Бе шак, сарнавишти ҳар инсоне, дар руҳиёт ва хислатҳои касоне реша дорад, ки дар даврони бачагь барои ў наздиктарин инсонҳо буданд. Аз тарафи дигар, дар ин даврон, модар наздиктарин инсон барои фарзанд буда, нақши созандаи вай дар таъйини масири фарзанд бениҳоят муҳим аст.
Нуқтаи оғозини саодат ё шақовати инсонҳо дар домани модар ва муҳите аст, ки модар рукни асосии он ҳисоб мешавад. Пас метавон гуфтаз ин ҷиҳат, кўдак монанди муме аст, ки дар миёни дастони қудратманди модар, қобилияти табдил ба ҳар шаклу ҳайъатеро дорад.
Бо каме диққат дар бархурди отифь ва мантиқии ҳазрати Заҳро дармеёбем, ки он бонуи бузургвор, дар сохтани руҳ ва шахсияти фарзандони гиромиаш аз абзори бисёр зариф ва дақиқе истифода кардааст, ки бисёре аз онҳо дар ҳоли ҳозир, дар байни равоншиносони тарбиять мавриди баҳсу баррась қарор гирифтааст ва мутахассисони ин фан ба натиҷаҳои мусбати он имон овардаанд. Бешак ин тавфиқи беназир дар тарбияти кўдакон аз маърифати амиқ ва саҳеҳе сарчашма мегирад, ки Ислом дар мавриди инсон, пешниҳод додааст. Бинобар ин агар гўем, ки ҳар мактабе (идеоложь) ба андозаи шинохти дурусте, ки аз инсон дорад, дар низоми тарбиятии худ, ба муваффақиятҳое ноил мешавад ва чун дини осмонь ва илоҳии Ислом аз комилтарин ва ва вақеъбинонатарин (реалисть) шинохт дар мавриди инсон бархурдор аст, бештарин муваффақиятҳоро дар қазияи тарбияти насл ба даст овардааст, сухани беҳудае нагуфтаем.
Равиши тарбиять ва ахлоқии ҳазрати Фотима беҳтарин шева ва таҷриба барои сохтани насли пок ва саодатманд аст. Аз ин рў, ҷо дорад, ки пайравон ва иродатмандони мактаби Исломбо истифодаи ин равишҳо ва зарофатҳои тарбиятии он ҳазрат дар рушд ва тарбияти насли пок ва пешрав ҳиммат намуда, саодати дунё ва охирати фарзандони худро тазмин кунанд.
Яке аз омилҳои пуртаъсир дар ташкили шахсияти фарзандони Фотимаи Заҳро варосат (мерос бурдан) аст, зеро дар ин хонавода модар аз мақоми исмат (бегуноҳии мутлақ дар назди Худованд) баҳраманд буда, дар вуҷуди мутаҳҳари ў ҳеҷ риҷсу (нопокь) гуноҳе роҳ надорад, чунончь дар зиёрати мутлақаи Имом Ҳусейн мехонем:
Гувоҳь медиҳам, ки шумо дар сулбҳои (пушти камари мард)пок ва раҳмҳои (раҳми модар)мутаҳҳар будедва ҳеҷ ғуборе аз ширку ҷаҳолат, бар домани шумо нанишастааст.
Имом Ҳусейн дар рўзи ошуро, ин ҳақиқатро як бори дигар бозгў кард, то аз ин тариқ бар ҳаққонияти худ таъкид варзад ба ин хотир дар он р ўзи таърихь фармуд:
Шаҳомат, озодманишь ва кромати худро мадюни покдомань ва таҳорати модарам Заҳро (а) ҳастам.
Дар воқеъ ошуро маҳсули тарбият ва натиҷаи омўзишҳои ҳазрати Заҳро (а) буд, зеро аркони аслии ин қиёми беназир бо шеваҳои тарбиятии Фотимаи Заҳро тарбият ёфта буданд. Ба иборати дигар саҳнаи Карбало таъйиди илоҳь будани равиши Сиддиқаи Кубро Фотимаи Заҳро (а) буд.
Мутахассисони таълиму тарбият дар бораи шурўи парвариш ва таъсиргузорь бар руҳи кўдак ва ба баёни дигар, синни шурўи тарбияти кўдак, назарҳои гуногунеро баён кардааанд. Гуфтань аст, ки Ислом дар ин маврид назарҳои дақиқеро пешниҳод мекунад, ки баррасии ҳамаи онҳо аз ҳавсалаи ин навиштор берун аст, лекин яке аз ибтидоитарин марҳалаҳои парвариш ва асаргузорь дар руҳи кўдакро номгузорь донистааст.
Номгузорь барои тифл аҳамияти зиёде дорад, зеро аввалин чизе, ки дар фаҳми латиф ва ҳассоси кўдак, роҳ пайдо мекунад, ном ва шўҳрати ўст. Ин ки ин ном чь бори фарҳангь ва маънодореро ҳамл мекунад, таъсире бисёре дар руҳи ў дорад. Ба ин ҷиҳат Амиралмўъминин яке аз ҳуқуқеро, ки фарзандон бар ўҳдаи падар доранд нгоми некў ва писандида мешуморад ва мефармояд:
Таъйини номи муносиб, ҳаққе аст, ки фарзанд бар зиммаи падари худ дорад.
Бо дар назаор гирифтани матлаби боло бояд изъон дошт, ки ҳазрати Заҳро бо ҳамфикрь ва ҳамкории Паёмбар ва Аль зеботарин номҳоро барои фарзандони худ интихоб намуд ва аз ин ҷиҳат, ҳаққе, ки бар зимма дошт ба беҳтарин шакл адо кард.
Ақиқа – қурбоние аст, ки метавонем онро бимаи саломать шуморем, -ва садақа аз мустаҳбботе аст, ки дар Ислом таъкиди зиёде бар он шудааст. Нақл шудааст, ки Фотима ҳар гоҳ соҳиби фарзанд мешуд, барои ў гўсфанде ақиқа медод, сипас рўзи ҳафтум, сари ўро метарошид ва баробари вазни мўйҳои ў нуқра садақа дода, барои қобила (доя) ва ҳамсояҳо ҳадя мефиристод ва дигаронро дар шодии худ саҳим мекард.
Яке дигар аз суннатҳои ҷорь дар зиндагии Сиддиқаи Кубро гуфтани азон дар гўши рост ва қомат дар гўши чапи фарзанд буд. Он ҳазрат ба хубь медонист, ки бояд кўдакро аз ҳамон лаҳзаҳои аввали зиндагь бо калимаҳое мисли Аллоҳ, Муҳаммад, намоз ва молнанди инҳо ошно кард, ки ин ошноь, ба яқин дар ҷиҳатгирии майлҳои руҳии ў ба малакути аъло асар хоҳад гузошт.
Муҳаббати модар ва анқши он тарбияти фарзанд
Руҳи инсон тавре сохта шудааст, ки ниёз ба меҳру муҳаббат, яке аз асоситарин ниёзҳои руҳии ў ҳисоб мешавад, ба ин ҷиҳат кўдаконе, ки аз ин ниёзи фитрь маҳруманд, дучори камбудиҳо ва мушкилоти руҳь ва гоҳе нуқсони ҷисмь хоҳанд шуд.
Бар асоси таҳқиқоти доманадоре, ки дар ин замина ба амал омадааст, бисёре аз бадкориҳои афроди гуногун реша дар камбудии отифии онҳо дорад ва агар ҷомеае дар заминаи сер гардонидани ин ниёзҳои фарзандони худ муваффақияте ба даст оварад, камтар шоҳиди ноҳинҷориҳои фардь ва иҷтимоь хоҳад шуд.
Ҳазрати Фотима, ки худ аз сарчашмаи муҳаббат ва утуфати Расули Худо (с) сероб гашта ва қалбаш конуни муҳаббат ба ҳамсару фарзандони худ буд дар ин ҷиҳат низ вазифаи модарии худро ба беҳтарин шакл анҷом медод.
Салмон мегўяд:
Рўзе Фотимаи Заҳроро дидам, ки машғули осиёб буд. Дар ин ҳангом фарзандаш Ҳусейн гиря мекард ва бетоб буд. Арз кардам барои кўмак ба шумо осиёб гардонам ё бачаро ором кунам? Гуфт:
Ман ба ором кардани фарзанд авло ҳастам, шумо осиёбро чархонед.
Яке аз омилҳои муассир дар саломать ва нишоти руҳь ва ҷисмии фарзанд, хўрду хурок ва тозагь аст. Таъмини ин гуна ниёзҳо, ки ҷисму руҳи кўдакро орому осуда нигаҳ медорад, саломать ва салобати руҳи ўро то поёни умр тазмин мекунад. Ноҳинҷориҳои фаровоне, ки дар инсонҳои бузург дида мешавад, ба навъе реша дар ниёзҳои ин давра аз зиндагии онҳо дорад. Илова бар ин, набояд аз таъсиргузории дутарафаи руҳ ва ҷисм ғофил буд. Бешак як ҷисми бемор руҳро пажмурда ва бенишот месозад, ҳамон гуна ки руҳи афсурда боиси халал дар фаъолиятҳои бадан мегардад.
Борҳо дар таърих хондаем, ки гоҳе ҳазрати Заҳро шиками фарзандонро бар ивази гуруснагии худ сер мекард.
Замоне, ки мусулмонон ба иллати камбудии об дар азоб буданд, Фотима Ҳасан ва Ҳусейнро назди Паёмбар бурд ва арз кард, эй Расули Худо, фарзандони ман хурдсоланд ва таҳаммули ташнагь дар тавони онҳо нест. Паёмбар, ки нигаронии духтарашро дар ин маврид бамавқеъ дид, забони муборакашро дар даҳони Ҳасан ва Ҳусейн гузошт ва бо тар кардани даҳони онҳо ҳазрати ЗАҳроро аз нигаронь берун кард ва он ду тифли кучакро низ аз ташнагь наҷот дод.
Утуфат ва меҳри модарь дар ҳазрати Заҳро ба қадре буд, ки дар лаҳзаҳои охири умри худ, сахт нигарони ҳоли фарзандонаш буд. Шояд бештарин нигаронии он ҳазрат барои маҳрумияти онҳо аз модар буд, зеро ў медонист, ки пас аз шаҳодаташ ҳеҷ кас наметавонад меҳру муҳаббати модариро нисбат ба онҳо дошта бошад. Фотимаи Заҳро барои ин ки фарзандонаш аз ин неъмати бузург, яъне муҳаббати модарона, комилан маҳрум намонанд, ба ҳазрати Аль пешниҳод кард, ки пас аз ў касеро ба ҳамсарь интихоб кунад, ки аз ўҳдаи ин кори муҳим барояд.
Пас аз реҳлати Расули Акрам (с) миқдоре аз ғамҳои ҳазрати Заҳро ба маҳрумияти фарзандонаш аз муҳаббати Пайғамбар, марбут мешавад ва гоҳе бо қалби сўзон ба фарзандонаш чунин хитоб мекард:
Куҷо рафт падаратон (Паёмбар), ки шуморо азиз медошт? Ў шуморо бар дўши худ савор мекард ва ба шумо меҳрубонь менамуд. Куҷо рафт ҷадди базургворатон, ки аз ҳама ба шумо меҳрубонтар буд, он гуна ки намегузошт шумо бар рўи замин роҳ равед ва ҳамеша шуморо дар оғўши худ медошт? Оҳ, ки дигар ўро намебинам, ки шуморо бар дўш гирифта бошад.
Алорағми ин ки зуҳури Ислом дар муҳити комилан бефарҳанг ва дур аз тамаддун буд, аммо барнома ва равишҳои пешниҳодшуда аз тарафи авлиёи дин ҳамеша бо инсонҳо аз ҳар тамаддуну фарҳанге созгортар аст.
Аз ҷумла мавридҳое, ки дар равишҳои тарбияти ҳазрати Заҳро ҷойгоҳи хоссе дошт, ҳаракат ва бозии кўдакон буд. Ин фаъолият ва такопу бақадре барои саломать ва рушди муносиби кудак зарурь аст, ки ҳатто барои ташвиқи онҳо ба ҳаракат ва бозь, бузургтарҳо низ бояд тан ба бозь ва ҷасту хез диҳанд.
Бозь дар даврони кўдакь ба манзалаи вокуниши кўдак дар баробари авомили муҳит ва бурузи истеъдодҳои нуҳуфтаи ў аст, ки таъсироти он дар канори тақвияти ҷисм ва афзоиши бунияи кўдак, қобили таваҷўҳ аст. Ҳамчунин бозь, дар парвариши нируи навоварь ва ихтироъкории кўдак бениҳоят, муассир аст. Бинобар ин ғафлат аз бозь ба ҳеҷ ваҷҳ ба салоҳи кўдак ва волидайни ў нест.