Фармоишиоти марҷаи олиқадри шиа, ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ, ки перомуни ҳаводиси ахири ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар поёни дарси хориҷи фиқҳ, дар масҷиди Аъзам эрод гардидааст

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Мутаассифона мо мушоҳида мекунем, ки дунёи ғарб ва давлатмардони ғарбӣ ҳарчи аз назари зоҳирӣ ва технологӣ ва саноат пешрафт менамоянд, ба ҳамон андоза таназзул дар маънавиёт ва отифаҳои инсонӣ пайдо мекунанд ва рўз ба рўз дар зоеъ намудани ҳуқуқи башар пеш мераванд. Ҳодисаҳое, ки дар Амрико воқеъ шуда ва ҳанўз омилини он ҳатто барои ҳокимони он кишвар маълум нест ва ҳанўз амрико мадраке ироа накардааст, агарчи барои ҳама бисёр таассуфовар буд ва ҳодисаи ногуворе буд, ки дар замони кўтоҳ иддае аз инсонҳо, ки дар байни онҳо иддае мусулмон низ вуҷуд дошт аз байн рафтанд ва ва ҳар инсоне аз ин ҳодиса мутаассир аст. Локин дунёи ғарб бояд бидонад, ки мубориза ва мухолияат бо тероризм аз ҳазору чаҳорсад сол пеш дар идеологияи Ислом вуҷуд доштааст. Таърихи Ислом ба хубӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ин идеология ба шиддат бо ин гуна амалҳо мухолиф аст. Дар қазияи Муслим ибни Ақил дар манзили Ҳонӣ, ў метавонист ибни Зиёдро аз байн барад ва дигар на худ кушта шавад ва на ҳодисаи Карбало ба вуҷуд ояд, аммо чунин амал мухолиф бо дини Ислом буд, Муслим ибни Ақил аз он имтиноъ намуд. Бинобар ин аз қонунҳои мусаллами Ислом мухолифат бо терроризм аст, мусулмонон ба табаият аз дини Ислом дар сафи аввали мухолифон бо терроризм ҳастанд. Лекин имрўзҳо мутаассифона мушоҳида мекунем давлате худро мутасаддии мубориза бо терроризм медонад, ки худ аввали терроризм аст ва аслан дар олам коре ғайр аз ин надорад. Имрўз Амрико иддао мекунад, ки ҳар кишваре, ки бо ман набюошад шарики дигарон аст. Худи ин сухан як мантиқи террористӣ аст. Имрўз замони мантиқ ва фикру тааққул аст. Мо аз Амрико суол мекунем Исроил, ки бо ваҳшиёнатарин амалҳо мардуми мусулмони фаластинро ба хоку хун мекашадмагар зодаи шумо нест? Мо Исроилро яке аз бузургтарин ҳукуматҳои террористӣ медонем, ки бо ҳимояти Амрико ба кори худ идома медиҳад. Имрўз Исроил на танҳо нисбат ба мардуми Фаластин унвони террористро дорад, балки барои Ҷаҳони Ислом террорист аст. Амрико имрўз бо зўргўии тамом ба мардуми бепаноҳ ва мазлуму ситамкашидаи Афғонистон ҳамла кардааст. Ҳавзаҳои илмия ва уламо ва мароҷеъ, нафрати худро аз ин амалҳои ҷунуомез эълом менамоянд. Мо агарчи Толибонро аз аввал номашрўъ медонистем ва акнун низ медонем, лекин аз шумо суол мекунем магар шумо Толибонрор ба вуҷуд наовардед? Толибон баъд аз Исроил, зодаи номашрўи дигари Амрико аст. Мардуми мазлуми Афғонистон, ситамҳои фаровонеро аз Толибон дидаанд, лекин оё ба баҳонаи аз байн бурдани чанд террорист ақлу мантиқ иҷозат медиҳад дар ин шароити ногувор, ки ин мардум ҳеҷ имкони ғизоӣ ва доруӣ надоранд, инчунин мавриди ҳуҷуми бераҳмонаи мушакҳои шумо воқеъ шаванд? Амрико бидонад Ҷаҳони Ислом ва дунёи инсоният ин амалҳоро маҳкум мекунад ва дер ё зуд ба иштибоҳи худ пай хоҳад бурд. Инҷониб муносиб медонам, ки ҳавзаҳои илмия ва фузало нисбат ба ҳамлаи низомии Амрико ба Афғонистон бетафовут набошанд ва аз худ вокунише нишон диҳанд.