Паёми марҷаи олиқадр ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Оқои Фозили Ланкаронӣ ба муносибати ҳамоиши ҳамосасозони
ПОНЗДАҲИ ХУРДОДИ 1342

Ба номи Худованди Меҳрубон

Баъд аз ҳамду салот;

Дар остонаи чиҳилу дуввумин солгарди наҳзати хунини Понздаҳи Хурдод ва шонздаҳумин соли иртиҳоли марди илоҳӣ қарор гирифтаем, ки бо хулуси ният ва шаҳомати аҷиби хеш ва бидуни такя ба ҳеҷ қудрат ва абарқудрате ва фақат бо такя бар қудрати мутлақаи илоҳӣ, ки болотар аз ҳамаи қудратҳо аст ва бо пуштибонии миллати азиз ва ситамдида тавонист инқилоберо ба вуҷуд орад, ки танҳо хусусияти он исломӣ будани он аст. Инқилобе, ки барои кишвари азизи Эрон сарбаландӣ ва ифтихор ва барои Ислом ва ташайюъ ҳаёти нав ва барои миллати бузурги он, ғурур ва барои режими шоҳаншоҳӣ нобудиро овард. Ва дар зери сояи шиори «Истиқлол», «Озодӣ», «Ҷумҳурии Исломӣ» роҳи худро баён кард. Ҷиддан агар чанд соли дигар равиши ҳукумати шоҳаншоҳӣ давом мееёфт, аз Ислом ҷуз исм ва аз Қуръон расм боқӣ намемонд. Дар баъзе аз китобҳое, ки дар бораи ҳукумати шоҳ навишта шудааст, чунин нақл мешавад, ки назари шоҳ дар бораи исломи эрониён ин буд, ки як мушт араб ба ин кишвар ҳуҷум карда ва бо ғорат кардани моли онҳо динеро барои онҳол оварданд ва дар нақли дигаре омадааст, ки подшоҳи Эрон боварӣ дошт, ки баҳоият ақаллан аз фикри эрониён падид омадааст ва ба ҳамин хотир кобинаи ҳукумати дастнишондаи (номенклатурӣ) ў солҳо аз баҳоиён ташкил шуда буд.

Понздаҳи Хурдод ба ҳокимони золим ҳушдор дод, ки ҳукумат бар асоси зулму ситам давом ва устувор надорад ва ба онон фаҳмонд, ки муқобилият бо дин ва мухолифат бо мазоҳири шариат об бар ҳовун кўбидан аст.

Понздаҳуми Хурдод ба мо нишон дод, ки пайванди амиқ ва мустаҳками миллат бо пешвоёни дин ва муҷтаҳидон метавонад сарчашмаи наҷот аз ҳамаи зулмҳо ва бадбахтиҳо бошад.

Понздаҳи Хурдод, дарси фидокорӣ ва исори инсонҳои мутадаййин ва ошиқи Худо аст.

Оре ин Понздаҳи Хурдод буд, ки исбот кард ошноӣ бо Ислом аст, ки мардумро бо пўшидани кафан ба хиёбонҳо сарозер мекунад. Ҳодисаи азими Понздаҳуми Хурдод ба фаромоиши Имоми роҳил - Имом Хумайнӣ, сабаби зинда шудани миллати исломӣ ва  бидории мусулмонон гардид. Билахира Имом Хумайнӣ бо таҳаққуқи ин ҳамоса тавонист наҳзатро идома диҳад ва муваффақ ба таъсиси ҳукумати исломӣ шавад.

Ҳукумати Исломӣ, миннати илоҳӣ ва инояти раббонӣ аст, ки танҳо ба миллати Эрон арзонӣ шуд ва ин ниёзманд ба сипос ва шукргузорӣ аст ва сипоси он танҳо дар гарави амал ба дастуроти Ислом ва хидмат ба мардуми мустазъафи мутадаййин аст.

Ончӣ зарурӣ ва муҳим аст тадовуми Понздаҳи Хурдод ва устувории осор ва баракоти он аст. Лозим аст масъулини низоми Ҷумҳурии Исломӣ Эрон дар ҳифзу тақвияти руҳияи Исломхоҳӣ ва илтизом ба дифоъ аз дин ва муқаддасот талош намоянд. Бояд ҷомеаи мо ҳамеша ба самти адолатхоҳӣ ва нишоти динии ҳарчӣ бештар ҳаракат кунад. Бояд дар партави амал ба дин  мазоҳири фақру фасод ва табъиз барчида шавад ва билахира бояд Понздаҳи Хурдодро ҳамеша зинда нигоҳ дошт то осор ва баракоти он зинда бошад.

Шумо мардуми бузургвор ба ёд доред, ки барои худ саҳми бузургеро дар ин ҳодиса сабт намуда ва ифтихори ҷовидонаеро рақам задаед ва ба манзури ҳимоят аз Ислом ва Имом ҷонфишонӣ кардаед ва шуҳадои азизро тақдими Ислом намудаед.

Ин ки барои ҳамагон лозим аст, ки қадри ин инқилобро, ки дар ин замон мавриди таҳоҷуми истикбор дар абъоди мухталифи он қарор гирифтааст, аз ҳазрати мустатоб ҳуҷҷатулислом валмуслимин оғои Маҳмудӣ имом ҷумъаи мўҳтарами шаҳри Варомин ва дигар масъулин ва дастандаркорони ин ҳамоиши азим ташаккур менамоем ва аз Худованд аҷри азим барои ҳамаи муҷоҳидон ва раъфати дараҷа барои шуҳадои Понздаҳи Хурдод ва ҳамаи шуҳадои инқилоби исломӣ ва иззату азамат барои миллати бузургвор ва мутадаййинро масъалат менамоем.

Муҳаммадфозил Ланкаронӣ
1/6/2005.