1 – Ҷойгоҳи махсуси намоз
Пайғамбари Акрам (с) фармуд:
Нахустин чизе, ки Худованд бар уммати ман воҷиб кард намозҳои панҷгона аст ва нахустин амале, ки аз онҳо боло бурда мешавад ва аз онҳо савол мешавад ҳамон намоз аст.
(Канз-ул-уммол, ҷ. 7 ҳадиси шумораи 18895).
2 – Намоз ва пояҳои дин
Имом Боқир (а) фармуд:
Ислом бар панҷ чиз бино шудааст:
Намоз, закот, ҳаҷ, рўза ва вилояти Аҳли Байт(а).
(Биҳор-ул-анвор, ҷ. 82).
3 – Масали намоз
Имом Боқир (а) фармуд:
Намоз сутуни дин аст, масали он монанди сутуни хаймае аст, ки вақте устувор бошад, мехҳо ва танобҳо побарҷо аст ва ҳар гоҳ сутуни он каҷ ва шикаста шавад ҳеҷ кадом аз онҳо устувор намемонад.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
4 – Намоз боиси растагорӣ
Расули Худо (с) фармуд:
Касе, ки бар намозҳои панҷгона муҳофизат ва муроқибат намояд (аҳамият диҳад), ин намозҳо барои ў дар қиёмат, нур ва василаи наҷоти ў хоҳад буд.
(Канз-ал-уммол, ҷ.7, ҳ.18862).
5 – Намоз ва нуронияти қалб
Расули Худо (с) фармуд:
Намози ҳар кас, нуре дар дили ўст, пас ҳар кас хоҳад қалбашро нуронӣ кунад.
(Канз-ул-уммол, ҷ.7, ҳ.18973).
6 – Намоз милоки қабулии амал
Имом Содиқ (а) фармуд:
Нахустин чизе, ки аз банда ҳисобрасӣ мешавад намоз аст, пас агар намоз пазируфта шуд амалҳои дигар низ пазируфта мешавад, агар намозаш рад шавад бақияи амали ў ҳам қабул нахоҳад шуд.
(Васоил, ҷ.3)
7 – Намоз равиши анбиё
Пайғамбари Акрам (с) фармуд:
Намоз аз одоби аввалияи дин аст ва мояи хушнудии Худо ва равиши паёмбарони Худо.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
8 – Намоз байрақи Ислом
Расули Худо (с) фармуд:
Намоз байрақи Ислом, мўъмини воқеӣ, касе аст, ки дил ба он диҳад ва муроқиби ҳудуд ва одоб ва вақти он бошад.
(Канз-ул-уммол, ҷ. 7.ҳ.18870).
9 – Намоз ва коромадии он
Имом Содиқ (а) фармуд:
Фариштаи марг шайтонро аз касе, ки муроқиби он аст дур мекунад ва шаҳодат бар ваҳдонияти Худо ва рисолати Паёмбарро дар ҳангоми ҳавлноки марг ба ў талқин мекунад.
(Васоил, ҷ.3)
10 – Намоз ва фарзандон
Имом Боқир (а) фармуданд:
Ҳангоме ки фарзандони мо панҷсола шуданд дастур медиҳем намоз бихонанд, пас шумо ҳам вақте фарзандонатон ба ҳафтсолагӣ расидандонҳоро ба намоз фармон диҳед.
(Васоил, ҷ.3).
11 – Арзиши намоз
Имом Содиқ (а) фармуд:
Як намози воҷиб аз бист ҳаҷ беҳтар аст ва як ҳаҷ аз садақа додани хонае пур аз тилло беҳтар аст, ин гуна ки онро садақа диҳанд то он ки чизе дар он намонад.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
12 – Сурати дин
Расули Худо (с) фармуданд:
Ҳар чизе дорои сурате (шакле) аст ва сурати дини шумо намози шумо аст.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
13 – Аҳамияти намоз
Пайғамбар гиромии Ислом (с) фармуданд:
Ҳеҷ гоҳе вақти намоз намерасад, магар ин ки фариштае байни мардум нидо медиҳад, ки эй мардум бапо хезед ва бо намози худ оташҳое, ки барафрўхтаед хомўш кунед.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
14 – Баракоти намоз
Алӣ (а) фармуд:
Ҳангоме ки инсон машғули намоз аст бадан ва либос ва ҳарчӣ дар атрофи ўст, Худоро тасбеҳ мегўянд.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
15 – Ҷойгоҳи анмоз
Расули гиромии Ислом (с) фармуданд:
Ҷойгоҳи намоз дар дин, монанди сар аст нисбат ба бадан.
(Канз-ул-уммол, ҷ.7. ҳ.18972).
16 – Намоз ва покии руҳ
Расули Худо (с) фармуданд:
Намозҳои панҷгона монанди наҳри оби гуворое назди дари хонаи шумост чуноне, ки касе ҳар рўз худро панҷ бор дар он бишўяд ҳеҷ гуна чирке боқӣ намонад. (Яъне касе ҳам, ки шабонарўз намози панҷгонаро бихонад аз олудагиҳои руҳӣ пок мешавад).
(Канз-ул-уммол, ҷ.7,ҳ. 18931).
17 – Намоз ва тааҳҳуди Худованд
Аз расули Акрам (с) нақл шуд, ки Худованди Мутаол фармуд:
(Эй паёмбар) бар уммати ту намозҳои панҷгонаро воҷиб кардам ва бо худ паймон бастам, ки ҳар кас муроқиби он намозҳо ва вақти онҳо бошад ўро ба биҳишт дохил кунам ва касе, ки муроқиби онҳо набошад ман тааҳҳуде нисбат ба ў надорам.
(Канз-ул-уммол, ҷ.7. ҳ.18872).
18 – Намоз ва ёди Худо
Имом Боқир (а) фармуд:
Ёди Худо барои намозхонҳо болотар аз ёди онҳо аз Худо аст. Оё намебинӣ, ки Худованд мефармояд:
Маро ёд кунед то шуморо ёд кунам.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
19 – Намоз ва раҳмати Худо
Имом Алӣ (а) фармуд:
Ҳар гоҳ касе ба намоз меистад, шайтон ҳасудона ба ў менигарад, ба хотири он ки мебинад раҳмати Худо ўро фаро гирифтааст.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
20 – Намоз ва тарки гуноҳ
Ривоят шудааст, ки ҷавоне аз ансор бо Расули Худо (с) намоз мехонд ва гуноҳ ҳам анҷом медод, ин хабар барои Расули Худо (с) баён шуд. Паёмбари Акрам(с) фармуд:
Намозаш як рўзе ўро аз гуноҳ бозмедорад.
Сипас тўле накашид, ки тавба кард.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
Имом Содиқ (а) фармуд:
Вақте намози воҷиб мехонӣ онро дар вақти худаш чунон бихон, ки гуё дигар ҳаргиз ба намоз муваффақ намешавӣ.
(Маҳаҷҷат-ул-байзо,ҷ.1).
22 - Аҳамияти вақти намоз
Расули Худо (с) фармуданд:
Худованди Мутаол мефармояд: ман тааҳҳуде нисбат ба бандаам дорам, ки агар намозро дар вақташ бихонад ўро азоб накунам ва бе ҳисоб ўро ба биҳишт бибарам.
(Канз-ул- уммол, ҷ7. ҳ.19036)
23 - Паёмбар (с) ва намози аввали вақт
Аз Оиша нақл шудааст:
Борҳо иттифоқ афтод, ки Паёмбар (с) бо мо машғули сўҳбат буд, ҳангоме, ки вақти намоз мерасид, тамоми ҳушу ёдаш банди азамати Худо мешуд, гўё ҳаргиз моро намешиносад ва мо ҳам ўро намешиносем.
(Маҳаҷҷат-ул-байзо, ҷ1).
24 – Намоз дар вақт
Имом Содиқ (а) фармуд:
Ҳангоме ки бандае сари вақт ба намоз биистад ва муроқиби он бошад, оон намоз, монанди порае нури сафед боло меравад ва мегўяд:
Ту маро ҳифз кардӣ Худо туро ҳифз кунад.
Вале вақте намозрго дар вақташ нахонад ва муроқиби он набошад, он намоз ба монанди доғи сиёҳ ва торике бармегардад ва мегўяд:
Маро зоеъ кардӣ, Худо туро зоеъ кунад.
(Маҳаҷҷат-ул-байзо, ҷ.1).
25 – Маҳбубтарин намоз дар вақт
Расули Худо (с) фармуд:
Маҳбубтарин корҳо назди Худованд аз инҳо иборат аст:
Намоз дар вақташ, сипас некӣ ба падару модар, баъд ҷиҳод дар роҳи Худо.
(Канз-ул-уммол, ҷ.7, ҳадиси 18897).
Сабук шуморидани намоз26 –
Расули Худо (с) фармуд:
Касе, ки намозро сабук шуморад аз ман нест, қасам ба Худо ў бар ҳавзи кавсар ворид нахоҳад шуд.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
27 – Беаҳамяитӣ ба намоз
Имом Содиқ (а) фармуд:
Шафоати мо ба касе, ки намозашро сабук шуморад намерасад.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
28 – Табоҳ кардани намоз
Набии гиромӣ (с) фармуд:
Намозатонро табоҳ накунед, зеро касе, ки намозашро табоҳ кунад Худо ўро бо Қорун ва Фиръавн ва бо Ҳомон маҳшур гардонад.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
29 –Намози ноқис
Имом Боқир (а) фармуд:
Ҳангоме ки Расули Худо (с) дар масҷид нишаста буд марде ворид шуд ва намоз хонд, вале рукўъ ва саҷдаи онро ба таври комил анҷом надод. Паёмбар (с) фармуд:
Нўг задане монанди нўг задани зоғ, агар ў бимирад ва намозаш чунин бошад, бо дине ғайр аз дини ман мурдааст.
(Маҳаҷҷат-ул-байзо, ҷ.1).
30 – Саҳлангорӣ дар намоз
Расули Худо (с) фармуд:
Намоз сутуни дин аст, пас касе, ки қасдан намозашро тарк кунад, динашро вайрон кардааст ва касе, ки ба вақтҳои намоз аҳамият надиҳад, дохили “вайл” хоҳад шуд ва “вайл” маҳалле дар дўзах аст. Ҳамон гуна ки Худованд дар Қуръон фармудааст:
“Вайл ҷои касоне аст, ки дар намозашон саҳлангорӣ мекунанд...” - (Сураи Моун ояти 4).
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
31 – Натиҷои тарки намоз
Расули Худо (с) фармуд:
Намозро қасдан тарк накунед, чун касе, ки онро қасдан тарк кунад аз қаламрави Худо ва расули ў берун аст.
(Канз-ул-уммол, ҷ.7. ҳадиси 19096).
32 – Тарки намоз
Расули Худо (с) фармуданд:
Касе, ки намозро тарк намояд дар ҳоле ки на умед ба подоши он дорад ва на аз азоби он метарсад, ман ҳам аҳамияте намедиҳам, ки ў яҳудӣ бимирад ё насронӣ ё маҷус.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
33 – Тарки намоз ва куфр
Расули Худо (с) фармуданд:
Касе, ки намозро бидуни узр ба ҷо наоварад то вақти намоз гузарад, амалҳояш аз байн меравад. Сипас фармуд6
Фосилаи байни банда ва куфр, тарки намоз аст. (Яъне касе, ки намозро тарк кунад, кофир ҳисоб мешавад).
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
34 – Оқибати тарки намоз
Расули Худо (с) фармуд:
Касе, ки намозро қасдан тарк кунад номаш бар дари дўзах , ҷузъи дўзахиён навишта мешавад.
(Канз-ул-уммол, ҷ.7, ҳадиси 19090).
35 – Намоз ва шароити пазириши он
Имом Содиқ (а) фармуданд:
Худованди мутаол фармудааст:
Намози касеро мепазирам, ки:
1) Дар муқобили азамати ман фурўтанӣ кунад.
2) Аз хостаҳои нафсонии худ ба хотири ман дурӣ кунад.
3) Рўзашро бо ёди ман ба поён бибарад.
4) Бар бандагонам бузургӣ нафурўшад.
5) Ба гурусна таом диҳад.
6) Бараҳнаро бипўшонад.
7) Ба мусибатдида меҳрубонӣ кунад.
8) Ғариберо паноҳ диҳад.
36 - Мизони қабули намоз
Имом Содиқ (а) фармуд:
Касе, ки мехоҳад бидонад намозаш пазируфта шудааст ё не, бояд бинад оё намозаш ўро аз зиштиҳо ва нопокиҳо дур кардааст? Пас ба ҳар андозае, ки дур карда бошад, ба ҳамон андоза намоза намозаш қабул шудааст.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
37 – Намоз ва вилояти (сарпарастии) Аҳли Байт(а)
Марде аз Имом Зайнуобидин савол кард:
Милоки пазириши намоз чист?
Имом (а)дар посух фармуд:
Вилояти мо ва бароат аз душманони мо.
(Биҳор-ул-анвор, ҷ.82).
38 – Намози воҷиб ва мустаҳаб
Имом Боқир (а) фармуд:
Намозе, ки баҷой меорад, гоҳе нисф ва гоҳе сеяки он ва гоҳе чаҳоряки он ва панҷяки он боло бурда мешавад, пас боло бурда намешавад магар он намозе, ки бо ҳузури қалб анҷом гирад. Мардум маъмур ба анҷоми намозҳои мустаҳаббӣ шудаанд то нуқсони намози воҷиби онҳо тавассути мустаҳаббот ҷуброн шавад.
(Ал-Ҳақоиқ, Файзи Кошонӣ).
39 – Намоз бо азон ва қомат
Имом Содиқ (а) фармуд:
Касе, ки бо азон ва қомат намоз хонад ду саф аз фариштагон пушти ў ба намоз меистанд ва касе, ки бо қомат ва бе азон намоз хонад як саф аз фариштагон пушти сараш намоз мехонанд.
Ровӣ савол кард: Миқдори ҳар саф чӣ қадар аст?
Имом фармуд:
Ҳадди ақалли он аз машриқ то мағриб ва ҳадди аксари он аз замин то осмон аст.
(Васоил, ҷ.4).
40 – Намоз ва дуо
Имом Содиқ (а) фармуданд:
Худованд намозҳои панҷгонаро дар беҳтарин соатҳо бар шумо воҷиб кард. Бинобар ин пас аз намозҳо, (ки дар беҳтарин вақтҳо анҷом мегирад), дуо кунед.
(Хисол, ҷ.1).