Ҷойгоҳи амр ба маъруф дар Қуръон

Масоили амр ба маъруф аз ҳамон рўзҳои аввали беъсат дар Макка мавриди инояти Ислом  будааст.

Ба унвони  мисол  дар сураи Валъаср, ки шиори мусалмонон ба  ҳангоми ҷудоӣ аз якдигар буд  ва дар аввалҳои беъсатдар Макка нозил шудааст, дар ҷумлаи «...ва ҳамдигарро ба ҳақ ва сабру шикебоӣ супориш мекунанд», -  ишора ба амр ба маъруф мекунад.

Аввалин вазифаи анбиё

Қуръон, аввалин вазифаи ҳамаи анбиёро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар медонад ва мефармояд: «Мо дар миёни ҳар уммате,   паёмбареро  мабъус кардем, ки муҳимтарин вазифаи онҳо ду чиз буд: яке амр ба яктопарастӣ, ки бузургтарини маъруфҳост, ва дуввум наҳй аз итоати тоғутҳо,[1] ки бузургтарини мункарҳост».

Дар сураи Аъроф низ мехонем: «Паёмбари Ислом, ки ному нишонаш дар Таврот ва Инҷил омадааст, аввалин вазифааш амри ба маъруф ва наҳй аз мункар мебошад».[2]

Нишонаи беҳтарин уммат

Қуръон ба мусалмонон чунин хитоб мекунад: «Шумо беҳтарин уммат дар байни мардум хоҳед буд, ба шарти ин ки  амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед».

Қуръон бо он ки борҳо аз аҳли китоб ба хотири таассуботи нобаҷо ва таҳрифҳои номашрўъ ва хостаҳои беҳудаашон эрод гирифт, аммо аз гурўҳе аз онон ба хотири имонашон ва таловати оёти илоҳӣ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  намуданашон ситоиш кардааст.

Амр ба маъруф  коре аст, ки Худованд анҷом медиҳад: «Ҳамоно Худованд ба адлу эҳсон супориш мекунад».

Аммо амр ба мункар  кори шайтон аст: «Шайтон (ҳангоми садақа додан) шуморо аз фақр метарсонад ва ба фаҳшо амр мекунад».

Амр ба маъруф вазифаи  умумӣ аст, Қуръон мефармояд: «Тамоми мардон ва занони боимон инсбат ба ҳамдигар ҳаққи вилоят ва сарпарастӣ доранд, ки якдигарро ба маъруф водор кунанд ва аз мункар боздоранд ва   намоз барпо доранд ва закот бипардозанд»[3]

Ончи дар ин оят  диққати инсонро ба худ ҷалб мекунад, чанд нукта аст:

1) Аз оғози таклиф, ҳамаи мардум аз  ҳар син ва синфу нажоде, ки бошанд бар дигар мўъминон  ҳаққи вилоят доранд; яъне амру наҳйи онон  бар асоси  ҳаққи вилоят аст, ки Худованд қарор додааст ва ҳаргиз номи дахолати беҷо, бар ин кор раво нест.

2) Мақоми имон аст, ки ба мусалмонон  ин ҳақро медиҳад ва  ин ҳақ барои инсонҳои ғайримўъмин вуҷуд надорад.

3) Ҳамеша амр ба маъруф, муқаддам бар наҳй аз мункар ба кор рафтааст то ба мо бифаҳмонад, ки корҳоро аз роҳи мусбат пайгирӣ кунед ва дар ҷомеа танҳо интиқодкунанда набошед.

4) Дар ин оят амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қабл аз намоз ва закот матраҳ шудааст, зеро иқомаи намоз ва адои закот ба як силсила таблиғот ниёз дорад, ки ҳамон амр ба маъруф аст; барои мисол аз муқаддимаи намоз вақте бо беҳтарин ва расотарин садо мегўем: «Ҳайя алас-салот» - ин калом худ амр ба маъруф аст, ки бар намоз муқаддам шудааст.

Қуръон худ иқомаи намозро наҳй аз мункар медонад, онҷо ки мефармояд: «Ҳамоно намоз аз фаҳшо ва мункар боз медорад».[4]

5) Гарчи бояд ба авлавиятҳо таваҷҷўҳ дошт, аммо ончи мавриди писанди Ислом аст, супориш ба тамоми маъруфҳо ва пешгирӣ аз ҳамаи мункарҳо аст.

Ба иборати дигар замоне мо ба ҷомеаи дилхоҳ мерасем, ки ба нукоти зер таваҷҷўҳ намоем:

1) Мард ва зан ҳарду қиём кунанд.

2) Бар асоси вилоят ва муҳаббат амр ва наҳй кунанд.

3) Аз хубиҳо шурўъ кунанд.

4) Ба ҳамаи нукот таваҷҷўҳ кунанд.

Ин вазифаи умумии мусалмонон буд; аммо аз бархе оёт истифода мешавад, ки барои ин ду фаризаи бузург гурўҳи вижае низ лозим аст.

Гурўҳи вижа

Қуръон мефармояд: «Аз миёни шумо, гурўҳе бояд даъват ба хайр ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд».

Ҳисоби ин гурўҳ аз ҳисоби вазифаи умумӣ ҷудо аст. Ин даста бояд бо қудрат ва имконот вориди амал шаванд ва пеши роҳи мункаротро бигиранд; барои мисол, агар мошини хиёбон дар як тараф бар хилофи масир ҳаракат кунад, ду вазифа вуҷуд дорад аввалан вазифаи умумии ронандагон аст, ки тахаллуфи ўро ба ў мефаҳмонанд; дувум, вазифае ҳам пулис дорад, ки  ўро ҷарима мекунад.

Дар аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  ҳамин бас, ки дар Қуръон номи амркунандагон ба маъруф дар канори номи анбиё омадааст ва кайфари қотилони онон ҳамчун қотили анбиёст.

Бар хилофи баъзе, ки гумон мекунанд росткорӣ дар инзиво ва гўшагирӣ аст, Қуръон росткоронро танҳо касе медонад, ки дигаронро даъват ба хайр ва амр ба маъруф мекунад.

Албатта, он замон амр ба маъруф ва наҳй аз мункар рамзи бартарӣ ва каромат аст, ки ин кор бар асоси имон ва бархоста аз ангезаи илоҳӣ бошад.[5]

Гарчи масъулияти уламо ва афроди ботақво бештар аст,  вале амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  вазифаи дутарафа аст ва ҳама бояд якдигарро ба ҳақ ва сабр супориш кунем. Ва ҳама якдигарро аз мункар наҳй кунем. Ва дар ин роҳ омодаи пазириши мушкилот бошем.

Инсон бо онки руҳиХудо дар ў дамида шуд ва ҷонишини ў дар замин аст, ҳамчунин мавриди каромати хос аст, аммо ба хотир ғароизи саркаш ва васвасаҳои шайтон ва истикбор ва тоғутҳо башиддат ниёз ба назорат дорад ва Худованди мутаол анвои  маҳорҳоро баро ў қарор додааст:

1- Калимаи муқаддаси ақл ба маънои иқол (боздоранда) ва василаи контроли инсон аст. Агар маҳори ақл набошад, инсон хеле зуд худро нобуд мекунад.

2) Фитрат низ метавонад инсонро ба сўи хубиҳо кашонад ва аз бадиҳо боз дорад.

3) Анбиё ва фиристодагони Худованд низ ба ҳамин манзур мабъус шудаанд.

4) Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар низ беҳтарин василаи иршоди мардум аст.

Ростӣ агар инсон ин маҳорҳоро надошта бошад ва бар асоси ҳавасҳои дарунии худ ком бардорад, асари фитна ва фасодаш то ба осмонҳо кашида мешавад.

Наҳй аз мункар дар ҷоҳилият

Дар замони ҷоҳилият, гурўҳе аз ҷавонони мушрик бо ҳам паймон бастанд, ки иҷоза надиҳанд ба мусофирони Макка таҷовуз ва зулме шавад ва аз ҳар мазлуме ҳимоят кунанд. Дар он рўзҳо, ки Паёмбари Акрам (с) ҳануз ба паёмбарӣ мабъус нашуда буд, дар ин ҳаракати мазлумёбӣ ва зулмкўбии ҷавонони Макка ширкат кард ва баъд аз набувват фармуд: Ҳоло ҳам агар барои дифоъ аз мазлум даъватам кунанд, ширкат мекунам.

Робитаи тавҳид бо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» азоби илоҳиро аз инсон дур мекунад, ба шарти он ки  ин калимаи муборак  мавриди таҳқир  ва истихфоф  қарор нагирад».[6]

Марде аз Паёмбари азиз пурсид: «Чӣ гуна мумкин аст калимаи тавҳид мавриди истихфоф қарор гирад?!»

Фармуд: Агар гуноҳон ошкоро анҷом гирад ва касе гунаҳкорро наҳй накунад ва ўро тағйир надиҳад, ба тавҳид иҳонат  кардааст».

Робитаи набуват ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Дар сураи Аъроф, дар шарҳи вазифаи Паёмбари Акрам   мехонем: «Мардумро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад».

Кадом маъруфе аз яктопарастии  Худованд муҳимтар ва кадом мункаре аз итоати тоғут бадтар аст? Дар Қуръон мехонем, вазифаи тамоми паёмбарон нисбат ба мардум, даъват ба бандагии Худо ва дур намудани онҳо аз тоғут аст.[7]

Робитаи имомат бо  амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

Имом Ҳусейн(а) ҳадаф аз қиёми худро чунин мефармод: Оё намебинед ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил ҷилавгирӣ ба амал намеояд. Ва дар ҷои дигар мефармояд: Ман бано дорам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам. Мехоҳам  дар дини ҷаддам ислоҳ кунам.


[1] Тоғут – саркаш; шайтон; ҳар чизи ботиле, ки онро мепарастанд.

[2]Сураи аъроф – 157.

[3]Сураи Тавба  - 71.

[4]Сураи Анкабут – 45.

[5] Оли Имрон – 110.

[6] Таҳқир  ва истихфоф – ночиз ва сабук шумурдан.

[7]Сураи Наҳл – 36.