Дар ин замон, ки Масҷид-ул-Ақсо – қиблаи якуми мусулмонон дар хатари вайронии саҳюнистҳо қарор гирифта ва ба тавре ки баъзе аз матбуот гузориш додаанд, ҳудуди бист ҳазор ҷавони фаластинӣ он макони муқаддасро дар оғўш гирифтаанд ва аз он посбонӣ мекунанд, бар тамоми мусулмонони ҷаҳон, хусусан сардорони кишварҳои исломӣ фарз аст, ки ин масъаларо мавриди диққати ҷиддӣ қарор дода ва бар ҳифзи он макони муқаддас бикўшанд.
Масҷид-ул-Ақсо илова бар он ки қиблаи якуми мусулмонон аст, охирин нуқтаи сайри заминии Набии Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз Масҷид-ул-ҳаром ба он ҷо ва аз он ҷо ба осмонҳо дар шаби меъроҷ мебошад. Кўтоҳӣ дар ин маврид хусусан бо фитна ва нақшае, ки Исроил барномарезӣ карда ва муҳоҷиминро саҳюнисти тундрав ва мақомоти давлатиро мухолифи ин ҷараён қаламдод намудааст, ҷоиз нест.
Решаи ин кор давлати Исроил бо ҳамоҳангӣ ва ҳимояти Амрико аст. Хатари бузурги ин масъала он гоҳ ошкор мешавад, ки султаҷўӣ ва исломситезии Амрико ва саҳюнизмро мавриди диққат қарор диҳем ва бидонем, ки онҳо аз паи нобудии Ислом ва вайронии Масҷидайни Шарифайн, - Масҷид-ул-ҳаром ва Масҷид-ун-Набӣ ҳастанд.
Эй мусулмонони ҷаҳон ва эй касоне, ки дарди дину Ислом доред ба худ оед ва дар муқобили ин фитнагарӣ сукут нанамуда ва кўтоҳӣ накунед. Умедворам Худованд ҳамаи байтҳои (хона) худ, махсусан масҷидҳои авалини мусулмононро ҳифз фармояд ва ҳамаи кишварҳои исломӣ хусусан Фаластинро аз шарри ин давлати ғосиб амон дорад, иншоаллоҳ.
Муҳаммадфозили Ланкаронӣ
2 - раби-ул-мавлуд 1426 (ҳ)
11 - апрели 2005