва талош дар шиносоии гӯшаҳои гуногуни ӯ, сабаб мешавад, ки масоили иҷтимоию таърихиро нодида нагирем, чаро ки инсон ба иҷтимоъ ва таърих вобастагие дорад ва ин вобастагӣ бо ҳамаи ихтилофоте, ки дар чистии он вуҷуд дорад, бисёр муҳим ва ҷои диққату мутолиаи дақиқ ва ҳама тарафааст.
Чӣ нисбатест байни инсон, ҷомеа ва таърих? Оё ҷомеа асолат дорад ё фард? Ин ҷомеа ва таърих аст, ки сарнавишти инсонро дар даст дорад ё инсон аст, ки сарнавишти ҷомеа ва таърихро рақам мезанад? Оё инсон сохтаи иҷтимоъ ва таърих аст, ё созандаи он ду? Қонунҳое, ки дар ҷомеаю таърих ёфт мешавад оё ҳамон қонунҳои ҷорӣ бар фард аст ё ғайр аз он, ё ин ки аслан қонуне дар ҷомеа ва таърих ҷорӣ нест? Сабабҳои таҳаввул ва ҳаракати таърих кадом аст ва оё таърих рӯ ба такомул аст? Табақа чист ва чӯ гуна дар ҷомеа ба вуҷуд меояд? Иллатҳои ақабмондагӣ ё пешрафти як ҷомеа чист? Оё метавон ояндаи ҷомеаю таърихро шинохт ва оё асосан таърих гуногунии хоссеро дунбол мекунад? Оё ҳамаи инсонҳо ва ҷомеаҳо бо фарҳангҳои бисёр гуногуне, ки доранд як таърихи воҳид доранд ба баёни дигар, оё як сарнавишти воҳиди таърихӣ барои ҳамаи ҷомеаҳо вуҷуд дорад, ё инки на ҳар ҷомеа ва фарҳанге роҳ ва таърихи хосси худро дорад?
Ҳамаи ин саволҳо ва бисёре аз саволҳои хурду бузурги дигаре, ки дар ин замина ҳаст ва дар оянда пайдо хоҳад шуд, бо аҳамияттар аз он аст, ки битавон онро нодида гирифт. Ин саволҳо ҳастанд, ки моро водор мекунанд, то дар бораи инсон бештар мутолиа карда ӯро беҳтар шиносем.
Ҷомеашиносон ва таърихпажӯҳон чунин масоилеро дар баҳси таҳқиқ ва баррасиҳои илмӣ дунбол мекунанд ва ҳаргиз аз дидгоҳи динӣ ва ваҳёнӣ ба он нименигаранд ва ҳатто дар мавориде илова бар бетаваҷҷӯҳӣ ба манобеи динӣ, муътақиданд, ки асосан дини илоҳӣ холӣ аз ин мабоҳис аст ва дидгоҳи хоссеро пешкаш наменамоянд.
Дар чунин фазое аст, ки устод Мутаҳҳарӣ муддаӣ мешавад, ки бо вуҷуди ҳамаи ин эътиқодот, дини Ислом дар мабоҳиси мутааддиди иҷтимоӣ ва таърихӣ ҷавобгӯ буда ва дидгоҳҳои мантиқӣ ва ҳакимонаеро пешкаш намудааст ва асосан дине, ки иддаои ҷаҳонӣ дорад ва танҳо дар бахши масоили фардӣ маҳдуд нест, наметавонад дар бахши ҷомеаю таърих хомӯш монад ва сухане нагӯяд. Андешмандон албатта бо мутуни муқаддаси масеҳияту яҳудият ё адёне, ки комилан ба шакли фардӣ ва холӣ аз масоили муҳими иҷтимоӣ ва таърихист нисбат ба Қуръон, ки китобест амиқтар аз масоили фардӣ бештар ошноӣ доштаанд.
Бинобар ин метавон нақши устод Мутаҳҳариро дар зинда кардани чунин масоил аз домони Қуръон ба таври барҷаста мушоҳида кард ва бе шак роҳеро, ки ӯ оғоз кард ҳаргиз набояд ба поён расида донист.
Ҷомеа
1-Чистии ҷомеа [52]
Ҷомеа ташкил ёфтааст, аз афрод ва агар афрод набошанд, ҷомеа вуҷуд надорад. Дар чӣ гунагии ташкилёбӣ дидгоҳҳои гуногуне баён шуда аст.
Ҳақиқат он аст, ки «ҷомеа мураккаби[53] ҳақиқист, аз навъи мураккаботи табии»[54] вале аз тарафе мо медонем, ки «лозимаи таркиби ҳақиқӣ ин аст, ки аҷзои ташкилдиҳанда пас аз таркибу идғом дар якдигар, моҳият, ва осори худро аз даст бидиҳанд ва дар вуҷуди мураккаб ҳал шаванд» масалан оксиген ва гидроген, вақте таркиб шаванд хосияти оташзудоии худро аз даст дода обро падид меоваранд. Пас оё афроди инсон низ моҳияти худро аз даст дода, дар иҷтимоъ ҳал ва нобуд мешаванд? Не ҷомеа гарчӣ мураккаби ҳақиқист ва бинобар ин «афроди инсон, ки ҳар кадом бо сармояҳои фитрию иктисобӣ вориди зиндагии иҷтимоӣ мешаванд, рӯҳан дар якдигар идғом мешаванд ва ҳуввияти рӯҳии ҷадиде, ки аз он ба «рӯҳи ҷамъӣ» таъбир мешавад меёбанд», вале дар айни ҳол бояд диққат намуд, ки «ин таркиб аз он ҷиҳат, ки аҷзоъ дар якдигар воқеан таъсир мегузоранд ва аз якдигар таъсир мепазиранд ва сабаби тағйири зотии якдигар мешаванд ва аҷзоъ ҳувияти наве меёбанд таркиби табии ва ҳақиқист, аммо аз он ҷиҳат, ки кулл ва мураккаб ба унвони як амри воқеӣ вуҷуд надорад бо дигар мураккаботи табиӣ фарқ дорад».
Бар асоси ин дидгоҳ дар воқеъ ҳам фард асолат дорад ва ҳам ҷомеа. Барои ин назария лоақал чаҳор хусусиятро метавон шумурд: Аввалан, ҳуввияти иҷтимоии афрод дар канори ҳувияти фардии онҳо аст. Тибқи ин назария, инсонҳо дорои ду (ман) ва ё ду (худ) мебошанд: Мани фардӣ ва мани ҷамъӣ ва ё мани фитрӣ ва мани иҷтимоӣ. Сониян, дар ин сурат мо асарҳое хоҳем дошт таҳти унвони асарҳои ҷамъӣ аз қабили рӯҳи ҷамъӣ, шуъури ҷамъӣ, иродаи ҷамъӣ, виҷдони ҷамъӣ, андешаи ҷамъӣ, аҷалу умри ҷамъӣ. Солисан, қонунҳои дугонаи ҳоким бар инсон, қонунҳои равоншинохтӣ ва қонунҳои ҷомеашинохтӣ хоҳад буд. Робиан, инсон на комилан маҷбур хоҳад буд ва на комилан мухтор чаро, ки «ҷомеа агар чӣ дорои ҷабру илзому таҳмилу фишор аст, вале мутобиқи ин назария чун инсонҳо ба номи истиқлоли шахсӣ ва ҳуввияти фардиро дар канори ҳуввияти иҷтимоияшон доранд, маҷбур ба аз даст додани ихтиёр нестанд ва қодиранд дар муқобили фишори ҷамъ муқовамат намуда фишори гурӯҳеро нодида бигиранд ва дар баробари таҳмили иҷтимоъ биистанд, ба ҳамин хотир асолати «мани фардӣ» дар муқобили «мани ҷамъӣ» ба афрод навъе ҳувият, озодӣ ва қудрати саркашӣ ва шӯриш дар баробари зӯргӯиҳои иҷтимоъ мебахшад».
Дастабандиҳо ва табақабандиҳое, ки дар байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд дорад аз куҷо пайдо шудааст ва таъсироти он чист? Оё гурӯҳҳое, ки таҳти унвони дастаҳо ё табақоте дар ҷомеаи инсонӣ дида мешавад, ҳатман моҳияти иқтисодӣ доранд ё моҳияти фарҳангӣ? Ба баёни дигар, оё омилҳои моддию иқтисодӣ созандаи табақоти иҷтимоист ё омилҳо ва умури маънавӣ ва фарҳангӣ?
Аҳамияти ин масъала аз онҷост, ки баҳсҳои муҳими дигаре монанди масъалаи нисбияти фарҳангӣ ва ояндаи ҷомеаҳо вобаста бар он аст; чун агар қабул кардем, ки табақоти мутафовити ҷомеа, ҳуввиятҳои мутафовите доранд бояд қабул кунем, ки фарҳанг ва идеология ва дин, табақотист ва ҳар табақае умури махсус ба худро дорад ва бар ҷомеа нисбияти фарҳангӣ ҳоким аст ва инсонҳо ба далели ҷойгоҳи табақотиашон чунон бо ҳам мутафовитанд, ки ҳеҷ гоҳ ба самти ягонагӣ ва ваҳдату якпорчагӣ пеш нахоҳанд рафт ва фарҳанги воҳиде дар ояндаи ҷомеаҳо таҳаққуқ нахоҳад ёфт.
Дар назари марксисм «табақа муқаввими зоти инсон аст ва табақаи ҳар кас муқаввими ҳақиқати ӯст». Ин аст, ки таъкид ва такяи сахте рӯи пойгоҳи табақотӣ доранд.
Бинибар ин дидгоҳ, ба андозаи табақоте, ки дар ҷомеа мавҷуд аст ба ҳамон андоза инсонҳои гуногуне вуҷуд доранд, ки дар зоташон аз ҳам ҷудо ва зид ҳастанд ва чӣ навъ инсон будани онҳо вобаста ба табақае дорад, ки маҷбур шуда дар он қарор гирифтаанд. Бо ин баён, нақш ва ҷойгоҳи инсон дар сохтани худ ва ҷомеаи худ ва низ асаргузорӣ ва муҳит созии ӯ рад мешавад ва инсон ба сурати бозичае дар дасти табақаи худ медарояд, ки ҳеҷ гуна иродаю ихтиёреро наметавонад аз худ нишон даҳад. Бар асоси ин назария, инсон тамоми хостаҳо, орзӯҳо, гароишҳо, эҳсосот, отифаҳо, тарзи тафаккур, андеша ва иродаи худро аз табақаи худ ба даст меоварад, ба наҳве, ки ҳар чӣ табақааш дар ў бидамад ҳамонро баён мекунад ва дар ин сурат шахсияти инсонӣ, иродаи инсонӣ, масъулияти инсонӣ ва монанди ин арзишҳои баланд, ҳама пуч ва бе маъно хоҳад шуд.
Яъне аз назари мо таъсири вазъи табақа бар шахс ҳар чанд бисёр қавӣ бошад, масалан -99%- бошад, боз ҳам робита робитаи имконист, на зарурӣ ва монанди таъсири ҳамнишин аст на иллати томма. Умури дигар низ вуҷуд дорад, ки бар шахсияти инсон таъсиргузор аст ва фақат баҳси табақа ва ҷойгоҳи табақотӣ дар миён нест.
Баъзе хостаанд дар дидгоҳи Қуръонӣ луғатҳои иҷтимоии Қуръонро, ки ишора ба гурӯҳҳо ва табақоти гуногуни инсон дорад, масалан мӯъмин ва кофир, муҷоҳид ва мунофиқ, муфсид ва..., ба ду луғати мустазъаф ва мустакбир бар гардонанд ва афроди инсониро ба ду табақаи мустазъаф ва мустакбир, ки моҳияти иқтисодӣ доранд тақсим карда хусусиёту вижагиҳои дигарро ба ин ду ҷойгоҳи табақотӣ вобаста созанд. Кофир, мунофиқ, муфсид ва... аз табақаи мустазъаф. Пас на танҳо отифаҳо ва тарзи тафаккури инсон маҳсули табақаи ўст, балки ахлоқ, имон, куфр, салоҳ ва фасоди ў низ баромада аз ҷойгоҳи табақотии ўст. «Яъне истикбор ва баҳракашист, ки ба тарафи куфр, ширк, нифоқ ва мисли инҳо мекашонад. Ба баёни дигар, решаи чизҳое, ки Қуръон онҳоро каҷравии эътиқодӣ ё ахлоқӣ ё амалӣ мехонад, вазъи хосе аз равобити иқтисодӣ, яъне истисморгарист ва реша ва хостгоҳи чизҳое, ки Қуръон онҳоро аз назари эътиқодӣ ё ахлоқӣ ё амалӣ таъйид ва таъкид мекунад, истисморшуданӣ мебошад. Виҷдони инсон ба таври табии ва маҷбурӣ пайрави вазъи зиндагии моддии ӯст, бидуни тағйир дар вазъи зиндагии моддӣ имкон надорад вазъи рӯҳӣ ва нафсонӣ ва ахлоқии мардум тағйир кунад, ба ин хотир Қуъон барои муборизаи иҷтимоӣ нисбат ба муборизаи эътиқодию ахлоқӣ бартарӣ ва асолат қоил аст».
Пас ҳама чизи инсон пайрав ва натиҷаи табақаи ўст ва ин дар ҳақиқат бардошти моддӣ аз инсону ҷомеа аст.
Бе шак Қуръон такяи хоссе рӯи пойгоҳи иҷтимоии афрод дорад, вале оё ин ба он маъност, ки Қуръон ҳамаи тақсимҳоро бо ин милок тавҷеҳ мекунад? Аз назари мо ин навъ бардошт аз ҷомеа бо бардошти Ислом аз инсон ва ҷаҳон созгор нест ва аз як мутолиаи сатҳӣ ва рӯякӣ дар масоили Қуръонӣ сарчашма гирифта аст». Аз дидгоҳи Қуръон табақабандии ҷомеаҳо бо омили танҳо иқтисодӣ, равиши нодуруст аст.[56]
Дар муқобили ин дидгоҳ, ки ҳама чизро бо вазъияти иқтисодӣ ва табақаи моддии инсон мегирад «назарияи дигар ин аст, ки як қутбӣ ё чанд қутбӣ будани ҷомеа вобаста ба асли моликият (ва умури иқтисодӣ) нест, балки омилҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, нажодӣ ва идеологӣ низ метавонад маншаи чандқутбӣ шудани ҷомеа гардад. Махсусан ду омили фарҳангӣ ва идеологӣ метавонад нақши асосӣ дошта бошад ва ҷомеаро на ба ду қутб балки ба чанд қутб, таҷзия ва ҷудо намояд.
Мутаасcифона рӯҳи Ислом ва тафаккури исломӣ дар мусулмонон мурдааст, чаро ки осори ҳаётӣ ва нишонаҳои зинда будани рӯҳи Ислом дар ҷомеаҳои исломӣ дида намешавад. Ҳангоме метавон гуфт, ки Ислом зинда ва шодоб аст, ки дорои мева ва самара бошад. «Яке аз нишонаҳои ҳаётии як ҷомеа ин аст, ки миёни афродаш ҳамбастагӣ бошад. Хосияти мурдагӣ иборат аст аз муталошӣ ва ҷудо шудани аъзо аз якдигар. Хосияти зиндагии як иҷтимоъ ба ҳамбастагӣ ва пайвастагии бештари аъзои он иҷтимоъ аст».
Тафриқаю ҷудоӣ беҳтарин далел бар мурдагии рӯҳу ҳаёти исломӣ дар ҷомеаҳои исломист. Ин худ баёнгар он аст, ки тафаккури исломӣ осеб дида ва ба баданаи дарахти Ислом зарба ворид шудааст.
«Решаҳои осебдидагии тафакури исломии муосир дар холӣ шудани мафоҳими исломӣ аз маонии зинда ва аслии худ аст. Дар маонии вожаҳои исломӣ, таҳрифу тағйир роҳ ёфта аст. Истилоҳот аз маонии ҳақиқӣ тағйир ёфта ва холӣ шудаанд ва бинобар ин мурда ва пучу бе ҳароратанд ва ҳеч ҳаракате падид намеоваранд. Пас аввалин ва заруритарин гом барои эҳёи рӯҳи исломӣ бозсозии ин мафоҳим ва баргардондани онҳо ба маонии аслияшон мебошад. Агар аз мафоҳим ва вожаҳои калидии Ислом аз қабили амал, зӯҳд, тақия, шаҳодат, ибодат ва ҷиҳод... ғуборзудоӣ шавад ва маонии ғалат ва каҷи онҳо дур рехта шавад, чеҳраи ҳақиқӣ ва гарму ҳаракатофаринашон ошкор хоҳад шуд.
Ба унвони мисол, «аз ҷумла осебҳои асрҳои аввалияи исломӣ хор шумурдани таъсири амал дар саодати инсон, яъне баргашт аз тафаккури воқеъбинона ба хиёлбофона аст. Инсон агар ба Қуръону Суннати қатъии пайғамбар(с) ва ҳамчунин сухани қатъие, ки аз ноҳияи Аиммаи Атҳор(а) расидааст муроҷиа кунад, комилан ба ин асл пай мебарад, ки Ислом дини амал аст. Такягоҳи таълиму тарбияти исломӣ амал аст. Ислом ба башар мефаҳмонад, ки ҳарчӣ ҳаст амал аст. Сарнавишти инсонро амали ӯ ташкил медиҳад.» Аммо аз замони Бани Умая ин фикр падид омад, ки агар имон дуруст бошад амал аҳамияте надорад ва ҳамин тарзи тафаккур осебҳои сангинеро бар ҷомеаи исломӣ ворид намуд. Ин дар ҳолест, ки дар сираву суннати аиммаи мо, амал ҳатто аз аркони имон шумурда шуда аст. Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: « Имон бо се чиз муҳаққақ мешавад: Иқрор ба забон, эътиқоди қалбӣ ва амал ба аъзою ҷавореҳ».
Аслан аиммаи мо амалро ҷузви имон шумурдаанд, яъне касе, ки амал надорад имон надорад... «Асосан фалсафа ва ҳикмати шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ(р) ин буд, ки мехост Исломро дар марҳалаи амал зинда кунад. «Ту кушта шудӣ, ки Исломро дар амал зинда кунӣ...» бо ин вуҷуд мо дар даврони ахир низ гирифтори ин каҷ андешиҳо ва бадфаҳмиҳо ҳастем. Имрӯз ҳам «амал ба номҳои гуногун таҳқир ва беарзиш шуморида мешавад. Миллати мо ба чизе, ки аҳамият намедиҳад амал аст. Яъне Исломи феълии мо, исломи офиятталабист, ки дар як силсила аъмол, маносик, шиорҳо ва русум ва одоби динию иҷтимоии хушку ҷомид ва такрорӣ хулоса шудааст».
Вазъияти асафбори ҷомеаҳои исломӣ, зарурати як ҳаракат ва наҳзати ислоҳиро ҳар рӯз афзоиш медиҳад. Албатта ин наҳзат як бор аз Саидҷамолиддини Асадободӣ оғоз шуд, вале ба самар нарасид. «Иллати асосие, ки сабаб шуд наҳзати исломие, ки аз Саидҷамол шуруъ шуда буд аз равнақу ҷилва бияфтад, гароиши шадиди муддаиёни ислоҳ, баъд аз Саидҷамол ва Абдуҳ, ба сӯи ваҳобигарӣ ва гирифтор шудани онҳо дар доираи танги андешаҳои маҳдуди ин маслак аст. Инҳо ин наҳзатро ба навъи салафигарӣ табдил карданд ва пайравӣ аз суннати салафи гузаштаро то ҳадди пайравӣ аз ибни Таймияи Ҳанбалӣ танзил доданд ва дар ҳақиқат бозгашт ба Исломи нахустинро ба сурати бозгашт ба Ҳанбалигарӣ тафсир карданд. Пас муддаиёни ислоҳу ислоҳгароӣ ба ҷои зинда кардан ва ҳаёт бахшидани дарахти кӯҳани исломӣ талош дар мирондани он кардаанд». Ин доман задан ба гароишҳои фирқаӣ, ҳамкорию ҳамбастагии иҷтимоиро, ки нишонаи ҳаёти ҷомеаи исломист аз байн мебаранд ва ислоҳро ба каҷроҳа мекашонад.
Дар ин миён набояд аз омилҳои «берундоираӣ», ки аз хориҷ бар ҷомеаҳои исломӣ таҳмил шудааст низ ғофил буд, чаро ки ин омилҳои ба ҷои худ нақши асосӣ дар ақибмондагии ва хастагии ҷомеаҳои исломӣ доштаанд. Ба таври куллӣ, омилҳои аслии ақиб мондагии муслиминро метавон чунин баён намуд:
1- Истибдод (диктатура) ва салби озодӣ.
2- Нуфузи истеъмори нав, яъне шакли пинҳон ва хатарноки истеъмор, чӣ аз ҷанбаи сиёсӣ ва чӣ аз ҷанбаи иқтисодию фарҳангӣ.
3- Дур нигаҳ доштани дин аз сиёсат.
4- Мирондани шиорҳои асили исломӣ ва эҳёи миллиятгароӣ ва қавммадорӣ.
5- Таҳриф ва дигаргунӣ дар мероси гаронқадри фарҳанги исломӣ.
6- Тасаллути аносири ғайри мусулмон бар мусулмонон.
7- Нақзи ошкори қавонин ва муқаррароти исломӣ, чӣ ба сурати мустақим, ва чӣ ба сурати тарвиҷу густариши фасод дар ҳамаи заминаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра.
Агар дар ҷомеае чунин бошад, ки шароит ва имконоти баробар барои ҳамаи афрод фароҳам шавад ба тавре, ки майдони кор ва заминаи шукуфоии истеъдод барои ҳама ба таври баробар омода бошад, «то агар касе ҳиммат дошта бошад дар ҳар куҷо ва дар ҳар табақае, ки бошад битавонад дар партави истеъдоду фаолият ба камоли лоиқи худ бирасад» ва агар касе ба ҳадаф нарасид ба далели кӯтоҳӣ ва адами ҷиддияти худи ў бошад на ба далели ҳақкушӣ, чунин ҷомеае «асли баробарӣ»-ро дар ҳақи ҳамаи афрод риоят намуда аст ва илло агар имконот ва шароити рушд барои афроди ҷомеа баробар набошад, дар ин сурат аз байн бурдани ҳуқуқ ҷои асли баробариро гирифтааст.
Дар чунин ҷомеае «барои яке имкони боло рафтан бар нардабони тараққӣ вуҷуд дорад, вале барои дигарӣ чунин имконе нест. Яке маҳкум аст ба поён мондан ва дигарӣ бо тамоми белаёқатие, ки дорад дасташро мегиранд ва бар болои маҷлиси иҷтимоъ менишонанд».
Ҷомеа набояд ба гунае бошад, ки фақат дар замоне, ки фитнае пеш ояд ва вазъият ба ҳам бирезад, онгоҳ қадри донишу ҳунари афрод маълум гардад. «Ва он вақт донишманди деҳотӣ ба вазирӣ бирасад ва писарони кам ақли вазир ба гадоӣ бираванд...
Саъди мегӯяд:
ِВақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гушае фаро рафтанд.
Русто зодагони донишманд,
Ба вазирии подшоҳ рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Ҳақиқат ин аст, ки ҷомеаи одил ва мутаодил ҷомеае, ки қонуни баробарӣ бар он ҳукмфармост ҷомеае, ки аввалан имконоти баробар барои ҳамаи афрод фароҳам мекунад ва сониян бо адолат рафтор мекунад, яъне дар амал он тавр бо афрод рафтор мекунад, ки дар як мусобиқаи илмӣ ва қаҳрамонии саҳеҳ маъмулан рафтор мешавад ки шароити мусобиқа баробар аст, вале додани мукофот бар асоси адолат аст на мусовӣ– чунин ҷомеае ҳамеша бояд он тавр бошад, ки рустозодагони бо истеъдод, битавонанд донишманд шаванд ва баъд ба мақоми вазирӣ бирасанд ва писарони кам ақли вазир ақиб бимонанд ва суқут кунанд».
Ҷомеаи исломӣ бояд мутобиқи дастури Расули Акрам(с) аз назари имконот мусовӣ буда афроди он, ҳама, монанди дандонаҳои як шона бошанд вале дар айни ҳол аз назари касби имтиёзот бояд мисдоқи «Оё касоне, ки медонанд бо онон, ки намедонанд мусовианд» (Зумар/9) ва мисдоқи «Гироми тарини шумо назди Худо бо тақвотарини шумо аст» (Ҳуҷурот/ 13) ва мисдоқи «Оё касоне, ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд ҳамонанди фасод кунандагон дар замин ҳастанд ва оё мо муттақинро ҳамонанди фуҷҷор қарор медиҳем?» с28. бошанд, чунин ҷомеае бар асоси мусовот ва адолат қарор гирифтааст.
Таърих низ шоҳид аст, ки ҷомеаи исломӣ чунин вазияте доштааст. «Магар дар солҳои аввали Ислом ғуломон ва ғуломзодагони донишманд аз қабили Абдуллоҳ ибни Масъуд ба бузургворӣ нарасиданд? Магар шахсиятҳои нолоиқ монанди Абуҷаҳлҳо ва Абулаҳабҳо ва Валид ибни Муғайраҳо ба хоки зиллат нанишастанд. Магар зердастону ғуломон ба нерӯи лаёқат ва тақво ва амал, содоти қавм ва содоти нолоиқ ва фосиди қавм дар чоҳҳо сарнагун нашуданд?» Ислом ҳатман имтиёзоти табақотиро лағв кардааст, вале «дар айни ҳол низоми иҷтимоъии Ислом, ҳуқуқ ва имтиёзоти воқеъии инсонҳоро нодида намегирад ва инсонро аз назари шахсӣ дар муқобили ҷомеа ночиз намешуморад. Ҷомеаи бетабақаи Ислом, яъне ҷомеаи баробарӣ, ҷомеае, ки имтиёзоти хаёлӣ дар он беэътибор аст, на ҷомеаи бетафовут, ки ҳатто имтиёзот ва лаёқатҳо ва истеъдодҳо низ дар он нодида гирифта мешавад.
«Ба як эътибор ҳама чиз дар олам таърих дорад чун таърих, яъне саргузашт. Вақте, ки як чиз ҳолатҳои дигаргуне дошта бошад ва аз ҳоле ба ҳоле ва аз вазъе ба вазъе тағйир пайдо кунад, ин ҳамон саргузашт доштан ва таърих доштан аст», аммо агар як чиз ҳама вақт ба як вазъи собит бошад ва ҳеҷ гуна тағйир ва таҳаввуле дар он рух надиҳад ин чиз дорои таърих нест.
«Ҳоло оё таърих бар асоси тасодуф аст ё бар асоси асли иллату маълул?» Мурод аз тасодуф ин нест, ки ҳодисаҳои таърихӣ ҳеч иллате надошта бошанд, балки мурод ин аст, ки ҳодисаҳои таърихӣ куллият надорад ва таҳти қонуну қоида намедарояд.
Дар ҷавоби касоне, ки мӯътақиданд таърих маҷмўае аз умури тасодуфист ва мо наметавонем барои умури таърихӣ қонуни куллӣ пешниҳод кунем бояд гуфт, ки ин марбут ба заъф ва нотавонии илмии мост на вобаста ба худи таърих. Шояд бисёре аз масъалаҳои ҷомеашиносию таърихӣ ҷанбаи тахминӣ дошта бошад ва ҳаргиз муддаии куллият ва зарурат набошад, вале «ин масъалаҳо аз он ҷиҳат тахминист, ки инсон то кашфи он қонунҳо хеле фосила дорад, на ин ки он қонунҳои куллию доимӣ вуҷуд надошта бошад».
Агар гуфта шавад, ки инсону ҷомеа дар ҳоли дигаргунист ва ба ҳамин далел наметавонад таҳти як қонуни собиту ҷовид дарояд, ин ҳам мушкиле эҷод намекунад чун набояд қонунро мусовӣ бо «исто» ва собит будан донист чаро, ки аз ҷумлаи қонунҳо қонуни таҳаввул[60] аст, ки муқарароти таҳааввулро баён мекунад... Қонуни такомул ба воситаи такомул аз байн намеравад. Таҳавулоти инсон ва ҷомеа на танҳо ботилкунандаи қонунҳои таърихӣ нест, балки натиҷаи қонунҳои таҳаввул аст, ки собит ва ҷовиданд.
Натиҷа ва самараи ин баҳс он аст, ки «агар таърих фақат ҳодисаҳои ҷузъӣ бошад ва нашавад аз таърих усули куллӣ ба даст овард, аслан намешавад аз таърих дарсе омӯхт, аммо агар таърих қобили умумият бахшидан буда усули куллӣ дошта бошад, метавон аз он дарс омӯхт ва ба таъбири Қуръон таърих метавонад «ибрат» ва дарсомӯз бошад». Ин масъалаи -дарсҳои таърих- ҳамон масъалаи -пешбинии таърих- аст. Мо агар чӣ ба далели заъфи илмӣ натавонем тамоми қонунҳои куллии таърихро кашф кунем, вале «ончӣ ҳатмист ин аст, ки то ҳудуде метавон барои таърих қонунҳои куллӣ кашф кард ва дар ҳадди ин қонунҳои куллӣ метавон аз таърих дарс омӯхт ва ояндаро пешбинӣ кард».
Таъриху саргузашти инсон бар хилофи дигар мавҷудот дар ҳоли дигаргунӣ ва таҳаввул аст, пас бояд омил ё омилҳои хоссе бошад, ки ба таърихи инсон ин хусусиятро бибахшад ва онро дигаргун ва мутаҳаввил созад.
Дар, ин ки чӣ омиле ин тағйиротро дар таърихи инсон падид овардааст, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар зер ба бархе аз ин дидгоҳҳо мепардозем:
1-Нобиғаҳо: Мақсад аз нобиғаҳо «ғайр аз касест, ки як шахсияти иҷтимоии муҳим аст. Масалан Намрудро намешавад нобиға шумурд. Мақсуд аз нобиға афроди истисноие мебошанд, ки дорои як фикру ҳуш ва иродаи хориқулода (фавқулодда) ҳастанд. Иддае муътақиданд, ки асосан таърихро нобиғаҳо ба ҳаракат дароварда «ва ҳатто роҳи таърихро ҳам онҳо интихоб карда ва ҳар гуна, ки дилашон бихоҳад таърихро сохтаанд ва андеша ва фикри онҳо буда, ки ҷомеаи башариро ин тавре ки ҳаст сохтааст, созандаҳои ин сохтмони бузург ҳамон як идда мардуми нобиға будаанд ва мо метавонем дар ҳар миллате як ё чанд нобиғаро биёбем, ки таърихи он миллатро навишта ва рақам задааст.»
Дар назари мо ин як назария ва дидгоҳи ғалатест. Наметавон то ин андоза барои нобиғаҳо нақш қоил шуд ва дигаронро нодида гирифт. «Агар ҳангоме, ки нобиға зуҳур мекард афроде набуданд, ки иродаи ӯро иҷро кунанд ва тарҳи ӯро ба марҳалаи амал дароваранд оё коре анҷом мешуд?» Ва низ оё ин нобиғаҳо ҳастанд, ки ҳатто роҳи таърихро таъйин мекунанд «ва агар мехостанд таърихро дар роҳи дигаре бибаранд дар он роҳ бурда буданд?!»
Аммо агар чунин гуфта шавад, ки ҳамаи инсонҳо дар таърих таъсир гузоранд, «вале афрод дар як сатҳ нестанд, баъзе афрод, ки истисноӣ ҳастанд дар сатҳи болое қарор доранд» ва албатта ин афрод роҳҳои таърихро таъйин намекунанд, балки «ба хотири ҳуш ва иродаи хориқулодаи худ, беҳтар аз дигарон табиати таърихро шинохта ва тавонистаанд нерӯҳои таърихиро ба хидмат бигиранд». Ин як суханест, ки ҷои диққат дорад «ва ба ҳар ҳол, назарияи таъсири нобиғаҳоро намешавад ба куллӣ рад кард ва гуфт нобиға ва ғайри нобиға якест ва ҳамаи мардум як тавранд.»
2-Назарияи нажодӣ: Бинобар ин назария фақат баъзе аз нажодҳо тавоноии тамаддунофаринӣ доранд, «Баъзе метавонанд илм, фалсафа, санъат, ахлоқ, ҳунар ва ғайра тавлид кунанд ва бархе дигар фақат масраф кунандаанд на тавлидкунанда».
Бинобар ин бояд байни нажодҳо тақсими кор анҷом гирад ва корҳои нозуку олӣ ба нажодҳои хушзеҳну тамаддунофарин вогузор шавад ва корҳои баданӣ ва шибҳи ҳайвоние, ки ба зарофати фикру завқу андеша ниёз надорад ба нажодҳое, ки он тавоноиҳо ва истеъдодҳои олиро надоранд супурда шавад. Арасту дар боби ихтилофи нажодҳо чунин назарияе дошт ва ба ҳамин далел бархе нажодҳоро сазовори бардаю ғулом доштан ва бархе дигарро сазовори бардаю ғулом шудан медонист».
3-Назарияи ҷуғрофиёӣ: Бинобар ин назария, ончӣ инсонҳоро омодаи пеш бурдани таърих мекунад, нажоду хун яъне омили ирсӣ нест ва ин тавр нест, ки як нажоди муайян дар ҳар муҳиту минтақае, ки бошад созанда ва пешбарандаи таърих башад, балке ихтилофи нажодҳо аз ихтилофи муҳитҳо ба вуҷуд меояд, бо ҷобаҷо шудани нажодҳо аз як минтақа ба як минтақаи дигар оҳиста-оҳиста истеъдодҳо ҳам ҷобаҷо мешавад. Пас дар ҳақиқат, ин иқлимҳо ва минтақаҳои хос аст, ки пеш баранда ва навофарин аст. Мунтаскию донишманди ҷомеашиноси фаронсавӣ (асри 17-ум) дар китоби маъруфи Рӯҳулқавонин тарафдори ин назария аст».
4-Назарияи иқтисодӣ: Тарафдорони ин дидгоҳ чунин мегуянд, ки «тағйиру таҳаввул дар бунёди иқтисодии ҷомеа аст, ки ҷомеаро аз беху буна зеру рӯ мекунад ва пеш мебарад. Морксистҳо ва аҳёнан иддае аз ғайри морксистҳо тарафдори ин назарияанд».
5-Назарияи илоҳӣ: Ҳаводиси гуногуни таърих ва ончӣ дар замин падид меояд, мутобиқи ин назария, ҳама ва ҳама «ҷилвагоҳи машияти[63] ҳакимона ва ҳикмати болиғаи[64] илоҳӣст. Ончӣ таърихро пеш мебарад ва дигаргун месозад иродаи Худованд аст».
6-Ихтироот ва ҷамъ шудани дониши башарӣ: Донишҳои башарӣ гуногун буда дорои натиҷаҳои мухталифест. «Бисёре аз донишҳо натиҷааш ин нест, ки абзоре дар хориҷ сохта шавад мисли донишҳои адабӣ, фалсафӣ вале як силсила аз донишҳои башарӣ натиҷааш ин аст, ки инсонро бар табиат мусаллат мекунад ва сарчашмаи тавоноист».
Наметавон тамаддунсозию таҳаввулофаринӣ дар таърихро фақат ба ин улуми табии ва ихтироот нисбат дод «зеро ниме аз тамаддун ва фарҳанги башар моддист ва ниме инсонӣ. Ё ба истилоҳ, мегуянд тамаддуни башарро ихтироот ба вуҷуд оварда аммо ончӣ ки мо онро фарҳанг меномем ва ончӣ, ки ба маънавиёти башар вобаста аст зодаи ихтироот нест», балки маҳсули улуми инсонӣ ва умури маънавист. Донишҳои анбошташуда ҳам сабаби ихтироот мешавад ва ҳам масоили фарҳангии таърихро мутаҳаввил месозад.
Дар тавзеҳу баррасии ин омилҳо нуктаеро, ки бояд дар назар дошт ин аст, ки баъзе аз ин омилҳо ба баъзеи дигар бармегарданд, ё ба омилҳоии болотаре бармегарданд, ки бар онҳо муқаддаманд. Масалан, омили нобиға буданро метавон ба омилҳои зистӣ баргардонд. Ҳатман як омилҳои хосси зистӣ дар фарди нобиға вуҷуд дорад, ки ӯро нобиға кардааст. «Пас дар воқеъ масъалаи мардони бузург бармегардад ба омилҳои зистӣ».
Захира шудани донишро низ гарчӣ метавон омили мустақилле ба шумор овард, «вале ин омил бар мегардад, ба инки инсон як хусусияти навъӣ дорад, ки метавонад таҷрибаҳою андӯхтаҳои илмии худро ҳифз кунад. Дар миёни ҳайвонот ин инсон аст, ки чунин хусусиятро дорад ва ин бар мегардад ба ҳамон истеъдоду тавоноии навиштан ва истеъдоди баён ва сухан гуфтан ва... Ба хотири ин истеъдод донишҳои башарӣ рӯи якдигар анбошта мешавад ва ин сабаби такомули башар мешавад».
Ихтирооти башарро низ наметавон омили мустақил аз дониши ӯ ба ҳисоб овард. Дар бораи омили нажодӣ низ масъалаи асосӣ ва баҳсбарангез ин аст, ки нажодҳои беистеъдод оё «ақиб нигоҳ дошта шудаанд ё худ ақиб мондаанд? Хеле фарқ аст, ки инҳо аз назари табии ақабмонда бошанд, ё ин ки ба зӯру фиреб ақиб нигаҳ дошта шуда бошанд».
Зоҳиран наметавон то ин андоза байни нажодҳо фарқ гузошт, гарчӣ наметавон рад кард, ки масалан баъзе аз нажодҳо истеъдоди бештаре доранд. Аз тарафе, «агар нажодҳо фарқе дошта бошанд решааш муҳити ҷуғрофиёист, зеро бешак ҳамаи нажодҳо ба як асл бар мегарданд; минтақа ва муҳит аст, ки якеро нажоди сиёҳ карда ва якеро сафед ва...» нуктаи дигаре, ки дар поён бояд ба он ишора кард ин аст, ки ҳар як аз ин назариёт «ҷузъе аз ҳақиқат аст ва наметавон он ҷузъро инкор кард», аммо фақат яке аз он дидгоҳҳоро ҳақ дониста дигарашро рад кардан дуруст нест. Мо бояд тамоми ин омилҳоро дар ҷои худаш таъсиргузору нақшофарин ва ҳар кадомро гӯшаи хосе аз ҳақиқат бидонем, вале ҳаргиз набояд якеро гирифта ва бақияро инкор намоем.
Сухан гуфтан аз такомули таърих моро бар он водор мекунад, ки меъёри хоссеро барои такомул, баён кунем. Таърих ба хотири чӣ рӯ ба такомул аст. Оё дар қудрат рӯ ба такомул аст ё дар сарвату илму технология ё дар мавриди чизҳои маънавию инсонӣ?
Назарияе, ки метавон дар инҷо пазируфт ин аст, ки «таърих дар маҷмӯъ худаш рӯ ба такомул аст, вале ин ба он маъно нест, ки таърих монанди қофилаест, ки доиман қадам ба қадам пеш меравад. Аз онҷо, ки омили таърих инсон аст, на табиат ва инсон ҳам озод ва соҳибихтиёр аст, ҷомеа гоҳе мумкин аст мунҳариф ва каҷ шавад ва маҷбуран аз ҳадафаш дур гардад ва гоҳе мумкин аст аз ҳаракат боз истад ва гоҳе мумкин аст барои муддате ба ақиб баргардад ва бартариҳои камоли худро аз даст бидиҳад, вале дар маҷмӯъ ҳаракати такомулӣ дорад, яъне агар маҷмӯаи ҳаракатҳоро дар назар бигирем ҳолати қофилаеро пайдо мекунад, ки гоҳе ҳаракат мекунад, гоҳе меистад, гоҳе аз ин тараф меравад, гоҳе аз он тараф ва аҳёнан гоҳе чанд қадам ба ақиб бармегардад, вале дар маҷмӯъ ҳамеша аз мабдаъ дур ва ба мақсад наздиктар мешавад. Ин назария назарияи дурустест».
Вақте мегӯем ҷомеаю таърих рӯ ба такомул аст, яъне «тавоноиҳои даруние, ки дар ҷомеа ҳаст ва метавонад ба марҳалаи иҷро бирасад» ба тадриҷ, яъне оҳиста-оҳиста ба иҷро мерасад ва зуҳур мекунад.
Нуктае, ки бояд ба он диққат намуд ин аст, ки «инсон ва ҷомеаи инсонӣ дар иртиботаш бо кулли ҷаҳон ин тавр нест, ки як ҳолати ҷудогона ва танҳое дошта бошад, ба ин маъно, ки инсон ва ҷомеаи инсонӣ, чӣ дар ҷиҳати такомули худаш, ки ҳамроҳ бо хусусиёти инсонӣ ва маънавист ва чӣ дар ҷиҳати хилофи[66] он, бе иртибот бо кулли ҷаҳон нест. Агар башар дар ҷиҳати камолу салоҳу тақвои худ ва ба баёни дигар дар роҳи ризои Ҳақ ва дар роҳи қурби ба Ҳақ қадам бардорад, равиши ҳамоҳанг бо ҷаҳон дорад ва ҷаҳон аксуламали мувофиқ бо ӯ дорад, яъне ӯро тасдиқ мекунад ва зомин ва кафили бақояш мешавад ва агар баракс, дар ҷиҳати мухолиф ҳаракат кунад, мисли узве дар бадан мешавад, ки бо аъзои дигар ноҳамоҳанг аст ва вақте як узв бо аъзои дигар ноҳамоҳанг шуд ночор табиати куллии бадан, он узвро нобуд хоҳад кард».
Мо вақте пазируфтем, ки таърих як теъдод воқеаҳои тасодуфӣ нест, балки таърих қонуну суннат[67] дорад ва инсон дар ин суннат нақш дорад ва «агар он омилҳои инсоние, ки нақш доранд маҳдуд дар омилҳои фасод нестанд, балки бештар омилҳои салоҳ, тақво, ҳақ ва имон ҳастанд, дар ин сурат таърих муаллими хубе аст».
Қуръон бар ҳамин асос мӯътақид аст, ки «салоҳ, тақво ва ихлос дар таърих нақш дорад, балки нақш ва пирӯзии ниҳоӣ, ҳамеша аз они ҳақ аст ва ин баёни ошкори Қуръон аст, ки Қонуни қатъии илоҳист, ки пирӯзии ниҳоӣ аз они қонуни Ман ва Пайғамбарони Ман аст «ва ҳамеша лашкари мо ғолиб ва пирӯз аст. Соффот / 173
Ҳаракати табиию таквинии ҷомеаҳо ба сӯи раҳо намудани ихтилофот ва расидан ба «ҷомеаю фарҳанги ягона аст ва барномаи асосии Ислом падид овардани ниҳоии чунин фарҳанг ва ҷомеаест. Фалсафаи «Маҳдавият» дар Ислом бар асоси чунин диде ба ояндаи инсон ва ҷаҳон менигарад».
Ин се ҷилд китоб дар асл навиштаҳои дарсии Устод барои донишҷӯёни донишкадаи илоҳиёт аст, ки дар онҳо содагӣ ва ихтисорро дар айни сиҳҳат, асос қарор додааст. Ин омӯзишҳои мухтасару содда дар воқеъ муқаддимаест барои ошноии беҳтар ва амиқтар бо фарҳанги исломӣ. Дар инҷо хулосае аз ин се ҷилд китобро аз назар мегузаронем.
(Маҷмӯаи-15-дарси мантиқ ва-10-дарси фалсафа)
а)Мантиқ: «Мантиқ, қонуни саҳеҳ фикр кардан аст ва дар воқеъ хатосанҷи шакли истидлолҳои инсон аст. Равшан кардани як тасаввури маҷҳул, яъне таъриф ва равшан кардани як тасдиқи маҷҳул, яъне истидлол ҳар ду дар мантиқ анҷом мегирад ва ба ҳамин хотир мавзӯи мантиқ муъарриф асту ҳуҷҷат». Устод дар поён ба ишколоти матраҳшуда дар бораи мантиқ посух мегӯяд.
б)Фалсафа: «Фалсафа, илм ба аҳволи мавҷуд аст[68] аз он ҷиҳат, ки мавҷуд аст на аз он ҷиҳат, ки дорои хусусиёти мушаххас аст масалан ҷисм ё кам ё кайф ё инсон ё гиёҳ аст. Файласуфони исломӣ ба «Ишроқ» (пайравони шайх Сӯҳравардӣ ва Афлотун ) ва «Машшоъ» (пайравони Абу-Алии Сино ва Арасту) тақсим мешаванд. Дар «Машшоъ» фақат бар истидлол такя мешавад, вале дар «Ишроқ» роҳ ва сулуки қалбӣ ва муҷоҳидату пок намудани нафс ҳам лозим шумурда мешавад. Дар ҳикмати мутаолияи мулло Садро, «Машшоъ» ва «Ишроқ» ва ҳамчунин «Ирфон ва Калом» ба ҳам мепайванданд ва масоили мавриди ихтилофи онҳо ҳал мегардад». Дар поёни китоб, Устоди Шаҳид баъзе аз масоили муҳимми фалсафаро матраҳ карда ва мухтасаран тавзеҳ медиҳад.
а) Калом: Дар ин бахш, Устоди Шаҳид баъд аз баёни мухтасаре дар бораи таърихчаи пайдоиши илми калом дар Ислом, ба таъриф ва баррасии худи каломи исломӣ пардохта ва дар поён се шохаи муҳим ва аслии он (мӯътазила, ашоира ва шиа)-ро мавриди баҳс ва мутолиа қарор дода аст. Хулосаи матолиби баён шуда бадин сурат аст:
«Илми калом дар бораи ақоиди исломист ва дар гузашта ба он «илми усули дин» ё илми «тавҳид ва сифот» низ мегуфтанд. Дар нимаи дуввуми қарни аввали ҳиҷрӣ порае аз масоили каломӣ ба вуҷуд омад ва шояд нахустин ҳалқаи расмии ин мабоҳис, ҳалқаи дарси Ҳасани Басрӣ (мутаваффои 110 ҳ-қ) аст, аммо ҳақиқат ин аст, ки баҳси истидлолӣ дар бори усули исломӣ бо худи Қуръони Карим ва суханони ҳазрати Расули Акрам(с) ва хутбаҳои ҳазрати Алӣ(к) оғоз шуда аст, ҳар чанд роҳу равиши он бо равиши мутакаллимин фарқ мекунад. Ихтилофоти муслимин дар масоили каломию фиқҳӣ ба он андоза нест, ки пояи ваҳдат ва биниши эътиқодӣ ва равиши илмии онҳоро ба куллӣ мутазалзил кунад ва аз байн бибарад. Аз тарафе то онҷо, ки аслу решаи ин ихтилофот тарзи истинботҳо ва иҷтиҳодҳо бошад, на ғаразҳо ва на хостаҳои нафсонӣ фоиданок буда сабаби таҳарруки баҳсу ковиш ва пешрафт низ мебошад».
б) Ирфон: Дар ин бахш, ирфон ба илмӣ ва назарӣ тақсим шуда ва решаҳои ирфони исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта ва баъд орифони бузурги таърихи Ислом аз қарни аввали ҳиҷрӣ то асри нуҳум ба иҷмол муаррифӣ шуда ва дар поён низ ба манозилу мақомот ва баъзе истилоҳоти ирфонӣ пардохта шудааст.
«Ирфони амалӣ, робитаҳою вазифаҳои инсонро бо худ, бо ҷаҳон ва бо Худо баён мекунад. Ин бахш аз ирфон илми «сайру сулук» номида мешавад, чун нишон медиҳад, ки «солик» барои расидан ба қуллаи баланди инсоният, яъне тавҳид аз куҷо бояд оғоз кунад ва чӣ манозилеро бояд тай намояд. Ирфони назарӣ ба тафсири ҳастӣ мепардозад ва дар бори Худо ва ҷаҳон ва инсон сухан мегӯяд. Оё бо вуҷуди ин ҳама манобеи бе шуморе, ки дар Ислом аст ҷои ин ҳаст, ки мо дар ҷӯстуҷӯи як манбаи хориҷӣ барои ирфон бошем?»
(маҷмӯаи 7 дарси усули фиқҳ ва 11 дарси фиқҳ)
а) Усул: Дар ин қисмат, муаррифӣ ва таърихчаи илми усул ба ҳамроҳи баъзе аз масоили он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Илми усул, ки дар муқаддимаи фиқҳ муҳимтарин илмест, ки бояд омӯхта шавад, дар ҳақиқат «илми дастури истинбот» аст ва равиши саҳеҳи истинбот аз манобеи фиқҳиро ба мо меомӯзад. Манобеи фиқҳ ё адилаи чаҳоргона дар назди шиаён иборат аст, аз Қуръону Суннат ва иҷмоу ақл. Маъруф аст, ки мухтареи илми усул «Муҳаммад-ибни Идриси Шофеӣ» аст, гарчӣ қабл аз ў низ масоили усулӣ матраҳ будааст, аммо аввалин касе, ки рисолаи ҷомее дар бораи ҳамаи усул баёншуда дар замони хеш навишта аст, Шофеъист. Дар миёни уламои Шиа, аввалин шахсияти барҷастае, ки дар илми усул китобҳое таълиф кард, Сайид Муртазо Аламулҳудо буд. Илми усул, ки илми дастурист ду тақсим мешавад, як қисмат дастури истинботи саҳеҳи аҳкоми шаръӣ ва қисмати дигар вобастааст ба дастури саҳеҳи истифода аз як силсила қоидаҳои амалӣ дар сурати даст наёфтан аз тариқи истинбот».
б) Фиқҳ: Дар ин бахш ба таъриф ва тавзеҳи илми фиқҳ пардохта шуда ва баъд аз тақсимоти мухталифи аҳком ба «таклифӣ ва вазъӣ тааббудӣ ва тавассулӣ айнӣ ва кифоӣ нафсӣ ва муқаддамӣ» таърихчаи фиқҳ ва фуқаҳо мавриди мутолиа ва баррасӣ қарор гирифта ва дар поён низ бобҳои «иқоот» ва аҳком баён шудааст.
«Фиқҳ дар истилоҳи Қуръону Суннат ҳамон илми васеу амиқ ба маориф ва дастурҳои исломист ва ихтисос ба қисмати хоссе надорад, вале оҳиста-оҳиста дар истилоҳи уламо ин калима ихтисос ба фиқҳ-ул-аҳком ёфт, яъне маҳдуд шуд дар боби аҳком ва масоили амалии Ислом. Илми фиқҳ собиқаи ҳазору сад сола дорад ва аз 11-аср пеш то кунун доиман дар мадорис ва марокизи динӣ тадрис ва таълим шудааст.
Ин маҷмӯа китобҳо, ки ҳанӯз комил нашуда мекӯшад, ки тамоми ҷаласоти тафсирии устодро бозгӯ кунад.
Дар оғози ин силсила китобҳо, баҳси муҳиму муфиде таҳти унвони «шинохти Қуръон» оварда шуда аст, ки ба ҷои худ муқаддимаи бисёр муносибе барои ворид шудан ба мабоҳиси тафсирӣ ва Қуръонӣ аст.
«Шинохти Қуръон ё санад аст -яқин доштан ба интисоби Қуръон ба Пайғамбар- ё таҳлилист -илм ба матолиб ва маъноҳо ва аҳдофи Қуръон- ё решаи -баррасӣ дар ин робита, ки ин матолиб ва маъноҳо оё баромада аз фикри худи Пайғамбар(с) аст, ё аз дигарон гирифта шуда, ё аз тариқи ваҳй ба ӯ расида аст...»
Устод баъд аз онки ошноӣ бо забони арабӣ, таърихи Ислом ва суханони Пайғамбар(с) ва истифода аз худи Қуръонро аз шароити ошноӣ бо Қуръон мешуморанд, ба шинохти таҳлилии Қуръон пардохта ва матолиберо аз муҳтавиёти Қуръон, баён намудаанд.
«Қуръон, худро сухани Худо ва барои ҳидоят ва роҳнамоии башар муъаррифӣ мекунад, ки ҳам бо забони мантиқ бо ақл сухан мегӯяд ва ҳам бо забони эҳсос бо дил. Ақл аз назари Қуръон дорои аҳамият ва ҳуҷҷият аст, ба ҳамин хотир Қуръон ба тааққул даъват карда ва бо лағзишҳои ақл мубориза мекунад. Қалб, ки болотар аз андеша аст дар назари Қуръон як василаи шинохт аст. Ваҳйи илоҳӣ ҳам марбут ба қалб мешавад, на ақл. Қуръон таъкиди зиёде бар ҳифзу нигаҳдорӣ ва такомули дил дорад ва барои ин амр тасфия ва поксозии муҳити иҷтимоиро бисёр муҳим медонад. Агар қалб фосид шавад, дигар аз ақл коре сохта нест ва ҳатто худи ақл табдил ба занҷири бузургтаре бар дасту пои инсон мешавад».
Унвонҳои бешуморе, ки дар фаслҳои ин китоб омада аз ин қарор аст: «Алоқаи ҷинсӣ ё гӯноҳи зотӣ; Ахлоқи ҷинсӣ; Ошуфтагии ғароиз ва майлҳо; Қонунмандии ҷинсӣ; Ғаризаи ишқ; Ишқ ва иффат».
«Барои мусулмонон алоқаи ду ҳамсар ба якдигар, аз нишонаҳои ошкори вуҷуди Худованд ва издивоҷ «Суннат» аст, аммо дар Масеҳият ба далели танҳо зистани ҳазрати Исо(а) издивоҷ палидии зотӣ дорад. Ислом таъкиди фаровоне дорад, ки муҳити хонаводагӣ омодагии комил барои комёбии зану шавҳар аз якдигар дошта бошад ва дар айни ҳол муҳити иҷтимоӣ, муҳити кор ва амал ва фаолият буда аз ҳар навъ комёбии ҷинсӣ холӣ бошад. Саркӯб накардани ғароиз ба маънои озод гузоштани майлҳо ва бардоштани тамоми қайду ҳадҳо нест: Чаро, ки ин сабаби ошуфтагии беш аз пеши ғароизу тамоюлот мегардад... Танҳо дар сояи иффату тақво аст, ки метавон ғаризаро ба ҳадди кофӣ аз хостаи худаш баҳраманд кард. Ислом шаҳвати ҷинсиро зотан палид ва хабис намешуморад, то чӣ расад ба ишқ, ки бе шак аз лиҳози осори равонӣ ва иҷтимоӣ ва таҳаввулоти рӯҳӣ бо як шаҳвати соддаи ҳайвонӣ тафовути бисёре дорад. Ишқи завҷайн ба якдигар ҳамон сафо ва самимият аст, ки дар асари дар канори ҳам будани онҳо камол меёбад. Бар хилофи ишқе, ки дар асари ҷудоию дурӣ шуълавартар мешавад ва ин ҳарду навъи ишқ, гулҳои ботаровате ҳастанд, ки дар иҷтимооте, ки бар онҳо ифоф ва тақво ҳукумат мекунад мерӯянд ва мешукуфанд.
Ин китоб маҷмӯаест аз суханрониҳои устод, ки дар ду ҷилд ҷамъоварӣ шуда ва ба мабоҳисе дар бораи Ислом ва масоили замон мепардозад. Масоиле аз қабили: «Иллати тағйири хостаҳои замон; Тағйироти замон дар таърихи Ислом; Иҷтиҳод; Нисбияти одоб; Баррасии назарияи нисбияти ахлоқ; Масъалаи насх ва хотимият; Ҷабри замон ва масъалаи адолат; Мақоми ақл дар истинботи аҳком; Назарияи ҷабри иқтисодии таърих; Ҷомеа ва таърих аз назари Қуръон ва...»
Хулосае аз матолиб: «Қудрати ихтироъкунанда ва нерӯи ибтикории инсон, вазъи зиндагӣ ва ҷомеаи инсониро доиман тағйир медиҳад. Инсон ҳам метавонад замонро дар ҷиҳати хубӣ тағйир диҳад ва ҳам метавонад онро дар ҷиҳати бади тағйир диҳад, пас бо ҳар тағйире набояд мувофиқат кард. Ислом ҳамеша рӯи ҳоҷатҳои собити инсон мӯҳри собит зада ва ҳоҷатҳои мутағайир дар шароити гуногуни замониро пайрави ҳоҷатҳои собит қарор дода аст. Муҷтаҳид бояд иртиботи ниёзҳои мутағайирро бо ниёзҳои собит кашф карда, аз ин тариқ дастури Исломро баён кунад. Фиқҳи исломӣ ақлро ба унвони як аслу асос барои истинботи аҳком мешиносад ва бисёре аз бунбастҳоро боз мекунад. Бештарин масоили Ислом масоили масирӣ аст, яъне ҷиҳоти ҳаракатро нишон медиҳад ва ин ҷиҳот бо тағйири зиндагӣ дигаргун намешавад.
Матни аслии ин китоб аз осори боарзиши устоди бузургвор Аллома Таботабоӣ(қс) аст, ки мақолоти онро ба сурати дарс тадвин намудаанд, вале ба хотири фушурдагии матолиб ва сангин будани қалами Аллома Таботабоӣ фаҳми онҳо барои умум душвор аст, ба ҳамин хотир устод Мутаҳҳарӣ бо шарҳ, таълиқ ва тавзеҳи матолиб, матнро ба сурати соддатар ва оммафаҳмтар даровардаанд.
Ин шарҳу тавзеҳоти устоди Шаҳид дар тӯли 30 сол навишта шуда аст ва дар айни ҳол комилан мунсаҷим ва ҳамоҳанг аст. Дар муқаддимаи китоб, устод чунин мефармояд: «Дар зимни ин китоб ба қисматҳое бархурд хоҳад шуд, ки дар ҳеч як аз Фалсафаи исломӣ ва аврупоӣ собиқа надорад. Дар ин китоб саъй шудааст, ки тамоми инҳирофоти «Мотериолизми диолектикӣ» ба таври возеҳ намоёнда шавад».
1- Тарҳ ва нақди назариёти мухталиф.
2- Дунбол намудани сайри таърихии баъзе аз масоил.
3- Таъкид бар шинохти «зеҳн» ва инки «то зеҳнро нашиносем фалсафа надорем».
4- Тарҳ ва ҳалли масоили ҷадиде, ки қаблан вуҷуд надоштааст.
1- Фалсафа чист? 2- Реолизм ва идеолизм. 3- Илму идрок.
4- Арзиши маълумот.
1- Пайдоиши касрат дар идрокот. 2- Идрокоти эътиборӣ.
3- Воқеияти ҳастии ашё.
1- Вуҷуби имкон ва имтиноъ. 9- Иллату маълул.
1- Қувваю феъл: - Имкону феълият. 2- Ҳудусу қидам.
3- Ваҳдату касрат. 4- Моҳият, ҷавҳар ва араз.
1- Ҷаҳон ва Худои ҷаҳон.
1- «Фалсафа, иборат аст аз як силсила масоил бар асоси бурҳон (қиёси ақлӣ), ки аз мутлақи вуҷуд ва аҳком ва аворизи он гуфтугӯ мекунад. Фалсафа аз буду набуди ашё сухан мегӯяд ва аҳкоми мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад ва ҳеҷ гоҳ ба аҳком ва осоре, ки махсуси як ё чанд мавзӯи хос мисли дарахтон ё кӯҳҳо ва... аст, назар надорад ва ин дуруст баракси улуми таҷрибист».
2-«Идеолизм, ки муродифи сафсата аст маслак ва роҳи касоне аст, ки хаёл ё тасаввуроти зеҳниро асил медонанд, яъне ин тасаввуротро танҳо сохтаи худи зеҳн медонанд ва ба вуҷуди хориҷии[69] ин суратҳо дар олами хориҷ боварӣ надоранд ва дар муқобили «Реолизм» қарор дорад, ки ба маънои асолати воқеият аст».
3- «Моддиюн барои исботи моддӣ будани рӯҳ ва умури рӯҳӣ саъй доранд нишон диҳанд, ки «илму идрок» як амри моддист, вале чунонки Садрулмутааллиҳин исбот кардааст, тамоми мароҳили идрокӣ ва қуввои ботина холӣ аз ҳар гуна модда ва модият аст».
4- «Дар назари файласуфи реолист ҳақиқат, яъне мутобиқати идрокот бо воқеъ ва нафс-ул-амр[70] ва сидқу арзиши маъмулоти мо ба ин «мутобиқат» вобаста аст. Меъёри ташхиси ҳақиқат аз хато «мантиқ» номида мешавад».
5- «Ҳукамои исломӣ муътақиданд, ки нафси инсон дар ибтидо ва оғози таваллуд дар ҳоли қувва ва истеъдоди танҳо ва як лавҳи бе нақш аст, ки фақат истеъдоди пазируфтани нақшҳоро дорад ва билфеъл[71] дорои ҳеҷ маълум ва маъқуле нест. Дар назари ин ҳукамо идрокоти ҷузъии ҳиссӣ, муқаддам аст бар идрокоти куллии ақлӣ, яъне тамоми тасаввуроти бадеҳии ақлия, умури интизоӣ ҳастанд, ки ақл онҳоро аз маонии ҳиссия интизоъ (бардошт) кардааст... Албатта тасаввурот ду дастаанд:
1- Гурӯҳе аз тасаввурот, ки ақл бо қувваи таҷридие, ки дорад онҳоро аз ҳамон сувари маҳсуса, ки аз роҳи ҳавос вориди зеҳн шудаанд ба даст меоварад. Монанди мафҳуми инсон, асб ва... (маъқулоти аввалия).
2- Гурӯҳе, ки мустақиман аз роҳи ҳавос вориди зеҳн нашудаанд, балки зеҳн пас аз воҷид шудани сувари ҳиссия, бо як навъ фаолият ва тартиби хоссе ин мафоҳимро аз он сувари ҳиссия бардошт мекунад, монанди мафҳуми вуҷуд, зарурат, ваҳдат, касрат ва... (маъқулоти сонавия), аммо ин ки чӣ гуна ва ба чӣ шакле ин мафоҳими дастаи дуввум интизоъ мешаванд ва ба даст меоянд, дар каломи ҳукамо мубҳам аст ва марҳум Аллома Таботабоӣ барои аввалин бор дар ин мақола онро баён мекунанд».
6- «Идрокоти эътиборӣ, монанди моликият ва мамлукият фарзҳое аст, ки ҷанбаи вазъӣ, қарордодӣ ва эътиборӣ дорад ва зеҳн ба хотири рафъи ниёзҳои ҳаётӣ онҳоро сохтааст. Ин идрокот бо воқеъ ва нафсуламр коре надорад, лизо арзиши мантиқӣ ҳам надорад. Ин идрокот тобеи эҳтиёҷоти ҳаётӣ ва омилҳоии махсуси муҳит аст ва бо тағйири онҳо тағйир мекунад».
7- «Пас аз тасдиқ ба, ин ки «воқеияте ҳаст» дар марҳалаи дуввуми сайри ақлонӣ ба дунболи ин матлаб меравем, ки чӣ чиз ҳаст ва чӣ чиз нест? Мо аз ҳар чӣ воқеият дорад ду мафҳум дар зеҳни хеш дорем:
1- Мафҳуми омм ва муштарак, ки ба ҳамаи умури воқеиятдор мунтабиқ мешавад, яъне вуҷуд.
2- Мафҳуми хос ва муайян мисли мафҳуми инсон, оташ, дарахт, ки истилоҳан «моҳият» номида мешавад. Ончӣ асолат, яъне айният ва хориҷият дорад «вуҷуд» аст ва «моҳият» танҳо ҷилваҳо ва намудҳоест, ки воқеиятҳои хориҷӣ онҳоро дар зеҳни мо ба вуҷуд меоваранд, вагарна дар хориҷ аз идрок наметавонанд аз «вуҷуд» ҷудо ва мустақил бошанд».
8- «Бояд гуфт «зарурат» мутлақан «биззот ва билғайр» шаъни вуҷуд аст ва «имкон» шаъни моҳият ҳамон тавр ки «имтиноъ» низ аз адам сарчашма мегирад ва ин матлаб танҳо бар мабнои «асолати вуҷуд» қобили дарк ва исбот аст».
9- «Агар қарор шавад робитаи иллату маълулро напазирем бояд иртибот ва вобастагии воқеиятҳоро бо якдигар мункир шавем, зеро дар ин сурат, ки байни мавҷудот робитаи иллӣ ва маълулӣ барқарор набошад, ё мавҷудот дорои вуҷуби зотӣ хоҳанд буд ва «имкон», ки лозимаи маълулият аст, ботил хоҳад шуд ва дар натиҷа ҳар чӣ мавҷуд аст азалан ва абадан мавҷуд аст ва ҳар чӣ маъдум аст азалан ва абадан маъдум аст ва ҳудусу завол ва тағйиру такомул мафоҳиме бемисдоқ ҳастанд, ва ё - вуҷуди ашё аз рӯи тасодуф ва иттифоқ сурат гирифта аст. Роҳи севвуме вуҷуд надорад, ҷуз ин ки робитаи иллиро бипазирем».
10- «Табиат намоишгоҳи қувва ва феъл аст, табиат ҷуз «шудан» ва «тағйир ва таҳаввул» нест. Дар табиат ҳар мавҷуди билфеъле истеъдод ва қувваи табдил шудан ба як сурати хосро дар оянда дорад, лизо робита миёни гузашта ва оянда аз қабили робита мавҷуд ва маъдум нест, чун «робитаи миёни мавҷуд ва маъдум маҳол аст», балки аз қабили робита миёни мавҷуд ва мавҷуд аст, зеро оянда дар гузашта ва лоҳиқ дар собиқ ва феълият дар қувва мавҷуд аст. Байни имкон ва феълият фосила ва ҷудоӣ нест, балки ҳар имконе бо феълияте, ки ҳомили он имкон аст муттаҳид аст ва ҳомилу маҳмул ду амри ҷудо аз ҳам нестанд ва ҳамчунин ҳар имкони қаблӣ бо феълияти баъди ҷамъан як воҳиди муттасилро ташкил медиҳанд. Пас дар воқеъ ҳамаи феълиятҳо маҷмуъан як феълиятро ташкил медиҳанд, лизо ҳар чӣ дар ҷаҳон рух медаҳад аз тариқи «ҳаракат» аст ва ҳаракат чизе нест ҷуз «гунаи вуҷуди шайи мутадарриҷулвуҷуд». Ин таъриф фақат бар асоси «асолатулвуҷуд» мумкин аст ва дар воқеъ ҷуз бо «асолат-ул-вуҷуд» ҳақиқат ҳаракати қобили тафсир ва тавҷеҳ нест».
11- «Ҳудус ва қидам як навъи тақаддум ва тааххур мебошад ва ақсоме дорад, ки аз он ҷумла метавон «ба ҳудус ва қидами иллӣ» ва «ҳудус ва қидами замонӣ» ишора кард.Ҷаҳони табиат ҳодиси иллӣ ва ҳодиси замонист.
12- «Мо ду мафҳум, «ваҳдат ва касрат»-ро идрок карда, тасдиқ мекунем, ки дар хориҷ мисдоқ доранд ва мавҷуданд. Ваҳдат ва касрат ақсоме дорад монанди «шахсӣ ва куллӣ» ва «баситу мураккаб».
13- «Моҳият тақсим мешавад ба ҷавҳару араз, ки ҳар ду қисм дар хориҷ мавҷуданд. Ҷавҳар моҳиятест, ки вуҷудаш қоим ба худ буда, ниёзе ба вуҷуди дигаре надорад, монанди нафс, аммо араз моҳиятест, ки вуҷуди он ниёзманд ва қоим ба вуҷуди дигарӣ аст, мисли идрок ва ирода, «ки қоим ба нафс мебошанд. Ҷавҳар чаҳор навъи куллӣ дорад: 1-нафс, 2-ақл, 3-ҷисм, 4-сурати навъӣ. -Араз ба се қисми куллӣ тақсим мешавад: 1-кайфият 2-каммият 3-нисбати мақулӣ».
14- Ҳамон тавре ки хатои ҳавос сабаб намешавад инсон аз маҳсусот чашм бипушад ва ба воситаи такрор ва таҷриба метавон аз хатои ҳиссӣ парҳез кард, хатои бархе истидлолҳо низ сабаб намегардад, ки инсон ба куллӣ аз истидлоли ақлӣ чашм бипушад... Аксарияти масоили илоҳиёт дар фалсафаи Исломӣ бо чунин бурҳонҳое исбот мешавад». «Ҷои таассуф аст, ки пас аз гузашти қарнҳои мутароким аз сайри мумтадди илм ва дониш кори як муддаии донишомӯз ба ҷое бирасад, ки ба андозаи як инсони дур аз ободӣ натавонад аз ғаризаи фитрии худ истифода кунад! Як инсони содда агар чӣ аз баёни тафсилии фикрии худ оҷиз аст, вале бо фитрати худ иллати ҷаҳон (Худо)-ро барои ҷаҳон (маҷмуаи илал ва маълулот) исбот мекунад». «Ҷаҳони офариниш мураккаб аз се мартаба аст, ки ба тартиб аз боло ба поин рӯи ҳам қарор доранд: 1-Ҷаҳони ақл 2- Ҷаҳони мисол 3- Ҷаҳони модда. Маҷмуаи ҳар оламе маълули мофавқи худаш мебошад ва маҷмуъи ҷаҳони офариниш маълули Худои офаридгор аст ва нисбати ҳар иллати ҷузъ ба вай, нисбат дастро дорад ба нависанда ва нисбати забонро дорад ба гӯянда. Олами модда мақсаде дарад, ки ба сӯи ӯ рӯй овардааст... Ва ин ҳадафи аст, ки ба вуҷуд омаданаш зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад».
«Оё ҷараёни корҳои ҷаҳон тибқи як барнома ва тарҳи қаблии ғайри қобили тахаллуф анҷом мегирад ва оё инсон маҷбурона зиндагӣ мекунад, ё онки инсон озод ва мусаллат бар муқаддароти хеш аст? Ё фарзи саввуме дар миён аст?»
Китоби «Инсон ва сарнавишт» ба баррасӣ ва таҳлили ин масъалаи бузург мепардозад ва нишон медиҳад, ки эътиқод ба қазою қадар сабаби маҷбур будани инсон намешавад. Мусулмонони садри Ислом низ, ки ба қазою қадар муътақид буданд, ҳаргиз ба сӯи ақидаи «ҷабр» кашонда нашуданд, балки бо фаолият ва муборизаи худ ҳамвора аз Худованд беҳтарин «қазо»-ро талаб карданд чун медонистанд, ки дар ҳар мавриде анвои қазо ва қадар вуҷуд дорад.
«Фалсафаи моддӣ ва сарнавишт, тавҷеҳи озодӣ дар айни ҳукумати қазою қадар, сарнавиштҳои гуногун ва имкони ҷонишини якдигар шудани онҳо, решаи Қуръонӣ ва аҳодиси марбут ба қазою қадар, эътиқод ба қазою қадар ва ду баробар шудани иродаю ҳиммат, тарҳи шубаҳот ва посух ба онҳо».
Ин китоб маҷмуаест аз суханрониҳои устод дар бораи инсони комил ё инсони волою намуна.
«Камоли инсон дар фалсафа ба «ақл»-и ӯст ва дар Ирфон ба «ишқ» ва дар мактаб Ниче ба «қудрат» ва дар назари баъзе ба «заъф» (чун қудрати фасод меоварад) ва дар фалсафаи ҳиндӣ ба «шинохти нафс» ва тасаллут бар худ ва муҳаббат ба дигарон аст ва дар назари баъзе инсони комил, инсони бе табақа ва озоду огоҳ ва мутааҳҳиду масъул аст. Иддае ҳам бархурдорӣ аз табиатро камол медонанд ва... Ислом барои «дил» арзиш қоил аст, вале ҳаргиз «ақл»- ро таҳқир намекунад. Дар мактаби Ислом, қудрат як арзиши инсонӣ ва як камол буда ва яке аз хусусиёти инсони комил аст. Ислом инсони заифро намеписандад, аммо танҳо арзишро қудрат намешиносад ва қудратро низ маҳдуд дар зӯри бозую бадан намедонад, балки тасаллути бар нафс ва ғалабаи бар ҳавою ҳавас низ қудрат ва ҳатто бартарин қудрат медонад».
Ин китоб, маҷмуъаест аз як муқаддима, ки дар бардорандаи ёддоштҳои устод ва шаш ҷаласаи суханронӣ дар бораи масоили гуногуни марбут ба «Имомат»:
Тарҳи беғаразонаи мабҳаси «Имомат» мухолифи ваҳдати Исломӣ нест. Имом илова бар раҳбарии сиёсии ҷомеа дорои марҷаияти динӣ, исмат ва вилоят низ ҳаст. Барои зарурати Имомат, ҳам далели ақлӣ дорем, ҳам далели нақлӣ, аммо таъини Имоми маъсум бояд ба василаи «насс»[72] сурат бигирад. Имомат аз дидгоҳи оёту ривоят бисёр бо аҳамият ва зарурист.
Ин китоб шомили панҷ гуфтори гуногун аст:
Гуфтори аввал: «Х уршеди дин ҳаргиз ғуруб намекунад.» Дар ин гуфтор омадааст ҳар чизе, ки дар даруни фитрати башар ҷой дошта бошад ва аз ниёзҳои табии ӯ бошад, ё онки таъмин кунандаи хостаҳои ӯ бошад, боқӣ мемонад ва аз байн намеравад.
Гуфтори дуввум: «Имдодҳои ғайбӣ дар зиндагии башар».
Дар ин гуфтори мабоҳисе дар бораи олами ғайб ва лузуми имон ба он, ҳатто дар асри илму фановарӣ баён шуда ва албатта дар айни ҳол аз рӯҳи ҷумуд ва адами таҳқиқ низ интиқод шудааст.
Гуфтори саввум: Таҳти унвони «Мудирият дар Ислом» ба баррасии ду мафҳуми ҳамроҳ бо мудирият, яъне «булуғ ва рушд» пардохта ва мудирияти иҷтимоиро «муҷаҳҳаз кардани нерӯҳо ва саҳеҳ андохтани онҳо дар роҳ, сомон додан, созмон бахшидан ва ҳарорат бахшидан ба онҳо» дониста ва Пайғамбари Ислом(с)-ро намунаи олии мудирият муаррифӣ кардааст чаро, ки аз «заифтарин миллатҳои дунё қавитарин миллатҳо»-ро сохт.
Гуфтори чаҳарум: Дар бораи рушд аз дидгоҳи Ислом баҳс шуда ва анвои рушд ва нишонаҳои берушдӣ матраҳ гардида ва дар гуфтори поёнӣ низ аз як филми ғаразолуд ва бад интиқод шудааст.
Унвонҳои ин китоб аз ин қароранд «адолат аз назари Алӣ(к), адолат аз назари Ислом, пояҳои ҳуқуқ аз назари Ислом, эҳтироми ҳуқуқ ва таҳқири дунё, тафовутҳои баҷо ва тафовутҳои беҷо, раззоқияти илоҳӣ, Имом Содиқ(р), Имом Козим(р), сахтиҳо ва гирифториҳо, фавоиду осори имон, назари дин дар бораи дунё, назари Ислом дар бораи илм, пурсишҳои динӣ, ақл ва дил, дарсе, ки бояд аз фасли баҳор омӯхт, Қуръон ва масъалаи тафаккур, истидлоли Қуръон ба масъалаи ҳаёт барои исботи тавҳид, дуо, дастгоҳи идрокии башар, инкорҳои беҷо».
«Алӣ(к) адлро аз ҷуд (бахшиш) беҳтар медонанд, чун адл бар хилофи ҷуд ҳар чизеро дар ҷои худаш қарор медиҳад ва чун адолат аст, ки метавонад поя ва асоси зиндагии умумӣ ва иҷтимоӣ қарор гирад дар Ислом бо таъкиди фаровон ба адолат даъват шуда, аммо инки чаро ба ин даъват амал нашудааст нишоне аз раҳбарони нолоиқ ва бад тафсир шудани адолат аст. Ҳадяҳои хилқат ҳаққи инсон аст. Ин ҳақро қонуни хилқат, ки муқаддам бар қонуни шаръ аст, қарор дода ва чун ҳар ду аз ҷониби Худованд аст, Худованд қонуни динро ҳамоҳанги қонунҳои фитрату хилқат қарор додааст. Албатта ин ҳақ билқувва аст ва дар асари анҷоми таклифу вазифа феълият пайдо мекунад ва ҳар касе ба ҳаққи ихтисосии худ мерасад. (Дарахтон барои инсон офарида шудаанд ҳаққи билқувваи инсон. Агар фарде дарахтеро кошт моли ӯ аст ҳаққи билфеъл) Дин он қадар ба усул, ҳуқуқ, ақида, имон ва ахлоқ аҳамият медиҳад, ки мегӯяд ба хотири инҳо бояд аз дунё гузашт ва ин бе арзиш карадани дунё нест балки арзишҳои олитар аз дунёро эҳтиром гузоштан аст. Табъиз ва тафовути нораво ин аст, ки аз лиҳози имконот ва шароити амал, ҳамаи афрод мусовӣ набошанд ва тафовути раво ва лозим ин аст, ки ҳаққи ҳар касеро ба андозаи лаёқатҳо ва шоистагиҳое, ки аз худ нишон додааст, бидиҳем. Инсон, ки мавҷуди олитар аз дигар мавҷудот аст, таҳсили рӯзии ӯ шакли дигаре дорад ва фосила байни ӯ ва ризқу рӯзияш бештар аст. Ба ҳамин хотир кор, кӯшиш, андеша ва дифоъ аз ҳуқуқ барои таҳсили рӯзӣ, ҳамаи инҳо нишонаҳои раззоқияти Худованд барои инсонанд.
Имом Содиқ(р) дар асру замоне воқеъ шуда буд, ки илова бар ҳаводиси сиёсӣ як силсила ҳаводиси иҷтимоӣ ва печидагиҳо ва ибҳомҳои фикрию рӯҳи пайдо шуда буд ва ин боис шуд, ки Имом дар ин ҷабҳаи фикрӣ муборизоти худро оғоз кунад. –Мусо-ибни- Ҷаъфар(р) ба ҷурми ҳақгӯи, имон, тақво ва муҳаббати мардум ба ӯ ба зиндон афтод ва албатта зиндонӣ шудан ба ҷурми азамату шахсият, ифтихор аст. Сахтиҳои зиндагӣ, созандаи инсон, имтиҳони илоҳӣ ва монеъи нозпарвардагии одамӣ мебошад. Имон пуштивонаи ахлоқ ва мояи саломати ҷисму ҷон ва эҷоди ҳамоҳангӣ байни инсон ва муҳити табии ва иҷтимоӣ ва тасаллут бар нафс ва... мебошад. Дар Ислом, ончӣ бад аст ин аст, ки дунё ғояти омол ва мунтаҳои орзуҳои инсон қарор гирад, аммо ин ба он маъно нест, ки дунё дар зоти худаш шар ва зишт аст. Ҳар илме, ки ба манзуре аз манзурҳои фардӣ ё иҷтимоии Ислом кӯмак мекунад ва надонистани он сабаби замин хӯрдани он манзур мегардад, он илмро Ислом тавсия мекунад, валекин Ислом дар бораи он илм назари хоссе надорад магар илме, ки таъсири бад дошта бошад, ки Ислом бо он мухолиф аст.
Ислом дастур медиҳад ҳақоиқеро, ки намедонед ва донистани онҳо барои шумо зарурист, бипурсед ва аз тарафи дигар зиёд савол кардан ва саргарм ба савол шуданро наҳй мекунад. Аз конуни дил ҳарорату ҳаракат бар мехезад ва аз конуни ақл ҳидояту рўшаноӣ. Зинда шудани замин дар баҳор, аз назари Қуръон, ҳам далолат бар тавҳид дорад ва ҳам намунае аз қиёмат аст. Мояи тафаккур илм аст, пас амр ба тафаккур дар воқеъ амр ба касби маълумот ҳаст. Қуръон барои тавҳид ба ҳамин низоми ҷории ҳаёту мамот истидлол мекунад ва ҳаргиз ба суроғи мавориди ғариб ва нодир намеравад.
Дуо агар аз таҳи дил бошад, рӯҳи инсонро ба ҷунбиш медарорад ва як рӯҳонияти бисёр олиеро эҷод мекунад».
Баррасии кутоҳест, дар бораи дарснохондагии Пайғамбар(с) ва нақд ва радди иддаоҳои бе далеле, ки баён шудаанд. Дар поёни китоб чунин натиҷагирӣ мешавад, ки: «Расули Акрам(с) ба ҳукми таърихи қатъӣ ва ба шаҳодати Қуръон ва ба ҳукми нишонаҳои фаровон, ки аз таърихи Ислом ба даст меояд, лавҳи замираш аз тааллум (ва омӯхтан) аз башар пок буда ва ҷуз аз Ҳақ, донише наёмӯхтааст».
Ин китоб дорои шаш бахши гуногуни «мусоҳиба, вазоифи ҳавзаҳои илмия, нақши зан дар ҷумҳурии исломӣ, аҳдофи рӯҳоният, озодии ақида ва ёддоштҳо» мебошад.
Устод муътақиданд, ки «салб кардани озодиҳо, ҷиддӣ нагирифтани адолати иҷтимоӣ ва заиф шумурдани маънавият аз хатарҳо ва монеъҳои муҳим дар масири давомёфтанӣ инқилоби исломӣ мебошанд. Ҳавзаҳои илмия як силсила вазоифи аслӣ доранд, ки идеол ва камоли ҳавзаҳо маҳсуб мешаванд ва як силсила вазоифи феълӣ доранд, ки дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷӯҳ ба имконоти ҳавза анҷоми онҳо мумкин аст. Аз вазоифи аслӣ метавон ба ин умур ишора кард: Эҳёи улуми исломӣ, ҳифз ва нигаҳбонии меросҳои фарҳангии Ислом, барқарории робитаи илмӣ бо марокизи илмии исломӣ, тарвиҷи забони арабӣ, ошноии ҳар фард лоақал бо як забони хориҷӣ, адабиёти форсӣ, улуми инсонии ҷадид, фалсафаи ахлоқ, фалсафаи таърих, макотиби иқтисодӣ, моҳияти тамаддун ва фарҳанги исломӣ, таърихи адён, мактабҳои роиҷи илҳодии муосир, макотиби ҳуқуқӣ, фалсафаи татбиқӣ, мантиқи татбиқӣ, сираи набавӣ, масоили қуръонӣ, мабоҳиси каломию асосӣ дар улум ва фарҳанги исломӣ ва кӯшишҳои илмию ахлоқӣ ва тахассусӣ шудани риштаҳо. Зан, нақши созандагии ғайри мустақими торихии худро мадюни ҳаё, покӣ ва тақвои хеш кардааст ва онҷо, ки зан ин умурро раҳо карда ва худро ба ибтизол кашонда, ин нақши торихиро аз даст додааст. Озодии фикрӣ мақбул аст, аммо дар бораи ақида чи басо ақидаи худ бузургтарин монеи фикр бошад, лизо Ислом танҳо ақидаеро мепазирад, ки бар пояи тафаккур бошад, на варосат ва тақлид ва ҷаҳолат ва...»
Ин китоб маҷмўаест аз ёддоштҳо, суханрониҳо ва мусоҳибаҳои устод, дар робита бо инқилоби исломӣ ва мабоҳиси гуногуни дигар. Муҳимтарин масоили баёншуда иборатанд аз «озодии тафаккур ва ақида, моҳияти инқилоби исломии Эрон, чанд мусоҳиба, адолати иҷтимоӣ, истиқлолу озодӣ, маънавият дар инқлоби исломӣ, рӯҳоният ва инқилоби исломӣ».
«Фарқ аст миёни озодии тафаккур, ки бархоста аз истеъдоди андешидан дар инсон аст, бо озодии ақида, ки мумкин аст бархоста аз тафаккури саҳеҳ ва дуруст набошад, балки фақат ҳосили тақлид, одат, таъассуб ва... бошад. Озодии ақидае, ки аз рӯи тафаккури саҳеҳ набошад, на танҳо муфид нест, балки зиёнбортарин асарҳоро барои фард ва ҷомеа ба дунбол дорад. Инқилоби Эрон як ҳуввияти исломӣ дорад, яъне инқилобест, ки аз ҳамаи ҷиҳоти моддӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва ақидатӣ рӯҳу ҳувияти Исломӣ дорад агар дар ҷомеаи мо муҳити озоди бархурди орою ақоид ба вуҷуд биёяд ба тавре, ки соҳибони афкори мухталиф битавонанд ҳарфҳояшонро баён кунанд ва мо ҳам дар муқобил орои худамонро баён кунем, танҳо дар чунин заминаи солиме хоҳад буд, ки Ислом ҳарчӣ бештар рушд мекунад.
Демократия дар Ислом, яъне инсонияти раҳо шуда, ҳол онки ин вожа дар қомуси араб маънои ҳайвонияти раҳо шударо дорад. Инқилоби мо, «инқилоби исломӣ» дар оянда дар канори адолати иҷтимоӣ ба миқёси исломӣ, ниёз ба маънавияти густарда дорад, маънавияте аз он намуна, ки дар Пайғамбар ва аимма дидаем. Рӯҳоният ҳамеша дар канори мардум буда ва ҳамвора ба суди мардум ҳаракат кардааст... аммо имрӯза барои наҳзати мо ояндае, ки дар он бозори арзаи афкори доғ бошад ба тавре ки шинохти ҳақ аз ботил душвор гардад қобили пешбинист. Аз инрӯ лозим аст, рӯҳоният даҳҳо баробари гузашта, худро таҷҳиз ва омода кунад. Лозим аст, ки рӯҳониятро ислоҳ кард, на ин ки онро аз байн бурд».
Дар ин китоб мавзуи таълиму тарбият, ки аз мавзуҳои бисёр муҳим ва таъсирофарин ва сарнавиштсоз аст, бо дарназар гирифтани дидгоҳҳои Исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
«Баҳси таълиму тарбият дар воқеъ баҳси сохтани якояки инсон аст. Омӯхтани масоили равонию ахлоқӣ, ба унвони муқаддимаи «тазкияи нафс» зарурист. Ислом илова бар илм, ба ақл ҳам даъват карда ва ақл аст, ки дурустро аз нодуруст ҷудо мекунад ва ба оянда ва поёну натиҷаи корҳо таваҷҷӯҳ дорад. Илму ақл бояд ҳамроҳ бошанд, ақл бояд аз ҳукумати додаҳои муҳит ва урфу одат озод бошад. Тарбият бояд барои шукуфо кардани рӯҳ бошад. Ақлу имонро ончунон бояд хуб кард, ки ҳамон тавр, ки асири табиати инсон нестанд, асири одати ӯ ҳам набошанд. Эътиқоди мазҳабӣ, пуштивонаи решаҳои ахлоқист. Ба ҳамин хотир он решаи аслие, ки дар тарбият бояд онро обёрӣ кард, ҳамон эътиқод ба Худост, ки дар партави он, ҳам бояд эҳсосоти навъдустонаро тақвият кард ва ҳам бояд ҳисси зебоиро парвариш дод. Тааққулу тааллум, тақвову тазкия, ибодат, каромат ва иззати нафс, муҳосибаи нафс, инсондустӣ ба маънои инсониятдустӣ, ҳақиқатҷӯӣ, муошират бо солиҳон, муҳаббат ба авлиёи илоҳӣ ва ҷиҳод ҳама аз сабабҳои муҳими ислоҳ ва тарбияти инсон мебошанд».
Ин китоб маҷмуъаест, аз 17 ҷаласаи суханронӣ, баҳс ва интиқод, ки ба мавзӯъ ва меҳвари муҳими «тавҳид» мепардозад. Дар ростои «исботи вуҷуди Худо» ба роҳи фитрат, роҳҳои илмӣ ва нима фалсафӣ «бурҳони назм, ҳидояти мавҷудот ва роҳи хилқат» ва роҳҳои ақлонӣ ва фалсафӣ пардохта ва дар поён матолиберо, ки дар бораи «тавҳид ва такомул» ва «тавҳид ва масъалаи шарур» вуҷуд дорад, мавриди баррасӣ ва нақд қарор додааст. «Худошиносӣ ба сурати як ҳис дар вуҷуди инсон қарор дорад ва баъзе аз равоншиносони бузург ҳам ба ин матлаб иқрор кардаанд. Дар бурҳони назм, назми бархоста аз иллати ғоӣ мурод аст ва илло назми бархоста аз «иллати фоилӣ», далел бар вуҷуди Худо нахоҳад буд, яъне танҳо ин ки назми олам нозиме (иллати фоил) мехоҳад Худоро исбот намекунад, балки бояд нишон дод, ки ин назм ҳадафдор буда ва ба самти як ҳадафи хоссе дар ҳаракат аст. «Иллати ғоӣ» дар ин сурат як нозими огоҳ ва бо шуур ва ихтиёр собит мешавад, чун ҳатто агар бипазирем, ки тасодуфу иттифоқ мумкин аст, назме падид оваранд ҳаргиз наметавонем бипазирем, ки чунин назме, ки ҳамроҳи тадбиру интихоби нозим будааст, бархоста аз тасодуф ва иттифоқ аст. Дар Қуръон асли ҳидоят, мустақил аз асли назм далел бар Худошиносӣ гирифта шудааст, асли ҳидоят дар бораи сохтмони ашё нест, балки дар бораи кору амалкарди онҳост...»
Устод Мутаҳҳарӣ дар муқаддимаи китоб чунин мегӯянд: «Китоби ҳозир шомили як муқаддима ва ду бахш аст. Дар муқаддима куллиёте дар бораи ҷазбу дафъ ба таври умум ва ҷозиба ва дофиаи инсонҳо ба таври хусус баҳс шудааст. Дар бахши аввал, ҷозибаи Алӣ(к) ва фалсафа ва фойда ва асари он мавриди баҳс қарор гирифта ва дар бахши дуввум, дофиаи неруманди он Ҳазрат, ки чӣ гуна афродеро ба сахтӣ дур меандохт баён шудааст.»
Алӣ(к) чун инсоне мутаодил ва миёнарав буд, дар бораи дигарон ба адл рафтор мекард. Ў камолоти инсониятро дар худ ҷазб мекард, аммо дар даврони хилофаташ се дастаро аз худ дур кард ва бо онон ба мубориза бархост.
1- Асҳоби Ҷамал «паёмоншиканон».
2- Асҳоби Сиффайн «золимин».
3- Асҳоби Наҳравон «хавориҷ».[74]
Устод баҳси худро дар дастаи охир, яъне ҳамон хавориҷ тӯлу тафсил дода ва мабоҳиси бешумореро мисли пайдоиш, ақоид ва хусусиятҳои хавориҷ баён намудааст.
Ин китоб ҳосили се ҷилд тафсир ва суханронии устоди Шаҳид аст, ки ба баррасии масъалаи «Ҷиҳод» ва мавориди машруияти он дар Қуръон мепардозад. Дар ин замина мавзуоти бисёре баён ва баррасӣ мешаванд, монанди «Ҷанг бо аҳли китоб; Фалсафа ва ҳадафи ҷиҳод; Ислом ва сулҳ; Фирақи Ислом ва масеҳият -Ҷизя ва...»
«Агар ҷанге барои дифоъ бошад ҳатман мавриди писанд аст, чун қабули таҳоҷум сулҳ нест, балки таслим аст. Исломе, ки барои ташкили ҳукумат ва давлат омадааст, чӣ тавр метавонад сипоҳ надошта бошад. Ислом мегӯяд: Сулҳ, дар сурате, ки тарафи муқобил омода ва мувофиқ бо сулҳ бошад ва ҷанг дар сурате, ки тараф мехоҳад биҷангад. Таҷовуз бад аст, вале ҳар ҷанге таҷовуз нест. Ислом назараш ин нест, ки ба зӯр ба мардум бигӯяд бояд мусулмон бишавӣ вагарна кушта мешавӣ, балки батаври куллӣ сулҳро беҳтар медонад «والصلح خير».( Нисо\ 128) Моҳият ва асл дар Ислом «дифоъ» аст, на таҷовуз. Дифоъ аз ҳуқуқи худ ва аз ҳуқуқи миллат ва болотар аз ҳама аз «ҳуқуқи инсоният.» Ислом ҷиҳодро барои маҷбур мусулмон кардан намехоҳад, балки барои аз миён бардоштани монеъҳои инсоният ва ривоҷи арзишҳои инсонӣ мехоҳад. Ҷизя гирифтан аз аҳли китоб, дар воқеъ гирифтани молиётест дар баробари хадамоте, ки давлати Исломӣ барояшон анҷом медиҳад ва ба ин хотир давлати Исломӣ аз онҳо сарбоз ва молиёт намегирад».
Ин китоб маҷмуаест, аз дарсҳо ва суханрониҳои устод дар мавзӯъоти мухталиф: «Ҳаққу ботил; Эҳёи тафаккури исломӣ; Тафаккури дирӯзу имрӯзи мусулмонон; Тафаккури зиндаю мурда; Тафаккури Исломӣ дар бораи зуҳду тарки дунё ва фалсафаи зуҳд».
«Дар низоми ҳастӣ асолат бо ҳақ аст ва ботил дар таҳлили ниҳоӣ, нестист, дар таърих ва ҷомеаи инсонӣ низ, гарчӣ ботил намуд дорад, вале асолат бо ҳақ аст, ҳақ мустақил аст ва ботил чизи зиёдист, ки либоси ҳақ мепушад ва илло ҳеч ва пуч аст. Ботил ғалабаи зоҳирӣ дорад, вале пирӯзии ниҳоӣ аз они ҳақ аст. Барои мо лозим ва зарурист, ки тафаккури Исломии худамонро ба шакли зиндае дароварем ва бардошти худамонро аз Ислом тағйир диҳем. Яке аз осебҳои қуруни аввалияи исломӣ хор шумурдани таъсири амал дар саодати инсон ва баргашт аз тафаккури воқеъбинона ба андешаҳои хиёлбофонааст.
Таълимоте, ки асари ҳаётбахше надорад ва рӯҳияю ҷунбиш эҷод намекунанд, балки мурдагӣ ва сукун меоваранд, таълимоти исломӣ нестанд. Зӯҳд дар масеҳият тарки корҳои дунёст, барои расидан ба корҳои охират ва дар як бардошти ғалат тарки лаззатҳои дунёст, барои расидан ба лаззатҳои охират. Аммо дар Ислом ҳар кори дунёӣ ба шарте, ки барои Худо сурат бигирад мешавад кори охиратӣ ва ҳар лаззати ҳалоле бо лаззатҳои охират зид намебошад ва парҳезкорон аз ҳарду бархурдоранд. Зӯҳд дар Ислом як фазилат аст, на як амри воҷиб ва маънои он ин аст, ки инсон ба зиндагии содда қаноат кунад ва аз лаззатҳои ҳалол ҳам бигзарад, аммо бар асоси як ҳикмат ва фалсафаи хос, на бар асоси ин ки кори дунё аз кори охират ҷудост ва на бар асоси ин ки миёни лаззати дунё ва лаззати охират тазод ва таоруз аст.
Ин фалсафаи хосси зӯҳд шомили умурест аз қабили: аз худгузаштагӣ, ҳамдардӣ ва ҳамсатҳӣ, озодию озодагӣ ва дарки лаззатҳои маънавӣ».
Ин китоб, чунон ки дар муқаддима муаррифӣ шудааст, маҷмуаест аз мақолоте, ки Устод дар бораи роҳу расми зиндагӣ ва дастуроти Ислом навиштаанд.
«Зербинои ҳамаи афкор ва мӯътақидот ва ахлоқиёти динӣ, Худошиносист. Алӣ(к) мефармоянд: Мардум дар ин дунё ду дастаанд: Як даста ба бозори ин ҷаҳон меоянд ва худашонро мефурушанд ва барда месозанд ва гурӯҳе худро дар ин бозор мехаранд ва озод менамоянд.
Имон, амали солеҳ, ташвиқи якдигар ба ҳамроҳии имон, ҳақ, амали шоиста, тавсияю ташвиқ ба сабру истиқомат, чаҳор рукни аслии саодати башар мебошанд, ки ҳама дар сураи «Ал-аср» омадаанд.
Ҳақ дар назари Алӣ(к) чанд хусусият дорад:
1- Дар забон осонтарин ва дар амал сахтарин корҳост.
2- Ҳуқуқи мардум ду тарафа аст ва ҳама нисбат ба ҳамдигар ҳам ҳақ доранд ва ҳам дайн (қарз), аммо Худо фақат ҳақ дорад ва дайне бар ӯ нест.
3- Расидан ба ҳуқуқ, бетаовуну ҳамкорӣ мумкин нест.
4- Касе, ки шунидани ҳақ барояш сахт аст, амал ба он барояш сахтар аст. Агар сабру истиқомат ва ҳавсала бошад, беистеъдодтарин афрод ҳам агар чӣ дар як замони дароз ҳам бошад ба ҳадаф хоҳанд расид, чунон ки Али(к) фармуданд: «Одами бо ҳавсалаву сабур пирӯзиро ба даст хоҳад овард, агарчӣ баъд аз як замони дароз».
Расули Акрам(с) аз асҳоби худ пурсид: Маҳкамтарин дастгираҳои имон чист? баъд аз ҷавобҳои мухталифи асҳоб, худи он ҳазрат фармуданд: «Маҳкамтарини дастгираҳои имон, дӯст доштан ва душман доштан ба хотири Худост». Агар бигӯянд лозимтарин ва муфидтарин доноиҳо ва таваҷҷӯҳҳо барои башар чист? Бояд гуфт таваҷҷӯҳ ба фақри илмӣ ва таваҷҷӯҳ ба нодонӣ. Илму фикр ғазои рӯҳ аст ва одамӣ бояд ба ҳамон андоза, ки дар бораи маоши худ фикр мекунад дар бораи ғазои рӯҳии худ низ биандешад. Аз Али(к) савол шуд, ки Исломро тавсиф кунад, фармуд: Тавре тавсиф хоҳам кард, ки то кунун касе тавсиф накарда аст, «Ислом таслим аст» ин калима бисёр бузург аст, яъне ҳақиқати Ислом душманӣ надоштан ва сарпечӣ накардан бо ҳақиқат аст. Ислом ин аст, ки башар дар баробари ҳақиқат таслим бошад».
«Ҳамосаи[75] Ҳусайнӣ» маҷмуаест аз суханрониҳо ва ёддоштҳои Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар бораи ҳодисаи Карбало, ки қаблан дар се муҷаллад ва ахиран дар ду муҷаллад танзим ва чоп шудааст. Ҷилди аввали ин маҷмуа шомили ҳамаи суханрониҳои Устод дар заминаи наҳзати Ошӯро ва ҷилди дуввум шомили тамомии ёддоштҳои эшон дар ин замина аст. Ин маҷмуъа мекушад, то чеҳраи навин ва таъсиргузор ва ҳамосаофаринеро аз наҳзати азими Ҳусайнӣ баён кунад ва аз ин тариқ тамомии тасвирҳои инҳирофӣ, заъиф ва руякиро ба ҳошия биронад.
Устоди Шаҳид баён медорад, ки тасвири ғамолуд ва таассурофарин фақат бахше аз воқеаҳои Ошӯрост, ки ҳаргиз набояд моро аз розу асрори ҳамосии Ошӯро ғофил созад. Дар ҳамин росто, Устод мекӯшад то моҳият, аҳдоф, ангезаҳо ва эҳёгариҳои ин наҳзатро нишон диҳад ва дар сояи ин маърифат заминаҳои рушду шукуфоии инсонро бо улгу қарор додани Ҳусайн ибни Алӣ(р) фароҳам созад»
Шумо дар дунё ҳамосае монанди Ҳамосаи Ҳусайн ибни Алӣ(р) пайдо нахоҳед кард, чӣ аз назари қудрату қуввати ҳамоса ва чӣ аз назари улугуву баландӣ ва инсонӣ будани он ва мутаассифона мо мардум, ин ҳамосаро нашинохтаем. Аз назари ман калиди шахсияти ҳусайнӣ, ҳамоса аст, шӯру ғавғост, азамат аст, салобат аст, шиддат аст, истодагӣ ва ҳақпарастист. Душман натавонист дар ҳодисаи Карбало дигаргунӣ эҷод кунад.
Дар ин ҳодиса бо камоли таассуф ҳарчӣ таҳриф шуда аз ноҳияи дӯстон будааст. Азодории Ҳусайн-ибни Алӣ(р) воқеан ҳикмат дорад, ҳикмати саҳеҳ ва бисёр олие ҳам дорад ва ҳар чӣ мо дар ин роҳ кӯшиш кунем, ба шарти ин ки ҳадафи ин корро бишиносем, баҷост. Аммо мутаассифона иддае инро нашинохтанд, хаёл карданд бидуни инки мардумро ба мактаби Ҳусайнӣ ошно кунем, ба ҳикмати қиёми Ҳусайнӣ ошно кунем, ориф ба мақомоти Ҳусайнӣ кунем, ҳамин қадар, ки мардуме омаданд ва нишастанд ва як гиряеро нафаҳмида ва надониста карданд дигар кафораи гуноҳон аст! Агар ашке, ки мо барои Ҳусайн ибни Алӣ(к) мерезем, дар масири ҳамоҳангии рӯҳи мо бошад ва рӯҳи мо каме парвоз бо рӯҳи Ҳусайнӣ бикунад ва заррае аз ҳиммат, ғайрат, ҳуррият, имон, тақво ва тавҳиди ӯ дар мо буд, он ашк ҳарчӣ дилатон бихоҳад дорад. Аммо на ашк барои нобуд шудани Ҳусайн(р) бошад, балки ашке, ки барои азамат ва шахсияти Ҳусайн ва нишонаи ҳамоҳангӣ бо ӯ бошад. Омилҳое сабаб шудааст, ки наҳзати Имом Ҳусайн(р) як наҳзати чанд моҳиятӣ бошад:
1) Моҳияти дифоӣ: Не гуфтан ба тақозои байъат бо Язид
2) Моҳияти ҳамкорӣ ва таовунӣ: «Пазируфтани даъвати мардуми Кӯфа»
3) Моҳияти ҳуҷуми «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ки муҳимтарин ва бо арзиштарин омил аст». Масъалаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ба наҳзати Ҳусайнӣ арзиш дод, аммо Ҳусайн(р) ҳам ба амри ба маъруф ва наҳй аз мункар арзиш дод. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ягона аслест, ки ӯҳдадори бақои Ислом аст. Аслан, агар ин асл набошад, Исломе нест. Агар бихоҳем ҳақиқати амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро баён кунем, бояд бигӯем: Истифодаи ҳатмӣ аз ҳар василаи машрӯъ барои пешбурди ҳадафҳои исломӣ. Агар Ҳӯсайн-ибни Алӣ(р) буд, мегуфт: Агар мехоҳӣ барои ман азодорӣ кунӣ, барои ман сина бизанӣ шиори имрӯзи ту бояд Фаластин бошад.
Дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қатъан бояд ҳисоб, тадбир, фикру мантиқ ба кор бурда шавад. Уламое, ки дар масоили иҷтимоӣ мутолиа кардаанд гуфтаанд, ки рози нобудии Хавориҷ ҳамин буд, ки дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мантиқӣ бархурд намекарданд. Ду рукни аслии амр ба маъруф ва наҳй аз мункар иборатанд аз қудрат ва огоҳӣ, ки ҳардуро бояд ба даст овард. Дар таърих он ранге, ки ҳаргиз аз байн намеравад, ранги сурхи хун аст ва Ҳусайн-ибни Алӣ(р) тааҳҳуде дошт, ки дар таърих паёми худашро бо ин ранги собити хуни хеш навишт...»
Ин китоб маҷмуаест аз даҳ ҷаласа суханронии Устод, ки чакидаи онҳо дар китоби «Хатми пайғамбарӣ» омада ва машруҳи онҳо дар ин китоб баён шудааст.
Устод, баъд аз баррасии хотамият дар Қуръону ҳадис нишон медиҳанд, ки дар замони зуҳури Ислом ба унвони охирин дини илоҳӣ, башар ба булуғ ва рушде расида буд, ки метавонист мубаллиғи шариат бошад, ба ҳамин хотир дигар ба анбиёи таблиғӣ ҳоҷате набуд. Аз тарафе илова бар ончӣ ки Қуръон оварда буд дигар чизе, ки вазифаи ваҳй бошад ва ваҳй бихоҳад барои мардум тавзеҳ бидиҳад, вуҷуд надошт. Аз он ба баъд вазифаи ақл ва илм аст. Устод сирри мондагорӣ ва зинда будани дини Исломро ин медонанд, ки Ислом дар таълимоти худ ҳаргиз дунболи ҳадафҳои ҷузъӣ ва муваққат нарафта, балки ҳадафҳои номаҳдудеро дунбол кардааст, ки инсон ҳарчӣ бештар пеш биравад, боз он аҳдофро дар пеши худ мебинад, на дар пушти сар. Ба ҳамин ҷиҳат, таълимоти исломӣ барои ҳамеша метавонад зинда бимонад. Устод таъкид мекунад, ки Ислом бо ҳавасҳо мубориза кардааст, на бо хостаҳои зарурии замон. Устод дар ҷавоби касоне, ки ҷовидонагии динро бо ҷабри таърих носозгор медонанд, мефармояд: Ҷабри таърих дуруст аст ва ҳамон тавр, ки ҷабри таърих металабад, ки як силсила масоил дар зиндагии башар тағйир бикунад, худи ҳамин ҷабр металабад, ки як силсила ҳақоиқ дар зиндагии башар собит бимонад. Устод дар поён, барои хотамият чаҳор рукн матраҳ мекунад:
1- Инсон ва иҷтимоъ, ки дар айни тағйирот, маҳдудаи собите доранд.
2- Вазъи хосси қонунгузорӣ дар Ислом, «ки ҳам усули собит дорад ва ҳам фурӯи мутағайир».
3- Илм ва иҷтиҳод.
4- Вазъи хосси манобеи тафаққуҳ ва иҷтиҳод яъне Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл.
Ҳамон тавр, ки аз унвони китоб пайдост, ин китоб мабоҳиси зиёд ва лозимеро дар бораи хотамияти дини Ислом матраҳ мекунад. «Зуҳури Ислом бо эъломи ҷовидонагии он ва поён ёфтани пайғамбарӣ ҳамроҳ будааст. Аз назари Ислом хатми пайғамбарӣ, на нишонаи поин рафтани башарият ва на далели бениёзии башар аз паёми илоҳист. Яке аз рукнҳои хотамият булуғи иҷтимоии башар аст, ба тавре ки битавонад ҳофизи меросҳои илмию динии худ бошад ва худ ба нашру таблиғу таълиму тафсири он бипардозад».
Дар ин китоб дар ростои баҳси хотамият, мабоҳиси гуногуни дигаре низ монанди рамзи ҷовидонагии Ислом, ҷабри таърих, муқтазиёти замон, иҷтиҳод, ихтиёроти ҳокими шаръ ва ғайра баён шудааст.
Дар ин китоб ба мабоҳиси асосие, ки барои тамоми эрониён матраҳ аст, яъне «Эронӣ будан ва мусулмон будан» пардохтааст.
«Агар дар таъйини ҳудуди миллияти эронӣ, унсури ориёӣ асос қарор гирад, дар ин сурат Ғарби истеъморгар барои мо «Худӣ» мешавад ва арабҳои мусулмон, «Бегона» ва баръакс агар низоми фикрии Исломро милоки миллияти худ қарор диҳем... он вақт Араб, Турк, ҳиндӣ ва хитоии мусулмон нисбат ба мо худӣ ва Ғарби ғайри номусулмон, бегона мешавад».
Ин китоб аз се бахши аслӣ ташкил шудааст. Дар бахши аввал, ки унвони «Ислом аз назари миллияти Эронӣ» дорад омадааст, ки Ислом ранги ҳеч миллияти хосро надорад. Ислом овардани эрониён аз рӯи ишқ ба ҳақиқат будааст на аз рӯи икроҳу иҷбор. Бахши дуввум таҳти унвони Хадамоти Ислом ба Эрон ба ин масъала пардохтааст, ки Ислом рӯҳи тозае дар пайкари эрон ӣ дамид ва таърихи Эрон ро дар масири саҳеҳ қарор дод. Дар охирин бахш, ба «хадамоти Эрон ба Ислом» пардохта шудааст ва дар ҳамаҷо ба тартиб аз ибтидоитарин илмҳо то печидатарин матолиби илмӣ, асароти шигифтовари муслимини эрониро нишон додааст. Дар ин замина Устод ба ҳавзаҳои гуногуне монанди «Қироату тафсир, ҳадису ривоят, фиқҳу фақоҳат, адабиёт, калом, фалсафаю ҳикмат ва ирфону тасаввуф» пардохта ва дар ҳар ҳавза нақшофаринӣ ва таъсиргузории эрон иёнро нишон додааст.
Теъдоде аз достонҳои судманди воқеӣ, ки аз тарафи аҳодис ё таъриху сира гирифта шудаанд, бо забони соддаю гуё дар ин ду ҷилд китоб ҷамъоварӣ шудаанд. Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки: «Ин достонҳо илова бар онки амалан метавонанд роҳнамои ахлоқӣ ва иҷтимоии судманде бошанд, муаррифи рӯҳи таълимоти исломӣ низ ҳастанд».
Ин китоб ҳосили даҳ суханронии гуногуни Устод аст дар бораи мувзӯъоти тақво(1-2), амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, асли иҷтиҳод ва Ислом, эҳёи фикри динӣ, фаризаи илм, раҳбарии насли ҷавон, хитоба ва минбар(1-2), мушкили аслӣ дар созмони рӯҳоният».
«Тақво, мояи басират ва тақвияти ҳисси илҳомгирӣ ва ғалаба ба сахтиҳо мегардад. Бар асоси ояти 71-сураи Тавба, лозимаи имони ҳақиқӣ муҳаббат ва алоқа доштан ба сарнавишти якдигар аст ва лозимаи ин муҳаббат ва алоқа, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст, ки лозимаи он қиёми бандагон аст ба вазифаи ибодат ва хузӯъ нисбат ба парвардигор «намоз, закот, итоат аз Худо ва Расул». Рамзи иҷтиҳод дар татбиқи дастуроти куллӣ бо масоили ҷадид ва ҳаводиси мутағайир аст ва илло танҳо дар масоили куҳнаю фикр шуда фикр кардан мушкилеро ҳал намекунад. Вазифаи эҳёи дин, ки дар воқеъ канор задани умурест, ки ба номи дин ҳама чизро аз мо гирифта, дар дараҷаи аввал бар уҳдаи уламост, ки бо бидъатҳо ва таҳрифҳо мубориза кунанд. Ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти башар ба илм вобастагӣ дорад ба тавре, ки ҳеч кор ва шаъне аз ҳаётро ҷуз бо калиди илм наметавон анҷом дод. Ба ҳамин хотир вазифаи шаръӣ ва умумии ҳамаи муслимин ин аст, ки ба сӯи илм рӯй биёваранд. Хитоба бо Ислом пайванд дошта ва аз он таъсири фаровоне пазируфтааст, аммо дар айни ҳол бояд вазъияти хутбаҳоро ислоҳ кард.
Ин китоб дар ҳафт бахш танзим ва дар ҳар бахш ба ҷанбае аз ҷанбаҳои гуногуни Наҳҷ-ул-балоға пардохта шудааст.
Бахши аввал ба муаррифии умумии Наҳҷ-ул-балоға ихтисос дода шуда ва дар бахши дуввум мабҳаси амиқи «Илоҳиёт ва моваро-ут-табиат» аз дидгоҳи Алӣ(к) тарҳ гардидааст. Саввумин бахш ба шарҳи «Сулук ва ибодат» пардохта ва чеҳраи обидонро тарсим кардааст. Бахши чаҳорум «Ҳукумат ва адолат» аз манзари Алӣ(к)-ро бозгӯ мекунад ва дар бахши панҷум ба «Аҳли байт(р) ва масалаи хилофат» мепардозад. Бахши шашум «Мавъиза ва ҳикмат»-ро аз нигоҳи Алӣ(к) матраҳ мекунад ва дар бахши поёнӣ «Дунё ва дунёпарастӣ» аз назари Қуръон ва Наҳҷ-ул-балоға мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Баъзе аз матолиби муҳиме, ки дар ин китоб матраҳ шуда иборат аст, аз «Абъоди мухталифи Наҳҷ-ул-балоға, тавҳид ва маърифат, ибодат дар Ислом, арзиши адолат ва инки Имом Алӣ(к) адолатро фадои маслиҳат намекард, ҳуқуқи мардум, Алӣ(к) ва ваҳдат, мавъизаю ҳикмат, тақво, зӯҳд ва фарқи он бо раҳбонияту масеҳият, дунёю охират, маънои дунёи мазмум ва ғайра».
Ин китоб дарбардорандаи як муқаддима ва ҳашт фасл аст, ки бештар сираи[76] Аиммаи атҳор(р)-ро дар робита бо масъалаи хилофату ҳукумат баррасӣ мекунад.
Дар муқаддима муқоисае анҷом гирифта байни равиши Имом Ҳусайн(р) бо соири Аимма(р) ва матраҳ шудааст, ки барои тавзеҳи ин ихтилофи равишҳо ва пешгирӣ аз сӯибардоштҳо мебоист мо бо таваҷҷӯҳ ба муқтазиёти замон[77] ин равишҳоро мутолиа ва баррасӣ кунем. Дар фаслҳои баъд ба мабоҳиси гуногуне дар бораи Имом Алӣ(к), Имом Ҳасан(р), Имом Зайнулобидин(р), Имом Содиқ(р), Имом Козим(р), Имом Ризо(р), Имом Ҳасан Аскарӣ(р), ва Маҳдии Мавъуд(аҷ), пардохта ва нишон додааст, ки «Хавориҷ, мушкили асосии ҳазрати Алӣ(к) буданд. Шароити хосси замони Имом Ҳасан(р), он ҳазратро водор ба сулҳ кард, сулҳе, ки баъд аз шаҳодати ӯ то марги Муовия идома ёфт. Имом Зайнулобидин (р) қаҳрамони маънавият аст. Ба далели шароити вижаи асри Содиқайн(р),[78] он ду бузургвор дар арсаҳои мухталифи қироату тафсир, мактаби фиқҳӣ, ривояту ҳадис, мабоҳиси ақлию каломӣ ва... ба ҳаракатҳои нақшофарине даст заданд. Мавқеияти иҷтимоӣ ва нуфузи маънавии Имом Козим(р), боиси нигаронии дастгоҳи ҳоким ва ба зиндон рафтани он ҳазрат шуд. Тарзи рафтори Имом Ризо(р), баъд аз пазириши вилоятаҳдии Маъмун, ҳамаи нақшаҳои Маъмунро барбод дод. Овоза шудани ин матлаб, ки Маҳдии уммат аз сулби вуҷуди Имом Ҳасани Аскарӣ(р), зуҳур хоҳад кард сабаби аслӣ шуд, ки Имоми ёздаҳум(р) шадидан таҳти назар бошанд. Ҳадафи асосии анбиёи Худованд, яъне «Тавҳид ва адолат» танҳо як орзу ва хаёл нест, балки як воқеиятест, ки дунё ба самти он меравад».
Қисмати аслии ин китоб маҷмуи ҳашт суханронии Устод аст, ки таҳти унвони «Сираи набавӣ» эрод шудааст. Дар оғози китоб ҳам ду дебоча таҳти ановини «Даъватҳои се буъдӣ ва мавҷи исломӣ» ва як муқаддима дар бораи нақд ва радди ин назария, ки «Мо қодир ба пайравӣ аз авлиёи дин нестем» омадааст. Муҳимтарин мавзӯоте, ки дар ин китоб омадаанд аз ин қарор аст:
«Маънои сира; Мантиқи амалии собит; Сира ва нисбияти ахлоқ; Кайфияти истихдоми васила; Арзиши мубаллиғ ва шароити таблиғ; Равиши таблиғ; Сираи набавӣ ва густариши Ислом; Зиндагӣ ва суханони Пайғамбар(с).
Даъватҳое, ки ҳам сатҳи васееро ишғол карда ва ҳам қарнҳои зиёд дар камоли иқтидор боқӣ монда ва ҳам то аъмоқи рӯҳи башар реша давондааст, махсуси пайғамбарон аст. Ислом дар оғоз ба сурати як мавҷи бисёр кучаке падид омад, аммо дар тӯли ин чаҳордаҳ қарн бар ҳар дин, оин, маслак ва наҳзате таъсир гузошт. Аимма(р) чун тамоми мушаххасоти башариро доро мебошанд, метавонанд ва бояд пешвои мо қарор гиранд. Кирдору рафтори Пайғамбар монанди суханони ӯ барои мо роҳнамо ва ҳуҷҷат аст. Пайғамбари Акрам(с) дар раъси касонест, ки сираю мантиқи амалӣ ва услуби собите доштанд ва мо метавонем аз он мантиқ дар амал пайравӣ кунем, мантиқе, ки гузашти замон ва шароити иҷтимоӣ ва ғайра онро ботил намекунад. Дар роҳи даъват ба ҳақиқат, дар роҳи гузарондани мардум аз беимонӣ ба имон, аз ҳар василае намешавад истифода кард ва ҳар сухан ва таблиғеро наметавон дуруст донист. Пайғамбар дар масоили шахсӣ ва фардӣ нарму мулойим буданд ва дар масоили аслӣ бисёр босалобат ва инъитоф нопазир ва ин аст сабк, метод ва мантиқе, ки Ислом дар раҳбарӣ ва мудирият меписандад. Пайғамбари Ислом(с) фармудаанд: «Ҳеҷ уммате ба мақоми қадосат намерасад, магар онгоҳ, ки афроди заифаш битавонанд ҳуқуқашонро аз бузургон бе ягон кундзабонӣ талаб кунанд». Ҳамчунин фармуданд: «То ақли касеро наёзмудаед, ба Ислом овардани ӯ аҳамият надиҳед».
Ин китоб дар асл ёддоштҳои дарсии Устоди Шаҳид дар донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломист, ки бештар барои аҳли фан танзим шуда, матолиби тахассусии фалсафаро дар бар мегирад. Устод дар ин китоб ба шарҳу тафсири бахши «ҳикмат» аз китоби манзумаи Ҳоҷӣ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ(қд) мепардозад, ки фаслҳои асосӣ ва муҳимми он иборатанд аз:
1) Вуҷуд ва адам: Бадоҳати вуҷуд, иштироки вуҷуд, муғойират ва иттиҳоди вуҷуд ва моҳият ва ғайра.
2) Вуҷуб ва имкон: Моддаи сегона, эътиборӣ будани ин мавод ва ақсоми он, ҳудус ва қидам.
3) Иллат ва маълул: Илали чаҳоргона, баҳсе дар бораи ғоят.
4) Илоҳиёт ба маънои ахас: Аҳкоми зоти воҷиб, исботи вуҷуди Ҳақ Таоло ва исботи тавҳиди зот ва ғайра.
5) Табииёт: Ҳақиқати ҷисми табии, исботи ҳаюлои аввалӣ, таноҳии абъод.
Аз боаҳамияттарин китобҳои Устод аст, ки ба масъалаи «Адл» ва ихтилофоти назарӣ дар бораи он пардохта ва дар ин бора саволҳою шубҳаҳои гуногунеро тарҳ карда ва ҷавоб гуфтааст. Албатта дар ин замина устод равиши ҳукаморо пеш мегирад ва мӯътақид аст, ки равиши мутакаллимин саҳеҳ ва ҷавобгӯ нест. Бо такя бар фалсафаи исломӣ ва барои тавҷеҳи ихтилофот ва шурур[79] ва ноадолатиҳои зоҳирии низоми олам, эшон муътақиданд, ки «тафовути мавҷудот, зотии онҳо ва лозимаи низоми иллату маълулист, як таҳлили содда нишон медиҳад, ки моҳияти шурур «адамӣ»[80] аст, зиштиҳо натанҳо аз ин назар зарурианд, балки ҷузъе аз маҷмӯъаи ҷаҳонанд, балки аз назари намоён сохтан ва ҷилва додан ба зебоиҳо низ, вуҷуди онҳо лозим аст, муҷозотҳои охират таҷассуми худи аъмоли инсонанд на танбеҳи эътиборӣ ва қарордодӣ...»
Дар бораи Ҳофизи Шерозӣ суханони зиёде гуфта шуда ва таҳрифоти гуногунеро сурат пазируфтааст. Устоди Шаҳид дар ин китоб бо ин навъ таҳрифот мухолифат карда ва тасвире ирфонӣ аз ин шахсият пешкаш менамоянд.
Дар оғоз бо муаррифии ирфон ва тақсими он ба амалию назарӣ, заминаро барои дохил шудан ба баҳс аз Ҳофиз ва девони ӯ фароҳам оварда ва сипас бо як сайри кутоҳи таърихӣ дар бораи Ҳофиз ба суроғи девони ӯ рафтааст. Фарзияҳои гуногунеро, ки дар бораи ашъори Ҳофиз матраҳ шудаанд оварда ва худ фарзияи панҷумро бар гузидааст, ки бар асоси он Ҳофиз ориф ва ашъори ӯ ирфонӣ аст.
Ин китоб дар воқеъ маҳсули як навъ осебшиносии фикрӣ ва ақидатии ҷомеа аст, ки мавзӯи аслии он исбот ё инкори Худост. «Эътиқод ба Худо ҳукми саломатро дорад ва гароиши моддӣ ҳукми бемориро», ба ҳамин хотир бояд аз сабабҳои беморӣ пурсид на аз сабабҳои саломатӣ ва «Худоҷӯӣ», ки мутобиқи табиат ва фитрати инсон аст.
Аслитарин сабабҳое, ки Устод барои гароиши моддӣ зикр мекунад, иборатанд аз:
1) Норасоии мафоҳими динии калисо ва хушунатҳои он.
2) Норасоии мафоҳими фалсафаи Ғарб.
3) Норасоии мафоҳими сиёсӣ-иҷтимоӣ.
4) Изҳори назари ғайри мутахассисҳо.
5)Тасаввури муғоирати худопарастӣ бо зиндагии моддӣ ва лазоизи он.
6) Муҳити ахлоқӣ ва иҷтимоии номусоид.
7) Холӣ мондани сангари қаҳрамонӣ аз нерӯҳои муваҳҳид.
Мабоҳис ва матолиби муҳими ин китоб маҷмӯан дар шаш бахш танзим шудаанд, ки муҳимтарин ановини баёншуда дар он китоб иборатанд аз: «Маънои фитрат, фитриёти инсонӣ ва фитрӣ будани дин».
«Фитрат, монанди ғариза ва табиат як амри таквинист, яъне ҷузъи сарнавишти инсон аст ва иктисобӣ нест, вале бар хилофи ғариза огоҳона аст ва ба масоили инсонӣ мисли ҳақиқатҷӯӣ ва... марбут мешавад. Инсон дар ноҳияи шинохт, як фитриётеро ба сурати истеъдод дорад, ба тавре ки вақте таваллуд шуд ва расид ба марҳалае, ки битавонад инҳоро тасаввур бикунад, тасдиқаш фитрист. Дар ноҳияи хостаҳо ҳам фитриёте дорад, ки иборатанд аз: «Ҳақиқатҷӯӣ, гароиш ба хайрҳои ахлоқӣ, гароиш ба ҷамолу зебоӣ, майл ба халлоқиятҳо, гароиш ба ишқ ва парастиш.» Арзишҳои инсонӣ реша дар фитрати инсон доранд ва худи ин арзишҳо як силсила воқеиятҳоест, ки инсон аз рӯи майли воқеъию фитрӣ ба сӯи онҳо ҳаракат мекунад. Дар бораи пайдоиши дин назариёти гуногуне баён шудааст аз ин қабил, ки дин сарчашмааш аз ҷаҳл, тарс, табақаи ҳоким ё табақаи маҳкуму заиф шуруъ мешавад, аммо ҳақиқат он аст, ки дар инсон фитрате вуҷуд дорад ва ончӣ пайғамбарон овардаанд посухгуӣ ба тақозоҳоест, ки дар ҳамин фитрати инсон вуҷуд дорад. Пас ин фитрат аст, ки инсонро ба сӯи Худою дин мекашонад».
Ин маҷмӯа дар асл, дарсҳои он устоди бузургвор аст, ки дар ҷамъи шогирдон ва дар манзил анҷом шудааст. Дар ин дарсҳо китобҳои «Лаззоти фалсафа» асари Уилл Дюран,«Таърихи фалсафа» асари Эй Эч Кор ва «Маркс ва морксизм» асари Андре Пётр> мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
Аз муҳимтарин мабоҳиси ин китоб, метавон ба ин маворид ишора кард: «Омилҳоии муҳаррики таърих, арзиши таърих, ҷомеа ва фард, таърих ва илм, иллият дар таърих, такомули таърих, пешбинии оянда, решаҳои фикрии Маркс, моддигарии таърихӣ ва ғайра».
Устоди Шаҳид дар ин китоб мабоҳиси гуногунеро дар робита бо «Ахлоқ» матраҳ ва назароту дидгоҳҳои мухталиферо баррасӣ ва нақд мекунад.
«Мактабҳои ғайр аз Ислом, хусусан макотиби фалсафӣ, ҳар кадом ахлоқро ба гунае тавҷеҳ кардаанд:
1)Назарияи отифӣ: Ахлоқӣ будани корҳо вобаста ба авотифи инсон аст.
2) Назарияи иродат: Ахлоқ, яъне корҳое, ки бар меҳвари маслиҳатсанҷиҳо бошад, на коре, ки ношӣ аз тасаллути як майл бошад.
3) Назарияи виҷдонӣ: Феъли ахлоқӣ, яъне феъле, ки инсон онро ба унвони як таклиф аз виҷдони худаш гирифтааст ва фақат барои итоати амри виҷдон анҷом медиҳад.
4) Назарияи зебоӣ: Ахлоқ як падидаи зебоӣ мебошад, лизо бояд ҳисси зебоиро дар башар парвариш дод то ахлоқӣ амал кунад.
...Тамоми ин назариёт бахше аз
ҳақиқатро баён мекунанд. Тамоми ҳақиқат иборат аз ин аст, ки ахлоқ аз падидаи
ибодату парвариш аст. Вақте барномаи зиндагии инсонҳо бар асоси таклиф ва ризои
Ҳақ поягузорӣ шавад, он вақт ҳамаи аъмоли мо якпорча ахлоқӣ мешавад».
Бахши аввали ин китоб таҳти ҳамин унвон ва бахши дуввуми он, тафсил ёфтаи як суханрониест таҳти унвони «Шаҳид».
Хулосаи баҳси аввал: «Аз назари Қуръон, ҳамеша набарде байни аҳли ҳақ ва аҳли ботил будааст, ки аз аввали таърих вуҷуд дошта ва дорад, ва ба он ҷиҳод гӯянд, ки арзиши маънавӣ ва инсонӣ дорад, на моддию табақотӣ. Мушаххасоти интизори бузург ва созанда иборатаст аз: Хушбиниу умед ба ояндаи башарият, пирӯзии ниҳоии салоҳу тақво, ҳукумати ҷаҳонии воҳид, бозсозии тамоми замин, булуғи башарият, ҳадди аксари баҳрагирӣ аз замин, барқарории мусовот ва созгорӣ байни инсону табиат, нобудии комили фасодҳо ва ҷангҳо».
Хулосаи бахши дуввум: «Шаҳид муқаддас аст чаро, ки ба ҳақ пайваста ва масали ӯ масали шамъ аст, ки месӯзад, то дигарон дар партави ӯ кори хешро анҷом диҳанд. Шаҳодат ду рукн дорад:
1) Огоҳона сурат бигирад.
2) Ҳадаф дар роҳи Худо бошад.
Бузургтарин хосияти Шаҳид, ҳамосаофаринии ӯст. Гиря бар Шаҳид, ба маънои ширкат дар ҳамосаи ӯ ва ҳамоҳангӣ бо рӯҳи ӯ ва мувофиқат бо нишоти ӯ ва ҳаракат дар мавҷи ӯст».
Маҷмуаест аз давоздаҳ гуфтор, ки ба мабоҳиси гуногуни «Озодии маънавӣ, ибодат ва дуъо, тавба, бузургӣ ва бузургвории рӯҳ, имон ба ғайб, меъёри инсоният, ҳиҷрат ва мактаби инсоният» пардохтааст.
«Озодии иҷтимоӣ бе озодии маънавӣ, тазкия ва тақво» муяссар намешавад ва дарди имрӯзи ҷомеаи башарӣ надоштани озодии маънавист. Озодии маънавист, яъне қисмати олию инсонии инсон, аз қисмати ҳайвонию шаҳвонии ӯ озод бошад. Сабук шумурдани ибодот гуноҳи сангинест, набояд Исломро фақат ба таълимоти иҷтимоиаш бишносем ва ибодаташро таҳқир кунем. Тавба барои инсон тағйири масир додан аст, яъне як инқилоби дарунист, дар тавба мақомоти олии вуҷуди инсон алайҳи мақомоти пасти вуҷуди ӯ инқилоб мекунанд. То марг рост ба суроғи инсон наёмада мӯҳлати тавба ҳаст, вале тавбаро набояд ба оянда вогузор кард.
Дар назари Алӣ(к), тамоми ахлоқҳои бад дар пастии рӯҳ ва тамоми фазоили ахлоқӣ дар бузургвории рӯҳ қарор дорад. Имон ба ғайб онгоҳ имоне ба ғайб аст, ки инсон як имоне ҳам ба робитаи миёни худаш бо ғайб дошта бошад, яъне ин тавр нест, ки ғайбе ҳаст, вале ҷудо аз мо ва мо низ аз ӯ ҷудою бегона.
Ҷиҳоди бо нафс ҷиҳоди бо душман, ҳиҷрат аз гуноҳон, ҳиҷрат аз сарзамине барои ҳифзи имон. Ҳар вақт якеро ба баҳонаи дигарӣ нафй кардем, аз таълимоти Ислом мунҳариф шудаем. Дар Ислом милоки имтиёзи инсонҳо ҳамон арзишҳои инсонист. Ислом, ки мактаби инсоният аст аз он ҷиҳат барои арзишҳои инсонӣ асолат қоил аст, ки барои ҷаҳон асолат қоил аст, яъне ба Худои Қодири Мутаол мӯътариф аст».
Ин китоб муштамил аст, бар даҳ ҷаласа баҳсу интиқод перомуни масъалаи «Маод»[81].
«Панҷ тафсир аз маод, вуҷуди ҳаёти барзахӣ[82] аз дидгоҳи Қуръон, таваҷҷӯҳ ба беҳуда набудани хилқат ва масъалаи рӯҳ барои исботи маод, боқӣ будани шахсияти инсон дар қиёмат ва нақду радди баъзе назариёти дигар».
Маҷмуаест, аз шаш унвон китоб дар бораи мабоҳиси асили Ислом дар бораи инсон, ҷаҳон, ваҳй, ҷомеа, таърих ва маод.
1) Инсон ва имон.
2) Ҷаҳонбинии тавҳидӣ.
3) Ваҳй ва пайғамбарӣ.
4) Инсон дар Қуръон.
5) Ҷомеа ва таърих.
6) Зиндагии ҷовид ё ҳаёти ухравӣ.
Ин маҷмуаро метавон аз бо арзиштарин ва муҳимтарин осори Устод ном бурд чаро, ки аз корҳои поёнии Устод ва дар ҷиҳати тарҳи намои куллии дидгоҳҳои Ислом ба ҳамроҳи нақд ва баррасии орои мухолиф мебошад.
Дар ин китоб ба чанд саволи асосӣ ва муҳим дар бораи масъалаи ҳиҷоб пардохта шуда ва ҷавоби онҳо дар панҷ бахш матраҳ гардидааст.
Дар бахши аввал дар посух ба ин савол, ки «оё пӯшиш махсуси дини Ислом аст?», як таърихчае аз ҳиҷоб матраҳ шуда ва исбот гардидааст, ки пӯшиш аз мухтассоти Ислом ба ҳисоб намеояд, балки дар миёни ҳамаи ақвому милал собиқаи деринае дорад.
Дар посух ба «иллатҳои пайдоиши ҳиҷоб» дар бахши дуввум ҷанбаҳои мухталифи равонӣ ва иҷтимоиро мавриди баҳс қарор медиҳад ва дар бахши саввум «фалсафаи пӯшиш дар Ислом» тавзеҳ дода шудааст. Бахши чаҳорум дар посухгӯи ба «пурсишҳою ишколҳо» ихтисос ёфта ва дар охирин бахш ба шарҳи ҳадду марзи «Ҳиҷоби Исломӣ» пардохта шудаст.
Ин китоб маҷмўаест, аз даҳ ҷаласа суханронии устод дар бораи мабоҳиси мухталифе марбут ба масъалаи «Шинохт», мабоҳисе аз қабили «Имкони шинохт, абзорҳо ва манобеи шинохт, мароҳили шинохт, шинохтшиносӣ, шинохти ҳиссӣ, ақлӣ, оятӣ ва шинохти ҳақиқӣ ва мабоҳиси мантиқӣ».
«Қуръон тарафдори имкони шинохт аст, лизо даъват ба шинохт карда ва достони олим шудани Одам аз ҳамаи «исмҳоро» зикр кардааст. Илова бар ҳиссу ақл, Қуръон ба «дил» ҳам аҳамият медиҳад чаро, ки бо тазкия ва тасфияи нафс як силсила ҳикматҳои илоҳӣ барои инсон ошкор мегардад. Табиат, ақл, дил ва таърихро метавон манбаъ барои шинохт донист. Файласуфони Исломӣ барои шинохт се марҳала ном бурдаанд:
1) Марҳалаи эҳсос.
2) Марҳалаи тахаюл, ба маънои ба ҳофиза супурдан ва дар ҳофиза қарор додан.
3) Марҳалаи тааққул: шинохти ҳиссӣ, ҷузъӣ ва фардӣ, зоҳирӣ ва сатҳӣ, марбут ба замони ҳол ва маҳдуд ба як мантақаи хос аст, аммо шинохти ақлӣ, кулӣ ва амиқ марбут ба ҳамаи замонҳо ва маконҳост. Шинохти оятӣ навъе аз шинохти ақлист, ки Қуръон онро матраҳ кардааст. Қуръон тамоми олами табиатро яксара оят медонад. Шинохти ҳақиқии он шинохтест, ки бо воқеъ ва нафсуламр мутобиқ бошад. Ин меъёри шинохти ҳақиқист. Аммо мо чӣ гуна шинохти ҳақиқиро бишносем ё ба иборате меъёри шинохти ҳақиқӣ чист? Меъёр бар асоси мантиқ аст ва мо дар ниҳояти амр ба шинохтҳое мерасем, ки «Худ меъёр» ҳастанд ва ниёз ба меъёр надоранд ва илло шинохт мумкин нахоҳад буд».
Бахши аввали ин китоб дар бораи «Рибо ва банк» ва бахши дуввуми он дар бораи «Бима» аст. Бахши аввал шомили чанд суханронӣ ва баргузидае аз ёддоштҳои устод мебошад ва бахши дуввум шомили мабоҳисест дар бораи бима, ки дар анҷумани табибон эрод шудааст.
«Масъалаи аслӣ дар боби рибо ин аст, ки рибо амалан ва воқеан дуздист. Пул наметавонад суд бизояд, зеро хосияти воқеии пул ғайр аз воситаи мубодила будан чизи дигаре нест, лизо дар воқеъ манфиате надорад, албатта сармоя метавонад суд дошта бошад, аммо дар сурате, ки дар гардиш бошад, дар ғайри ин сурат қарз аз он ҷиҳат, ки қарз аст наметавонад суд дошта бошад. Аз назаргоҳи исломӣ вуҷуди сандуқи Қарзулҳасана дар ҷомеа лозим ва зарурист ва ҳатто дар бисёре аз ривоятҳо таъкид шудааст, ки асосан фалсафаи ҳурмати рибо ин аст, ки роҳи рушди «қарз-ул-ҳасана»-ҳо гирифта нашавад. Бима ба унвони як муомилаи мустақил ҳеҷ ишколе надорад ва асосан зарурате надорад, ки исмашро «замон»[83] бигзорем. Замони шаръӣ ҳамон замони дайн асту бас.
Кори асосии бимагар, ки дар муқобили он ҳаққи бима мегирад ҳамон таъмин аст, ки бо тааҳҳуде, ки мекунад як амри маънавӣ ва ғайри моддӣ ба бимагузор медиҳад ва ҳаққе дар муқобили ин таъмин ва ин ҳолати рӯҳию маънавӣ пардохт мешавад. Пас дар воқеъ бима, муомила байни ду пул нест, ки баъд бигуем як тарафи муъомила яъне пуле, ки баъдҳо бимагар хоҳад дод маҷҳул аст ва мумкин аст, ки аслан пуле ҳам надиҳад... ва баъд натиҷа бигирем, ки муомила ботил аст. Пуле, ки бимагар медиҳад тарафи муомила ва яке аз авазайн нест. Ончӣ ӯ медиҳад ҳамон таъмин аст, ки як тааҳҳуди бо арзиш аст ва дар муқобили ин аст, ки бимагузор ҳаққи бима медиҳад. Бимагузор пул медиҳад ва бимагар тааҳҳуду таъмин, таъаҳҳуд як амри мушаххас аст».
Баъзе аз мақолоти ин китоб, пас аз шаҳодати Устод мунташир шудааст. Ба таври куллӣ мақолоти ин китоб гарчӣ ҷанбаи фалсафӣ доранд, аммо дар айни ҳол ҳамаи мақолот фалсафии маҳз набуда, баъзе аз онҳо ҷанбаҳои дигаре низ дорад.
Қисматҳои мақолаҳо аз ин қарор аст:
Асолати рӯҳ, Қуръон ва масъалаи ҳаёт, Тавҳид ва такомул, Пурсишҳои фалсафии Абӯрайҳон аз абӯ Алӣ Сино, эътирозоти Абурайҳон бар Арасту, Саволу ҷавобҳое дар мавриди масъалаи «Ақлу маъқул», Асли тазод дар фалсафаи исломӣ, пеш аз мулло Садро, Фалсафаи исломӣ аз Мирдомод то асри ҳозир, Ҳикмати Садрулмутааллиҳин, Вуҷуди зеҳнӣ, Худо ва ҷаҳони дигар ва мабоҳисе дар бораи тавҳид.
Нигоҳе ба матолиби китоб: «Дар назари мулло Садро рӯҳ маҳсули қонуни ҳаракат аст ва мабдаи такаввуни нафс моддаи ҷисмонист. Модда ин истеъдодро дорад, ки дар домани худ мавҷуде бипарваронад ғайри моддӣ, пас байни табиат ва моварои табиат девор ва пардае вуҷуд надорад. Мантиқи Қуръон бар ин асос аст, ки ҳаёт мутлақо файзест, ки аз уфуқе олитар аз ҷисми маҳсус сарчашма гирифтааст. Тазодҳо, тасодумҳо, ҷангиданҳо ва ихтилофҳо фақат умури сатҳӣ нестанд, балки дар аркони сохтмони олам дахолат доранд, лизо нақшашон фақат нақши манфӣ нест ва на танҳо нақши асосӣ доранд, балки умури зарурианд.
Тазодҳо аз ҷанбаи мусбат ду нақши асосӣ доранд:
1) Эҷоди таодул байни аздод (масоиле, ки зидди ҳам бошанд.)
2) Роҳгушоӣ ба сӯи танаввуъ ва оянда. Агар масъалаи Худо ва ҷаҳони дигарро дар канори ҳақиқатҳои дигари табиат ва дар арзи онҳо тарҳ кунем ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқат нахоҳем расид, чунонки агар рӯҳро монанди узве аз аъзои бадан ҷустуҷӯ кунем, натиҷае нахоҳем гирифт. Нисбати охират ба дунё низ аз қабили нисбати ду мавҷуди ҳам арз нест, балки нисбати ботин ва зоҳир аст ва Худо низ ҷузъе аз аз аҷзои ҷаҳон нест, балки иҳота ва куллият дорад ва ҳеҷ чизе аз он холӣ нест».
Дар ин китоб ба яке аз аслҳои муҳими эътиқодӣ пардохта шудааст. Маҷмӯаи ин мабоҳис дар чаҳор бахши куллӣ таҳти ановини «Роҳҳои исботи пайғамбарӣ, Ваҳй, Мӯъҷиза ва эъҷози Қуръон» матраҳ шудаанд.
«Устод, дар исботи пайғамбарӣ равиши мутакаллиминро саҳеҳ надониста ва ба сабки фалсафӣ машй карда ва бо исботи ниёзи башар ба ҳидоят ва имкони инки башар чунин ҳидоятеро аз ноҳияи Худо дарёфт кунад, натиҷа гирифтааст, ки аз ноҳияаи Худованд ин файз билзарурат[84] мерасад. Устод мӯътақид аст, ки ин баёни ҳукамо решаи Қуръонӣ низ дорад: (Анъом/91- Исро/95) Ваҳй чун аз мухтассоти анбиё аст, табиатан бар дигар афроди башар пўшида аст, ва кӯшиши мо ҳадди аксар ин аст, ки имкони онро собит кунем. Муъҷиза он кор ва он асарест, ки аз пайғамбаре ба унвони «таҳаддӣ», яъне барои исботи мудаои хеш оварда бишавад ва нишонае бошад, аз инки як қудрати моварои башарӣ дар эҷоди он дахолат дорад. Қуръон каломи фавқи башарӣ ва ғайри қобили тақлид аст ва ҳамвора мардумро ба мубориза талабида, ки агар метавонанд мисли онро биёваранд ва худ хабар дода, ки ҳаргиз наметавонанд чунин кореро анҷом диҳанд. Масъалаи эъҷози Қуръонро аз ду ҷанба метавон баррасӣ кард: яке ҷанбаи зебоию ҳунарӣ ва дигари ҷанбаи илмию фикрӣ».
Ин китоб, фароҳам омада аз ҳудуди чиҳилу панҷ ҷаласа баҳсу баррасӣ дар бораи фалсафаи Марксизм аст, ки дар як ҷамъи хусусӣ эрод шудааст. Ин китоб ба ду бахши куллӣ тақсим мегардад, ки дар бахши аввал дидгоҳҳо ва фалсафаи Марксизм муаррифӣ гардида ва дар бахши дуввум ба баррасӣ ва нақди он пардохта шудааст. Муҳимтарин мабоҳиси матраҳ шуда дар ин китоб таҳти ин ановин омадаанд:
«Фалсафаи марксӣ, Моддигароии таърихӣ, Проксз, Фалсафаи амал, Фалсафаи «будан» ва фалсафаи «шудан», Ҷовидонагии ҳақиқат ва усули ахлоқӣ, Усули диолектик ва нақду баррасии он».
Дар ин асари таҳқиқӣ Устод, нахуст ба решаёби ва пайдо кардани иллатҳои пайдоиши масъалаи «Озодии зан» ва «Тасовии ҳуқуқи зану мард» пардохта ва нишон додааст, ки решаи аслии он дар андешаҳои фалсафии Аврупо дар қарни 17-18 -уми мелодӣ мебошад, ки аз назариёти мутафаккироне монанди Русу, Волтер ва Ментескию ношӣ шудааст.
Ба назари Устод дар ин замина «Инсон будан»-и зан сабаби фаромушии «Зан будан»-и ӯ шудааст. Ба илова корхонадорон ва сармоядорони бузург барои ин ки занро аз хона ба корхона бикашанд ва аз нерӯи иқтисодии ӯ истифода намоянд ҳуқуқ, истиқлоли иқтисодӣ, озодӣ ва тасовии ҳуқуқи зан бо мардро унвон карданд...
Устоди Шаҳид тазаккури ин нуктаро лозим ва муҳим медонанд, ки дар матни хилқат тафовутҳо ва ихтилофоти воқеӣ байни зан ва мард вуҷуд дорад ва рози ин тафовутҳо дар масъулиятҳо ва вазоифи мухталифест, ки ҳар як аз ин ду гуна инсон бояд ба ӯҳда бигиранд.
Бадбахтиҳои қадимии зан ғолибан ба хотири ин ҷиҳат буд, ки «Инсон будан»-и ӯ фаромӯш шуда буд ва бадбахтиҳои ҷадиди зан ношӣ аз он аст, ки амдан ё саҳван «Зан будан»-и ӯ ба фаромушӣ супурда шудааст.
Устоди Шаҳид дар ин китоб гузаре дорад бар ҷунбишҳои ислоҳӣ дар садсолаи охир ва дар ҳамин росто аз шахсиятҳои муҳими ин давра, яъне Саид Ҷамолиддин Асадободӣ, Шайх Муҳаммади Абдӯҳ, Кавокибӣ ва Иқболи Лоҳурӣ ном бурда ва дар ниҳоят ба наҳзати Исломии Эрон расида ва дар муаррифии он сухан гуфтааст.
«Ислоҳ дар муқобили фасод буда ба маънои сомон бахшидан аст. Ислоҳталабӣ як рӯҳияи исломист ва бетардид Саид Ҷамолиддин сароғози ислоҳгарони қарни охир аст, ки наҳзаташ ҳам фикрӣ буд, ҳам иҷтимоӣ, ҳам бо истеъмори сиёсии ғарб пайкор мекард, ҳам бо истеъмори фарҳангӣ ва дар айни ҳол таҷаддудгаро буд ва мусулмононро ба илму дониши ҷадид фаро мехонд. Шайх Муҳаммад Абдуҳ, шогирд ва муриди Саид Ҷамолиддин дар ҷустуҷӯи роҳи ҳале барои масъалаи «Ислом ва муқтазиёти замон» буд. Ӯ монанди Саид Ҷамолиддин бо таассуботи фирқаӣ мухолиф буд. Шайх Абдӯҳ бар хилофи Саид, ки инқилобӣ меандешид, тарафдори ислоҳи тадриҷӣ буд.
Кавокибӣ аз аҳли Сурия ва аз пайравони Абдӯҳ ва як мутафаккири зидди истибдод буд ва огоҳии сиёсиро барои мусулмонон воҷиб медонист, чун фақат ҳамин огоҳӣ ва шуур буд, ки метавонист ҷилави истибдодро бигирад.
Иқбол фарҳанги ғарбро шинохт ва онро фоқиди як идеологияи ҷомеъи инсонӣ медонист. Ӯ аз буъди рӯҳӣ, ирфонӣ ва ишроқии неруманде бархурдор буд ва дар айни ҳол бо истеъмор даргирӣ дошт. Аммо, Иқбол бо фарҳанги Исломӣ амиқан ошно набуда ва аз тарафе ба кишварҳои исломӣ мусофират накарда ва шоҳиди авзои ҷаҳони Ислом набудааст.
Наҳзати Исломии Эрон монанди наҳзати Анбиё бархоста аз «Худогоҳии илоҳӣ» ё «Худоогоҳӣ» буд. Аз офоти ин наҳзат метавон ба ин маворид ишора кард:
Нуфузи андешаҳои бегона, Таҷаддудгароии ифротӣ, Нотамом гузоштани наҳзат, Нуфуз ва рахнаи фурсаталабон, ибҳом (равшан набудан)-и тарҳҳои оянда, Инҳирофи андешаҳою ниятҳо».
Китобест мухтасар ва дар айни ҳол бо аҳамият, ки хулосаи матолиби он аз ин қарор аст:
1) Вилои манфӣ: Қуръон мусулмононро аз ин ки сарпарастии ғайри мусулмонро бипазиранд бар ҳазар медорад.
2) Вилои мусбат: ки худ ду қисм аст:
а- Вилои исботии ом: Мӯъминон наздик ба якдигаранд ва ба сарнавишти худ, ки як воҳидро ташкил медиҳад алоқаманд ва мутааҳҳиданд.
б- Вилои исботии хос: Ин вило ва сарпарастӣ марбут ба Аҳли Байт(р) аст ва муроди он вилои Муҳаббат, Имомат, Зиомат ва Тасарруф, яъне «вилояти таквинӣ» мебошад. Дар вилои муҳаббат шиъа ва суннӣ бо ҳам ихтилофе надоранд».