Ба номи Худо

Таваллудшуда дар Каъба

Фаро расидани рўзи мубораки сенздаҳуми Раҷаб, солгарди ба дунё омадани мавлуди Каъба ҷонишини барҳаққи Паёмбар (с), падари имомони маъсум, имоми аввали шиаён, ҳазрати Алӣ ибни Абутолибро ба ҳамаи мусулмонон ва хусусан шиаён[1] он ҳазрат табрику таҳният арз намуда, умеди онро дорем, ки рўзе фаро расакд, ки ормонҳои он имоми бузург ва қаҳрамони инсоният ва муҷассамаи тақвою адолат ва мунодии озод5 ба дасти мубораки фарзанди бузургвораш Маҳдии Мавъуд (а) дар густараи гетӣ густариш ёфта ва башарият мафҳуми камолотеро, ки Амиралмўъминин мундии он буд бо тамоми вуҷуд эҳсос кунад.

Пардохтан ба абъоди ин шахсияти бузург аз ҳавсалаи як мақола берун аст, лекин ба ҳамин муносибати фархунда таҳти унвони Мавлуди Каъба тақдими алоқамандон мешавад. Умеди онро дорем, ки мавриди ризояти Худованди мутаол бошад.

Бисёре аз пурсишҳои нуҳуфта дар зеҳни мо мунтазири фурсат ва заминае аст то худро намоён кунад. Валодати Имом Алӣ дар Каъба, яке аз онҳост. Вақте ки ба ҳаҷ меравӣ ва қадам ба Масҷидулҳаром мегузореӣ ва нигоҳат ба Каъба меафтад ва бар гирди он тавоф мекунӣ, ин суол дар зхамират ҷавона мезанад, ки оё таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъба ҳақиқат дорад ва ё сохта ва пардохтаи зеҳну забони сухансароён ва хаёлпардозон аст? Агар рост аст, ба чӣ сурат ва чӣ гуна будааст? Ва оё дар масодири (китобҳои) куҳани шиа ва суннӣ  аз он ёд шудааст? Ин навишта посух ба ин пурсиш аст.

Каломи Шайх Садуқ

Шайх Садуқ дар се китобаш бо санади муттасили худ ба Саид ибни Ҷубайр, аз ў нақл мекунад, ки гуфт:

Ман аз Язид ибни Қаънаб шунидам, ки чунин гуфт:

Ман бо Аббос ибни Абдулмутталиб ва ҷамъе аз Бани Абдулуззо рўбарўи Каъба нишаста будем, ки баногоҳ Фотима бинти Асад модари Амирулмўъминин (а) дар ҳоле ки нуҳа ба ў ҳомила ва дарди зоимони ў ўро гирифта буд, ба сўи Хонаи Худо омад. Онгоҳ даст ба дуо бардошт ва чунин гуфт:

Парвардигоро, ман ба ту ва паёмбарон ва ба китобҳое, ки аз сўи ту омадаанд, имон даорам ва сухани ҷаддам Иброҳими Халил ва ин ки ў ин Байти Атиқ – Хонаи Озодро бунёд ниҳодааст тасдиқ мекунам. Пас ба ҳаққи он ки ин холнаро бунёд ниҳодааст ва ба ҳаққи фарзанде, ки дар шикам дорам, зоимонро бар ман осон кун.

Язид ибни Қаънаб мегўяд:

Мо дидем, пушти Каъба кушода шуд ва Фотима дохили он гардид ва аз чашми мо пинҳон шуд ва девор ба пўшида шуд. Рафтем, ки қулфи дар и Каъбаро боз кунем ва аз ҷараён бохабар шавем, боз нашуд ва мо донистем, ки ин амри илоҳӣ аст.

Пас аз чаҳор рўз Фотима аз Хонаи Худо берун шуд, дар ҳоле ки Алӣ (а) бар рўи дасташ буд. Пас Фотима чунин гуфт:

Ман бар занони пешин бартарӣ дода шудаам, зеро Осия духтари Музоҳим – зани Фиръавн, пинҳонӣ Худоро дар ҷое парастиш кард, ки Худо дўст намедорад, ҷуз дар мавриди изтирорӣ дар чунин ҷое парастида шавад. Ва Марям духтари Имрон – модири Исо(а) дарахти хушки хурморо ҷунбонд то аз он хурмои тоза бихўрад. Ва ман дохили Байтуллоҳ шудам ва аз меваҳо ва таомҳои биҳиштӣ хўрдам ва ҳангоме ки хостам берун биёям, ҳотифе маро нидо дод:

Эй Фотима номи ин фарзандатро Алӣ гузор. Зеро ў Алӣ аст ва Худои Алии Аъло мефармояд:

Ман исми ўро аз исми худ гирифтам ва ўро ба адаби худ адаю кардам ва ўро бар илми ғомизи худ огоҳ гардонидам. Ў касе аст, ки бутҳоро дар хонаи ман мешиканад ва бар боми хонаи ман азон мегўяд ва тақдису тамҷид мекунад, хушо ба ҳоли касоне, ки ўро дўст медоранд ва итоат мекунанд ва вой бар касоне, ки ўро душман медонанд ва аз ў итоат намекунанд.

Каломи Шайхи Тўсӣ

Шайхи Тўсӣ дар китоби “Амолӣ” бо санади муттасил ба Ибни Шозон чунин нақл кардааст:

Иброҳим ибни Алӣ бо санади худ аз Имом Содиқ (а) ва ў аз падарони  гиромиаш нақл мекунад:

Аббос ибни Абдулмутталиб ва Язид ибни Қаънаб дар байни ҷамъе аз Бань Ҳошим ва Бань Абдулъуззо дар канори Байтуллоҳ нишаста буданд, ба ногоҳ Фотима Бинти Асад модари Амирулмўъминин ба Масҷидулҳаром омад дар ҳоле ки ба Аль (а) нўҳ моҳа ҳомила буд. Дар канори Байтуллоҳ истод дар ҳоле ки дарди зоимон дошт рў ба осмон кард ва гуфт:

Бор Худоё! Ман ба ту ва ба паёмбарони ту ва ба китобҳое, ки нозил фармудаи имон дорам ва каломи ҷаддам Иброҳими Халил (а) ва ин ки ў ин хонаро бино кардааст тасдиқ мекунам. Пас ба ҳаққи ин хона ва он ки бунёд ниҳод ва ба ҳаққи ин фарзанде, ки дар шикам дорам ва бо ман сухан мегўяд ва бо суханаш аниси ман аст ва ман яқин дорам, ки ў яке аз оёт ва нишонаҳои ту аст, аз ту мехоҳам, ки зоиданро бар ман осон кунь.

Аббос ибни Абдулмутталиб ва Язид ибни Қаънаб гуфтанд:

Вақте ки Фотима бинти Асад сухан гуфт ва ин дуоро кард, дидем девори пушти Каъба шикофта шуд ва Фотима дар он дохил шуд ва чашмони мо ғоиб шуд. Онгоҳ он девор ба ҳам омад ва мо дар садад баромадем, ки дари Каъбаро бикушоем то баъзе аз занони мо ба назди ў раванд; лекин дар боз нашуд ва мо дарёфтем, ки ин амри илоҳь аст ва Фотима се рўз дар Каъба монд. Зану марди Макка дар ин маврид, дар сари кўчаҳо ва хонаҳо сухан мегуфтанд. Пас аз се рўз девори Каъба аз ҳамон ҷое, ки аввал шикоф шуда буд, дубора шикофта шуд ва Фотима хориҷ шуд дар ҳоле ки Аль (а) бар рўи дастонаш буд. Пас Фотима чунин гуфт:

Мардум! Худои азза ва ҷалла аз байни офаридагонаш маро баргузид ва бар занони баргузидаи пешин бартарь додааст. Дар гузашта Худо Осия духтари Музоҳимро баргузид ва ў пинҳонь Худоро парастиш мекард, дар ҷое, ки Худо дўст намедорад дар чунин ҷое парастида шавад (яъне хонаи Фиръавн) магар дар мавриди изтирорь. Ва Марям духтари Имронро баргузид, чаро ки зоидани Исоро бар ў осон кард ва ў дарахти хушки хурмои биёбонро такон дод, ки аз он барояш хурмои тоза рехт ва Худои мутаол маро баргузид ва бар он ду ва бар тамоми занони пешин бартарь бартарь додааст. Зеро ман дар Хонаи Худо зоимон кардам ва се рўз дар онҷо мондам дар ҳоле, ки аз меваҳо ва рўзии биҳишть мехўрдам ва ҳангоме ки хостам берун оям ва фарзандам рўи дастам буд ҳотифе нидо дод:

Эй Фотима! Ўро Аль ном гузор. Ман Алии Аъло ҳастам. Ман ўро аз қудрат ва иззату адолатам офаридам. Номи ўро аз номи худам гирифтам ва ўро ба адаби худ адаб кардам. Ихтиёр ба ў додам ва бар улуми ғомизи худ ўро огоҳ гардонидам, ў, ки дар хонаам зода шуд, нахустин касе аст, ки бар болои боми хонаам азон мегўяд ва бутҳоро мешиканад ва маро ба иззату тамҷиду тавҳид ёд мекунад ва ў пас аз ҳабибам, Паёмбари баргузидаам Муҳаммад(с) имом ва васии (ҷонишин) ўст. Пас хушо ба ҳоли касе, ки ўро дўст дорад ва ёрь кунад ва вой бар касе, ки аз ў нофармонь кунад ва ҳаққашро инкор кунад...

Нукта:

Дар чанд масдар омадааст:

“Дидам Байтуллоҳ аз пушт шикоф шуд ва Фотима дохили он шуд”. Дар ин ҷо ин пурсиш ба зеҳн меояд, ки пушти Каъба куҷост?

Дар ривоёти фаровон ваҷҳи Каъба (рўи Каъба) омадааст ва мурод, он кунҷе аст, ки дари Каба дар он қарор дорад ва мақоми Иброҳим дар канори он аст. Табиатан Зуҳри Каъба кунҷи муқобили он аст, ки байни рукни ямонь ва рукни ғарбь қарор дорад.

Пас аз он ки Каъбаи муаззама бар асари селобҳо осеб дид, қурайшиён мехостанд онро вайрон карда аз нав созанд. Мумкин аст гумон равад, ки валодати ҳазрати Аль дар замоне сурат гирифтааст, ки Каъба сохтмон ва деворе надошт ва бинобар ин таваллуди ў дар Каъба ҳеҷ фазилате ба шумор нмеравад. Лекин ин шубҳа саҳеҳ нест.

Соли сиюми Омулфил ва баъзе соли 28 онро донистаанд. Муқоиса кунем бо ин ки таваллуди Расули Худо (с) дар соли аввали Омулфил воқеъ шудааст, натиҷа мегирем, ки дар замони бозсозии Каъба Имом Аль панҷ ё ҳафтсола буд.

Каломи Ибни Мағозль

Ду матни гузашта аз шайхони дараҷаи аввали шиа буд. Акнун ба каломи Ибни Мағозль аз донишмандони суннии асри панҷум бингарем.

Ибни мағозль ба санади муттасил аз Имом Содиқ (а), аз Имом Боқир ва ў аз Имом Саҷҷод(а) нақл мекунад:

Ман ва падарам Имом Ҳусейн (а) ба зиёрати қабри ҷаддамон Паёмбар (с) рафта будем. Занони бисёре дар онҷо ҷамъ шуда буданд. Аз он ҷамъ зане ба сўи мо омадман аз ў пурсидам ту кисть Худо туро раҳмат кунад?!

Ў гуфт: Ман Зайда духтари Қариба ибни Уҷлон  аз қабилаи Бань Соида ҳастам.

Оё сухане джрь, ки барои мо бигўь?

Гуфт:

Оре, модарам Уми Амора духтари Ибода ибни Назла ибни Молик ибни Уҷлони Соидь барои ман нақл кард, ки ман бо ҷамъе аз занони араб нишаста будем, ки Абутолиб афсурдаву ғамигин аз роҳ расид. Ман ба ў гуфтам: Эй Абутолибҳолат чь гуна аст?

Абутолиб гуфт: Фотима бинти Асад аз дарди зоимон шива мекунад. Пас Паёмбар дасти Абутолибро гирифт ва онҳо бо Фотима бинти Асад ба сўи Каъба омаданд. Пас ҳазрат ўро дар Каъба шинонид ва гуфт: Баноми Худо биншин. Онгоҳ Фотима дар Каъба писари нофбурида ва покизае зоид, ки ман ба ин зебоь касеро надидаам. Абутолиб ўро Аль номид ва Паёмбар ўро ба манзил расонд.

Имом Саҷҷод (а), ки ин ҳадисро аз Умми Амора шуни, гуфт:

Ба Худо савганд, ман ҳеҷ глҳ сухане ба ин зебоь нашунидаам.

Ин сухани Ибни МАғозль гарчь бо бо ду ривяти шиии гузашта тафовут дорад, лекин бар асли таваллуди Имом Аль дар Каъба ба сароҳати тамом далолат дорад.

Дар каломи донишмандони дигар

То кунун се ривоят, ки достони таваллуди Имом Алиро дар Каъба бо тафсил баён мекард, аз назари шумо гузашт, лекин бисёре аз донишмандони шиа ва суннь ба таври мухтасар таваллуди он ҳазратро дар Каъба баён кардаанд, яъне ба асли ин ки таваллуди он ҳазрат дар Каъба буд, тасреҳ кардаандва ба ҷузъиёти он камтар пардохтаанд.

Аллома Аминь дар китоби Алғадир, таваллдуи Имом Алиро дар Каъба аз 16 манбаи мўътабари аҳли суннат ва 50 манбаи асили шиа нақл кардааст ва иборатҳои баъзеро айнан овардааст ва аз 41 шоири бузург аз асри дуввум то асри ҳозир ном мебарад, ки ин мавзўъро ба назм даровардаанд ва ашъори баъзеро нақл кардааст.

Аллома Маҷлись дар Биҳор-ул-анвор аз 18 манбае, ки бештар шиь ҳастанд таваллуди он ҳазратро дар Каъба зикр кардааст, ки дар баъзе аз манобеъ дар ду ё се ҷои онҳо ин матлаб нақл шудааст.

Оятуллоҳи Узмо Маръашии Наҷафь дар шарҳи Эҳқоқулҳақ дар ҷилди 7, таваллуди Имом Алиро дар Каъба аз 12 китоби аҳли суннат нақл кардааст.

Ва дар ҷилди 17 ҳамин матлабро аз 21 масдари аҳли суннат нақл мекунад. Ва сипас ба нақл аз Аллома Саидоқомаҳдь дар китобаш “Аль ва Каъба” 83 нафар аз донишмандони аҳли суннатро, ки таваллуди Имом Алиро дар донистаанд, муфассал ном мебарад.

Таваҷҷўҳ:

Ихтилофи омор ва рақамҳо дар манобеи шиа ва суннь на аз он сабаб аст, ки ин донишмандон сухани газоф ва беҳуда мегўянд, балки иллати ихтилоф дар теъдоди манобеи он аст, ки баъзе дар садади таҳқиқи бештаре набуданд ва он чи аз манобее, ки дар даст доштанд ном бурданд ва ё бо таваҷҷўҳ ба камбудии китоб ва имконият, датрась ба манобеъ надоштанд ва баъзе дар садади таҳқиқи буданд ва имконият ва китобҳо ҳам доштаанд ва бинобар ин имрўз бо таваҷҷўъ ба вуҷуди имкониятҳо ва китобҳо, агар касе дар садади таҳқиқ барояд, яқинан ба манобеи бештаре даст меёбад, ки таваллуди Аль (а) дар Каъба донитсаанд.

Адабиётҳо:

1-Илалушшароеъ

2-Амолии Тўсь

3-Табақотул кубро

4-Биҳор-ул-анвор

5-Маноқиби Иьни Мағозль

6-Нишоть

7-Алғадир

8-Таълиқоти эҳқоқул-ҳақ.


[1] Шиаён – яъне пайравон, шиа ба маънои пайрав мебошад.