Абдуллоҳ Ибни Аббос - бунёнгузори мадрасаи тафсирии Макка
Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим Абдулҳошимӣ, писарамаки Пайғамбари Ислом(с) ва ҳазрати Алӣ(а) аст. Модари ў Лубоба бинти Алҳорис бин Ҳузнул Ҳилолия мебошад.[1]
Ў дар шеъби Абутолиб се сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омад. Пайғамбар худ коми ўро бардошт ва тарбияти ўро ба ўҳда гирифт ва барояш дуои хайр намуд. Ў дар домани Пайғамбар(с) бузург шуд ва пас аз вафоти Расули Худо(с) мулозим ва ҳамроҳи ҳамешагии хонадони нубувват буд. Имом Алӣ(а), ўро ба некӣ тарбият намуд, аз ин рў яке аз фидоиёни майдони муҳаббат ва вилояти Имом(а) буд.
Аз ў бо санади саҳеҳ ривоят шудааст, ки гуфт: Ончӣ аз дасти мояи тафсирӣ андухтаам аз маъдани файзи Алӣ(а) буд.[2]
Ибни Аббос ҳудуди 3 сол мулозими Пайғамбар(с) дар айёми навҷавонии худ буда ва ин мулозиматро ў бо ҷумалоте аз қабили:
سمعت النبی، رايت النبی، بت عند النبی
ва ғайра баён кардааст. Бо ин вуҷуд ў аз Пайғамбар(с) 660 ҳадис бидуни восита нақл кардааст.[3] Аз ў нақл шудааст, ки мегуфт:
« توفی رسول الله (ص) وقد قرأت المحکم من القرآن» (ای المفصل)[4]
Ў аз чеҳраҳои фурўзони ҷаҳони илму ва дониш ба шумор мерафт, ба вижа маҳорати вай дар тафсир ва таъвили Қуръон, шўҳраи офоқ буд, то ҷое, ки ўро Тарҷумон-ул-Қуръон; бозгўкунандаи ончӣ дар зоҳиру ботини Қуръон наҳуфтааст, медонистанд. Зеро ончиро ки ба тафсир ва таъвили Қуръон буд медонист. Ў тарбият ёфтаи мактаби Амир-ал-Муъминин Алӣ(а) шумурда мешуд ва ин ифтихорро дошт, ки аслу асоси тафсири худро аз он ҳазрат дарёфт намояд.
Ў дар рутбаи илмӣ ба ҷое расида буд, ки Алӣ(а) дар бораи ў гуфт:
« کأنما ينظر الی الغيب من ستر رقيق»[5] - Гуё аз паси пардаи рақиқ (нозук) ба ҳақоиқи ғайбӣ менигарад.
Абдуллоҳ ибни Масъуд гуяд:
"لو بلغ ابن عباس أسناننا ما عاشره منا رجل، نعم ترجمان القرآن ابن عباس" )ما عشره منا أحد: ای لو کان فی السن مثلنا ما بلغ أحد منا عشره فی العلم([6]
Яъне, Ибни Аббос бо вуҷуди ҷавониаш беҳтарин тарҷумони Қуръон аст ва агар ба синни мо бирасад, ҳеҷ як аз мо наметавонад, дар ҳадди як даҳуми ў бошад.
Ибни Таймия баъд аз нақли ин ривоят мегуяд: ин суханро ибни Масъуд дар ҳоле гуфт, ки Абдуллоҳ ибни Аббос ҷавоне беш набуд, чунки ибни Масъуд дар соли 33 аз дунё гузашт ва Ибни Аббос баъд аз ў 36 соли дигар дар қайди ҳаёт буд ва дар баҳри бекарони ваҳйи илоҳӣ шино менамуд ва агар ибни Масъуд то авохири ҳаёти ў мебуд чӣ таъбире дар ҳаққи ў мекард?!
Ба Товус, тобеии маъруф гуфтанд, чаро мулозимати ин хурдсол яъне Ибни Аббосро, ки камсиннтарин саҳоба аст, баргузидаӣ ва бузургсолонро раҳо сохтаӣ? Гуфт: Ман ҳафтод нафар аз саҳобаро дидаам, ки ҳар гоҳ дар бораи мавзўе миёни худ ихтилоф мекарданд, қавли Ибни Аббосро бармегузиданд.
Масруқ ибни Аҷдаъ мегуяд: «Ҳар гоҳ Ибни Аббосро медидам, мегуфтам: Зеботарин халқ аст - ва он гоҳ, ки сухан мегуфт, мегуфтам: Шевотарин сухан аст - ва он гоҳ, ки ҳадис нақл мекард, мегуфтам: «Донотарин мардум аст».[7] Албатта ҷои шигифтӣ нест, дар бораи касе, ки Пайғамбари Ислом(с) дар бораи ў дуо намуда фаҳму дарки ҳақоиқи Қуръонро барои ў аз Худованд хоста бошад. Онҷо ки мефармояд:
« اللهم فقهه فی الدين و علمه التاويل »[8]
Ў ба ҷиҳати фаровонии дониш ба лақаби «حبر الامة» ва ба далели фарогирии илми ў бар маонии Қуръон ва суннати Пайғамбар(с) ва аҳкоми дин ба «ترجـمان القرآن» ва « ربانی امت» низ шўҳрат ёфта буд. Ў дар миёни асҳоб ва тобеин забонзади аҳли дониш буд.
Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос гуяд:
« ابن عباس اعلمنا بما مضی و افقهنا فيما نزل...»
Халифа Умар(р) дар байни мардум эълом мекард:
« من کان سائلا عن شيئی عن القرآن فليسأل عبد الله بن عباس»[9]
Хулоса, ҳаёти пурбаракати Ибни Аббос, зиндагии қуръонӣ ва саршор аз илму маърифат ва ахлоқу ҳикмат буд. Дуктур Заҳабӣ гуяд:
« فقد کان حيات ابن عباس حياة علمية، يتعلم و يعلم ، و لم يشتغل بالامارة الا قليلا حينما استعمله علی (ع) علی البصرة، و الحق ان ابن عباس قد ظهر فيه النبوغ العربی بأکمل معانيه علما و فصاحة، وسعة اطلاع فی نواح علمية مختلفة، لا سميا فهمه الکتاب الله تعالی»[10]
Ў дар тамоми ҷангҳои Амири мўъминон, - Ҷамал, Саффайн ва Наҳравон, - дар канори ҳазрат ва мулозими ў буд ва дар ҳудуди 70 солагӣ дар соли 68 дар ҳоле ки биноии худро аз даст дода буд , дар Тоиф падруди ҳаёт гуфт. Бар ҷанозаи ў Муҳаммад ибни Ҳанафия намоз гузорид ва баъд аз ин ки ўро дар қабр ниҳод чунин гуфт:
«مات و الله اليوم حبر هذه الامة...»[11]
Дар зимни мутолиот ва таҳқиқотам дар бораи мадрасаи тафсирии Макка ва зиндагии Ибни Аббос ба чанд нукта бархўрдам, ки лозим медонам ба сурати хулоса онҳоро баён кунам:
1. Иддае аз нависандагон монанди соҳиби китоби «Ҳибр-ул-умма Абдуллоҳ ибни Аббос», ўро ҷузъи Аҳли Байт дониста яке аз илали пешгомӣ ва заковат ва қудрати зеҳнии болои ўро дар ҳамин нукта пиндоштаанд. Аммо бояд гуфт, ки масодиқи Аҳли Байт бо аҳодиси мутавотир собит шудааст, ки танҳо панҷ тани Олӣ Або (Ҳазрати Алӣ(а), Ҳазрати Фотима(саломуллоҳи алайҳо), Ҳазрати Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн(а) ҳастанду бас. Аз онҷо ки зикри ривоёти ворида дар ин маврид баҳси моро тўлонӣ мекунад, аз баёни онҳо сарфи назар мешавад.
2. Дар миёни манобее, ки банда аз онҳо истифода кардам (ба ҷуз китоби «Ат-Тафсир ва-ал-муфассирун» - Оятуллоҳ Маърифат) аъам аз кутуби ошноӣ бо муфассирин ва зиндагиномаҳое, ки дар бораи Ибни Аббос нигошта шудааст, матлабе аз шогирдии Ибни Аббос ва истифодаи фаровони ў аз маҳзари Мадинат-ул-илм Алӣ(а) ва ин ки ў яке аз ҳомиён ва мудофеони Алӣ ва Аҳли Байт(а) буд, чизе зикр нашуда буд. Ҳатто иддае ба ин андоза ҳам басанда накардаанд ва поро фаротар гузошта ўро аз лиҳози илмӣ афзал ва болотар аз Алӣ(а) донистаанд.[12]
Дар ин ҷо бидуни ин ки ба нақду баррасии сиҳҳати гуфтори онҳо бипардозем, ба чанд ривояти саҳеҳ ва муътабар-ус-санад, ки аз Ибни Аббос нақл шудааст, ишора намуда қазоватро бар ўҳдаи ақли солим мегузорем.
Ибни Аббос мегуяд: «Бахши аъзами андухтаҳои тафсириамро аз Алӣ ибни Абутолиб омўхтам». Ҳамчунин мегўяд: «Алиро донише аст, ки пайғамбар ба ў омўхтааст ва пайғамбарро Худованд омўхтааст, бинобар ин дониши Пайғамбар аз Худо ва дониши Алӣ аз Пайғамбар аст ва андўхтаҳои илмии ман ва асҳоби Пайғамбар(с), ҷумлагӣ дар муқобили дониши Алӣ басони қатрае дар баробари ҳафт дарё аст».
Дар ҳадиси дигаре мегуяд: «Бизоати илмии ман дар бораи Қуръон, дар баробари дониши Алӣ, чун гудоли камобе аст, дар баробари дарё»[13] ва дар ҳадиси дигаре мегуяд: «Агар илми асҳоби Пайғамбарро ба даҳ бахш тақсим намоем, нўҳ бахши он ба Алӣ(а) ихтисос дода шудааст ва ў бо соири асҳоб дар бахши даҳум низ шарик аст».
Саид ибни Ҷубайр мегуяд: Ибни Аббос мегуфт: «Агар дар мавзўе сухан аз Алӣ(а) ба исбот мерасид ба он басанда мекардем ва суроғи дигарӣ намерафтем»[14], - назири ҳамин матлаб дар гуфтори Ибни Асир омадааст.
Иллати пешгомӣ ва шўҳрати Ибни Аббос дар тафсир
Ҳануз даҳаи аввал аз вафоти Пайғамбар(с) нагузашта буд, ки Ибни Аббос кори худро муунҳасир ба тафсири Қуръон ва истинботи маонии он кард, дар сурате, ки дигар саҳобаро умури дигаре, чун гирдоварии Қуръон, омўзиши қироат, одоб, аҳком, қазоват, уҳдадории умури сиёсӣ ва ғайра ба худ машғул сохта буд. Аз онҷо, ки ба иллати камии синн андаке аз ҳаёти Пайғамбарро дарк карда буд, ба дари хонаи асҳоб ба вижа Амир-ал-мўъминин(а) мерафт ва ба таври ҷиддӣ дар фарогирии дониш мекушид. Ў то ҷое дар ин замина саъю талош намуд, ки номи ў дар радаи яке аз навобиғ ва пешгомони илми тафсир сабт шуд ва забонзади хоссу ом гардид.
Ба сурати мухтасар илал ва асбоби пешқадамии Ибни Аббос ва ба табъи ў мадрасаи тафсири Маккаро метавон ба шарҳи зайл баршумурд:
1) Дуои набии мукаррами Ислом(с) дар ҳаққи ў
Аз онҷо, ки Ибни Аббос аз ҳамон навҷавонӣ дорои истеъдоди хуб ва зеҳни ҷаввол ва заковату ҳушёрии барҷастае буд, Пайғамбари Акрам(с) дар ҳаққаш чунин дуо намуд:
«اللّهم فقّهه فی الدّين و علّمه التأويل...»
Дуои Пайғамбар дар кутуби ривоӣ ва тафсирӣ бо таъбироти дигаре низ нақл шудааст аз қабили:
«اللهم علمه تأويل القرآن»ё «اللهم اعط ابن عبّاس الحکمة و علّمه التأويل»[15]
ва ғайра. Шояд иллати ихтилофи алфоз, тааддуди ровиҳо ва ё такрори ин ҷумалот аз ҷониби Расули Худо(с) бошад.
Бешак дуои Пайғамбар(с) мавриди иҷобат воқеъ шудааст ва чӣ неъмате болотар аз ин ки шахсияти аввали хилқат дар ҳаққи ў дуои хайр кунад. Асари ин дуоҳои Пайғамбар(с) буд, ки қалби ў бо маорифи исломӣ ва ҳикматҳои илоҳӣ кушода шуд ва дорои ақлу зеҳни нобиға ва раъю назари расо гардид.
Агар мо ба тафосири ривоӣ руҷўъ кунем, ба таври возеҳ осори ин дуои пурбаракатро дар ривоёте, ки аз ў расида мушоҳида мекунем ва хоҳем дид, ки дар миёни асҳоб ва майдони илм ва тафсири Қуръон ҷойгоҳи хоссе дорад.
2) Мулозимат ва ҳамроҳии ў бо Пайғамбар(с)
Ибни Аббос аз замоне, ки ба ҳадди шинохтан расид дар рикоби Пайғамбар(с) буд. Ў аз маорифи баланд ва илми бепоёни ҳазрат баҳраманд мешуд. Ў бо вуҷуди ин ки бештар аз се сол дар маҳзари Пайғамбар(с) набуд, аммо суханони зиёде аз он ҳазрат шинид ва ҳаводиси фаровонеро шоҳид буд ки оёте дар бораи онҳо нозил шудааст. Эшон ин матлабро бо ҷумалоте аз қабили:
«سمعت النّبی، رأيت النّبی و بتّ عند النّبی»
ва ғайра баён кардааст. Ў аз Пайғамбар(с) 660 ҳадис нақл кардааст.[16]
3) Мулозимат бо бузургони саҳоба ва гирифтани илм аз онҳо
Баъд аз реҳлати Пайғамбар(с) Ибни Аббос бо бузургони саҳоба бавижа Амир-ал-муъминин(а) мулозимат дошт ва аз тариқи онҳо ба маҳалли нузули оёт ва таърихи ташреъ ва асбоби нузул, илм пайдо мекард ва ба ин васила ончиро, ки дар замони ҳаёти набии мукаррами Ислом аз даст дода буд, ҷуброн менамуд. Ў дар ин маврид мегуяд:
«کنت ألزم اکابر من اصحاب رسول الله(ص) من المهاجرين و الأنصار، فأسألهم عن مغازی رسول الله(ص) و ما نزّل من القرآن فی ذلک...»[17]
ҳамчунин мегуяд: Бахши аъзами андўхтаҳои тафсириамро аз Алӣ ибни Абитолиб(а) омўхтаам.[18]
4) Қуввати иҷтиҳод ва қудрати истинбот (Тавонии ба даст овардани аҳкоми шаръӣ аз Қуръон ва ҳадис)
Баъд аз ин ки дар оёти Қуръон барои оёти дигаре аз он тафсире пайдо намешуд ва ҳадисе аз Пайғамбар(с) дар он мавзўъ нарасида буд, Ибни Аббос бо кўмаки асбоби нузул ва шароити замонӣ ва маконии нузули Қуръон ба иҷтиҳод мепардохт. Аз ин рў иҷтиҳоди ў бо чунин муқаддамоти муносиб ва шинохта шуда буд, ки як амри комилан табиӣ, қобили ситоиш ва ғайри қобили инкор аст.
Хусусияти дигаре, ки Ибни Аббос дошт, ин буд, ки агар масъалаеро истинбот менамуд ва аз тариқи муқаддамот ба яқин даст меёфт бо шуҷоати тамом онро эълом мекард ва аз маломат ва нақди дигарон ҳаросе надошт.[19] Дар ин замина шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки ба иллати тўлони шудани баҳс аз зикри онҳо сарфи назар мешавад.
5) Иттилооти адабӣ ва шеърии густарда
Аз онҷо, ки Қуръони карим ба забони арабии фасеҳ нозил шудааст ва ашъори араб (ба қавли Ибни Аббос) қомусномаи забони Араб аст, аз ин рў ҳар гоҳ фаҳми калимоти Қуръон бар касе мушкил бошад, бояд барои рафъи он ба каломи фасеҳи араб ва ашъори баландовозаи замони ҷоҳилият муроҷиат кунад, то мақсади Қуръонро беҳтар дарк кунад.
Бинобар ин Ибни Аббос ҳар гоҳ бо мавриди мубҳам дар Қуръон рўбарў мешуд ё дар фаҳми луғавии калимае дучори мушкил мегардид, ба ашъори фасеҳи даврони ҷоҳилият ва суханони бадеи онон рўй меовард. Ончӣ ўро дар ин замина тавоно сохта буд, тавоноии болои адабӣ ва маҳорати беназири ў дар вожашиносии каломи араб аст, ки дар таърихи адабиёти
араби он аср шавоҳиде аз нубуғ ва ҷойгоҳи барҷастаи илмӣ ва адабии ў метавон ёфт.
Ҳамчунин заковат ва ҳофизаи қавии ў низ дар расидан ба ин мақоми шомих ба ў кумак мекард, агар матлаберо якбор мешунид, онро ҳифз менамуд.[20]
عن عبد الله بن عتبه قال:«کان ابن عباس قدفات الناس بخصال: بعلم ما سبقه (و ما رأيت احداً )... و لا اعلم بشعر و لا عربية،و لا بتفسير القرآن، و لا بحساب، و لا بفرِضة منه، و لا أعلم بما مضی...»[21]
6)Таваҷҷўҳ ва инояти ў ба тафсир
Ибни Аббос бо вуҷуди ин ки улуми зиёдеро дарбар дошт ва ба маорифи мутааддиде огоҳӣ дошт, аммо аз ҳамон даврони ҷавонӣ инояти хоссе нисбат ба тафсир ва улуми марбут ба Қуръон дошт. Иллати пешқадамӣ ва шўҳрати мадрасаи тафсирии Макка низ дар ҳамин нукта нуҳуфтааст. Бинобар ин дар манобеи таърихӣ нақл шудааст, ки агар маънои ояте аз Қуръон барои асҳоби Пағамбар(с) мубҳам буд, ба Ибни Аббос муроҷиат менамуданд.
Ҳамчунин ҳирс ва талош дошт, ки оёти Қуръонро дар ҷамъи мардум тафсир намояд.
7) Талоши ў дар нашри илм
Ў дар тўли зиндагии илмии худ талош менамуд, то андўхтаҳои илмиашро нашр намояд ва аз ин тариқ закоти худро бипардозад. Ў ба Саид ибни Ҷубайр мегуфт:
«إن کَم تذاکروا هذا الحديث ينفلت منکم، ولا يقولنًّ احدکم: حدّثت أمسی فلا أُحدّث اليوم، بل حدّث أمسی، ولبتحدث اليوم، ولتحدّث غداً»
Ҳамчунин мусофиратҳои ў ба билоди мухталифи исломӣ аз қабили Миср, Офриқо, Куфа ва тўли умраш, аз асбоби шўҳрат ва тақаддуми ў буда ва бар асари баракати ў мадрасаи тафсирии Макка низ соҳиби шўҳрат гаштааст.
Баёни як нукта: Охирин матлабе, ки дар мавриди Ибни Аббос метавон гуфт, ин аст, ки иддае аз нависандагони ховаршинос ва ба табъи онон нависандагоне аз муслимин
мисли Аҳмади Амин, Мустафо Совӣ ва Муҳаммадҳусайни Заҳабӣ, ки худ аз наққодон ва нуктасанҷон ҳастанд, муътақиданд, ки Ибни Аббос ба хотири мулозимат бо Каъб-ул-Аҳбор ва иртибот бо соири уламои яҳуд ва насоро порае аз ривоёти онҳоро нақл мекард ва дар муроҷиат ба аҳли китоб ибое надошт. Далели ин нависандагон ривояте аст, ки аз Пайғамбар(с) нақл шудааст:
«حدّثوا عن بنی اسرائل ولا حرج»
Албатта қабл аз посухи ин қавл ва истидлол бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ намуд, ки дар китобҳое, ки мо дар даст дорем, ривоёте мавҷуд аст, ки ба Ибни Аббос нисбат дода шудааст, ки он ривоёт аз ҷумлаи исроилиёт (ривоятҳое, ки аз тарафи яҳудиён бар манобеи исломӣ дохил карда шудааст) мебошад; вале мансуб будан ғайр аз муътақид будан ва анҷом додани он феъл аст.
Оятуллоҳ Маърифат муътақид аст, ки шахсиятҳое мисли Ибни Аббос ҳамеша аз муроҷиат ба аҳли китоб барҳазар буданд ва афсонаҳо ва хаёлоти сохтаи ононро ночиз ва беарзиш мешумурданд. Эшон муътақиданд, ки исроилиёт пас аз асри саҳоба ва дар даврони султаи Умавиён ба даруни ҳавзаи исломӣ роҳ ёфт, зеро Умавиён барои нашри фасод башиддат ба онҳо ниёз доштанд.
Эшон ҳамчунин шавоҳиди фаровон ва ривоёти мутааддидеро зикр мекунанд, ки Ибни Аббос дигаронро аз муроҷиат ба аҳли китоб барҳазар медоштанд ва он гоҳ мефармоянд: «Чӣ гуна мумкин аст фарде, ки дигаронро аз чизе боз медорад, худ онро муртакиб шавад!?»
Албатта дар умуре, ки роҳе барои шинохти саҳеҳи онҳо вуҷуд надорад, монанди тўлу арзи киштии Нўҳ(а), адади асҳоби Каҳф ва ғайра муроҷиат намудан ба манобеи аҳли китоб дуруст аст.
Ибни Таймия ва доктор Заҳабӣ низ таваҷҷўҳ ба исроилиёт ва нақли он тавассути Ибни Аббосро ба ду гуна дониста ва байни ду ҳадиси ба зоҳир мутаориз чунин ҷамъ кардаанд:
а) ривояти аввалӣ мегуяд:
« حدثوا عن بنی اسرايل ولا حرج »
б) дар ривояти дигар чунин омадааст:
« لا تصدقوا اهل الکتاب ولا تکذبوهم »
Ҳадиси аввал бар ҳаводис ва ахбори бани Исроил, ки ҷоиз аст онҳоро нақл кунем ҳамл мешавад, зеро пандҳои ибрат омўзе дар онҳо наҳуфтааст, ва ҳадиси дуввум ба умуре, ки онон кардаанд ва дупаҳлў аст ва далел бар рост ё дуруғ будани он надорем.
Пас натиҷа мегирем ки аввалан, аксари ривоёти исроилӣ, ки мансуб ба Ибни Аббос аст, сохта ва пардохтаи Умавиён аст ва сониян, дар мавориде, ки муроҷиати Ибни Аббос ба аҳли китоб собит шавад, бояд ҳамл шавад ба мавозее, ки руҷўъ ҷоиз аст, на муроҷиат намудани беқайду шарт.
Аз онҷо, ки Ибни Аббос парваришёфтаи мактаби рисолат ва Амир-ал-мўъминин(а) буд ва дониши тафсирро назди Алӣ(а) фаро гирифта буд, дар тафсири Қуръон ва фаҳми маонии он бар шеваи салафи солеҳ, ки асоси он бар пояҳои устувор бино шуда буд, роҳ мепаймуд ва дар ин роҳ ҳаргиз мунҳариф нагардид.
Шеваи тафсири Ибни Аббос ҳамчун дигар саҳоба, ки ба тафсир шўҳрат ёфтаанд он буд, ки дар тафсири Қуръон нахуст ба худи Қуръон ва сипас ба аҳодис ва суханони Пайғамбари акрам(с) муроҷиат мекард ва дар ниҳоят бо кумаки асбоби нузул ва шароити замонӣ ва маконӣ нузули Қуръон ва соири улуме, ки ба наҳве бо Қуръон иртибот дошт, ба иҷтиҳод мепардохт.
Бо таваҷҷўҳ ба он чӣ баён шуд, равиши Ибни Аббосро метавон дар мавориди зер хулоса намуд.
1-Фаҳми Қуръон бо муроҷиат ба худи Қуръон
Ин равиш, ки мутмаинтарин ва мустаҳкамтарин роҳ барои фаҳми маонии Қуръон ва бартар аз дигар далелҳои лафзӣ ва маънавӣ аст, Ибни Аббос онро баргузидааст; зеро беҳтарин далел бар мақсади ҳар гуянда, қароини лафзӣ аст, ки дар каломи худи ў омада ва ў онҳоро такягоҳи гуфтори хеш қарор додааст. Бинобар ин Ибни Аббос дар равшан кардани мавориде, ки мақсад аз нузули он пўшидааст ва дар дигар оёти Қуръон тавзеҳоте дар бораи он дода шудааст, ҳеҷ гоҳ аз муроҷиат ба худи Қуръон ғафлат наварзидааст.
Ба унвони намуна ў ду марг ва ду ҳаётро дар ояти шарифаи
«قالوا ربّنا أمتّنا إثنتين و أحييتنا إثنتين»
бо замима кардани ояти
«کيف تکفرون با لله و کنتم أمواتا فأحياکم ثمّ يميتکم ثمّ يحييکم ثمّ إليه ترجعون»
чунин маъно кардааст: «Қабл аз офариниш, инсонҳо мурда буданд, пас зинда шуданд, (офарида шуданд), он гоҳ тамоми мардум хоҳанд мурд ва дубора рўзи растохез зинда хоҳанд шуд».
2-Риояти асбоби нузул
Аз он ҷо ки оёт ва сураҳои Қуръон ба тадриҷ дар фосилаҳои замонӣ ва муносибатҳои гуногун нозил шудааст, огоҳӣ ба асбоб ва шаъни нузули оёт барои дарки мақосиди Қуръонӣ бисёр муҳим ва инкорнопазир аст, лизо ҳар кас, ки бихоҳад мафоҳими Қуръонро баррасӣ кунад, қабл аз ҳар чиз бояд шаъни нузули оятро бидонад.
Ибни Ааббос аз муфассирине буд, ки ба ин мавзўъ таваҷҷўҳ ва инояти вежае дошт. Оятуллоҳ Маърифат дар ин бора мефармоянд.: «Ибни Аббос донишманди бузурги уммат,
ба ин мавзўъ (асбоби нузул) комилан тавҷҷўҳ дошт ва дар фаҳми маонии Қуръон, дар мавориди бисёре бар донистани асбоби нузул такя намудааст, ў ҳамеша дар мавриди асбоб ва ашхос ва соири масоили марбут ба шаъни нузул бо ҷиддият пурсиш менамуд ва ҳамин амр боиси барҷастагӣ ва маҳорати вай дар фанни тафсир шудааст».
Аз ў нақл шудааст, ки муддати ду сол дар талош будам, то аз Умар(р), мисдоқи ду зани Пайғамбар(с), ки бар вай сахт гирифтанд ва ояти
«إن تتوبا فقد سغت قلوبکما...»
«...Магар ин ки шумо ду зан ба дар гоҳи Худо тавба кунед, ки дилҳои шумо сахт мунҳариф гаштааст» - дар бораи онҳо нозил шуда буда, шаъни нузули онро бипурсам, вале бими бархурди тунди вайро доштам, то оқибат ҷуръат пайдо намуда аз ў пурсидам ва ў гуфт: «Он ду Ҳафса ва Оиша буданд».
3-Такя бар тафсири манқул
Севвумин вижагии Ибни Аббос такя бар аҳодиси манқул аз Пайғамбар(с) ва Аҳли байти пок ва асҳоби баргузидаи ўст. Ў дар ин роҳ аз ҳеҷ талоше вогузор намекард, то ин ки дар дониш ва фазилат саромади замонаш гардид. Вақте аз ў пурсиданд чӣ гуна ба ин ҳама дониш даст ёфтӣ? гуфт:
«بلسان سئول و قلب عقل»
«Бо забони пурсишгар ва қалби фарогир».
Лизо илова бар ин ки 660 ҳадис мустақиман аз Пайғамбар(с) нақл намудааст, дар нақли ҳадис бар аҳодиси маъсур ва дорои маъхази дуруст такя мекунад.
Ҳамчунин муроҷиат ба саҳоба барои ба даст овардани суханони Пайғамбар(с) дар бораи масоили динӣ ва тафсирӣ, ки дар гузашта шавоҳиде бар ин матлаб зикр шуд, далели
дигаре бар таваҷҷўҳи болои ў ба тафсири саҳеҳи манқул аз Пайғамбар(с) аст.
4-Муроҷиат ба ашъор ва луғоти араб барои тафсири оёт
Худованд дар тавсифи Қуръон мефармояд:
«انّا جعلناه قرآن عربيا»
ва дар ояти дигаре мефармояд:
«و هذا لسان عربیّ مبين»
Бе тардид Қуръони карим аз ҳар ҷиҳат ба шеваи фасеҳи забони Араб нозил шудааст; ҳам дар интихоби асли вожаҳо, ҳам дар сохтори ҷумалот, ҳам дар эъробу бино ва ғайра ва комилан расо ва шево аст. Қуръон дар ҳар як аз ин заминаҳо шевотарини онро назди аҳли забон интихоб намудааст. Аз ин рў ҳар гоҳ фаҳми калимоти Қуръон бар касе мушкил бошад, бояд барои рафъи он ба каломи фасеҳи арабии муосири нузули Қуръон муроҷиат намояд.
Ибни Аббос аз ҷумлаи касоне буд, ки маҳорати болое дар адабиёт ва ашъори араб дошт ва ҳар гоҳ ба мушкиле бармехўрд, ба суроғи ашъор ва истеъмоли қабоили араб мерафт.
Ибни Ансорӣ аз тариқи Икрима аз Ибни Аббос нақл мекунад, ки гуфт: «Агар мехоҳед саволе аз ман дар бораи калимаҳои ноошнои Қуръон бипурсед, ба шеъри араб муроҷиат кунед, чун шеър вожаномаи араб аст».
Ин буд шева ва равише, ки Ибни Аббос дар тафсир онро паймудааст. Огоҳии густардаи ў дар ҷавониби мухталифи улум ва маориф боис шуд, то дар ҷаҳони тафсир дурахшад ва мумтоз ҷилва кунад.
Табаҳҳури ў дар шинохти асбоби нузул ва тасаллут бар маҳкам ва муташобеҳ, қироатҳо, аҳкоми Қуръон, таърих, ҷуғрофиё ва аз ҳама муҳимтар ошноии фаровони ў ба луғат ва адабиёти араб ба ин дурахшиш кумаки шоёне кард.
Пайнавиштҳо:
[1] «Ат-Тафсир ва ал-муфассирун», Доктор Заҳабӣ, ҷилди 1, саҳ. 65.
[2] «Ал-Ҷомеъ-ул-аҳком-ул-Қуръон», ҷилди 1, саҳ. 35 ба нақл аз «Ат-Тафсир ва ал- муфассирун».
[3] Оятуллоҳ Маърифат.
[4] «Таҷриду асмо-ус-саҳоба», ҷилди 1, саҳ. 320, ба нақл аз «Тафсир-ут-тобеин», ҷилди 1, саҳ. 372.
[5] -«Таҷриду асмо-ус-саҳоба», ҷилди 1, саҳ. 320, ба нақл аз «Тафсир-ут-тобеин», ҷилди 1, саҳ. 372.
[6] «Тафсир-ут-тобеин», ҷ.1 саҳ.68.
[7] Табақоти ибни Саъд, ҷилди 2, саҳ. 371.
[8] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат, ҷилди 1, саҳ. 225.
[9] Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал ҷилди 1, саҳ. 314, ба нақл аз «Тафсир-ут-тобиин», ҷилди 1, саҳ. 374 .
[10] «Фазоил-ус–Саҳоба», Аҳмад ибни Ҳанбал ҷилди 2, саҳ. 967, ба нақл аз мадраки боло.
[11] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Доктор Заҳабӣ, ҷилди 1,
саҳ. 67.
[12] «Усд-ул-ғоба»ҷилди 3, саҳ. 192, ба нақл аз «Тафсирут-тобеин», ҷилди 1.
[13] «Тафсир-ут-тобиин», ҷилди 1, саҳ. 373.
[14] «Биҳор-ул-анвор», ҷилди 89 саҳ.106, ҷиҳати тазеҳи бештар руҷўъ шавад ба китоби «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат.
[15] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», доктор Заҳабӣ, ҷилди 1, саҳ.89.
[16] Муснад Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷилди 1, саҳ.266 ва саҳ.314.
[17] Табақоти Ибни Саъд, ҷилди 2, саҳ.371.
[18] Табақоти Ибни Саъд, ҷилди 2, саҳ.371.
[19] «Биҳор-ул-анвор», ҷилди 89, саҳ.105, ба нақл аз «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат ҷилди 1, саҳ.225.
[20] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», доктор Заҳабӣ ҷилди 1
саҳ. 68.
[21] Талхис аз «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат ҷилди 1, саҳ.242.