Аз ҷумла воҷиботе, ки мутаассифона афроди таҳсилкарда ва саршинос ин мункарро анҷом медиҳанд ва дар ҷомеа зиштии он аз байн рафтааст, тарки ҳиҷрат аст.
Агар ҳашт аср қабл олиме ба Чин ҳиҷрат накарда буд, имрўз миллионҳо мусалмон дар Чин надоштем. (Ҳудуди ҳаштсад сол қабл, аллома Қазвинӣ ба Чин сафар кард ва бунёнгузори Ислом дар Чин шуд. Ҳануз ҳам мусалмонони Чин бар гирди мазори ў, ки дохили масҷиде аст, ҷамъ мешаванд ва дуруд мефиристанд).
Агар аз форс ҷамъе аз бозаргонон ба Тонзониё ва Зингбор ҳиҷрат намекарданд, шояд имрўз дар он кишварҳо хабаре аз Ислом набуд.
Назари Ислом он аст, ки мусалмонон, фарзандони зиёде дошта бошанд то агар ҳар кадом ба минтақае ҳиҷрат намоянд, бо суръат доманаи Ислом густарда шавад. Ҷои тааҷҷуб он аст, ки баъзе аз паррандагон барои идомаи ҳаёт ҳиҷрат мекунанд, вале баъзе аз мусалмонон рокид ҳастанд.
Яке аз ибтикороти Ислом ин аст, ки ҳиҷратро шурўи таърих қарор дод, чун инсон бо ихтиёр ва барои ҳадафи муқаддас ҳиҷрат мекунад, вагарна милоди Масеҳ ва ё гардиши кураи замин, ҳеҷ кадом аз ифтихороти ихтиёрии инсон нест. Садҳо мушкил бо ҳиҷрат ҳал мешавад. Ҳиҷрат, яъне тақсими одилонаи неруи инсонӣ, ҳиҷрат яъне ҳаракат, ҳадафдорӣ, сўз, тааҳҳуд, гузашт ва озоди аз қайд ва бандҳои замин ва замон ва …. Ҳиҷрати чанд мусалмони зулмдида ба Ҳабаша, чароғи Исломро дар Офриқо равшан кард. Ҳиҷрати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ба Мадина аз баландтарин қадамҳои таблиғотии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд.
Агар имрўз ин мункари бузург (тарки ҳиҷрат ) амал намешуд ва донишмандон ва руҳониён як ҳиҷрати фарогир доштанд ва онро мунҳасир ба ҷамъе аз руҳониёни ҷавон қарор намедоданд, садои Ислом ба ҳама ҷо расида буд. Равшан бигўям: Гуноҳи тамоми касоне, ки дар зулумоти ҷаҳл ва ширк ва тафриқа ва фақр ба сар мебаранд, ба гардани касоне аст, ки тавони ҳиҷрат доранд, вале ба хотири рафоҳ ва бетафовутӣ ҳиҷрат намекунанд ва ба корҳои козиб ва такрорӣ дил хуш медоранд.
Дар калимаи «ҳиҷрат» маънои баланде нуҳуфта аст, ки дар климаи «мусофират» нест. Тамаркуз ва тарокуми неруҳои таҳсилкарда дар шаҳрҳо, сабаби ҳаракат ба сўи шаҳрҳо ва табъан хилват шудани рустоҳо, боло рафтани нархҳо, пайдо шудани мушкили маскан ва мушкили нақлиёт аст. Гуноҳи касоне, ки дар рустоҳо ба хотири надоштани духтур ва дорую даво ҷони худро аз даст медиҳанд, ба гардани духтуроне аст, ки ба гунаи мутамаркиз дар шаҳрҳои бузург ҷамъ шудаанд.
Ислом бо касоне, ки ҳиҷрат намекунанд, бархўрди инқилобӣ мекунад ва мефармояд: Касоне, ки имон доранд, вале рокид ҳастанд ва ҳиҷрат намекунанд, ҳеҷ навъ ҳаққи вилоят ва сарпарастӣ дар ҷомеаи исломӣ надоранд.[2]
Ростӣ агар тамоми мутахассисони мусалмон, ки дар кишварҳои куффор зиндагӣ мекунанд ба кишвари худ ҳиҷрат кунанд, ҳам ҷабҳаи куфр зарба мебинад ва ҳам мусалмонон тақвият мешаванд ва ҳам ҳувияти исломии онҳо дар низомҳои фосид аз байн намеравад. Вақте Ислом аз об ва хоки рокид интиқод мекунад, аз сармояи рокид интиқод мекунад, ҳақ дорад, ки шадидтарин интиқодҳоро ба неруҳои мутахассиси рокид дошта бошад.
Донишмандон бояд ҳиҷрат кунанд то садои Исломро ба дуртарин нуқтаҳои олам бирасонанд ва аз иттилооти калисо ақаб намонанд, чун онҳо низ рўҳониёни худро ба дуртарин нуқоти олам мефиристанд ва охирин оморро доранд. Ин коре аст, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ мекарданд. Дар ҳадис мехонем, ки Паёмбари азизи Ислом фармуданд: Ҳар мавлуде, ки ба дунё меояд ва ҳар мусалмоне, ки аз дунё меравад ба ман хабарашро бидиҳед то ҳар лаҳза аз охирин омори мусалмонон огоҳ бошам.
Оре! Қуръон борҳо мусалмононро ба сайр дар замин суфориш кардааст, вале ғарбиҳо будаанд, ки ба ин дастур амал кардаанд ва тамоми ҷаҳонро ваҷаб ба ваҷаб гаштаанд ва аз манобеъ ва манофеъ ва неруҳо ва халқ ва хубиҳои мардум огоҳ шудаанд. Ин пешбиниро ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) мекарданд онҷо, ки фарёд заданд: Шуморо ба Худо! Шуморо ба Худо! Мабодо дигарон дар амал ба Қуръон аз шумо пеш афтанд.[3]
Аммо имрўз мебинем, ки фармони ҳиҷрат ва сайр дар замин фармони Қуръон аст, ки дигарон беш аз мо ба он амал кардаанд. Ҷолиб аст, ки ин фарёдро Алӣ (алайҳис-салом) дар васиятномаи худ дар остонаи шаҳодат фармудаанд ва ҳоло, ки ин сатрҳоро менивисам, шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) (шаби қадр) аст. Дар инҷо ин нолаи ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом)-ро як пешбинии воқеъгароёна ва таассуфе аз амирал-мўъминин барои ҳамаи мардум медонем. Дар ин шаби қадр аз Худо бо шафеъ қарор додани он ҳазрат аз ғафлатҳои тўлонии худ ва тарки ҳиҷратҳо ва соири мункарот узрхоҳӣ ва тавба мекунем.
Дар Қуръон мехонем: Ҳамин ки фариштагон барои гирифтани рўҳи касоне, ки бо тарки ҳиҷрат ба худ зулм кардаанд меоянд, аз онҳо мепурсанд: Шумо дар чӣ ҳоле будед? Мегўянд: Мо дар замин мустазъаф будем. Фариштагон ин посухро намепазиранд ва ба онҳо мегўяд: Оё замини Худо бузург набуд, ки ҳиҷрат кунед?[4]
Бинобар ин бар ҳар маҳрум ва мустазъафе лозим аст, ки барои ҳифзи идеоложӣ ва ақидаи худ ҳиҷрат кунад ва агар дар манотиқ ва кишварҳои куфр наметавонад аз мабонии худ дифоъ кунад, дар онҷо намонад.
Чӣ бисёр афроде ба хотири асир шудан дар як маҳалли кор ё шаҳр ё минтақа, ё ширкат ва муассиса муртакиби анвои гуноҳон мешаванд, дар ҳоле ки бар онҳо воҷиб аст, ки он ҷоро тарк кунанд.
Нуктаи ҷолиб он, ки дар миёни ҳамаи гуноҳон, танҳо гуноҳе, ки дар остонаи марг мавриди бозҷўӣ қарор мегирад, тарки ҳиҷрат аст. Нуктаи ҷолиби дигар ин ки Қуръон барои подош, калимоти ду баробар, чанд баробар, даҳ баробар, ҳафтсад баробар ба кор бурдааст, [5]вале дар бораи подоши касе, ки ҳиҷрат кунад, номе аз адад бурда нашуда ва танҳо фармудааст: «Аҷри ў бо Худост».[6] Ин таъбир ҷуз дар бораи мўъминони воқеӣ, ки худро дар нимаи шаб аз ҷои хоб дур мекунанд ва бо биму умеди хоссе ба ибодат мепардозанд ва аз ҳар чи, ки Худованд барояшон додааст инфоқ мекунанд, наомадааст, мефармояд: «Касе намедонад, ки барои онҳо чи нури чашме дар назар гирифта шудааст».[7]
Касоне, ки алоқаманд ба пешрафт ва тавсиаи ҳамаҷониба ҳастанд, бояд худро барои ҳиҷрат омода кунанд. Қуръон мефармояд: «Ҳар кӣ дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад, ҳиҷратгоҳи бисёр фароғ ва кушоиши ҳамаҷониба пайдо хоҳад кард».[8]
Ғафлат аз душман ва нақшаҳои онҳо, аз мункароти иҷтимоӣ аст, ки мутаассифона ҳамаи уммати исломиро дар бар гирифтааст. Қуръон дар ин замина мефармояд: Куффор дўст доранд, ки шумо аз аслиҳа ва имконоте, ки доред, ғофил бошед то бо як ҳуҷум шуморо нобуд кунанд.[9]
Ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: Тааҷҷуб мекунам, ки шумо нисбат ба душман хоб ва ғофил ҳастед, вале душман нисбат ба шумо бидор аст.[10]
Тақлид, нишонаи худбохтагӣ, надоштани имон ба мактаб ва идеоложӣ, ғайрати миллӣ ва динӣ ва заъфи нафс аст. Қуръон дар оёти зиёде аз ин гуна тақлид интиқод кардааст. Бутпарастон тавҷеҳи бутпарастии худро тақлид аз ниёгони худ медонистанд. Имрўз балои шарқзадагӣ ва ғарбзадагӣ аз муҳимтарин мункароти иҷтимоии мост. Дар фиқҳи мо ташаббуҳ ба куффор ҳаром аст, чунки ин худ як навъ худбохтагӣ аст. Дар ривоёт мехонем: Ҳатто дар пушидани либос ва навъи либос мустақил бошед ва аз бегонагон тақлид накунед!
Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: Худованд ба яке аз паёмбарон ваҳй кард, ки ба мўъминон бигўяд: «Шумо либоси душманони маро напўшед ва таоми душманони маро нахўред ва дар ҳеҷ коре роҳу равиши душманони маро дар пеш нагиред, ки агар шумо дар зоҳир монанди онҳо шудед, дар ботин ҳам мисли онҳо хоҳед шуд».[11]
Нишастан дар маҷлисҳои гуноҳ ва сукуту тамошо аз мункароти иҷтимоии мост. Қуръон мефармояд: «Ҳар гоҳ шунидед, ки оёти Худо мавриди инкор ва масхара қарор гирифтааст, маҷлисро тарк кунед».[12]
Дар ҷои дигар мефармояд: «Агар мушоҳида кардӣ, ки гурўҳе дар бораи оёти илоҳӣ ба ноҳақ ҷадал мекунанд, бар ту лозим аст, ки аз онҳо рўй бигардонӣ то ин ки мавзўи баҳсро иваз кунанд ва агар шайтон туро ба фаромўшӣ андохт, баъд аз таваҷҷўҳ ҳаққи нишастан дар ҷаласаро надорӣ».[13]
Дар қиёмат биҳиштиён аз аҳли дўзах мепурсанд: чӣ шуд, ки шумо ба дўзах кашида шудед? Онҳо чаҳор чизро сабаби суқути худ мешуморанд:
1-Тарки намоз
2-Бетафовутӣ нисбат ба гуруснагон.
3-Ғарқ шудан дар ёвагўиҳои мардум.
4-Такзиби қиёмат.[14]
Оре! Сукут ва созиши мо бо ёвасароён ҷуръати ҳар гуна тавҳин ва беэҳтиромию ҷасорат ба муқаддасоти диниро медиҳад.
Аз ҷумла мункароти иҷтимоӣ бо номи бад садо задан, тавҳин ва таҳқир, дашном ва носазо, ғайбат ва туҳмат ва обрўрезӣ аст. Қуръон дар бораи аҳли биҳишт мефармояд: «Дар биҳишт сухани лағв ва дурўғ намешунаванд. Дар онҷо тамоми бархўрдҳо бахоста аз рўҳи солим ва шиори солим аст. Номи онҷо «Дорус-салом»[15] ва шиори биҳиштиён «Салом» аст».[16] Вале дар бораи аҳли дўзах мехонем: Ҳар гурўҳ, ки ба ҷаҳаннам дохил мешаванд, ба гурўҳи дигар лаънат ва нафрин мекунанд.[17] Дар онҷо ҳама гуноҳи худро ба гардани якдигар меандозанд, «Агар шумо набудед мо имон доштем».[18]
Акнун, ки бо симои аҳли биҳишт ва ҷаҳаннам ошно шудем, метавонем ҳадс бизанем, ки оё ҷомеае, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, биҳиштӣ аст ё ҷаҳаннамӣ? Агар бадгумонӣ, таҷассус, наҷво, тўҳмат, бетафовутӣ, нешу нўш, масхара ва таҳқир ё кина ва интиқом бар равобити он ҷомеа ҳоким аст, ояндааш ҳамон ҷаҳаннами мавъуд аст, аммо агар дар фазои хона ва мактаб ва идора ва корхона, рўҳияи имон, эътимод, дилсўзӣ, кумак, ихлос ва сафо бошад, ояндаи ин ҷомеа биҳишти мавъуд мешавад.
Бар хилофи гумони баъзеҳо, ки короӣ ва шуҷоатро танҳо дар майдони ҷанг медонанд, шуҷои воқеӣ он касе аст, ки вақте ҳақро бо далел ва мантиқ шинохт, аз танҳоӣ натарсад. Боз ҳам дар ин шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом), ки ин сатрҳоро менависам, аз он ҳазрат сухане нақл мекунам. Ҳазрат дар хутбаи 201-и Наҳҷ-ул-балоға мефармояд: «Дар роҳи ҳақ аз камии тарафдорон натарсед».
Қуръони маҷид даҳҳо бор аз пайравии аксарият сарзаниш карда ва ҳатто ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳушдор додааст, ки: «Агар аз аксарияти мардум пайравӣ кунӣ туро гумроҳ мекунанд».[19]
Қуръон дар баёни гуфтугўҳои муҷримин дар қиёмат мефармояд: «Онҳо далели бадбахтии худро шахсиятзадагӣ медонанд ва мегўянд: Мо пайрави бузургони худ будем, ки ба ин рўзи сиёҳ гирифтор шудем».[20]
Ногуфта намонад, ки гароиш ба шахсиятҳо дар даруни ҳар инсоне ҳаст. "Мардум бар роҳу расми подшоҳонашон ҳаракат мекунанд».[21] дар ҷои дигаре мехонем: «Тақлиди инсон аз раҳбарон беш аз тақлид аз падару модарашон аст.[22]
Ба ҳамин далел Қуръон исрор дорад, ки шахсиятҳои воқеиро авлиёи Худо муаррифӣ кунад ва афродеро ҳам, ки бо рехту пош худро матраҳ мекунанд, ба бародарони шайтон лақаб медиҳад.[23]
Дар Қуръон оёти фаровоне мардумро аз пайравӣ аз фасодкорон,[24] исрофкорон,[25] гунаҳкорон,[26] фурумоягон,[27] ҷоҳилон,[28] ҳавасбозон,[29] ғофилон,[30] ва кофирон боздоштааст. Баръакс, шахсиятҳои воқеиро анбиё, сиддиқин, шуҳадо ва сулаҳо дониста[31] ва номи «Анъамта алайҳим»-ро ба онҳо гузошта аст. Ҳамчунин бар ҳар мусалмоне воҷиб кардааст, ки дар ҳар намоз пайравии худро аз онон эълон кунад.
Дар ҷанги Ҷамал, як тараф ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) ва дар тарафи муқобил Талҳа ва Зубайр буданд. Шахсе бо дидани ин саҳна, мутаҳаййир шуд ва бо худ гуфт: Ҳар ду тараф аз асҳоби Паёмбаранд ва баростӣ ҳақ бо кадом аст?
Ҳазрати Алӣ чун ҳамеша бо баёни худ, чароғеро барои таърих равшан кард то аз он ба баъд ҳеҷ касе мутаҳаййир нашавад. Он чароғ ин сухан буд: «Аввал ҳақро бишнос, сипас ҳар, ки гирди он буд, бидон ки барҳақ аст».
Мардумро бар асоси ҳақ бишнос на ҳақро бар асоси мардум. Барои мисол, аввал бояд бидонем, ки ғайбат чист? Баъд ҳар касро, ки ғайбат кард, бояд бад бидонем, на он ки бигўем: Чун фалон шахсият дар бораи дигарон бадгўӣ ва ғайбат мекунад, пас ғайбат ҳалол аст.
Қуръон бо сароҳат мефармояд: «Баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст».[33]
Бадгумонӣ заминаи таҷассус аст ва таҷассус заминаи ғайбат ва ғайбат, муҳимтарин омил барои аз байн бурдани муҳаббатҳо, пайвандҳо ва эътимодҳост.
Суол: Дар ривоят мехонем: «Ба хотири як ғайбат, тамоми ибодатҳои инсон нобуд мешавад». Оё ин кайфар одилона аст?
Ҷавоб: Оре! Чун бо ғайбат обрўе, ки солҳо ба даст омадааст, рехта мешавад, лизо ибодате, ки солҳо анҷом шудааст, бояд аз байн биравад.
Намехоҳем, ки дар бораи ҳар мункаре тамоми оёт ва ривоётро баён кунем, вале теъдоде намуна ва ишора кофист.
Дар ояти 85-и сураи Нисо мехонем: «Ҳар кас байни ду мусалмон фитнагарӣ, суханчинӣ, миёнҷигарии бад, эҷоди кудурат ва пардадарӣ кунад, барои ў саҳме аз (гуноҳ ва) кайфар аст».[34]
Бетафовутӣ ва эҳсоси масъулият накардан, яке аз мункароти иҷтимоӣ аст. Дар ҳадис мехонем: «Агар касе нолаи мазлумеро шунид ва ба ў посух надод, мусалмон нест».[35]
Дар ҳадиси дигаре мехонем: « Касе, ки дар ҳоли серӣ бихобад ва ҳамсояи ў гурусна бошад, ба Худо имон наовардааст».[36]
Дар ҳадис ба касоне, ки нисбат ба мункарот бетафовутанд, «бе имон" гуфта шудааст».[37]
Қуръон мефармояд: «Чаро шумо барои наҷоти мустазъафон қиёми мусаллаҳона намекунед? »[38]
Аҳли дўзах ба аҳли биҳишт мегўяд, ки: «Яке аз далоили гирифтории мо, бетафовутӣ нисбат ба гуруснагон буд».[39]
Дар ҳадис мехонем, ки Худованд аҳли минтақаеро азоб кард ва ҳамин ки фариштагон аз Худо пурсиданд: «Гурўҳе аз аҳли минтақа гунаҳкор нестанд, чаро онҳо ба оташи гунаҳкорон месузанд»?
Худованд фармуд: «Ба хотири сукут ва бетафовутиашон».
Имом Содиқ (алайҳис-салом) ба яке аз пайравонаш, ки барои тавба ба наздаш омада буд, фармуд: «Агар амсоли шумо ба гирди Бани Аббос ҷамъ намешудед, онҳо мо Аҳли Байтро хонанишин намекарданд».
Амирал-мўъминин (алайҳис-салом) тундтарин ҷумалотро ба афроди бетафовут нисор мекунад ва гоҳе ба онҳо нафрин мекунад, то онҷо, ки ба ёд дорам, ҳаждаҳ калимаи тунд нисори афроди сустунсур, фурўмоя ва бетафовут мекунад, ки баъзе аз онҳо дар саҳифаҳои қабл зикр шуд.
Албатта ин бетафовутӣ нисбат ба ҷомеа буд, аммо гоҳе инсон навъе бетафовутии дарунӣ нисбат ба худ пайдо мекунад, ки аз дидаҳо ва шунидаҳо ибрат намегирад, сангдил мешавад, қатраи ашке ҳам надорад. Қуръон борҳо аз ин гурўҳ интиқод кардааст.[40]
Яке аз мункароти иҷтимоӣ тафриқа ва ҷудоиандозӣ аст. Қуръон тафриқаро ҳамчун азоби осмонӣ ва заминӣ ва дар канори онҳо қарор додааст.[41]
Сабаби шикасти мусалмонон дар соли саввуми ҳиҷрӣ дар ҷанги Уҳуд, тафриқа ва нофармонӣ аз раҳбарӣ буд.[42]
Сукути 25-солаи ҳазрати Алӣ бо доштани ҳудуди сад ҳазор шоҳид дар Ғадири Хум, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Баъд аз ман халифа Алӣ аст», ба хотири ҳифзи ваҳдат буд. Ҳамин ки ҳазрати Мўсо (алайҳис-салом) баъд аз чиҳил рўз аз кўҳи Тур баргашт ва дид, ки ёронаш даври гусолаи Сомиро ҷамъ шудаанд ва онро ибодат мекунад, башиддат асабонӣ шуд ва ба бародараш Ҳорун гуфт: «Чаро пеши ин гумроҳиро нагирифтӣ? » Ҳорун гуфт: «Ман онҳоро наҳй кардам, вале онҳо ба суханам гўш накарданд ва наздик буд маро бикушанд. Ба фикр афтодам то ба қотеияти бештаре қиём кунам, вале тарсидам, ки ба ман багўӣ, ту бо ин ҳаракати инқилобӣ байни Бани Исроил тафриқа эҷод кардӣ. Лизо беҳтар донистам, ки инҳо ҷамъе гусолапараст бошанд, вале ман сабаби тафриқа нашуда бошам».
Дар Ислом ҳар гуна коре, ки сабаби тафриқа бошад, ҳаром шумурда шудааст, барои мисол, суханчинӣ, ғайбат, туҳмат, бадгумонӣ, овозапароканӣ ва амсоли он ба шиддат таҳрим шудааст ва баръакс ҳар гуна коре, ки сабаби ваҳдат ва оромиши қалбҳо бошад, мавриди суфориш қарор гирифтааст, то онҷо ки мегўянд: «Агар бо калимаи росте фитна мешавад, дурўғ гуфтан ҷоиз аст».
Он чи дар тўли таърихи Ислом бар сари мусалмонон омада, ба хотири тафриқа мебошад. Он чи ҳам, ки имрўз ва дирўз бузургтарин силоҳи истикбори ҷаҳонӣ ба шумор меояд, эҷоди тафриқа аст.[43] Қуръон тафриқаандозонро мушрик донистааст.[44] Қуръон ҳамчунин меҳвари ваҳдатро «ҳаблуллоҳ» донистааст.[45] Агар мусалмонон муттаҳид бошанд ҳеҷ қудрате онҳоро таҳдид намекунад, албатта ончи аҳмият дорад, ваҳдати қалбӣ аст на ваҳдати зоҳирӣ.[46] Дар оёт ва ривоёт аз ваҳдатҳои зоҳирӣ интиқод шудааст.[47] Албатта касоне метавонанд омили ваҳдат бошанд, ки рўҳи баланд ва сиаи садр дошта бошанд ва аз тангназарӣ ва худмеҳварӣ бипарҳезанд. Қуръон мефармояд: «Гиромитарини шумо назди Худованд, ботақвотарини шумост»[48] ва бо ин калом масоили қавмӣ, нажодӣ, минтақавӣ, иқлимӣ, синнӣ ва иқтисодиро нодида мегирад.
Анҷом додани намози ҷумъа ва ҷамоат, як тамрини шабонарўзӣ барои ваҳдат аст. Суфориш ба силаи раҳм, диду боздид, бахшиш ва чашмпўшӣ аз хатои дигарон, ҳамкорӣ, кўмак ба маҳрумон, ҳиҷрат, ҳадя додан, аёдати бемор, мусофиҳа барои эҷоди муҳаббат ва ваҳдат ва тақвияти равобити инсонӣ ва алоқаҳост.
Ишоаи фаҳшо аз мункароти иҷтимоӣ аст. Нуқтаи қобили таваҷҷўҳ ин аст, ки дар тамоми гуноҳон ончи сабаби қаҳри Худованд мешавад, анҷом додани он аст, вале дар бораи ишоаи фаҳшо ҳамин ки инсон ба он алоқа дошта бошад (гарчи онро анҷом надиҳад), муртакиби гуноҳи кабира шудааст, яъне на танҳо ишоаи фаҳшо балки алоқа доштан ба он гуноҳи бузург аст, дар ҳоле ки алоқа ба ҳеҷ гуноҳе (то модоме, ки анҷом нагирифтааст) гуноҳ нест.[49] Ногуфта пайдост, ки заминаи ишоаи фаҳшо ҳамин хилват кардани зану марди бегона ва ихтилоти онҳо дар маҳалли кор ва донишгоҳ ва бемористон ва марокизи умумии дигар аст. Беҳиҷобӣ ва бадҳиҷобӣ муносибтарин замина барои ишоаи фаҳшо аст. Агар каме фикр кунем, дармеёбем, ки бебандуборӣ, чашмчаронӣ, худро ороиш кардан ва ба мардум нишон додан калиди шўълавар шудани ҳавасҳо, домҳо, фаҳшо ва анвои равобити номашрўъ хоҳад шуд, ки зарбаҳои илмӣ ва ахлоқӣ ва хонаводагии он ба касе пушида нест.
Қуръон мефармояд: «Кайфари касоне, ки дар замин фасод мекунанд, эъдом ва табъид аст»[50] ва яке аз масодиқи фасод дар замин аслиҳа кашидан ва эҷоди тарсу ваҳшат ва ноамнӣ аст. Қуръон ҳатто барои касоне, ки бо эҷоди шойеа дар ҷомеа тазалзул ба вуҷуд меоваранд, сахттарин кайфарро таъйин кардааст.[51]
Дар ҳадис мехонем: «Касе, ки мўъминеро битарсонад, Худованд дар қиёмат ўро хоҳад тарсонд».[52]
Ва дар ҳадиси дигаре мехонем: «Бадтарини инсонҳо касе аст, ки мардум аз бадии ў дар амон набошанд».[53]
Дур наравем, далели ин ки ба мусалмон мусалмон гуфта мешавад он аст, ки мардум аз даст ва забони ў дар амонанд.[54]
Исломи азиз мефармояд: «Барномаҳои сафари худро ба гунае танзим кунед, ки шаб ҳангом ва бемавқеъ вориди хона нашавед», то касоне, ки дар хона ҳастанд, натарсанд ва аз хоб бедор нашаванд.
Яке аз уламои бузурги Машҳад ориф ва муфассир ва фақеҳи олимақоме буд, ки шабона вориди Машҳад шуд. Хост дари хонаро бизанад то ҳамсараш аз хоб бедор шавад, аммо ба ёди ҳадиси боло, ки афтод пушти дари хона нишаст то, ки субҳ шавад. Дар ин миён ҳамсараш дар хона дар олами хоб дид, ки оятуллоҳ вориди Машҳад шуда, вале ба эҳтироми ҳамсараш пушти дар нишастааст. Пас аз хоб бедор шуд ва ба пушти дари манзил рафт. Ҳамин ки дарро боз кард, ҳамсари гиромияшро пушти дар дид.
Қуръон мефармояд: «Ҳар гоҳ фосиқе хабаре бар шумо овард, то таҳқиқ накардаед, онро напазиред».[55]
Яке аз роҳҳои эҷоди тафриқа байни афрод ё кишварҳо ҳамин баландгўҳо ва ахбори дурўғ аст, ки бо барнома ва будҷаи хоссе сохта ва пардохта мешавад ва баъд онро ба хўрди мардум медиҳанд, ба гунае, ки шерозаи муҳаббатҳо аз ҳам гусаста мешавад. Ҳадафи мо ошноӣ бо мункароте аст, ки ҳам дар ҷомеаи мо зиёд аст ва ҳам камтар ба он ба диди гуноҳ нигариста мешавад, аммо ҳаргиз дар фикри шумориш кардани гуноҳон нестем, чунки дар ин сурат, аз ҳадафи аслӣ дур мешавем.
Яке аз мункарот, тамаллуқ ва чоплусӣ ва ғулув аст ва гоҳе алоқамандон, ки ба истилоҳ косаи гармтар аз ош ҳастанд, гирифтори он мешаванд, лизо бояд инсон мувозиби ин гуна афрод бошад. Ба чанд намуна таваҷҷўҳ кунед:
1-Гурўҳе ба назди ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) омаданд ва гуфтанд: «Эй парвардигор, салом бар ту»! Ҳазрат аз ин кор нороҳат шуд ва аз онон хост, ки тавба кунанд.[56]
2-Шахси дигаре ҳамин таъбирро ба Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) кард, ки ҳазрат ўро лаънат кард.[57]
Тамоми ривоёте, ки аз ғулув наҳй кардааст, назар ба мункар будани он дорад, лизо шоирон, маддоҳон, гўяндагон ва нависандагон бояд мувозиби гуфтаҳо ва навиштаҳои худ бошанд. Дар ҳадис мехонем: «Бар даҳони афроди чоплус, хок бирезед! »[58]
Дар Наҳҷ–ул-балоға мехонем: «Ситоиши беш аз ҳад тамаллуқ ва камтар аз ҳад, заъф ва ҳасодат аст».[59]
Ин ҳама интиқод аз ситоиш ва чоплусӣ нисбат ба афроди оддӣ аст, вале агар ба ситамгар шуд, ба гуфтаи ҳадис, арши Худо ба ларза медарояд.[60]
[1]
Аз
назари Ислом ҳиҷрат намудан аз ватани худ ба диёрҳои бегона ба қасди
омўхтани илм ва ё ёд додани он кори некў ва балки воҷиб аст.
[2]
Сураи
Анфол-72.
[3]
«Наҳҷ-ул-балоға»
номаи-47.
[4]
Сураи
Нисо-97.
[5]
Сураи
Бақара-245-261. Анъом-160. Сабаъ-37.
[6]
Сураи
Нисо-100.
[7]
Сураи
Саҷда-17.
[8]
Сураи
Нисо-100.
[9]
Сураи
Нисо-102.
[10]
«Наҳҷ-ул-балоға»
хутбаи-34.
[11]
«Васоил»
ҷ.4.с-385.
[12]
Сураи
Нисо-140.
[13]
Сураи
Анъом-68.
[14]
Сураи
Муддасир-43-46.
[15]
Сураи
Анъом-127.
[16]
Сураи
Воқиа-127.
[17]
Сураи
Аъроф-38.
[18]
Сураи
Сабаъ-31.
[19]
Албатта муроди мо онҷост, ки аксарият дар муқобил ва зидди мантиқ бошад,
вале агар каломе ё роҳе ҳақ ва мантиқӣ буд ва аксарияти мардум аз он
тарафдорӣ карданд, ҳисобаш ҷудост.
[20]
Сураи
Аҳзоб-67.
[21]
«Биҳор
-ул -анвор» ҷ.105.с-8.
[22]
«Биҳор
-ул -анвор» ҷ.78.с-46.
[23]
Сураи
Исро-27.
[24]
Сураи
Бақара-60.
[25]
Сураи
Шуаро-151.
[26]
Сураи
Инсон-24.
[27]
Сураи
Қалам-10.
[28]
Сураи
Юнус-89.
[29]
Сураи
Анъом-35.
[30]
Сураи
Аъроф-205.
[31]
Сураи
Нисо-69.
[32]
Таҷассус-ҷосусӣ; айбу эроди дигаронро кофтан.
[33]
Сураи
Ҳуҷурот-12.
[34]
Сураи
Нисо-85.
[35]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.74.с-339.
[36]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.74.с-94.
[37]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.72.с-228.
[38]
Сураи
Нисо-75.
[39]
Сураи
Мудассир-44.
[40]
Сураи
Соффот-13.
[41]
Сураи
Анъом-65.
[42]
Сураи
Оли-Имрон-152.
[43]
Сураи
Қасас-4.
[44]
Сураи
Рум-31-32.
[45]
Сураи
Оли-Имрон-103.
[46]
Сураи
Оли-Имрон-103.
[47]
Сураи
Ҳашр-14.
[48]
Сураи
Ҳуҷурот-13.
[49]
Сураи
Нур-19.
[50]
Сураи
Моида-33.
[51]
Сураи
Аҳзоб-60.
[52]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.13.с-49.
[53]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.7.с-217.
[54]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.1с-113.
[55]
Сураи
Ҳуҷурот-6.
[56]
«Амолии Тўсӣ» саҳ.662.
[57]
«Биҳор
-ул -анвор» ҷ.25 саҳ.297.
[58]
«Биҳор -ул
-анвор» ҷ.73 саҳ.294.
[59]
«Наҳҷ-ул-балоға», ҳикмати-347.
[60]
«Биҳор
-ул -анвор» ҷ.77 саҳ.152.