Баъд за ҳамду салот, ба пайравӣ аз дастурҳои мукаррар ва тавсияҳои мутааддиди ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) мабнӣ бар зарурати ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳур, ки зомини давомнокии инқилоб ва ҳафизи низоми ҷумҳурии исломӣ аст, ки садҳо ҳазор шаҳид ва ҷонбоз барои таъсис ва давоми он ҷонфишонӣ ва исор намудаанд, ширкат дар ин интихобот хусусан дар шароити ҳозира, ки истикбори ҷаҳонӣ ҳолати ҷунун пайдо кардааст, ақлан ва шаръан лозим аст.
Миллати мутадаййин касеро интихоб намояд, ки аввалан вафодор бошад ба Ислому инқилоб ва ба мактаби Аҳли Байт (а), ки ҳамаи баракатҳои Ҷумҳурии Исломӣ аз он аст ва дуввуман дар робита бо вазъи маишатии мардум ва ҳалли мушкилоти онҳо кўшиш кунад. Гарчӣ интихобот дар давраҳои гузашта мукаррар нисбат ба фақру фасод ва гаронӣ тазаккуроте додаам, аммо бо таассуф бояд бигўям, ки натиҷае ҳосил нагардид. Интизор дорам, ки раиси ҷумҳури оянда нисбат ба ин масоил боаҳамият бошад. Ва низ дар бораи сиёсати хориҷӣ хусусан истикбори ҷаҳонӣ, ки ҳар рўз дар фикри фитнаангезӣ ва нақша бар зидди ҳукумати исломӣ аст, ошноии комил дошта бошад.
Маълум аст, ки дар ин робита аз таҳқиқ ва баррасии комил бояд истифода шавад. Агар мо нисбат ба як масъалаи ҷузъӣ худро ба таҳқиқу баррасӣ вазифадор медонем, оё дар ин масъала, ки иртибот бо муҳимтарин рукни ҳукумат дорад, набояд таҳқиқ шавад?!
Бояд касеро интихоб кунем, ки битавонем ҷавобгўи Худованди Мутаол бошем. Иншоаллоҳ.
Муҳаммадфозили Ланкаронӣ
14/6/2005