Беҳдошт ва тозагӣ дар аҳодис

1 – Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:

Худованд поку покиза аст ва покизагиро дўст медорад, тоза аст ва тозагиро дўст медорад.

2 - Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:

Ислом поку покиза аст, пас шумо ҳам покиза бошед, зеро ҷуз инсони покиза касе вориди биҳишт намешавад.

3 - Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:

Покизагӣ аз ахлоқи паёмбарон аст.

4 - Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам,

уммати худро ба покизагӣ ташвиқу тарғиб мекард.

5 - Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:

Хилол кунед, зеро хилол кардан аз покизагӣ аст ва покизагию тозагӣ аз имон аст ва имон ва мўъмин дар биҳишт хоҳанд буд. (Хилол кардан – тоза кардани дандонҳо аз ончӣ, ки байни онҳо мемонад).

6 – Амиралмўъминин Алӣ (а) фармуд:

Касе, ки мехоҳад хайру баракати хонааш зиёд шавад, ҳангоми хўрок хўрдан дастҳои худро бишўяд.

7 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Дастҳои худро пеш аз хўрок ва баъд аз он бишўед, зеро ин кор фақрро аз байн мебарад ва умри инсонро зиёд мекунад.

8 – Имом Ризо (а) фармуд:

Касе, ки тиккаи сафолеро аз ҳаммом бардорад ва он баданашро хориш диҳад ва дучори бемории песӣ шавад, фақат худро сарзаниш кунад ва ҳар кас дар обе, ки дар он шустушў кардаанд, шустушў ва ғусл кунад ва дучори бемории ҷузом шавад, фақат худро сарзаниш кунад.

9 – Алӣ (а) фармуд:

Хонаҳои худро аз торҳои анкабут пок кунед, зеро гузоштани онҳо дар хона тангдастӣ меоварад.

10 - Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:

Ҳарими (гирду атрофи) хонаҳои худро ҷоруб кунед ва монанди яҳудиён набошед.

11 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Зарфҳоятонро бе сарпўш нагузоред, зеро вақте зарфе пўшонда нашавад, шайтон дар он оби даҳон мерезад ва ҳар чӣ қадар, ки бихоҳад аз ончӣ дар он аст мебарад.

12 – Имом Содиқ (а) дар мавриди ояте, ки мегўяд:

“Зинати худро дар масҷид ҳамроҳ дошта бошед”.

Фармуд:

Манзур шона кардан аст, зеро шона кардан, рўзиро ба тарафи инсон мекашад, мўйро зебо мекунад, ниёзро бартараф месозад, қудратро зиёд мекунад неши балғамро мегирад.

13 – Паёмбари гиромии Ислом (с) фармуд:

Мисвок карадан дувоздаҳ фоида дорад:

1) Даҳонро покиза мекунад.

2) Боиси хушнудии Парвардигор мешавад.

3) Дандонҳоро сафед мекунад.

4) Монеи пўсидани дандон мешавад.

5) Балғамро кам мекунад.

6) Хўрокро лазиз мекунад.

7) Ҳасанотро ду баробар мекунад.

8) Бо он ба суннати Паёмбар амал мешавад.

9) Малоика назди ў ҳозир мешаванд.

10) Милкро маҳкам мекунад.

11) Аз гузаргоҳи мисвок Қуръон убур мекунад.

12) Ду ракъат намози бомисвок пеши Худо маҳбубтар аст аз ҳафтод ракъат намози бе мисвок.

14 – Ровӣ мегўяд:

Имоми ҳафтумро дидам ҳангоме ки қабл аз хўрок дастҳоро мешуст, бо дастмол онҳоро хушк мекард ва ҳангоме ки баъд аз хўрок онҳоро мешуст бо дастмол пок мекард.

15 – Алӣ (а) фармуд:

Пайғамбари Худо (с) ба мо фармон дод, ки чаҳор чиз зери замин дафн карда шавад:

Мўй, дандон, нохун ва хун.

16 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Кўтоҳ кардани нохунҳо ва гирифтани мўйлаб дар ҳар ҷумъа инсонро аз бемории ҷузом эмин мегардонад.

17 – Амиралмўъминин (а) фармуд:

Аз тарафи кафида тарафи дастагираи зарф, об нахўред, зеро шайтон рўи дастгира ва тарафи шикофта мешавад.

Имом Содиқ (а) фармуд:

Ҷабраил дастури мисвок ва хилол ва ҳаҷоматро ба Паёмбари Худо (с) овард.

19 – Имом Содиқ ба шахсе супориш кард:

Обро кам бинўш зеро ҳар дардеро тўлонӣ мекунад ва то он ҷое, ки бадани ту таҳаммулм дардро дорад аз дору хўрдан бипарҳез.

20 – Имом Мўсо ибни Ҷаъфар мефармояд:

Аз муроҷиат ба табиб то замоне, ки тавоноии таҳаммули дардро доред, парҳез кунед, зеро пеши табиб рафтан монанди (таъмири) сохтмоне аст, ки миқдори ками он (таъмир) ба зиёди он тамом мешавад.

21 – Расули Худо (с) фармуд:

Ҳангоме ки эҳсоси гуруснагӣ кардӣ бихўр ва ҳанўз, ки иштиҳо дорӣ аз хўрдан даст каш.

22 – Амиарлмўъминин Алӣ (а) ба фарзандаш Имом Ҳасан (а) фармуд:

Эй фарзандам. Оё чаҳор нукта ба ту биомўзам то бо мурооти онҳо аз тиббу табобат бениёз шавӣ?

Арз кард:

Бале эй Амиралмўъминин.

Фармуд:

Бар сари хўрок нанишин магар ин ки гурусна бошӣ.

Ва аз хўрок хўрдан барнахез магар ин ки ҳанўз майл ба таом дошта бошӣ.

Хоидани хўрокро хуб ва комил анҷом деҳ.

Қабл аз хоб ба дастшўӣ (қазои ҳоҷат) бирав.

Агар инҳоро анҷом диҳӣ аз тиб бениёз хоҳӣ шуд.

23 – Ривоят шудааст:

Нишастан бар сари суфраро тўлонӣ кунед, зеро ин вақтҳо аз умри шумо ба ҳисоб намеояд.

24 – Пайғамбари Акрам (с) фармуд:

Меъда ҷойгоҳи ҳамаи дардҳо аст ва парҳез асоси ҳамаи давоҳо аст, ҳар нафсеро ба ҳарчӣ одат додаӣ ба ў бидеҳ.

25 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Хўрдан дар ҳоли серӣ боиси бемории песӣ хоҳад шуд.

26 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Худованд аз пурхўрӣ безор аст.

Ва фармуд:

Инсон ночор бояд хўро хўрад то сари по бошад, пас ҳангоме ки шахсе хўрок мехўрад як севвуми барои хўрок дар назар гирад ва як севвуми онро барои нўшиданиҳо нигаҳ дорад ва як севвуми онро ҳам барои нафас кашидан холӣ гузорад.

Ва баъд фармуд:

Монанди хукҳо, ки барои куштан фарбеҳ мешаванд, шумо фарбеҳ нашавед.

27 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Чаҳор чиз сабаби пирии зудрас мешавад:

Хўрдани гўшти хук, нишастан бар ҷои намнок, боло рафтан аз зина ва омезиш бо пиразан.

28 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Навъҳои ғалладона ва меваҳо ва кабутиҳое, ки аз замин мерўяд ва барои бадан ва тақвяти инсон муфид бошад, ҳалол аст ва он чӣ барои бадан зарар дошта бошад ҳаром аст, магар дар ҳоли ночорӣ...

29 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Камхўрӣ дар ҳама ҳол ва пеши ҳамаи миллатҳо писандида аст, зеро салоҳи даруну беруни инсон дар он аст.

30 – Пайғамбари Акрам (с) фармуд:

Касе, ки кам хўрад, ҳисобу китоби ў низ кам ва осон хоҳад буд.

31 – Амиралмўъминин (а) фармуд:

Агар Худованд салоҳ ва растагории бандаеро хоҳад, ба ў илҳом мекунад, ки кам сухан бигўяд, кам бихўрад ва кам бихобад.

32 – Расули Худо (с) фармуд:

Худро ба таври комил сер накунед, зеро нури маърифат дар қалбҳои шумо хомўш мегардад.

33 – Алӣ (а) фармуд:

Камхўрӣ, каромати инсонро бештар мекунад ва тандурустиашро тўлонитар месозад.

34 – Имом Содиқ (а) ба Абубасир фармуд:

Шикам аз хўрдан туғён мекунад ва наздиктарин ҳолати инсон ба Худо ҳангоме аст, ки шиккмаш сабук бошад ва манфуртарин (нафратовартарин) ҳолати инсон назди Худо вақте аст, ки шикамаш пур бошад.

35 – Алӣ (а) фармуд:

Камхўрӣ аз покдоманӣ аст ва пурхўрӣ аз исроф аст.

36 – Имом Содиқ (а) фармуд:

Решаи ҳамаи бемориҳо ва дардҳо пурхўрӣ аст,, ҷуз таб кардан, ки гоҳе бесабаб ба инсон мерасад.

37 – Паёмбари Акрам (с) фармуд:

Аз пурхўрӣ парҳез кунед, зеро баданро табоҳ мекунад, беморӣ ба вуҷуд меорад ва аз ибодат суст мекунад.

38 – Имом Содиқ (а) фармуд:

табоҳии бадан дар пурхўрӣ аст, табоҳии зироат дар асари анҷоми гуноҳон аст ва табоҳии шинохт дар дуруд нафиристодан бар беҳтарин инсонҳо яъне Паёмбар (с) аст.

39 – Расули Худо (с) фармуд:

Худованди азиз ва ҷалил шаби меъроҷ фармуд:

Эй Аҳмад, нисбат ба дунё ва аҳли он хашмгин бош ва охиратро ва аҳли онро дўст дор.

Паёмбар гуфт:

Парвардигоро, аҳли дунё ва аҳли охират киҳо ҳастанд?

Худованд фармуд:

Аҳли дунё касе аст, ки пурхўр, пурханд, пурхоб ва пурхашм бошад...

40 – Амиралмўъминин (а) фармуд:

ман ҳаргиз пурхўрӣ накардам.

Гуфта шуд: чаро?

Фармуд:

Зеро ҳар луқмаеро, ки ба тарафи даҳонам бурдам номи Худоро ба он хондам.