Мункароти ахлоқӣ бисёр аст, ки мо чанд намунаи онро феҳраствор баён мекунем:
1-Худбинӣ ва худситоӣ, Қуръон мефармояд: «Касоне, ки дўст доранд онҳоро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд ситоиш кунанд, ҳаргиз растагорашон напиндор».[1]
2-Риё, риё навъе ширки пинҳон ва таваҷҷўҳ ба ғайри Худост. Риё, корро беарзиш мекунад. Дар Қуръон ва ривоёт барои осори шуми риё ҳушдорҳое мехонем.
3-Дурўғ, ғайбат, суханчинӣ, носазо гуфтан, ҷамъ шудан барои корҳои беҳуда ва бефоида, беэҳтиромӣ ба муқаддасот, номи якдигарро зишт бурдан, миннат гузоштан ва даҳҳо мункароти дигар, ки агар барои ҳар як, оят ё ҳадисе биоварем, аз мавзўи аслӣ дур мешавем (агар то кунун дур нашуда бошем).