Паёми марҷаи олиқадри шиа ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Фозили Ланкаронӣ ба муносибати куштори мусулмонон дар Покистон

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Хидмати миллати мусулмон ва шиаёни пайрави Аҳли Байт (а) дар Кувейтаи Покистон

Ҳамлаи ноҷавонмардонаи иддае кофир ва аз Худо бехабар ба шиаёни намозгузоре, ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷрўҳ шудани ҷамъи зиёде аз онҳо шуд, мўҷиби таассуф ва таассури шадиди инҷниб гардид.

Мухолифони Аҳли Байт ва муонидини шиа бидонанд, ки бо чунин аъмол сабаби тақвияти ҳарчи бештари ин мазҳаби ҳаққа мешаванд. Инҷониб зимни арзи таслият ба Валиюллоҳи Аъзам Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳ) ва хонаводаҳои муаззами ин шаҳидон ва уламо ва руҳонияти мўҳтарами он минтақа аз давлати Покистон боисрор хостори дастгирии омилини ва аз байн бурдани марказҳое, ки чунин воқеаҳоро нақшарезӣ мекунанд, мебошам.

Худованд ин шаҳидонро бо пешвои мазлуми таърих ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (а) ва авлоди тоҳиринмш маҳшур фармояд.

Муҳаммадфозили Ланкаронӣ