Издивоҷ намудан ба хотири ҳамоҳангӣ бо табиати башар, пайванди меҳр ва эҷоди унсу улфат ва пайдоиши шиқу дўстиро ба армуғон меоварад. Зан ба унвони рукни асосӣ ва ҳамчунин ба лиҳози зарофату латофати махсусе, ки дар сохтори руҳии ў ҳаст, муҳимтарин нақшро дар ин росто бар ўҳда дорад. Қуръони карим ба ҳамин латофати руҳие, ки боиси сукуну оромиши хонавода мешавад, ишора мекунад ва онро аз оёти болои Худои таоло медонад:
“Аз нишонаҳои ўст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфте офарид, то дар канори ў оромиш ёфта, бо ҳам унс гиред ва дар байни шумо дўстию раҳмат қарор дод”.
Ҳазрати Фотима (саломуллоҳи алайҳо), ки намунаи бориз ва нишонаи комили зан аст, беҳтарин ва равшантарин мисдоқи ояи боло мебошад. Бетардид дар ин издивоҷи муборак, ҳадафҳо ва мақсадҳое дар назар буд, ки беш аз издивоҷҳои маъмулӣ манзур аст. Он ҳадафи бузургтар, ҳамоно ҳангоме дар масире буд, ки боиси камоли аъзои хонавода ва ҳамчунин ҷомеа мешуд.
Ончӣ аз таърих бар ҷой мондааст, ба таҳаққуқи ин ангезаи муқаддас дар ин паймони зану шавҳарӣ шаҳодат медиҳад. Мебинем, ки Фотима аз лаҳзаи ворид шуданаш ба хонаи гилӣ, аммо нуронии Алӣ (к) то охирин рўзи зиндагӣ бар сари паймони худ буд.
Ин фарозҳои барҷастаи заиндагонии ҳҳазрати Фотима аст, ки аз амогн оғози вуруд ба хонаи ҳамсар тамоми шахсият ва ҳувияти худро чунон буруз диҳад, ки то поёни масир мушаххас бошад.
Посухи сареҳ ва зебои Алӣ(к) ба Паёмбари Акрам(с) дар фардои рўзи арўсӣ, тасдиқе аст бар он чӣ гуфта шуд. Алӣ дар ин ҷавоби кўтоҳ ва пурмазмун Фотимаро бетарин ёру мададгор дар дар тоати Худо муаррифӣ мекунад. Вақте Паёмбар (с) аз ў пурсид, ки Заҳроро чӣ гуна ёфтӣ?
Арз кард:
Фотима ёвари хубе барои тоати Худои таоло аст.
Ва ҳангоме ки Паёмбар(с) ҳамин пурсишро аз Фотима кард, посухе шунид, киҳикоят аз камоли ризоят ва хушнудии Заҳро мекунад.
Ҳамкор ва кўмак намудани ба ҳамдигар дар тақво ва некӣ, яке аз аркони зиндагии муштараки Алӣ ва Фотима буд ва шояд яке аз беҳтарин ва шукўҳмандтарин нишонаҳои он ин аст,ки Заҳро дар тўли зиндагии пурфарозу нишеби худ бо Алӣ, ҳеҷ гоҳ аз вай чизе нахост, ки аз тавоноии Алӣ берун бошад ва барои вай мушкилӣ ба миён оварад.
Либос, зинат, асоси хона, манзили васеъ ва монанди он хостаҳое аст, ки маъмулан ҳар зане аз ҳамсари хеш дархост намояд, аммо Заҳро ҳаргиз ҳамсарашро барои муҳайё кардани ин гуна хостаҳо ба заҳмат наандохт. Ҳатто вақте дар бистари беморӣ буд ва Алӣ бо диле пур аз ишқу муҳаббат аз ў хост, ки агар хоҳише дорад, баён кунад, Заҳрои аз баёни хостаи худ ибо мекард. Алӣ (а) фармуд:
Фотимаҷон чизе аз ман бихоҳ.
Ва ҳангоме ки Заҳроро ҳамчунон сокиту ором дид, ўро қасам дод, ки аз ў хоҳише кунад. Фотима, ки дигар сукутро ҷоиз намедид, гуфт:
Акнун ки савгандам додӣ агар аноре бошад, дилам мехоҳад. Алӣ аз ин ки медид ҳасараш баъд аз солҳо зиндагӣ ва қаноат, билахира аз ў дархосте кардааст, барои анҷоми хостаи ў бо хушҳолӣ аз хона берун омад, ки шарҳи ин достон дар китобҳои таърихӣ ва ҳадисӣ омадааст.
Вақте Фотима аз байти нубувват – хонаи Паёмбар, ба сарои имомат – хонаи Алӣ, рафт байни ин хона ва хонаи падараш фарқе намедид. Зеро ин хона ҳам, монанди он ҷо, маҳалле барои рафъи мушкилот ва ҳалли гирифториҳои мардум буд. Мардум сахт ба ин хона чашм дўхта буданд ва ногувориҳо ва ғамҳои худро дар он ҷо баён мекарданд ва сбукбол аз он берун мешуданд.
Ба ин гуна ҳазрати Заҳро (а) шарики талошҳои иҷтимоӣ ва мардумии ҳамсари бузургвораш Амиралмўъминин Алӣ (а) буд. Ў бо шинохти дақиқ ва дарки мақоми баланд ва ҳассоси ҳамсараш, тамоми сахтиҳо ва талхии зиндагиро ба ҷон таҳаммул мекард ва заррае дар ахлоқи нек ва равиши ў дар масъалаи ҳамсардорӣ ва масъулиятҳои зиндагӣ, асари манфӣ нагузошт ва ин метавонад дастуруламали як зиндагии пурбор ва ширин бошад. Он ҳазрат талош дар хонаро қадр медонист ва онро ба ҷону дил анҷом медод.
Алӣ (а) дар сўҳбате, ки бо яке аз мардони Банӣ Асад дошт ба ў фармуд:
Мехоҳӣ аз вазъи зиндагии худ бо Фотима бароят бигўям? Ў дар хона талоши бисёр мекард, ҷиддӣ буд, кашонидани об, орд кардани ҷав, пухтани нон ва корҳои дигари хона, ўро озурда ва хаста карда буд. Ба ў пешниҳод кардам назди Паёмбар (с) биравем ва аз ў дархости як хидматгор намоем, то ту аз ин ҳама меҳнату талош, каме осуда шавӣ.
Фотима ба хидмати Паёмбар (с) расид, дид ҷамъе аз саҳобагон, гирдаш нишастаанд. Аз шарм баргашт ва чизе нагуфт. Расули Худо (с), ки омадани ўро фаҳмида буд, фардои он рўз ба хонаи мо омад ва гуфт:
Фотимаҷон дирўз барои чӣ омада будӣ?
Фотима аз ҳаё сукут кард. Ман гуфтам масъулияти Фотима дар корҳои хона зиёд ва тоқатфарсо аст ва пешниҳоди худро бо Паёмбар дар миён гузоштам. Паёмбар (с) фармуд:
Духтарам мехоҳӣ чизе ба ту ёд диҳам, ки аз канизу хидматгор беҳтар бошад? Баъд фармуд:
Шаб, ҳангоми хоб 33 маротиба Худоро бо “Субҳоналлоҳ” тасбеҳ гўй ва 33 маротиба “Алҳамдулиллоҳ” бигў ва 34 маротиба “Аллоҳу Акбар” – ро бар забон биёвар, духтарам агар ин зикрро ҳар шаб такрор кунӣ, Худованд мушкилоти дунё ва охиратро бар ту осон мегардонад.
Фотима баъд аз шунидани ин сухан се маротиба гуфт:
Аз Худо ва Расули Худо розиам.
Нақл шудааст, ки баъд аз баромадани Паёмбар (с) аз хонаи Фотима (а) ояти 30-юми сураи Исро нозил шуд ва Паёмбар (с),ки ҳамаи вуҷудаш раҳмат ва меҳрубонӣ буд, Физзаро, ки зани парҳезгоре буд, барои кўмак дар ихтиёри ҳазрати Заҳро фиристод.
Бар асоси баъзе ривоятҳо ҳангоме ки Фотима аз падараш дархости хидматгор кард, Паёмбар (с) гирист ва андаке аз мушкилоти мусулмонҳоро барои ў баён кард ва баъд фармуд:
Ман намехоҳам заррае аз подоши (савоби) хидмати ту дар хона кам шавад.
Паёмбар духтарашро ба кор ва фаъолият дар хона ташвиқ мекард то шавҳараш ва фарзандони ў, аз муҳаббати ҳамсарӣ ва модарии ў бештар баҳраманд шаванд ва ин дар ҳоле буд, ки ў дар ҳадди имкон барои анҷоми корҳои хона ҳиммат мегузошт.
Фотима гарчӣ дорои хидматгоре дилсўз монанди Физза буд, вале бар худ намеписандид, ки ҳамаи корҳоро бар дўши ў гузорад. Бинобар ин вазифаҳои дохили хонаро тақсим намуд. Салмон мегўяд:
Фотимаро дидам, ки канори осиёб нишаста ва машғули орд кардани ҷав аст.
Чўби осиёб хунолуд буд, фарзандаш Ҳусейн аз шиддати гуруснагӣ гиря мекард, ба ў гуфтам:
Шумо хидматгоре чун Физза доред, чаро аз ў барои анҷоми ин корҳо кўмак намегиред?
Фотима фармуд:
Навбати ў дирўз буд, имрўз навбати ман аст. Гуфтам:
Мехоҳам ба шумо кунам, кори осиёбро анҷом диҳам ё Ҳусейнро ором кунам?
Фармуд:
Ман барои баччадорӣ муносибтарам. Унси кўдак ба модараш бештар аст, шумо осиёб кунед. Ва ман машғули орд кардани ҷав шудам.
Гузориши дигаре, ки баёнгари ранҷҳои Фотима дар зиндагии кўтоҳи ў аст, гузорише аст, ки Ҷобир нақл кардааст:
Паёмбар Фотимаро дид, ки пироҳани бисёр хашин ва камарзиш пўшида ва бо даст осиёб мекунад ва дар ҳамон ҳол фарзандашро шир медиҳад, Паёмбар дар ҳоле ки ашк мерехт, фармуд:
Духтарам сахтиҳои дунёро таҳаммул кун то ба ширинӣ ва ҳаловатҳио охират даст ёбӣ. Фотима арз кард:
Худоро бар неъматҳое, ки додааст, сипосгузорам.
Ба ҳамин муносибат ин ояти шарифа хитоб ба Паёмбари Акрмам (с) нозил шуд:
“Парвардигори ту ин қадар ба ту ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ”.
Исор ва азхудгузаштагӣ, яке аз муҳимтарин омилҳио истеҳкоми робитаҳо ва муҳаббати байни аъзои як маҷмўае аст. Намунаҳои исор ва гузашт лдар зиндагии ҳар инсоне нишонгари бузургии руҳ ва олиҳимматии ў аст. Аз ин маврид адар зиндагии Амиралмўъминин (а) ва Фотима фаровон дида мешавад. Ба ин намунаи зебо таваҷҷўҳ намоед:
Паёмбари Акрам (с) ва Алӣ ва Фотимаро мушоҳид намуд, ки машғули колр ҳастанд. Аз онҳо пурсид, кадом як хастатар ҳастед?
Амиралмўъминин посух дод:
Фотима.
Расули Худо дар ҷои Фотима нишаст ва кори ўро анҷом дод. Аз ҷумла нукоте, ки дар ин гузориши кўтоҳ қобили таваҷҷўҳ аст, яке ҳамкории Алӣ бо Фотима дар умури хона ва дигаре наҳваи пурсиш аст, ки Паёмбари Акрам (с) намуд ва мустақиман хитоб ба духтари хеш нанамуд, ки мехоҳам ба ту кўмак намоям. Аз тарафи дигар Алӣ бо ҳамин посухи кўтоҳ, утуфат ва меҳрубонӣ ба ҳамсарашро нишон медиҳад. Ва ин метавонад дарси бузурге барои ҳамаи хонаводиҳо бошад, ки дар робитаи ҳамсарӣ, аз худгузаштагӣ яке аз аслҳои асосӣ аст ва бояд бо масоили зинадгӣ худро ва дигарон бо зарофат ва меҳрубони бархўрд кард. Бояд ба хонаи Амирал мўъминин(а) ва фотима (с)нигарист, ки хонаи меҳр ва исор аст.
Равшан аст онгоҳ ки руҳи таъовин дар муҳити маҳдуди хона авҷ гирифт ва инсон, гузашт ва фадокориро пеши худ намуда дар ҷомиъа низ ҳамаи густардагиаш асар мегузорад, бино бар ин муҳити зиндагӣ шахси, заминае барои рушд макорими ахлоқ ва омода шудан барои ҳузури муфиддар иҷтимоъ мебошад.
Яке аз авомиле, ки дар ҳифзи асоси хонавода, нақши созандае дорад, барномарези дақиқ ва мунтабақ бо воқиятҳои зиндаги аст.идораи хон, али рағм инак сода ва печидаги ҷилва мекунад, зароқатҳои хоси худро металабад,ки бетарадид бакор бастани онҳо сабаби мувафақият ва оромиши равонии зан ва мард хоҳад буд.адами таодил дар тақсими кор боис мешавад, ки дар ниҳоят, яке аз ду рукни хона-яъне зан ё марди хона-аз пой дар ояд.
Яке аз ҷилваҳои зиндаги муштараки Алӣ (а)ва Фотима(А)тақсими матлуб вазоифи ноши аз зиндагӣ муштарак буд.
Мудати зиёде азиздивоҷи онҳо нагузашта буд, ки хидмати Паёмбар(с) расиданд ва аз ў тақозо карданд, то корҳоеро миёни он ду қисмат кунад. Расули Худо (с) корҳои хонаро ба Фотима супорид ва масулиятҳои хориҷ аз манзилро ба Алӣ (а) вогузор кард. Бъад аз ин тақсим буд, ки Заҳро (а)борҳо изҳори хушнуди мекард ва ризояти худро аз ин тақсим банди иброз медошт.
Бе тарадид , тақсим бани Паёмбар (с)бар мабнои сохтори руҳи ва ҷисми ва маслиҳати иҷтимои онҳо буд.
Ин ривоят дар бисёри аз китобҳои ривои шиъа омадааст ,ки Алӣ (а) фармуд:Рўзе ман ва Заҳро (а) дар хона нишаста будим, ки ногаҳон садои Паёмбор (с)ро шанилим ;ба эҳтироми он ҳазрат бар хостим. Паёмбар (с) фармуд:
Бар ҷои худ боисте то ман ҳам ба шумо мулҳақ шавам. Сипас фармуд:
Барои чан лаҳза моро танҳо бигузор .онгоҳ дар халват аз Фотима (а)суол кард:рафтори шавҳарат –Алӣ (а)-бо ту чигуна аст?
Фотима гуфт:
Хуб аст, аммо занони қурайш маро сарзаниш мекунанд , ки падарат туро ба издивоҷи касе дар овард, ки дасташ аз моли дунё холи аст.
Паёмбар (С) фармуд:
Духтарм ! падар ва шавҳари ту фақир нестанд; Худованд, хазоини заминро аз тало ва нуқра бар ман арза кард, вале ман ба ончи назди ўст ,ризоят додам. Худои субҳон ба ҷаҳониён нигарист ва аз миёни ҳама, ду нафаро интихоб кард; ман ки падари ту ҳастам ва Алӣ , ки шавҳари ту аст. Духтарам шавҳари ту беҳтарин ҳамсарҳо аст, туро аз нофармони ў бар ҳазар мелорам. Сипас берун омад ва маро садо зад ва фармуд:
Ба ҳамсарат меҳрубонӣ кун, зеро Фотима пораи тани ман аст, ранҷи ў. Ранҷи ман аст ва шодии ў хушнудии ман аст.
Адабу эҳтироми зан ба ҳамсари худ иқтизо мекунад, ки на танҳо аз тарҳ ва бузург ҷилва додани камбудиҳои хона худдорӣ кунад, балки дар ҳадди имкон, камбудиҳоро нодида гирифта онҳоро кўчак шуморад. Ҳангоме ки изҳори нороҳатӣ, натиҷае ҷуз ранҷиши шавҳар. Надорад, зан набояд каломе дар ин робита бо ў бигўяд. Исор ва муҳаббат иқтизо мекунад, ки ў худ ба тартибе, ки медонад онҳоро ҷуброн кард ва заҳмати дучандонро ба ҳамсари худ, бор накунад.
Рўзе Фотима (с) ба ҳузури падараш расид, дар ҳоле, ки осори заъфу гуруснагӣ аз чеҳраи Заҳро намоён буд. Расули Худо (с) вақте ин ҳолатро мушоҳида кард, дастҳояшро ба сўи осмон баланд намуд ва гуфт:
Худоё, гуруснагии фарзандамро ба серӣ табдил кун ва заъфи ўро сомон деҳ.
Паёмбари
Акрам(с) бидуни ин ки Заҳро сухане ба ў гўяд, аз заъфу гуруснагии ў бохабар
мешавад, ки ин худ яке дигар аз намунаҳои поянда ба асос ва асрори хонавода аст.
Аслан бунёди ҳеҷ хонаводае бидуни гузашт ва исор устувор намемонад. Дар хонае, ки тамоми афроди он дар андешаи манфиатҳои шахсии худ бошанд ва хабаре аз фидокорӣ набошад. Меҳру сафое дар миён нахоҳад буд.
Дар зиндагии хонаводагии Заҳро (а) шоҳиди намунаҳои барҷастае аз исор ва фидокорӣ ҳастем, ки ба чанд намуна аз он ишора мекунем:
Субҳи яке аз рўзҳое, ки Алӣ ва Фотима дар канори ҳам буданд, Алӣ барои рафъи гуруснагии шадиди худ таомеро аз ҳамсараш талаб кард. Заҳро (а) гуфт:
Худам ду рўз аст, ки чизе нахўрдаам ва ҳар чӣ дар хона буд барои шумо ва фарзандон овардам.
Алӣ фармуд:
Барои маро аз ин кор огоҳ накардӣ, то барои таҳияи таом андешае кунам.
Заҳро посух дод:
Аз Худои худ шарм кардам, ки чизе аз ту бихоҳам, ки анҷоми он барои ту душвор бошад.
Алӣ аз хона берун омад ва як динор қарз кард. Хост бо он таоме омода кунад, ки байни роҳ Миқдодро дид. Миқдод дар ҳавои гарми Мадина, дар кўча нишаста буд.
Ҳазрат аз ў пурсид:
Чаро дар ин ҳавои гарм инчунин парешон дар кўча нишастаӣ?
Миқдод арз кард:
Ҷавоби ин саволро аз ман напурсед ва бигзоред нагўям, ки бар ман ва хонаводаам чӣ мегузарад.
Алӣ фармуд:
Ман аз инҷо намеравам то ин ки иллати парешонии туро бидонам.
Миқдод, ки чорае ҷуз баёни вазъияти худ надид, гуфт:
Ҳаммсарам ва фарзандонам аз шиддати гуруснагӣ, дандонҳои худро ба ҳам мефишоранд ва чун ин вазъи риққатбор бароям қобили таҳаммул набуд, аз хона берун омадам, то шоҳиди чунин вазъияте набошам.
Дидагони Алӣ аз ашк пур шуд ва донаҳои бар маҳосини (риш) муборакаш ҷорӣ гашт ва рўй ба Миқждод кард ва фармуд:
Эҳтиёҷи ту ба ин динор беш аз ман аст.
Пулро ба ў дод ва барои иқомаи намоз ба сўи масҷид рафт. Намозро бо Паёмбар (с) ба ҷой овард. Баъд аз намоз Паёмбар (с) ба Алӣ гуфт:
Мехоҳӣ ман меҳмони шумо бошам?
Алӣ аз шарм посухе надод.
Паёмбар (с) фармуд:
Чаро посух намедиҳӣ?
Алӣ гуфт:
Бале меҳмони мо шавед.
Пас аз он ба ҳамроҳии якдигар вориди хона шуданд. Фотима машғули ибодат буд, Паёмбар (с) пас аз салом ва аҳволпурсӣ фармуд:
Духтарам, зиндагиро чӣ гуна мегузаронӣ?
Фотима аз зиндагии худ изҳори ризоят кард. Дар ҳамин ҳол, Алӣ таомеро дид, ки бўи хуши он ҳама ҷоро фаро гирифта буд, зарфе пур аз таоми лазиз ва хушбў. Алӣ пурсид:
Ин тамо аз куҷо омадааст? Ман то ба ҳол хўроке ба ин хушмаззагӣ надидаам.
Паёмбар (с) дасти худро бар дўши Алӣ гузошт ва фармуд:
Ин дар муқобили он исоре аст, ки барои ризои Худо кардӣ ва динореро, ки худ ба он ниёзманд будӣ, дар роҳи Худо инфоқ намудӣ ва дар ҳамон ҳол гирист.
Дар ин ҷо шоҳиди сухани мо авҷи изҳори ризояте аст, ки ҳазрати Фотима (а) аз вазъияти зиндагии хеш дорад.
Вуҷуди зан, дар хона метавонад муҳитро ба дарёе аз меҳру муҳаббат табдил кунад. Ба тавре ки мард бо будан дар ин фазо , оромиш пайдо карда ва марҳаме бар захмҳои дили ў бошад. Дар ғайри ин сурат зиндагӣ барои ў фарсоиши руҳ ва марги тадриҷӣ хоҳад буд. Мард ҳамсари худро мояи оромиш ва тасаллии хотир ва ба таъбири дигар, нигоҳи мард ба хонаву зиндагиаш нигоҳи касе аст, ки аз миёни мавҷҳои саҳмгини дарё, ба соҳили наҷот менигарад.
Ҳар марде барои ҳалли мушкилоти берун аз манзил ба як руҳияи қавӣ ва зинда ниёзманд аст. Ў саъй мекунад, ки аз лаҳзае, ки дар муҳити оромбахши хонааш сукунат меёбад, барои аз байн бурдани костиҳо ва дур кардани нигарониҳо истифода намояд.
Марде, ки дорои чунин неъмате аст, яъне соҳиби чунин хона ва хонаводае аст, дар масиир зиндагӣ ва анҷоми вазифаҳои сиёсӣ, иҷтимоии худ, инсони пирўз ва муваффақе хоҳад буд.
Фотима (а) мақоми ҳассо ва баланди шавҳарашро медонад; ҳамчунин медонад, ки Алӣ дар берун аз хона бо чӣ мушкилоте рўбарў аст. Кўшиш ў эҷоди як муҳити ором ва босафо дар дар даруни хона буд ва на танҳо сухане, ки боиси парешонии ў шавад, бар забон намеовард, балки ҳар сухане ҳам, ки мегуфт, дар ҷиҳати аҳдофи ҳамсари фидокор ва диловараш буд.
Амиралмўъминин Алӣ (а) ин мавзўъро ин гуна баён мекунад6
Ҳеҷ гоҳ Фотима аз ман наранҷид ва ў низ маро наранҷонид; ўро ба ҳеҷ коре маҷбур накардам ва ў низ маро озоре надод; дар ҳеҷ коре қадаме бар хилофи хостаи ман набардошт ва ҳар гоҳ, ки ба рухсораш назар мекардам, тамоми ғусаҳоям бартараф мешуд ва дардҳоямро фаромўш мекардам.
Дар ҷои дигар мефармояд:
Ба Худо қасамЁ ҳаргиз коре накардам, ки Фотима хашмгин шавад, ў низ ҳеҷ гоҳ маро хишмгин накардааст.
Фотима дар муборихзоти ҳамсараш ҳам дар муборизоти сиёсӣ ва ҳам дар муборизоти низомӣ, мояи умед ва дилгармии ў буд. Дар набуди шавҳар, хонаву фарзандони ўро ба хубӣ идора мекардж; бо иштиёқ ба интизори бозгашти шавҳар аз ҷанг менишаст ва тамоми саъю кўшиши худро дар роҳи осоиши ў ба кор мебурд, ба тавре ки вақте Алӣ бармегашт ва соатеро дар байни хонаводааш мегузаронд, тамоми хастагиҳои ҳосил аз ҷангҳои тоқатфарсо, аз тани ў мерафт ва бо хаёли осуда, худро омодаи набардҳои оянда менамуд.
Вақте аз майдони ҷанг бозмегардад Фотима ба истиқболи ў меравад ва бо рўи кушод ва лабханд, бо ризояту ифтихор ба ў менигарад, либосу шамшери хунолуди ўро мешўяд ва аз ҳодисаҳои майдони ҷанг аз ў мепурсад ва ба ин васила нақши худро дар ҷиҳоди сарнавиштсози Ислом дар тақвияти руҳии шавҳари муҷоҳидаш, адо мекунад.
Дардҳои Алӣ, дардҳои Фотима низ ҳаст, аз ин рў, гуфтори кирдори Заҳро дар ростои хости Алӣ буд. Ҳимоят ва пуштибонии Фотима аз ҳамсараш ба андозае муҳим ва муассир буд, ки Алӣ то замоне, ки ҳамсараш зинда буд, тан ба байъат надод.
Халифаи аввал ва дуввум чандин бор тақозои мулоқот и ўро карда буданд ва Фотима напазируфта буд, аммо таърих менависад, Алӣ дар охирин рўзҳои зиндагии Заҳро назди ў омад ва тақозои онҳоро барои мулоқоти Фотима барои з бозгў кард ва аз ў иҷозат хост. Заҳро чунин гуфт:
Хона аз они шумо аст ва ман низ дар ихтиёри шумо ҳастам, ончӣ худ салоҳ медонед, амал кунед.
Инро гуфт ва чодар бар сар кашид ва рўи худро ба он сўй гардонд.
Паймони вафодорӣ ва пайванди зану шавҳарӣ, дар хонаи Алӣ ончунон маҳкам ва устувор буд, ки танҳо марг метавонист дар зоҳир, онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Фотима бо шаҳодати худ қалби алиро, ки ҳангоми вурудаш ба хонаи ў қуввату итминон бахшида буд, чунон бетобу таҳаммул кард, ки дар бовари ҳеҷ нозире намеғунҷид.
Рўзе Фотима ба Алӣ гуфт:
Ҳангоми фироқ, наздик шудааст, суханоне дорам, ки мехоҳам ба ту бигўям.
Алӣ фармуд:
Ончӣ дилат мехоҳад бигў. – Алӣ бар болини Фотима нишаст ва дастур дод, ҳеҷ кас вориди утоқ нашавад.
Духтари Паёмбар (с) ин гуна оғоз кард:
Эй писари аму. Аз шурўи зиндагиам бо ту дар ҳеҷ коре мухолифат накарджаам ва ҳаргиз аз ман дурўғ ва хиёнат сар назад. Алӣ дар ҳоле ки ўро тасдиқ мекард, гуфт:
Ту ботақво ва мутавозеъ ҳастӣ, бинобар ин ман намеатвонам туро сарзаниш кунам. Оҳ, чӣ қадар ҷудоӣ ва дурӣаз ту бар ман душвор хоҳад буд! Мусибати Паёмбар барои ман дубора зинда мепшавад. Аз даст додани ту барои ман сахту ногувор аст. Аз ин мотам ба Худои худ паноҳ мебарам ва дил ба ў месупорам. Мусибати фироқи ту он қадар талху сангин аст, ки таҳаммули он барои Алӣ мушкил ва тоқатфарсо аст. Мусибате, ки ҳеҷ чиз наметавонад онро ҷуброн кунад; ин дарде аст, ки дармоне барои ў намебинам.
Сипас алӣ сари Фотимаро ба сина часпонд ва бо ҳам гиристанд. Гиряи Фотима барои танҳоии Алӣ ва ашки Алӣ барои аз даст додани ёри ҳомӣ ва вафодори худ буд.