Алҳамдулиллоҳи Раббил-оламин вассалоту вассалому ало сайидино Муҳаммадин ва олиҳит-тоҳирин сиямас-Сиддиқа Аш-Шаҳида Фотима Аз-Заҳро. Валлаъну ало аъдоиҳим аҷмаин.
Ин айём мусодиф аст бо шаҳодати бузургтарин бонуи Ҷаҳони Ислом ҳазрати Фотимаи Заҳро; он ҳақиқат гавҳарест, ки то кунун абъоди вуҷудиаш барои аҳли фикру басират ба сурати саҳеҳ ва дақиқ равшан нагаштааст, зоте, ки аз ғазаби ў Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва Ҳақ Таоло ғазаб мекунанд ва аз ризояти ў хушнуд мегарданд. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки ўро Фотима гуфтаанд, зеро ки халқ аз кунҳи маърифати ў маҳруманд; ҳақиқате, ки метавон гуфт илова бар ин ки мевари Аҳли Кисо аст, меҳвари аслии Аҳли Байт дар ояти Татҳир аст ва аз шуои вуҷудии ў иродаи Ҳақ Таоло бар бурдани риҷсу нопокӣ ва покиза гардонидани онҳо тааллуқ гирифт. Мо, ки акнун муфтахар (ифтихорманд) ба пайравӣ аз он бонуи гиромӣ ва фарзандони маъсуми вай ҳастем бояд дар шароити кунунӣ огоҳии бештар нисбат ба афкору андешаҳо ва дастуруламалҳои онҳо дошта бошем ва мабодо анҷоми вазифаҳои худ кўтоҳӣ намоем. Лозим аст уламои билод ва хатибони мўҳтарам илова бар он ки маҷолиси азодориро ҳар чи бошукўҳтар анҷом медиҳанд, абъоди маънавӣ ва илмии он ҳазратро мавриди таваҷҷўҳи хосс қарор диҳанд ва биҳамдиллоҳ мактаби ташайюъ машҳун аз истидлол ва мантиқ аст ва аҳли инсоф ва тадаббур ба роҳатӣ дар баробари он хузўъ менамоянд. Душман имрўз ба хубӣ дарёфтааст, ки барои тиҳӣ намудани ин миллат ва сайтара бар умури онҳо, бояд ончиро, ки таҷаллигоҳи эътиқодот ва имони мардум аст, хомўш ва камранг созад, рўзе бо ҷаҳолати том ва тамом гиря ва аздорӣ бар ҳазрати Сайидушшуҳадо Имом Ҳусейнро кори беҳуда ва мавриди шубҳа қарор дода ва рўзе дар шаҳодати Фотимаи Заҳро тардид мекунад, дар ҳоле ки ин масъала аз возеҳоти таърихи Ислом аст. Муонидин бидонанд, ки агар ба хаёли худ дар шаҳодати он ҳазрат шубҳае эҷод кунанд, ҳаргиз наметавонанд дар мазлумияти эшон ва ситамҳое, ки баъд аз реҳлати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба эшон ворид шуд хадшаеро тасаввур намоянд. Умри кўтоҳи вай, хутбаи оташин ва саросар истидлолии ў дар Масҷидуннабӣ, гиряҳои шабонарўзии эшон, дифои маҳками он ҳазрат аз вилоят, ҳама далели равшане бар мазлумияти он бону аст ва аз ин ҷиҳат Ҷаҳони Ислом дар мазлумияти ў ва шавҳараш азодор ва сўгвор аст. Инқилоби исломӣ аз таваҷҷўҳи хосси мардуми Эрон ба ҳамин айём сарчашма гирифт ва имрўз беҳтарин омил барои ҳифз ва тадовуми он аҳамият додан ба чунин айёме аст. Лозим аст мўъминон ва пайравони Аҳли Байт (а) ба айёми фотимия беш аз гузашта эҳтимом варзида ва нагузоранд ин ҳодисаи ногувор дар лобалои ҳаводиси дигар камранг шавад ва хусусан рўзи сеюми ҷумодиуссониро, ки аз тарафи давлати Ҷумҳурии Исломӣ таътили умумӣ эълон шудааст, мавриди инояти хас қарор диҳанд, то ин ки он ҳазратро, ки молдари фарҳанги ташайюъ аст дар ин роҳ ҳамрпоҳӣ намоем ва дар рўзи қиёмат мавриди шафоати хосси эшон ва авлоди тоҳиринаш қарор гирем.
Қуми муқаддас
Муҳаммадфозил