Мункароти фарҳангӣ

Мункароти фарҳангӣ, ки ба як маъно ҳамон мункароти эътиқодӣ аст, бо абзори қалам, баён, ҳунар, филм, таблиғот, овоза, васваса ва эҷоди маҷолиси гуноҳ ва лаҳву лааб, бинои сохтмонҳо ва таъсисоте, ки равнақи марокизи мазҳабиро кам кунад, сурат мегирад, назири он, ки масҷиди умавиро дар Шом сохтанд то равнақи масҷиди набавӣ дар Мадина кам шавад ё марокизи илмиро ба Бағдод кашонданд то дар баробари дарси Имом Содиқ (алайҳис-салом) рақибтарошӣ кунанд. Рўзе ба номи мусташор, мусташриқ ва коршинос ва имрўзҳо ҳам аз тариқи моҳвора ва дискетҳои компиютерӣ корро ба ҷое расондаанд, ки дар чанд қадамии Масҷид-ул-ҳаром (Мадина), филми «Духтари жопонӣ» (Ушин) пахш мешавад ва номе аз духтари Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нест.

Хонандаи азиз шумо агар дар Қуръон ба калимаи «Вадда» муроҷиа кунед, хоҳед фаҳмид, ки душман чи чизҳоеро дўст медорад ва чи орзуҳое дорад. Муҳимтарини онҳо орзуи гумроҳӣ ва даст бардоштан аз ақида, усул ва арзишҳои динӣ ва низоми исломии мост.

Достон

Ба таҳоҷуми фарҳангӣ дар Қуръон ишороте шудааст, барои мисол, иддае аз бузургони Яҳуд тавтиаеро барномарезӣ карданд, ки бар асоси он субҳ ба Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам имон оваранд ва ғуруб ба яҳудият баргарданд.[1] Онҳо бо ин кор ду ҳадафро дунбол мекарданд:

Яке ин ки ҳеҷ яҳудие ба фикри мусалмон шудан наафтад ва бо худ бигўяд: Агар Ислом дини комиле буд, олимони мо субҳ, ки мусалмон шуданд ғуруб барнамегаштанд.

Дуввум ин ки дар мусалмонҳо ин изтироб ва фикрро эҷод кунанд, ки агар Ислом дини комиле буд, олимони Яҳудро нигаҳ медошт. Худованд парда аз ин тавтиа бардошт ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) эълон кард, ки «ба мусалмонон бигў, ки имрўз қабл аз зуҳр иддае аз бузургони Яҳуд мусалмон хоҳанд шуд ва ғуруб ба дини худ бар хоҳанд гашт. Аз омадани онон дилгарм нашавед ва аз рафтани онон низ дил сард нашавед, ки ин як нақша аст».

Бинобар ин таҳоҷуми фарҳангӣ решаи қадимӣ дорад. Хушбахтона ҳатто ҷавонони мо душмании истикборро фаҳмидаанд ва медонанд, ки онҳо чаро формулаҳои илми ҳавопаймосозиро ба донишҷуёни мусалмон ва хушфикри мо ёд намедиҳанд, аммо дар қоғази сақич, аксҳои мустаҳҷин барои бачаҳои мо мефиристанд.


[1] Сураи Оли-Имрон-72.